Аз баҳси ҳиҷоб ва миниюбка то либоси ягонаи мактабӣ

Иҷтимоъ 08.09.2011 12:02

Libosi_Maktabi_01Роҳандозии либоси ягонаи мактабӣ чанд соли ахир аст, ки дар ҷомеа мушкилоти гуногунро ба бор овардаву то кунун сари тарҳ ва пазириши он масъулин ба қарори қатъӣ наомадаанд. Ин мушкила имсол аз солҳои собиқ бештар боис ба пайдо гаштани овозаву дағдағаҳои зиёд шуд. Ба назар мерасад, ки ин тарҳ аз як иқдоми шоиставу қобилӣ дастгирӣ, бештар ба кори номуваффақ ва сиёсатҳои косметикӣ дар соҳаи маориф бадал мешавад. Мушкилоту овозаҳо дар гирду бари ин мавзӯъ дар таҳқиқи "Миллат".

Либоси ягонаи мактабӣ; мушкиле, ки ҳал намешавад

Моҳи август ҳамасола ташвишҳои волидайн зиёд гашта, бозори тоҷирон ба қавле "метасфад". Дар ин моҳ пешопеши оғози соли нави таҳсил, давраи хариди сару либоси мактабӣ фаро мерасад. Хариди сару либос як одати муқаррарист, агар имсол овозаву ҳамҳамаҳо дар давру бари он бештар аз ҳар вақти дигар намешуд. Гузашта аз ин дар шароити ногувори рӯзгори мардум ва норасоиҳои иҷтимоӣ ин овозаҳо, ҳолати аҷиберо дар ҷомеа ба бор овардаанд ва ба сифати як афкори оммавӣ боиси сари садоҳои гуногун гаштаанд. Тибқи овозаҳо имсол бо дастури Вазорати маорифи кишвар дар макотиби миёна либоси ягонаи мактабӣ ҷорӣ мешавад. Вале то кунун чунин тарҳи либоси ягонаи мактабиро Вазорати маориф пешниҳод накардааст. Бар пайи ин дар макотиби миёнаи кишвар, хусусан шаҳри Душанбе масъалаи либоси ягонаи мактабӣ хараҷу мараҷ ва сардаргумиҳоро ба вуҷуд овардааст. Хусусан либоси мактабӣ барои духтарон. Ҳар мактаб ба таври худ либос ихтиёр менамояд ва ҳар ширкати либосдӯзӣ ба шеваи худ ин либосҳоро пешниҳод мекунад.

Мавқеи Вазорати маориф

Ноилшо Нуралиев, котиби матбуотии вазорати маорифи Тоҷикистон гуфт, ки имсол ягон дастуре дар бораи либоси ягонаи ҳатмӣ содир нашудааст. Тибқи дастурамали соли 2007 чанд намуди либос нишон дода шудааст, ки кадом намуди либосҳо дар муасиссаҳои таълимӣ пушида мешавад. Дар он ҷо намунаи либоси миллӣ, либоси аврупоӣ ҳаст. Ҳар мактаб метавонад, яке аз ин либосҳоро интихоб кунад. Аммо вазорати маориф ба корхонаҳои "Ёқут" ва "Текстил" ва дигар ширкатҳои дӯзандагӣ ҳеч гунна қарордоде надорем ва дастуре ҳам надодаем.

Мавқеи фӯрашандаи бозори Корвон

Ҷурабек, тоҷири бозори Корвон воқеияти мавҷудияти ҷорӣ шудани либоси ягонаи мактабиро вобаста ба ташвиши саводагорони бозор асоснок медонад: "Ин овозаҳо ба тоҷирон низ таъсир кард. Бисёре аз тоҷирон баъди ин сару садо тамоман либоси мактабӣ наоварданд ё ин ки моли кам ворид карданд. Ман ҳам ҳамин тавр кардам". Ба гуфтаи ӯ, дар қиёс ба солҳои гузашта теъдоди муштариён кам гаштааст. Номбурда иброз кард, ки шояд таъсири ҳамин овозаҳост, ки муштариён ҳоло бештар аз атроф меоянд ва хонандагони Душанбе басо камнамоянд. Бисёре аз волидон то ҳанӯз намедонанд чӣ кор бикунанд. Ҷӯрабек мегӯяд, модоме либоси ягонаро ҷорӣ кардан мехоҳанд, пас чаро мардумро аз чунин вазъ зудтар хабар намекунанд ва дар сардаргумӣ қарор медиҳанд?

Он либос чӣ гуна аст, дар куҷо истеҳсол мешавад ва бо чӣ дастуре ба мактабҳо ирсол мешавад?

Мавқеи макотиби миёна

Тибқи қарори вазорати маорифи Тоҷикистон дар тамоми макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ либоси ягонаи мактабӣ бояд вуҷуд дошта бошад. Аммо аз сӯҳбат бо муаллимон маълум гашт, ки дар ин росто мушкилоти асосӣ либоси духтарон ва омӯзгорбонувон будааст. Як нафар муаллимаи мактаби №19 дар сӯҳбат ба мо гуфт, фармон шудааст, ки ҳамаи муаллимаҳо либоси яксон бипӯшанд: "Мо то ба ҳол ба як маслиҳат наомадаем. Бархе мегӯянд, ки ҳамон юбкаву кофта пӯшем ва бархе инро қабул надоранд. Вазъ дар ин самт дар тамоми макотиби Душанбе чунин аст". Аммо тавре мушоҳида мешавад, масъалаи либоси мактабӣ дар мавриди писарон ва муаллимҳо чандон мушкилӣ надоштааст. Ба гуфти бархе аз муаллимони мактабҳо ҳамон костюм ва шими сиёҳу куртаи сафед барои писарон ва муаллимҳо кофист. Мушоҳида мешавад, ки дар ин масъла низ ба қавле "бало" боз дар сари хоҳарону занони бечора афтодааст.

Зимни таҳқиқи мавзӯъ ба мактаби № 49 рафтем, ки он ҷо як намунаи либоси нави духтарона дар даромадгоҳ овезон буд. Ин либос аз матоъи синтетикӣ буда, тарзи дӯхташ ҳам комилан пастсифат буд ва беихтиёр либоси мактабии замони шӯравиро дар назар ҷилва медод. Ҳамон формаву фартук ва кофтаву юбкаи СССР-ро, фақат сифаташ пасттару тунуктар. Муҳаббат Мавлонова, директори ин мактаб гуфт, ки мо ин намунаро танҳо барои намоиш гузоштаем, вале дар мактаб намефурӯшем ва ҳар кас аз куҷое мехоҳад, рафта харидорӣ мекунад. Бо дидани ин манзара фикре ба зеҳн меояд: "Дар замони шӯравӣ ҳам чунин сахтгирӣ нисбати либос набуд, ки имрӯз ҳаст. Сатҳи дониш бошад чандин баробар аз он замон поён рафтаву одобу ахлоқ ҳам. Ягона пешрафти макотиб имрӯз дар либосу дар лавҳаву шиорҳои зиндабод хулоса мешавад".

Овозаҳое буд, ки гӯё либосро дар мактаб оварда мефурӯшанд. Ин амал аз аввал барои ҳар инсоне машкук буд ва фикри манфиеро нисбат ба муаллимон бедор мекард. Ҳатто мегуфтанд, ки мактабҳо дарсро монда, ба "бизнес" машғул мешаванд. Аммо масъала чунон нест, ки хелеҳо пиндоштаанд. Мактабҳо фақат имсол хостаанд он супориши чандинсолаи вазоратро билохира амалӣ кунанд ва кӯшиш доранд дар дохили кишвар барои хонандагон либос тайёр кунанд.

Мавқеи ширкатҳои либосдӯз

Марказҳои асосии либосдӯзӣ ҷДММ иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» мавсум ба "Текстил" ва ширкати "Ёқут-2000"-анд, аммо баъзе аз макотиб дар коргоҳҳои хурд низ ин гуна либосҳоро фармоиш додаанд, ки сабабҳоеро дар пай дорад. Раъно Ёрбекова, директори мактаби рақами 93 иброз дошт, ки мо баъди маслиҳат бо волидайн ба хулосае омадем, ки духтарони то синфи 9 сарафан ва синфҳои аз 9 боло доманҳои (юбка) бидуни чоку курта бипӯшанд. Зеро ин навъи доманҳо аз ҳар нигоҳ беҳтар аст: "Баъди дидани маҳсулоти "Текстил" ба хулосае омадем, ки худамон матоъ харида, дар коргоҳи хусусӣ бидӯзонем. Матоъи мо аз матоъи онҳо беҳтар аст. Ба ин тартиб ҳар рӯзи ҷумъа он дӯзандагон либосҳо тайёрро оварда, боқимондаро фармоиш мегиранд. Мо ба нарху навояш кор надорем, волидайн медонанду он коргоҳ".

Аммо бар асоси овозаҳои дигар гӯё супориш шудааст, ки ин гуна либосро хонандагон аз ду ширкати дар боло зикршуда харидорӣ кунанд.

Абдуманон Абдуллоев, ҷонишини директории генералии ҶДММ Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» (Текстил) гуфт, ки дар бораи либоси ягонаи мактабӣ супориши вазири маорифи Тоҷикистон чанд сол аст амал мекунад, аммо тавре мушоҳида мекунем, ин қарор на дар ҳама ҷо риоя мешуд. Аз ин рӯ, имсол бо дархости шаҳрдори Душанбе мо барои ин кор даст задем: "Ӯ аз мо дархост кард, то либоси ягонаи мактабиро барои ҳамагон кор карда, пешниҳод кунем. Дар давоми соли равон мо чанд намуди онро коркард карда, ба мактабҳо пешниҳод кардем ва ҳар мактаб навъи дилхоҳи худро пазируфта, ба мо фармоиш дод. Ин нахустин бор аст, ки кӯшиш дорем то ин навъ маҳсулотро дар дохили кишвар тайёр намоем".

Ҳарчанд арзиши маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ нисбат ба маҳсулоти воридмешуда поинтар аст, вале муштариён аз сифати онҳо шикоят доранд. Қиммати либосҳои Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик, аз 95 сомонӣ (барои хурдсолон) шурӯъ шуда то 145 сомонӣ (барои синфҳои болоӣ) арзиш доранд. Сарафан барои синфҳои 1- 4 аз 35 то 39 сомонӣ, барои синфҳои 5-11 аз 35 то 39 сомонӣ қиммат дорад.

Вале ҷаноби Абдуллоев иддаои муштариён дар мавриди паст будани сифати маҳсулоти ширкаташро беасос хонда, изҳор дошт, ки қиммати маҳсулоти онҳо чанд баробар аз молҳои Қирғизистон ва Чин арзонтар буда, матои онҳо низ сифатан хело болост: "Ман ҳар ҳафта аз тамоми бозорҳои дохилӣ дидан мекунам. Аз мушоҳидаҳоям хулоса кардам, ки қиммати молҳои мо 1,5 - 2 баробар аз онҳо арзонтар аст ва сифати матоъ бошад, хело болотар".

Ҷамъияи мазкур матоъи пашмӣ ва нимапашмиро аз хориҷ ворид мекунад. Ба гуфтаи ҷаноби Абдуллоев онҳо маҳсулоти пашмии сифаташ нисбат ба бозор беҳтарро, харидорӣ кардаанд. Аммо куртаҳо сад фисад аз пахтаи ватанӣ истеҳсол шудаанд. Ӯ мегӯяд, ки моли дар бозор буда, сад дар сад синтетикӣ аст ва сифати бисёр паст дорад.

Мавқеи муштариён

Libosi_Maktabi_03Аммо ин гуфтаҳои Абдуллоевро бархе аз муштариён қабул надоранд ва мегӯянд, ки сифати мол ва тарзи дӯхти онҳо қонеъкунанда нест. "-Ман барои набераҳоям ин ҷо омадаам. Рости гап маъқул нестай, "некачественный" духтагӣ. Соз надухтагияй, ана бинед, шумоҳон. Ман бояд барои чор набераам гирам. Охир монанд, ки рафта аз бозор гирем ё ҳаминҳоро "качественный" дӯзанд. Дӯхташа бинед, инора бояд "утюг" кунанд ин чӣ балост, "калхоз" не ку охир, сентярба инро чӣ хел мепӯшанд", - бо исрор мегуфт як харидор, ки номашро гуфтан нахост.

Раҷабалӣ, як нафар омӯзгор мегӯяд, ки "ман омадаам, ки ин либосҳоро бубинам ва агар нарх мувофиқ афтад, бихарам, вагарна рафта аз бозор мехарам. Ман чаҳор фарзанд дорам ва худам "бюжетникам" барои ҳамин агар то 60 -70 сомонӣ биёбам, мегирам, вагарна не".

Хушмаҳмад Ҷомаҳмадов, раиси кулли ҶДММ Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик», нисбат ба камбудиҳои мавҷуда чунин назар дорад, ки "ин соли аввал аст ва мо ҳам медонем, ки кор бе камбудӣ намешавад. Барои ҳамин доимо назорат карда меистам ва чӣ камбудие, ки аз тарафи муштариён бошад сари вақт бартараф мекунем. Мушкили дигари мо набуди дӯзандаҳои ҳирфаӣ аст. Мо тоҷикҳо ҳамин одати сарсарӣ кор карданро ҳеч аз сарамон дур накардаем, бист сол кор кардаасту то ба ҳол як хати ростро дӯхтан наметавонад. Мо барои таълими чеварон аз Покистон панҷ нафар хайётро овардем. Ҳамакнун ҳар яки онҳо панҷнафарӣ шогирдро омода менамоянд".

Мавқеи мардум

Дар ин шабу рӯз, даромадгоҳи Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии тоҷик, аз сари субҳ то дами бегоҳ пуродам аст. Мо барои ошкор кардани паҳлӯҳои масъала ба ин манзара низ таваҷҷуҳ кардем. Аз дами саҳар мардуми зиёде барои харидории либос дар қатор истодаанд. Беихтиёр ҳамон навбатпоиданҳои замони шӯравиро боз ба ёд меорад. Дар тарафи дигари он зане машғули қабули фармоишҳост. Мардум дар ин гармои рӯз ва аксар рӯзадор дар навбат истода либос мехариданд.

Заррина зане, ки дар навбат буд, гуфт фарзандонаш дар мактаби № 34 (ш.Душанбе) таҳсил доранд: "Либоси ягонаи мактабӣ хуб аст. Мо ба ин кор розием, аммо мушкили асосӣ ба даст овардани он аст. Ман аз соати 8-и субҳ ҳамин ҷоям ва нав тавонистам барои писарам бо маблағи 126 сомонӣ либос бихарам. Агар ҳамин нуқтаҳои фурӯшро бештар мекарданд ва ё барои ҳар мактаб рӯзеро муайян мекарданд, беҳтар буд, сифати либосҳо бад нест, вале агар каме арзонтар мебуд, боз ҳам беҳтар мешуд".

Ҳоло тибқи ҳисобҳои мо, нархи либоси фармоишии як мактаббача ба ҳади миёна аз 150 то 200 сомониро ташкил мекунад. Барои духтарон боз гаронтар аст. Ин вобаста аз тарзи дӯхт, сифати мол ва мӯди либосҳост. Аксари волидон дар шароити Тоҷикистон ин нархро дандоншикан меҳисобанд.

Мавқеи муҳим

Таъмини маҳсулот аз ҳисоби корхонаҳои ватанӣ хеле амри саривақтӣ ва боиси дастгирист. Зеро бо ин роҳ метавонад чанд оилаи дигар соҳиби кору даромад гарданд.

Муқима Зафаровна, мудири шӯъбаи кадрҳои Иттиҳодияи мазкур ба ин бовар аст: "Ин кор бисёр хуб ва бамаврид аст. Ҳам барои талабагон ва ҳам барои коргарон. Дар ин шабу рӯз мо боз 20 нафар коргари нав қабул кардем. Яъне ин раванд ба поён бурдани қимматҳо дар бозор ва ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад. Маоши коргарони мо 200 то 1000 сомонӣ мебошад. Инчунин либосҳои дӯхтаи мо аз либосҳои Чин беҳтаранд. Барои беҳтар дӯхтани либосҳо чанд мутахассис - моделери қирғизро барои омӯзонидан ба ин ҷо даъват кардем".

Мавқеи баъзе мактабҳо

Ҳангоми таҳияи мавод шахсе аз бозори Корвон занг зада гуфт, ки баъзе мактабҳо дар ҳақиқат талабагонро маҷбур карда, пулашонро мегирифтаанду худашон аз бозор либос харидорӣ мекардаанд. Тавре ба мо ин савдогари бозор гуфт, талабагон гуфтаанд, ки директори мактаб 130 сомонӣ аз онҳо гирифта, худаш барои онҳо либос харидорӣ мекунад. Инаш боз як бизнеси нав. Ош шавад! Аммо масъалаи мушкилоти либоси ягонаи мактабӣ танҳо аз ин паҳлӯҳо иборат нест, балки…

Мавқеъ аз нигоҳи арзишҳо ва ҳувияти миллӣ

Libosi_Maktabi_04Мушкилоти либоси ягонаи мактабӣ танҳо аз сардаргумиҳо миёни интихоби тарҳ ва набуди шакли ягонаи он иборат набуда, балки дар ин миён то куҷо вуҷуд доштани арзишҳои миллӣ дар он ва ба ахлоқу суннати милливу динӣ мувофиқ буданаш низ муҳимтар ва валвалаангезтар аз мушкилоти болост. Тибқи таҳқиқи мо либоси духтару модари тоҷик солҳои ахир яке аз мушкилоти умдаи ҷомеаи мо гаштааст. Пӯшидани либоси миллӣ, ҳиҷоб ва боз либоси ягонаи мактабӣ нав набуда, солҳост ки сари забони мардум ва мақомоту матбуоти даврӣ аст. Ҳама либоси миллӣ мегӯянду аммо то ба ҳол асаре аз миллият дар лисбосҳои мактабӣ нест. Аз ин рӯ хуб мебуд, ки мисли дигар кишварҳо дар вақти интихоби либос ба арзишҳои миллӣ низ диққат дода мешуд. Зеро дар аксари кишварҳои ҷаҳон либоси ягонаи мактабӣ аст, вале дар он арзишҳои миллии он кишвар мавҷуд аст. Фирдавсии Нуралиён, шаҳрванди Тоҷикистон, ки айни замон дар Миср кору зиндагӣ дорад мегӯяд: "Дар Миср ҳар мактабе либоси махсус ва ранги худашро дорад. Дар куртаҳояшон номи мактабашон бо гулдӯзӣ навишта шудааст. Ғайр аз ин, либоси аз синфи 1 то 6 (ибтидо?) бо як ранг, аз 7 то 9 (зинаи таълими асосӣ) ранги дигар ва аз синфи 10 то 12 (маълумоти миёна) ранги фарқкунанда дорад. Духтарон вобаста ба марҳалаи таҳсил доману курта мепӯшанд. Аммо масъалаи либосро мисли Тоҷикистон инҷо чандон сахт намегиранд. Касе, ки бихоҳад, ҳиҷоб ва ё ниқоб мепӯшад. Дар Тоҷикистон ҳам бояд дар вақти интихоби либос сари либоси миллӣ андеша кунанд. Ман ҳам ин андешаро дорам, ки ҳамон либосои аслии тоҷикӣ бояд бошад, зеро беҳтар аст".

Ҳамчунин дар Туркия, Русия, Покистон ва кишварҳои дигар низ либоси ягонаи мактабӣ характери миллӣ доранд ва маъмуланд. Бештари баҳсҳо рӯйи либоси ягонаи мактабӣ ба мухолифат доштани тарҳои пешниҳодшуда ба ахлоқ ва арзишҳои милливу динӣ рабт мегирад, ки дар ин бора расонаҳо зиёд навиштаанд ва идомаи мавзӯъ такрори баҳсҳои қаблӣ мешавад.

Мавқеи бетараф

Аз таҳқиқи мушкилоти либоси ягонаи мактабӣ ва паҳлӯҳову самтҳо ва овозаҳои ҷойдошта бармеояд, ки Вазорати маориф ва мақомоти зертобеи он маҳз дар мавриди сару либос ин қадар сахтгиранду дар масъалаи дониш ва сифати таълим чандон пешравии ҷиддие ба назар намерасад. Хуб мебуд, ки сиёсати маориф ва талошҳои Вазорат дар ин самт фаротар аз як сиёсати косметикӣ мерафт ва дар баробари ин фармоишу маҷбуриятҳо, дар табият ва баланд бардоштани дониш низ чунин сахтгирӣ мекард. Чаро, ки Саъдии бузургвор мегӯяд: Кор шамшер мекунад, на ғилоф.

Аъзамшоҳи Қӯқаншоҳ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97