Мактабҳо туркӣ, ҷузвдон туркӣ, мағзҳо ҳам туркӣ?

Иҷтимоъ 14.09.2011 09:47

Идеалҳо тағйир карданд

Sumkai_Yigit_01Ҷомеаеро, ки дар гузаштаи начандон дур идеали мардумонаш Рӯдакию Фирдавсӣ, Хаёму Сино, Рустаму Суҳроб, Деваштичу Восеъ, Айниву Турсунзода маҳсуб меёфтанд, акнун зеҳнҳояшон аз симову чеҳраҳои қаҳрамонҳои синамои комилан бегона пур мешавад. Ин яке аз нуктаҳои заъфи масъулин дар умури идоракунии дастгоҳи идеологӣ аст, ки як қаҳрамони хашмгини синамо, ки ҳаёташ пур аз иштибоҳу пушаймониҳост дар фазои маънавии насли имрӯзи мо ҷойи қаҳрамонҳои миллиро соҳиб мешавад. Гарчанде дар овони кӯдакии ман Ватан дар тобеияти Кремл қарор дошта, қаҳрамону идеали давлат Ленину Гагарину Макаренко ва дигар русу ҷуҳудҳо ба шумор мерафтанд, вале рӯйи дафтару дигар ашёҳои таълимии моро дар баробари Пушкину Горкий чеҳраҳои сирф миллӣ, мисли Рӯдакию Фирдавсӣ ҳусн мебахшиданд. Яъне зеҳнҳои насли мо аз маънавиёти худӣ низ ғизо мегирифт. Аммо дар шабу рӯзе, ки 20-умин солгарди Истиқлоли миллии худро ҷашн гирифта, дар қатори эътирофи 6 нафар қаҳрамонони миллии Тоҷикистон таҷрибаи ҷашнҳои бузургдошти як зумра нухбагони таърихиро дорем, вале фазои маънавии насли наврасро идеологияи бегона пур мекунад. Дар ҳоле ки аҳли маориф саргарми корҳои берун аз мактабӣ мебошад, тасвирҳои тарғиботии ситораҳои синамои хориҷӣ аз рӯйи қутии яхмосу сару либосҳо ба ҷузвдон ё сумка ва дигар ашёҳои мактабӣ мегузаранд.

"Тӯфони туркӣ" дар мактабҳои тоҷикӣ

Мо қаблан ҳам аз омад-омади "тӯфони Истамбул" изҳори ташвиш доштем. Акнун масъулини соҳаи маориф ҳам қоил мешаванд, ки барои пешгирӣ аз воридшавии портрети Йигиту дигар силоҳбадастони синамоӣ ба мактабҳо чора надоранд. Тассаввур кунед, ки дар рӯзи 1-сентябр садҳо нафар наврасон дар пушт портретҳои қаҳрамонҳои миллати бегона вориди дабистонҳо мешаванд. Ин манзара, ки шабаҳи тазоҳуроти махуфи идеологӣ аст, касро ба даҳшат меорад. Зеро силоҳи маънавӣ дар пушт ворид шудани наврасон ба дабистонҳо хатари бештар аз онро дорад, ки оммаи хонандагон портретҳои шахсиятҳои бегонаро дар пеши худ дошта, вориди саҳни мактаб шаванд.

Ҳомиёни фарҳанг куҷоянд?

Мутаассифона дар Хатлон ниҳоде нест, ки масъулияти пешгирӣ аз тарғибу ташвиқи ситораҳои бегонаро байни наврасон ба уҳда дошта бошад. Баъзе сохтору идораҳои марбутаи чанд соли охир барои пешгирӣ аз фурӯши дискҳои муллоён чораҳои қатъӣ дида, интизори ҳукми қонунӣ гирифтани қонун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияти фарзанд нашуда, кӯдаконро дар мавсими таътил ҳам аз воридшавӣ ба намози ҷумъа роҳат намегузоштанд. Аммо хатари ҳуҷумҳои маънавӣ тариқи кинову рекламаҳои ғайриқонунӣ дар воситаҳои таълимии мактаббачагон касеро ба ташвиш намеоварад. Боиси таассуф аст, ки портрети як қаҳрамони синамо, ки дар нақш даҳҳо нафарро ваҳшиёна ба қатл мерасонад, имрӯз ба мактабу маорифи мо ҳам роҳ ёфтааст. Худо накунад, ки дарси аввали соли нави хонишро омӯзгорон аз мавзӯи Йигит оғоз кунанд. Пӯшида нест, ки ҳар кишвари рӯ ба тараққӣ бо усули хосае машғули тарғиби ғояҳои миллию давлатии худ мебошанд. Мамлакатҳои пуриқтидор империяи худро дар пояи иқтидори ҳарбию иқтисодӣ месозанд. Аммо дар мамлакатҳои аз ҷиҳати сарвату иқтисод тахрибшуда, идеяи пешбарандаи ҷомеа дар доираи фарҳанги шахспарастӣ ё худ шахсиятсозӣ маҳдуд мемонад. Таҷрибаи сад соли охири дунё собит месозад, ки инчунин сиёсатҳо баробари ҳаёти як инсон умр надоранд. Ин гуна тактикаи гӯиё сиёсӣ ҳатто дар қиболи маънавиёти бегона, ки тариқи фарҳанги синамо фазои маънавии ин кишварҳоро фаро мегирад, истодагарӣ карда наметавонад. Рейтинги имрӯзаи Йигити "Ҳомиён", ки дар зеҳни наврасону ҷавонони водии Вахш ҷойи қаҳрамонҳои миллиро гирифта истодааст, ҳамин гуна хатаротро дар ҷомеа эҷод карда метавонад. Натанҳо ситораҳои синамои Туркия, балки дилхоҳ қаҳрамонҳои асару афсонаҳои хориҷӣ имкони дар дилу дидаҳои наврасони ҷомеаи мо маъво гирифтан доранд. Зеро дар фазои идеологии музофоти Хатлон воқеан ҳам холигоҳи маънавӣ мушоҳида мешавад. Равони инсонӣ талаботи пайваста ба ғизои маънавӣ дошта, ҳар иттилои пешомадаро "фуру" мебарад. Пас тафаккури мардуме, ки фазои маънавиашонро идеологияҳои бегона пур мекунад, аз чӣ гуна "вирус"-и хатарзо сироят шудаанд, лозим ба ёдоварӣ надорад. Мутаассифона дар тарғиби идеологияи бегона дар муҳити Хатлон доираҳои соҳибкории хурду миёнаи мо дониста ё надониста, даст доранд. Бешак дар ҳамин шабу рӯз бозори молу ашёи таълимие, ки тасвири ситораҳои синамоиро доранд, гарм аст. Тарғиби фарҳанги бегона то ҳадде инкишоф ёфтааст, ки дар сатҳи як бозори ҳафтаинаи маҳаллии пурчангу хоки мо ҳар рӯзи якшанбе садҳо қутичаҳои яхмос, ки дар болопӯшашон аксҳои қаҳрамонони синамои туркӣ тасвир ёфтааст, дастраси деҳотиён мешавад. Имрӯз теъдоди наврасоне, ки дар либоси танашон тасвири қаҳрамонони филми ҳомиён аст, шояд ҳудуди ҳазор нафарро ташкил диҳад. Дар бозорҳои вилоят бештар он ҷузвдонҳои мактабие ба фурӯш мераванд, ки дар болои он акси Йигит бошад. Соҳибкорон мегӯянд, ки ин гуна ҷиҳози мактабӣ истеҳсоли Тоҷикистон нест. Дар умум агар аксҳои дар Тоҷикистон паҳншудаи ситораҳои синамои туркиро дар нисбати тарғиби қаҳрамонҳои миллии тоҷик муқоиса кунем, заъфи идеологияи худиро эҳсос мекунем. Ин таҳоҷуми фарҳанги синамост, ки кишварҳои дар ҳоли рушди ҷаҳон барои фаро гирифтани маънавиёти давлатҳои миёнаҳол омирона истифода мебаранд.

Масъули фазои маънавӣ ҳам волидайн бошанд?

Фариштамоҳ Зоҳидова, директори Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино"-и Хатлон, иброз медорад, ки синамо муҳимтарин воситаи фарҳангие мебошад, ки тавассути он кишварҳои истеҳсолгари синамо маънавиёт ва сиёсати давлатии худро ба тамошогарон - мардумони дигар давлатҳо таҳмил менамоянд. Азбаски Тоҷикистон дар истеҳсоли синамои худӣ имкониятҳои камтар дорад, филмҳои истеҳсоли хориҷӣ ба бозори мо осон ворид ва мақбули бинандаи тоҷик мегарданд. Аммо сохторҳои масъули кишвар бояд воридшавӣ ва пахши филмҳои гуногунро зери назорати қатъӣ бигиранд. Аз як тараф мо ҳуқуқи маҳдуд кардани воридоти филмҳои истеҳсоли хориҷиро надорем, аз тарафи дигар соҳибкороне, ки бозори Тоҷикистонро бо молу коло таъмин мекунанд, арзишҳои муҳимми миллию давлатии моро сарфи назар мекунанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди синамои худӣ қарор дар бораи иҷрои "Барномаи рушди кинои тоҷик барои солҳои 2011-2015"-ро содир кард. Аммо мутаассифона баъзе аз раисони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар амалӣ гардидани ин барнома саҳлангорӣ менамоянд, - мегӯяд Фариштамоҳ Зоҳидова. Ба гуфти ҳамсӯҳбати мо, то имрӯз дар шаҳру навоҳии гуногуни Хатлон биноҳои фарҳангии ба "Тоҷиккино" тааллуқ дошта, ба дигар мақсад истифода бурда мешаванд.

Sumkai_Yigit_02-Мо дар доираи имкониятҳои худӣ филмҳои синамогарони тоҷикро паҳн карда, ба намоиш мегузорем. Аммо бо сабабҳои ба ҳамаи мо маълум имрӯз филмҳои истеҳсоли тоҷикӣ дар муқоиса ба маҳсули синамогарони Туркия бозоргузар нестанд. Мо тадриҷан мавқеи синамои тоҷикро дар байни мардум боло бардошта метавонем, агар ҳуқуматҳои маҳаллӣ дар амалӣ гардидани қарору барномаҳои марбут ба рушди кинои тоҷик вазифаҳои худро иҷро намоянд,- иброз медорад директори КВД "Тоҷиккино"-и Хатлон.

Майрамбӣ Ғафурова, мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мегӯяд, ки дар муҳофизат аз таҳоҷуми идеологие, ки зарба ба фарҳангу маърифати миллат мезананд, танҳо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ҳувияти баланди миллӣ доштани насли калонсоли Ватан, маънавиёти насли ояндасози тоҷикро наҷот дода метавонад. Зеро филмҳои истеҳсоли хориҷӣ ва сару либосу дигар воситаҳои муҳим барои фарзандон тавассути волидайн ба кӯдакон дастрас мешаванд. Аз ин рӯ падару модаронро мебояд, ки дар вақти харид кардани маводи сару либосу ашёи таълимӣ барои фарзандон ба аломатҳои тарғиботии маҳсулот диққат намоянд. Масъули бахши ҳуқуқи кӯдаки Хатлон дуруст мегӯяд, аммо…

Маориф як рисолаташро фаромӯш кардааст

Бештаре аз волидайн чунин андеша доранд, ки ниҳодҳои марбути давлатӣ бояд дар пешгирӣ аз воридшавии маҳсулоти тарғибкунандаи маънавиёти бегона чораҳои мушаххас бубинанд. Дар ин маврид бештар аз мусоҳибони мо сабабгори ба бозори Тоҷикистон ворид шудани моли тарғиби идеологияи бегонаро ба соҳаи гумруки Тоҷикистон нисбат медиҳанд. Ба гуфтаи Шамсия Абдураҳимова, муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа дар бахши маънавиёт масъулияти назорат аз болои сифату меъёрҳои ашёи маводи таълимӣ бар дӯши Вазорати маорифи Тоҷикистон низ мебошад. Ширкатҳои истеҳсолкунандаи дафтару дигар ашёи таълимӣ бояд дар мувофиқа бо Вазорати маориф ороиши маҳсулоти кӯдаконаро ба роҳ монанд. Зеро тасвири ситораи санъати бегона дар болои дафтару сумкаҳои мактабӣ ба равони хонандагони таъсири манфӣ мерасонад. Бояд рамзи дафтару китоб ва дигар ашёҳои мактабӣ ҳисси ватандӯстии насли наврасро баланд бардошта, шавқи толибилмонро ба илму донишандӯзӣ зиёд намояд.

Мутаассифона, имсол дар пешгирӣ аз тарғиби маънавиёти бегона дар ашёи таълимӣ мо каме дер кардаем. Зеро ду ҳафта боз инчунин лавозимоти мактабӣ дар фурӯш аст. Аммо аз ин ба баъд мебояд аз тарғиботи идеологияи бегона дар муҳити мактабҳо ҷилавгирӣ кард. Зеро бегонапарастӣ ду сабаб дошта метавонад. Ё тарғибгарони маънавиёти бегона идеалҳои миллии моро дар баробари Йигиту "Человек паук", "Терминатор"-у дигар қаҳрамонҳои бо истилоҳ "девонааш" эътироф намекунанд. Ё дар тарғиби маънавиёти бегона ва тахриби афкори миллати мо вазифадор шудаанд. Зеро мо ба истинои қаҳрамонҳои миллӣ, ки аз ҷониби давлат эътироф шудаанд, даҳҳо ва садҳо ситораҳои тобон дорем, ки метавонанд, идеали насли наврасу ҷавонон бошанд.

Воқеан ҳам чаро Ҳошим Гадо неву Йигит ё Расул Боқиеву Саъидмуъмин Раҳимов не, маҳз як ситораи синамои дигар кишвар идеали насли наврас шавад. Ё баъзеҳо ҷаҳд доранд то ҳаводиси таърихро такрор намуда, Рӯдакию наслҳои имрӯзи ӯро дубора кӯр кунанд?

Ҷамолиддин Усмониён

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97