Шаҳидон дар Данғара қадр доранд, дар Сарбанд не

Иҷтимоъ 19.09.2011 08:41

Davlat_GiyoevРасо як сол қабл, 19-уми сентябри соли 2010 дар натиҷаи як ҳамлаи мусаллаҳона ба мошини Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар дараи Камароби ноҳияи Рашт 25 нафар аскарону афсарони тоҷик кушта шуданд, ки аз миёни ин шаҳидон 11 тан ҷавонписарони вилояти Хатлон буданд. Дар шабу рӯзҳои аввали ҳодиса муҳити шаҳри пуршӯри Сарбанд мотамзада менамуд. Зеро дар ин ҳамлаи машкук ду нафар аз намунаҳои беҳтарин ҷавонони сарбандӣ; аскари қаторӣ Содиқҷон Каримов ва афсари ҷавон Давлат Гиёев ба шаҳодат расида, сарбози дигар Ҳабибулло Намозов дар ҳолати вазнин дар бемористони ҳарбии Вазорати мудофиа мехобид.

Инак аз он ҳодисаи мудҳиш як сол сипарӣ гардид. «Миллат» дар остонаи солгарди марги ҷавонони ғурамарг ба аёдати хонаводаи сарбозони он набард ба шаҳри Сарбанд раҳсипор шуд, то аҳвол бигирад.

Сарбанд; Нишонаи хотираи шаҳидон дар куҷост?

Ҳабибулло Намозов, аскаре, ки дар он муҳорибаи хунин ҷароҳати вазнин бардошта буд, дар даромадгоҳи шаҳри Сарбанд сукунат дорад. Як соат пеш аз омадани мо ба ин шаҳр Ҳабибуллоро ба Душанбе гусел кардаанд. Ҳамсояҳо гуфтанд, ки баъди муолиҷаи дурудароз бо пойи худ равон шуда, ҳоло дар факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллӣ таҳсил дорад. Собиқ аскари Вазорати мудофиа дар сӯҳбати телефонӣ бо мо иброз дошт, ки аз кӯмаку дастгириҳои давлат қаноатманд буда, фикру зикраш ба таҳсил банд аст. Аҳли хонаводаи ӯ аз дастгирию кӯмакҳои инсондӯстонаи Вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев изҳори сипос доштанд.

То манзили хонаводаи афсари шаҳид Давлатҷон Гиёев хотираҳои он рӯзҳои мудҳиш барои ин хонавода, нолаҳои модару гиряҳои ҷонсӯзи номзади сиёҳбахти ӯ Ҷаннат аз пеши назар мегузашт. Бо умеди онки дар нишони суроғаи биноҳои шаҳри Сарбанд номи ин ё он ҷавонони фидоии Ватанро мебинам, ба дару девори ҳар хонаи аз пеши роҳам баромада, бо диққат назар мекардам. Зеро баъди огоҳии мардуми тоҷик аз ҷонфидоиҳои ду ҷавони ғуррамарги Сарбанд дар Камароб масъулини шаҳр эълон карда буданд, ки номи кӯча ё яке аз мактабҳои шаҳрро ба ифтихори фарзандони шуҷоъи хеш мегузоранд. Дар ҳамин фикру андешаҳо ба манзили зисти волидайни Давлатҷон Гиёев расидам. Ширинҷон, бародари Давлатҷон Гиёев; - модарамро нашинохтӣ чӣ, аз пешаш гузашта омадӣ,- гуфту маро ба хона даъват кард. Бо афсӯс афзуд: -Дарди фарзанд ҷонсӯз будааст, ҳарчанд модарам сир бой намедиҳад, аммо маълум аст, ки дарун-дарун месӯзад…

Як сола бори ғам

Davlat_Giyoev_03Дар як соли охир апаи Ҳалима комилан тағйир ёфтааст. Охирин маротиба ӯро баъди се рӯз аз дафни писари ғуррамаргаш дида будам. Он замон ҳарчанд мотамзада буд, аммо бовар кардан мушкил буд, ки ин ҷавонзан модари аскарбачаест, ки акнун дигар дар ин дунё нест. Аммо акнун аз бори гиря чашмонаш хаста шуда, як соли ғаму андӯҳ дар рӯяш нақши худро гузоштааст.

- Бачам, мебинӣ то ҳол зиндаам. Ман гуфта будам, аз ғами Давлатҷона мемирам. Мегуфтанд, ки вақт захмҳоро шифо мебахшад, аммо ғами фарзанд дарде аст, ки рӯз то рӯз зиёдтар мешавад. Ман шабҳои як соли охирро бедор дар фикру андешаи ҷигарбанди армониам рӯз кардам…- бо гиря модар пешвозам гирифт.

Намехоҳам ба захмҳои модар намак пошам, аммо бо тақозои касб ногузир аз ӯ суол мекунам: - Оё нафаре аз дӯстону ҳамхидматҳои Давлатҷон ё ҳукуматҳои маҳаллӣ аз ҳолу авҳолатон хабар мегиранд?

Модар оҳи сард аз сина берун мекашад: - Боре ҳамкурсонаш аз литсейи ҳарбии ба номи Суворови шаҳри Душанбе ва ҳамдарсонаш, ки дар донишкадаи ҳарбии Тулаи Русия, ба аёдати мо омада буданд. Раиси шаҳри Сарбанд барои оилаи мо 4 сотих замини наздиҳавлигӣ ҷудо намудааст. Аммо маоши шавҳари омӯзгорам ва писарам Ширинҷон, ки дар НБО Сарбанд кор мекунад, ба таъмини оила бо ғизо ба зӯр мерасад. Ҳозир як манзили нимкора сохтаему мегӯем, ки як коре карда, аққалан барқашро гузаронида ба онҷо бикӯчем. Зеро дар ин манзил иҷоранишинему мӯҳлати қарордодамон кайҳо гузаштааст.

Апаи Ҳалима ба акси дар девор овезони писари ҷавонмаргаш нигариста, нола мекунад; «Давлати ман рафту зиндагӣ моро хору залил кард…»

«Ҳукумат Шуморо хор шудан намегузорад»

- Оё дар рӯзҳои ҷашн аз шумо ёд мекунанд ва аз сӯи Ҳукумат он имтиёзу дастгириҳое, ки барои оилаҳои фарзандгумкарда ваъда шуда буд, ба шумо мерасад?

Модар ба он вусъате гиряву нола дошт, ки дар гумон буд, ба суолҳои мо посух гӯяд. Ширинҷон бародари шодравон Давлатҷон Гиёев бо ишораи он ки модараш ҳоло гуфтаниҳои зиёд дорад, ба сӯҳбати мо ҳамроҳ шуд: - Баъди марги бародарам, Нуралӣ Фақиров - сардори комиссариати ҳарбии вилоят моро фаромӯш накардааст. Дар чорабиниҳои бахшида ба рӯзи Артиши Миллӣ аҳли оилаи моро даъват карда буд. Ростӣ, ягон кӯмаку дастгирӣ ҷойи Давлатҷонро гирифта наметавонад. Аммо ҳамин қадрдонии комиссариати ҳарбии Хатлон каме дарди дили моро сабук мекунад. Дар яке аз чунин чорабиниҳое, ки Нуралӣ Фақиров волидайни моро даъват карда буд, ман иштирок карда, ҳамдардии ҷомеаро дар ғамамон эҳсос кардам. Дар чунин чорабиниҳои тарбиявӣ, ватандӯстӣ як ҳиссиёти наҷибе маро фаро мегирифт, ки худ ба худ мегуфтам: «Барои Ватан лозим шавад, мо ҳам ҷони хешро фидо мекунем!»

Тоҷикбача ва нигори хориҷии ӯ

Баъди каме ором шудан, апаи Ҳалима аз нав суханашро давом медиҳад:

- Ҷаннат - туркмандухтари маҳбубааш ҳоло ҳам занг мезанад, аз ҳолу авҳоламон пурсон мешавад. Дар поёни сӯҳбатҳо насиҳаташ мекунам, ки ҷавон асту ояндаи дурахшон ӯро интизор аст. Бахти худро дар зиндагӣ ёбад…

Davlat_Giyoev_02Суханҳои дардолудаи Ҷаннат, туркмандухтаре, ки замони таҳсилаш дар Русия Давлатро дӯст медошту бо ҳам паймони издивоҷ баста буданд, ба хотирам омад: «Ман ба Давлатҷоне, ки дар дилаш пайваста ишқи Ватан ҷӯш мезад, ошиқ шуда будам. Ӯ дар байни ҳамдарсону дӯстонамон як намунаи ватандӯстӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳар гоҳе дар бораи Тоҷикистонаш сухан мегуфт, дар чашмонаш як ахгаре барқ мезаду андешаҳои маро ба диёри бароямон ношиноси ӯ мебурд. Афсӯс ман ба диёре, ки султони қалбам мафтуну мадюнаш буд, вақте омадам, ки соҳибватан дар зери хок хуфтааст. Ман қурбони волидайни Давлатҷон мешавам, ки фарзанди худро ин қадар дар чунин як рӯҳияи баланди ватандӯстӣ тарбия кардаанд…»

Ёдҳо дар хотираҳо

Ҳалима - модари Давлатҷон нақл мекунад, ки баъди марги Давлатҷон ҳамяроқонаш аз сабтҳои телефонии рӯзҳои охири умраш нақл карданд: «Аз прокуратура хоҳиш кардам, телефони писарамро, ки вақти азназаргузаронию интиқоли ҷасадҳо ба Душанбе барои муоина гирифта буданд, ба мо баргардониданд. Дар он сабтҳои рӯзҳои охири зиндагиаш маҳфуз аст».

Дар муддати як соли охир аҳли оилаи шаҳидони Камароб аз забони ҳамяроқони зинда мондаи фарзандонашон нақлҳои зиёд шунидаанд. Ҳамчунин дар матбуоти даврӣ иттилое чоп шуда будааст, ки гӯиё шаҳрдори Сарбанд Қарахон Чилаев ваъда кардааст, ки ба хотири пос доштани қаҳрамониҳои ҷавонмардони шуҷои Ватан, Содиқҷон Каримов ва Давлат Гиёев кӯча ё мактабе номгузорӣ мешавад. Аммо дар ҷашни 20 солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон онҳоро фаромӯш карданд.

Ин нуктаро падари аскари шаҳид Содиқҷон Каримов низ ба хотир оварда, иброз дошт, ки шояд он як ваъдаи холӣ барои таскин додани дили волидайни фарзандгумкарда дар он рӯзҳо буд. Воқеан ҳам Ҳабибулло Каримов, падари Содиқҷон дуруст мегӯяд. Зеро номи баъзе кӯчаҳои Сарбанд аллакай бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Сарбанд аз 17 марти соли 2011 иваз шуда, дар шумораҳои июнии ҳафтаномаи шаҳрӣ нашр шуда буд. Аммо дар байн моҳи майи ҳамин сол ваъдаи номгузории яке аз кӯчаҳо ё мактабе ба ифтихори аскарони шаҳид дар матбуоти марказӣ чоп шуд.

«Номи бачам зиннати худаш буд, ки аз дунё гузашт»

Аммо модари Содиқҷони ғурамарг намехоҳад, ки кӯча ё мактаберо ба номи фарзандаш гузоранд: - Номи бачам зиннати худаш буд, ки аз дунё гузашт. Қаҳрамонии бачаи маро ҳамяроқонаш ба ман нақл карда буданд. Аммо баъдан дар ҳисоботҳояшон аз корнамоиҳои фарзанди ман фаромӯш карданд. Шоҳидони воқеа медонанд, ки дар он лаҳзаҳои маргбор Содиқҷон чи гуна ба ҳамлаварон муқобилият нишон дода буд. Аммо вақте барои ҳалли як мушкили оилавиамон ба Вазорати мудофиа рафтам, вазирро наёфтам. Аз баъзеҳо таъна ҳам шунидам, ки гӯё мо аз пушти мурдаҳоямон пул суроғ мекардаем… - холаи Зуҳро гирён шуда, суханашро идома медиҳад; - ман ба ҳеҷ куҷо ба суроғи пул нарафтаам. Ман лоиқи инчунин суханон нестам. Одамон намедонанд, ки ман ба кадом мақсад ба дари идораҳо меравам.

- Чӣ мушкиле Шуморо водор кард, ки ба вазорат муроҷиат кунед? – суол мекунам аз модари зор.

Ӯ посух мегӯяд: - Раиси шаҳри Сарбанд, ба ҳаминаш ҳам шукр, 4 сотих замин дода буд. Ман мехостам ба ман кӯмак расонанд, то аққалан 8 сотих замин гирам. Мо се оила дар ин хона иҷоранишинем. Дар ҳамон шабу рӯз мушкилоти иҷтимоӣ доштем. Мо бо дигар оилаҳои шаҳиди ҳамяроқи фарзандамон рафтуомад дорем. Маъракаҳои Худойи фарзандонамонро бо маслиҳати якдигар дар рӯзе мегузаронем, ки ҳамаамон ҷамъ шуда иштирок карда тавонем. Марги фарзандон моро ҳамдарду ҳамрози якдигар кардааст. Аз ин рӯ хабар доштем, ки чунин оилаҳои сокини Данғараро чӣ гуна ҳукуматҳояшон дастгирӣ мекунанд. Мо ҳатто маблағи суғуртаи фарзандамонро то сари солаш гирифта натавонистем. Худо баракаташ диҳад, як нафар аз идораи суғуртаи Тоҷикистон ёрдам карду маблағи суғуртаро гирифта, маъракаи сари соли Содиқҷонро гузаронидем. Ба гуфтаи падари Содиқҷон дар ҳамин рӯзҳо мурофиаи 8 нафар айбдоршаванда, ки дар ҳамла ба мошини аскарони Вазорати мудофиа даст доранд, ҷараён дорад. Шояд баъди пурсишу посухҳо тафтиши пурраи парвандаи мазкур гунаҳкорон ҷазои сазовор гирифта, воқеияти саҳнаи он рӯзи даҳшат барои ҷомеа ифшо шавад, ки; «чӣ гуна фарзандони мо бар зидди ҳамлагарон қаҳрамониҳо нишон доданд? Муҳориба чанд вақт давом кард?

Бо дусад адад тири «ПХ», ки командиру Содиқҷон барои пӯшонидани ҳамяроқонаш сӯйи ҳамлагарон кушода буданд, чанд нафар зархариду террористро аз по афтонид? Содиқҷон дар давоми муҳориба ва баъде, ки тири «снайпер» баданашро шикофт, ба кӣ занг заду чӣ гуфт?»

Ин ва дигар суолҳои сершумор дар ҳар вохӯрии волидайни фарзандгумкарда бо ҳамяроқони ҷигарбандонашон ба такрор мавриди гуфтугӯ қарор мегирад.

Оё мо сазовори шаҳидонамон ҳастем?

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки то куҷо ҷомеаи мо хотираи шаҳидони Ватанро пос медоранд?

Оё шиори «Ҳеч кас ва ҳеч чиз фаромӯш намешавад», ки қариб 70 сол боз дар майдонҳои расмии мо овезону дар хотиротамон нақш бастааст, ба шаҳидони даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳам тааллуқ дорад? Агар, оре, пас то куҷо метавон мутақоид шуд, ки ёдбуду қадрдонии фарзандони шуҷоъи мо, ки дар роҳи Ватан ба шаҳодат расидаанд, то куҷо ба тарбияи ватандӯстии насли имрӯзу фардои мо таъсири мусбат мерасонад?

Воқеан мо- ҳукумат, ҷомеа дар ин як соли пас аз ҳодисаи Камароб дар баробари фидокориҳои шаҳидони гулгункафани худ чӣ кори хайре ба сомон расонидаем? Ва оё мо сазовори номи ҳамватани ин шаҳидони сарсупурда дар роҳи ватандорӣ ҳастем? Суолест, ки ҳар кадом аз худ бипурсед. Мунтазири посухем.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97