Чӣ тавр Коммунистӣ Бохтар шуд?

Иҷтимоъ 26.09.2011 08:17

Он ки имрӯз ҳазорон ҳаBokhtarзор ҳамватанонам аз Бохтар ном доштани ин ноҳия ифтихор доранд, бойиси ифтихору сарфарозии ин банда ҳам ҳаст, зеро пешниҳоди иваз кардани номи ноҳияи Коммунистӣ ба Бохтар дар моҳи декабри соли 1990 аз сӯи ин фақир сурат гирифт.

Банда бо номае аз тариқи рӯзномаи вилоятии "Навиди Вахш" ба вакилони мардум дар Шӯрои олии Тоҷикистон аз ноҳияи Коммунистӣ Азаматшоҳ Худоиев, Сангак Бекназаров, Абдулмаҷид Достиев, Собирҷон Бегиҷонов муроҷиат намуда, хостори он шуда будам, ки масъалаи иваз кардани номи ноҳияро аз Коммунистӣ ба Бохтар ва номи маркази ноҳияро аз Октябр ба Ориён баррасӣ намоянд. Ва ҳам далел оварда будам, ки замоне ин мавзеъ тобеъи қаламрави мулки Бохтар буд, аз ин рӯ агар номи Коммунистӣ ба Бохтар табдил шавад, то ҷое адолати таърихӣ пойдор хоҳад шуд. Ориёиҳоро аҷдоди гузаштаи дури хеш гуфтам ва хоҳиш карда будам, ки номи он ақвоми ҷасурамонро дар номи як шаҳраке зинда созем, то мояи ифтихори ҳар тоҷик бошад. Он замон Абдулмаҷид Достиев, сафири имрӯзии Тоҷикистон дар Русия раиси кумитаи иҷроияи шӯрои вакилони халқи ноҳияи Коммунистӣ буд. Ҷаноби Достиев маро ба ҳузур пазируфт ва тақрибан чунин гуфт, ки "як пешниҳоди шумо басанда нест, ки мо бигирем ва номи ноҳияро иваз кунем. Бояд назари мардумро дошта бошем. Ин ҷо зиёд одамоне ҳастанд, ки мегӯянд ин ноҳия дар замони Коммунистӣ таъсис ёфтаву обод шуда ва намехоҳанд номи он иваз шавад." Ва Достиев ҳақ буд. Ӯ аз камтарин раисоне буд, ки китоб мехонд, аз таҳаввулоти ҷомеъа огаҳӣ дошт ва то ҷое ҳам зери таъсири андешаҳои бедорӣ ва истиқлолхоҳии рӯшанфикрони миллӣ монда буд. Ба як зудӣ дар ҳукумати ноҳия Достиев комиссияи омӯзиши афкори мардум оид ба табдили номи ноҳияро таъсис дод. Ин имрӯз аст, ки бо як амр ва бе пурсиши андешаву назари мардум ноҳияву деҳаҳо табдили ном мекунанд, он замон ин хел набуд. Ва Достиев хост, ки ин масъаларо ба таври демократӣ, бо роҳи ба мардум сари ин масъалаи муҳим маслиҳату машварат кардан ҳал намояд, то баъдан дар маломати ҳеч гурӯҳе намонад. Банда бо дарки муҳим будани масъала дар талоши он шудам, ки ба унвони Комиссия бештар номаву дархостҳо ҷиҳати Бохтар ном гирифтани ноҳия бирасад. Аз ин рӯ чаҳор муроҷиатнома; яке аз номи сокинони ҷамоати Меҳнатобод, ки зиёд хешу таборонам он ҷо зиндагӣ доштанд, дигар аз номи омӯзгорони ҷамоати Бӯстонқалъаи ноҳия, ки банда дар мактаби миёнаи рақами 23- и ин ҷамоат омӯзгор будам ва аз номи истиқоматкунандагони ҷамоати Заргар, ки дӯстону ошноҳои зиёд маро он ҷо буд ва ҳам як муроҷиатнома аз номи беш аз даҳ ҳазор аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби демократ, ки сарварии созмони ноҳиявии ин ҳизб он замон бар дӯшам буд, ҷиҳати пуштибонӣ аз ба Бохтар табдили ном кардани Коммунистӣ ба унвони он Комиссия омода намуда, дар рӯзномаи ноҳиявии "Байрақи дӯстӣ" ба нашр расонидам. Ба дӯстони зиёдам рақами телефони Комиссияро медодам ва илтимос мекардам, ки он ҷо занг зада, аз Бохтар ном гирифтани ноҳия ҷонибдорӣ бикунанд. Ва баъди ду моҳ мо ҷамъе аз рӯшанфикрони вилояти собиқи Қӯрғонтеппаро Достиев барои машварат дар ин масъала ба ҳузури хеш хонд. Шоирон марҳум Пиримқул Сатторӣ,(дар ҷанги дохилӣ кушта шуд) Зариф Ибод, Сиёвуш, Муҳаммадалиии Аҷамӣ, раиси Бунёди фарҳанги вилоят ва вакили мардумӣ Азизи Хошок, раиси Бунёди забони вилоят Қодиршоҳи Мурувват, журналист Шарофиддини Қосим (дар ҷанги дохилӣ кушта шуд), рӯзноманигор ва бостоншиноси маъруф Қиёмуддини Сатторӣ, журналисти шинохта марҳум Сайидҷалоли Фахриддин (дар ҷанги дохилӣ кушта шуд), нависанда Саидаҳмади Зардон аз ҷумлаи ширкатдорони он маҷлис буданд. Дар он нишаст устоди зиндаёд Пиримқул Сатторӣ, донишманд Азизи Хошок ва Сайидҷалоли Фахриддин ҷонибдории хешро аз Озодӣ ном гирифтани ноҳия изҳор доштанд. Шоирон Аҷамӣ ва Зариф Ибод ва журналист Шарофиддини Қосим мехостанд, ки ноҳия номи Хуросонро дошта бошад.Банда бо Қиёмуддин Сатторӣ, Сайидаҳмади Зардон ва Қодиршоҳи Мурувват сари ба Бохтар табдили ном кардани ноҳия пофишорӣ кардем. Эҳсос мешуд, ки худи ҷаноби Достиев ҳам майли Бохтар ном гирифтани ноҳияро дошт ва ҳисобот дод, ки номаву дархост ва муроҷиатҳои зиёди шифоҳиву хаттӣ аз номи мардум ба ҷонибдории Бохтар ном гирифтани ноҳия ба Комиссияи омӯзиши афкори умум расидааст. Ва ҳамин тавр, баъди чанде шӯрои вакилони халқи ноҳия бо аксари овоз ба ҷонибдории иваз намудани номи ноҳияи Коммунистӣ ба Бохтар раъй дода, қарор қабул намуд ва Шӯрои олии Тоҷикистон ҳам ин қарорро тасдиқ намуд. Бо ҳамин Коммунистӣ Бохтар шуд, ки имрӯз мояи ифтихори пиру ҷавон шуда ва касе ҳатто ҳамон коммунистони собиқ ва мухолифини сарсахти Бохтар ном гирифтани ноҳия ҳам фаромӯш кардаанд, ки ҳамагӣ 20 сол қабл ин ноҳия Коммунистӣ ном дошт. Вақте чанд рӯз қабл сардори давлат ба ин ноҳия омад ва бо ифтихор аз Суғду Бохтар имрӯз ном доштани мавзеъоти кишвар бо мардум сӯҳбат кард, бойиси шодмонии ин банда ҳам буд, ки 22 сол қабл пешниҳоди мақбуле кардаам, ки имрӯз бойиси сарфарозии мардуми кишвар аст. Аммо ҷои ёдоварист, ки пешниҳоди дигари ин фақирро дар мавриди аз Октябр ба Ориён табдили ном кардани маркази ноҳияи Коммунистӣ (Бохтари имрӯза) вакилони шӯрои ин шаҳрак, ки аксари онҳо ғайритоҷик буданд, дастгирӣ накарданд ва бародарам Содиқҷон Муродҷонов, ки он замон раиси шаҳрак буд, баъдтар бароям нақл кард, ки аксари депутатҳои шӯрои шаҳрак нахостаанд, ки номи Октябр ба номи аҷдоди гузаштаи тоҷикон- Ориён табдили ном кунад ва зид овоз додаанд. Вале баъдан дар остонаи таҷлили 1100 солагии давлатдории Сомониён шаҳраки Октябр ба Исмоили Сомонӣ табдили ном кард. Ва шукронаи Истиклол, ки касе тавон ва ҷуръати онро накард, ки бигӯяд, мо мухолифи ба номи асосгузори нахустин давлати муқтадири тоҷикӣ Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудани шаҳраки Октябр ҳастем. Соли 2006 Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон шуд ва мардуми Тоҷикистон бо эҳсоси худшиносӣ аз гузаштаи пурифтихори хеш ёд карданд. Ва мағозаву ширкатҳо ва мавзеоти зиёд ба худ номи Ориён ва Ориёноро гирифт. Барои як фарди миллатдӯст вақте умеду ормон ва хостаҳои хешро, ки реша дар худшиносии миллӣ доштаву ба хотири эҳёи миллат ба он ҳама иқдом кардааст, бо гузашти фурсате ҳам бошад дар амал мебинад, бешак мояи фахру сарфарозист.

Худо шоҳид аст, ки мо он ҳама иқдомоти хайрро дар 20 - соли қабл ва то имрӯз ба хотири барқарории адолати таърихӣ ва боло бурдани ҳувият ва эҳсоси худшиносии мардуми хеш кардаем ва ном наҷӯставу намеҷӯем. Чун имрӯз дар 20- умин солгарди Истиқлол қарор дорем, барои он ки мардум ҳақиқати ҳолро дониста бошад, ин таърихчаро ёд кардем.

Толибшоҳи Сайидзода    

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97