«Сомон – Эйр»: Мутобиқи талаботи СММ амал мекунем

Иҷтимоъ 13.10.2011 09:08

Магар барои ширкатҳои ватанӣ Тоҷикистон авлавият надорад?!

Somon_Air_va_posukhҶавоб ба мақолаи "Забони тоҷикӣ хор аст; дар "Сомон-Эйр", телефонҳои ҳамроҳ ва телевизион"-и "Миллат"

Барои ибрози ақоиди худ нисбати ҶДММ "Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ба муаллифи мақола М. Махшулов ташаккур мегӯем. Воқеан муаллиф роҷеъ ба мақому манзалати забони давлатӣ ба таври ҷиддӣ ва дилсӯзона андешаҳои худро баён намудааст. Аммо баъд гуфтанием, ки мақола бо акси бузурги муаллиф рекламаи хуби китобҳои аз форсӣ ба русӣ баргардонидаашонро мемонад. Бо вуҷуди пуштибонӣ аз забони тоҷикӣ ҳангоми номгузории мақола аз қоидаҳои забони тоҷикӣ сарфи назар шудааст.

Муносибати онҳоро низ бо роҳбалади русзабон ва талаби қотеона оиди танҳо ба забони тоҷикӣ сӯҳбат карданро ҳамчунон ноҷо мешуморем. Зеро дар қаламрави Тоҷикистон сӯҳбат кардан ба забони русӣ манъ нашудааст ва тавре маълум шуд, сӯҳбат бо ин забон барояшон мушкилие пеш наовардааст. Дар Қонуни ҶТ "Дар бораи забони давлатии ҶТ" қайд гардидааст, ки забони тоҷикӣ забони давлатӣ ба ҳисоб рафта, забонҳои дигар (аз қабили забони русӣ ва англисӣ) ҳамчун забони муоширати байни халқҳо истифода бурда мешавад. Дар кишвари дунявии мо намояндагони қавму миллатҳои зиёд ба ин забон ҳарф мезананд ва ба ин комилан ҳуқуқ доранд. Чанде пеш роҳбари давлат дар ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати 15-солагии Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия дар хусуси он, ки ҷавҳари сиёсати давлати моро дар соҳаи забон рушди сезабонӣ ташкил медиҳад, хеле возеҳу равшан изҳорӣ ақида намуданд.

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шудани фармон дар бораи омӯзиши забонҳои тоҷикиву русӣ низ ба ҳамин хотир аст. Пешрафти ҷомеаро танҳо бо забони тоҷикӣ тасаввур кардан имконнопазир аст ва омӯзиш ва истифодаи забонҳои русӣ ва англисӣ метавонад ба бой ва ғанӣ гардидани фарҳангу иқтисодиёти кишвар мусоидат намояд.

Зиёда аз ин Тоҷикистон узви Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ - сохтори махсуси СММ аст ва забонҳои расмии ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ англисӣ, фаронсавӣ, испонӣ ва русӣ аст. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" мутобиқи талаботҳои ин созмон амал менамояду ба забони давлатии кишвар аҳамияти бештар медиҳад.

Қобили дастгирист, ки кормандони ҳавопаймоӣ бояд донандаи забони тоҷикӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ бошанд. Бо мақсади татбиқи Қонун "Дар бораи забони давлатии ҶТ" дар ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" корҳои зиёд ба сомон расонида шуданд. Яке аз талаботҳои асосӣ ҳангоми интихоби кормандон донистани забони давлатӣ мебошад. ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони ширкат курсҳои омӯзиши забони тоҷикӣ таъсис дода шуданд.

Аммо фаромӯш набояд кард, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳайати парвозии мо таъмини бехатарии мусофирон ва бароҳатии парвоз аст. Дар ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" мутахассисони хуби парвозӣ, беҳтарин сарнишинону роҳбаладон фаъолият мекунанд ва ҳангоми интихоб мо ба касбияти онҳо аҳамияти бештар медиҳем. Кордонӣ афзалияти мост ва миёни забондоне, ки ба хубӣ аз ӯҳдаи кор намебарояд ва мутахассиси хуби парвозӣ, ки мутаассифона забони давлатиро намедонад мо дуввумиро интихоб менамоем. Зеро барои мо аз ҳама муҳим он аст, ки мусофирони мо (аз ҷумла мӯҳтарам М.Махшулов) беосеб, сиҳату саломат ба макон бирасанд.

Нисбати маҷаллаи "Сомон Эйр" ва тарҷумаи маводҳои он ба забони тоҷикӣ гуфтанием, ин гуна тарҷумаҳоро ҳамкасбони муаллиф, ки ба забондониашон коғази расмӣ доранду дар меҳмонхонаи "Тоҷикистон" фаъолият доранд, анҷом медиҳанд. Агар забондонҳо ба чунин хатогиҳо роҳ диҳанд аз роҳбаладону сарнишинон чӣ гила?!

Барои мусофирон мо дар дохили ҳавопаймо рӯзномаву маҷаллаҳои "Азия-Плюс", "Имрӯз News", "Ҷумҳурият", "Вечерний Душанбе", "Tajik Times", "Бонувони Тоҷикистон" ва "VIP-Zone" пешниҳод менамоем: 3-то ба забони тоҷикӣ, 3-то ба забони русӣ ва 1-то ба забони англисӣ. Ба ҷои асабонияти беҳуда хуб мешуд нашрияҳои ватаниро мутолиа мекарданд.

Ва дар интиҳо қайд менамоем, ки нисбати нархи чипта муаллифи мақола фикри ғалат доранд. Арзиши чипта аз хароҷоти хизматрасонии фурудгоҳӣ, аэронавигатсионӣ ва сӯзишворӣ, ки нархаш ҳамарӯза боло меравад, иборат аст. Зиёда аз ин қисме аз маблағҳо барои нигоҳдории ҳавопаймоҳо масраф мешавад ва яқин аст, ки пули чипта ба киссаи фурӯшанда намеравад, балки барои хароҷоти парвози бароҳати мусофирон масраф мешавад.

Бо вуҷуди ҳама гуфтаҳои боло барои эродҳои гирифтаашон миннатдорем ва бори дигар таъкид карданием, ки нишондодҳои Қонун "Дар бораи забони давлатии ҶТ"-ро риоя намуда, кӯшиш менамоем ба мусофирони худ дар сатҳи баланд хизмат намоем!

Т. Бандишоев, Пресс-секретар

Пас қонунҳои Тоҷикистон барои кӣ навишта мешаванд?

Аз он ки ширкати "Сомон-эйр" фавран ба матлаби нигоштаи як мусофири ватанхоҳ вокуниш кардааст, моро хурсанд кард, ки то куҷо ин ширкат бо набзи ҷомеа гӯш фаро медиҳад. Аммо мутаассифона, аз посух чунин бармеояд, ки гӯё касе аз роҳи ғараз камбудҳои ҷойдошта дар парвози ин ширкатро ба рӯйи сафҳаи матбуот рехтааст ва ҳеч камбуде дар хидматрасонии ин ширкат мавҷуд нест ва тамоми бадбахтиҳо сари ҳамин забони бечораву бесоҳиби тоҷикист.

Манзур аз чопи ин матлаб рафъи камбудҳои ҷойдошта ва эҳтиром ба ин сарзамини муқаддас аст, ки Тоҷикистон ном дорад ва яке аз сабабҳои ҳамчун давлати мустақил эълон шудани он ва аз тарафи СММ ба расмият шинохтани он дар баробари дигар хусусиятҳо, маҳз бо сабаби доштани забони хос ва он ҳам тоҷикӣ сурат гирифтааст. Аз ин рӯ муаллиф танҳо аз намояндаи ширкати "Сомон-Эйр" эҳтиром қоил шудан ба ин забонро тақозо кардааст, зеро ин ширкат маҳз бо шарофати ҳамин миллат дар ин сарзамин фаъолият дораду аз номи ин кишвар эътироф шудаву иҷозаи парвоз ба самту сӯйи оламро гирифтааст. Вагарна бе ин милллату ин сарзамин шояд ширкате ҳам бо номи "Сомон-Эйр" арзи вуҷуд намедошт.

Дар нома иддаъо шудааст, ки ҳадафи "Сомон-Эйр" сиҳату саломат ба манзил расондани мусофирон аст, магар мақсади асосии "Қазоқ-Эйр" солим расонидани мусофирон нест? Чаро ин ширкатҳо ба миллату кишварашон эҳтироми хос қойиланду масъулини ширкати "Сомон-Эйр" ин қадар бепарво ва бетафовут дар бораи муқаддасоти кишваре, ки онро муаррифӣ мекунад, сӯҳбат мекунанд.

Аз мост, ки бар мост. Бо чопи ин матлаб фикр мекардем, ки иштибоҳ аз як корманди қатории ин ширкат сурат гирифтаву масъулони ин ширкати овозадор аз он бехабаранд. Ҳайҳот, ки об дар ин ширкат аз боло лой будааст ва эҳтироми забони ин сарзамин барои онҳо ҳеч арзише надоштааст. Ба ҷуз риояти хушку холӣ ва кур-кӯрона, тибқи масали "хоҷа боғ дорӣ, дорам!"

Боз ҳам ширкати "Сомон-Эйр" заъфи корбарии хешро бар дӯши муаллиф партофта менависад, ки ин забондонҳо (яъне шарикон-ё ҳамкороне, ки ин ширкат пайдо кардааст) ҳамкасбони муаллифанд, ки дар меҳмонхонаи "Тоҷикистон" фаъолият мекунанд. Аммо инсоф куҷост, ин "ҳамкасбон" ҳамкори шумоянд ва шумо бо салиқаи худ онҳоро интихоб кардаед, вагарна ҳамчунин ҳамкасб дар Тоҷикистон кам нест.

Ҳаққи интихоб ва мутолиаи нашрияҳо ба мусофир вогузор аст, ҳамчуноне ки ҳаққи интихоби нашрияҳои хос бар шумо будааст ва аз миёни ин ҳама нашрияҳои даврӣ хосатан интихоб кардаед. Аз ин рӯ ин ҳақ, аз шумо гирифта мешавад, ки ба ҳар мусофир аз ҳазор мусофир амр бидиҳед, ки аз миёни ин ҳама кадомро бояд хонд ва кадомеро на. Нон дар дастархон гузошта шудааст, ба ҳамин маъност, ки онро барои хӯрдан гузоштаанд.

Дар боби арзиши билетҳо танҳо ҳаминро метавон гуфт, ки бояд бо назардошти тавонмандиҳо, даромади мардум воқеӣ нархгузорӣ шавад ва меъёри ченак мардуми ин кишвар бошад. Дар акси ҳол мардум таҳаммули онро нахоҳад дошт, ки аз номи ӯ дигарон ҷавлон кунанд. Ҳаққи ин мардум бояд дар мадди аввал гузошта шавад, ва он гаҳ аз дигарон.

Чун дар охири ин нома оварда шудааст, ки "нишондодҳои Қонун "Дар бораи забони давлатии ҶТ"-ро риоя намуда, кӯшиш менамоем ба мусофирони худ дар сатҳи баланд хизмат намоем!" боиси умедворист, ки масъулини ин ширкат аз зинаи такаббур пойинтарро ҳам хоҳанд дид ва на танҳо аз рӯйи нишондодҳои Қонуни мазкур амал хоҳанд кард, балки эҳтиром ба забон ва хоки ин сарзаминро дар авлавияти кори худ қарор хоҳанд дод.

Аммо ин акнун навъе тӯҳфаи «Сомон-Эйр» ба Рӯзи забон аст, ки ҳамзамон аст бо рӯзи мавлуди президенти ҶТ.

Бо умеди тавфиқ дар кору парвозҳои шумо!

«Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97