«Занако ид доранд, мардакҳошон меоянд»

Иҷтимоъ 31.08.2011 19:28

Zanakho 01Дақиқан, инро танҳо дар ин ҷо хоҳед хонд, зинҳор он дар пардаи телевизиони шумо рух намекунад!!!

Вахш ноҳияи захмин

Вахш як ноҳияи номдори Хатлон соли 1965 расман ташкил ёфта, то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бо пахтаи пурқиммати маҳинах ва боғҳои ангураш дар кишвар ва берун аз он маълуму машҳур буд. Файзулло Қувватов, раиси ноҳияи Вахш дар солҳои 1990-1995, мегӯяд, ки асосгузори ободию рушди фарҳанги боғу токпарварӣ, кишоварзию дигар соҳаҳои хоҷагидории водии Вахш русҳо ва олмониҳо буданд. Тоҷикон ва дигар қавму миллатҳо аз Қаротегину Фарғона, Ишқободу дигар вилоятҳои Шӯравии собиқ шурӯъ аз солҳои 1935-1949 ба Вахш муҳоҷир шуда омадаанд.

Гузариш ба даврони соҳибистиқлолии кишвар барои водии Вахш гарон афтод. Вахш аз зумраи он ноҳияҳои Тоҷикистон мебошад, ки дар ҳодисаҳои шаҳрвандии солҳои 1990-ум аз ҳама минтақаҳо бештар харобу талафоти зиёди ҷонӣ дидааст.

Чаро Вахш?

Дар охири солҳои 80- ум пайдо шудани ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни сиёсӣ дар Вахш афкори оммаро куллан тағйир дод. Таъсис ва эҳёи нахустин ҳизбҳои сиёсии ҲНИТ, ҲДТ, ки пешвоёни асосиаш аз Вахшонзамин буданд, минтақаро ба майдони бозиҳои калон табдил дод. Иштибоҳи иддае аз зиёиёну пешвоёни маҳаллӣ дар он буд, ки эшон барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии хеш аз нирӯи мардум хостанд истифода бубаранд, мардуми ноогоҳро думболи хеш ба майдонҳо бароварданд. Аммо дар рафти намоишҳои эътирозӣ саркардагон авомро саришта карда натавонистанд ва эҳсоси маҳалчигӣ ҷомеъаро ба гирдоби ҷанг кашида, оқибат Вахш- сарзамини зархезро ба водии хунафшон табдил дод.

Вақте табадуллоти сиёсии Тоҷикистон ба нуқтаи авҷи худ мерасид, озодихоҳони вахшӣ нахуст кӯшиши ғасби ҳукумати ноҳияи Вахшро мекунанд. - Дар он шабу рӯз,- ба ёд меорад раиси вақти ноҳия Қувватов, - Вахш яке аз мавзеъҳои калидии натанҳо вилоят, балки кишвар ба ҳисоб мерафт. Зеро ҷонибдорони ду ҳизби асосии собиқ оппозитсионӣ дар минтақа зиёд буданд. Аммо тарафдорони ҳукумати вақт, ки иқтидору нирӯи на камтар аз собиқ мухолифинро доштанд, истодагарӣ намуда, аз тариқи маркази мавҷпаҳнкунии радиоии Вахш муборизаҳои идеологиро бар муқобили нирӯҳои инқилобӣ ба роҳ монданд. Ин воситаи идеологӣ дар рӯҳбаланд намудани ҷавонони ҷонибдори майдони Озодӣ ва робита бо мардуми минтақа нақши муҳим бозида буд.

Ҳаммоми "овозадори Туркманистон"

Hamomi turkiСафари мо ба ноҳияи Вахш аз собиқ совхози "Туркманистон" оғоз гардид. Хоҷагии мазкур ба ифтихори халқиятҳои сокини он туркманҳои муҳоҷир аз Туркманистон, номгузорӣ шудааст. Баъдан ба хотири мардуми Тоҷикобод, ки барои зисти доимӣ ба ин макон ҳиҷрат мекунанд, ҷамоати деҳот номи "Тоҷикобод"-ро мегирад. Дар замони ҳодисаҳои нохуши шаҳрвандӣ совхози "Туркманистон" - диёри пешвои ҲНИТ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки зодгоҳу мактаби ибтидоӣ ва масҷиду маркази табодули афкори ҲНИТ маҳсуб меёфт, ба яке аз Ситоди асосии қувваҳои мухолифин табдил ёфт. Он шабу рӯзи даргириҳо оид ба ҳаммоми совхози "Туркманистон", ки дар роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа- Бохтар- Вахш воқеъ аст, сару садоҳои даҳшатбор паҳн мешуд. Акнун баъди 20 соли хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ ҳам мардуми Вахшонзамин ин бино- собиқ ҳаммоми Шӯравиро бо номи "асоратхона" ёд мекунанд. Сокинони атрофи ҳаммом мегӯянд, ки аз хотимаи ҷанг 19 сол гузашта, осори харобаҳои ҳаммоми мазкурро бартараф сохтаанд, аммо бархе аз мардум зимни гузаштан аз назди ҳаммоми "Туркманистон" як эҳсоси нороҳатӣ доранд.

"Туркманистон"- и дирӯзу "Тоҷикобод"- и имрӯз

Муҳити деҳоти собиқ совхози "Туркманистон" дар тӯли 20 соли охир кам тағйир ёфтааст. Ҳарчанд дар деҳот каму беш хонаҳои замонавӣ дар ҳоли сохта шудананд, аммо дар баробари манзилҳои истиқоматӣ дар баъзе маҳаллаҳо харобаҳои ҷанг ҳанӯз боқӣ мондааст. Нахустин манзараи ҳузнангезе, ки вақти аз дарвозаи ҷамоати деҳоти "Тоҷикобод" ворид шудан ба чашм меафтад, ин аҳволи паҳлӯи рости ҳаммоми "Туркманистон" буд. Қулфҳои зангхӯрдаву чангзадаи дӯконҳои ҳудуди ҳаммоми «овозадор» гувоҳӣ аз он медоданд, ки ин бино дер боз бекор хобидааст. Murodov MМаҳмадҷон Муродов, раиси ҷамоати деҳоти "Тоҷикобод"-и ноҳияи Вахш зимни сӯҳбати сарироҳӣ иброз дошт, ки баъди даргузашти соҳибмулки ҳаммоми "Туркманистон" Саймуддин Сайфов дигар касе аз пайвандонаш фаъолияти дӯконҳои моликияти падарро ба роҳ намондаанд. Тибқи қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар ояндаи наздик як қисмати марзи ҷамоати деҳоти "Тоҷикобод", аз ҷумла ҳаммом ва заминҳои атрофи он низ ба қаламрави шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамроҳ карда мешавад. Умед аст, ки дар оянда ин бинои мӯҳташам ба ягон коргоҳи замонавӣ ва ё маркази илмию фарҳангӣ табдил меёбад.

-Акаи ҷун! То идораҳои ҷамоата меравам, дар ин даҳаи Рамазон савоби шумора бигирам, - ҷавони нуроние аз тирезаи мошин сар бароварда, ба мо таклифи ба мошин нишастан мекунад.

Ҳарчанд, ки аз назди ҳаммом то идораҳои ҷамоати деҳоти "Тоҷикобод" беш аз 2 километр роҳ аст, аммо бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардуми деҳоти "Тоҷикистон", "Сохтмон" ва "Ҳаваскор" пойи пиёда рафтанро зарур шуморида, ба ронанда изҳори сипос намудам.

Аз ду тарафи роҳи мошингард манзилҳои кӯҳнаву навобод таваҷҷӯҳи роҳгузаронро ҷалб менамояд. Агар баъзе хонаҳо дарвозаҳои баланду ранга дошта бошанд, дар баъзе дигар хонаҳо, мисли солҳои 1993-1994 ҷойи дарвоза чодар кашида шудааст. Тафовут аз замин то осмон.

"Бонувон ид доранд, мардакҳошон меоянд"

Сокинони деҳот тараддуд ба иди Фитр доштанд. Бонуе дар болои нардбон истода, тирезаи хонаашро ранг мекунад, дигаре машғули гилемшӯйисту саввумӣ девори хонаашро сафед мекунад. Азбаски бонувони ҷавони қаротегинӣ аз муошират бо марди бегона сахт худдорӣ мекунанд, ман барои ба сӯҳбат ҷалб намудани пиразане, ки рӯ ба рӯи мо меомад, суол мекунам; - Бибиҷон, ба деҳаатон ягон меҳмон меояд, ки мардум дар тараддуди тозаву озодакунии хонаҳошон шудаанд?

- Бачам, дар пеш ду ид бошад, ин занакҳо се ид доранд; имрӯзу пагоҳ иди шарифи Рамазон, баъд раисҳо гуфтиян, ки барои 20-солагии Тоҷикистон хонаву даромона ороста кунем. Боз дар ин байн Худо хоҳад, ин авратора мардакошон аз Русия меоянд. Хулоса, ки ид болои ид аст. Дар вақтҳои кӯдакии мо омад- омади ҷавонмардҳо аз аскарӣ мешуд, он вақтҳо, ки краскаю оҳак набаромада буд, занакҳо дару дарвозаҳошона обшаппак мекарданд, то хона тару тоза бинамояд,- давраҳои кӯдакиашро бо завқ ба ёд меоварад, пиразан ва боз ба нақлаш давом медиҳад; - имрӯз ҷавонмардони мо бисёриаш ба Русия рафтаанд. Кори хонаву саҳро бар дӯши зану фарзандон мондааст. Ин аҳвол ба фоидаи давлат нест. Зеро мардакҳо барои таъмини рӯзгор умрашонро дар Русия мегузаронанду ҳаёти зану кӯдаконашон дар интизории падару шавҳарҳо мегузарад. Аммо бе мардинаҳо зиндагӣ пеш намеравад, ободии хона мардакай. Мисли давраҳои кӯдакии мо, ки ҳушу ёди ҳама дар Фронт буд, имрӯз ҳама роҳи Русияро интизоранд. Пиразан; «ба аёдати духтари беморам меравам», - гуфта, бо ман хайрбод кард.

Ҷомеъа зиён дорад - бесаводӣ

Соат 09- 00 саҳарӣ аст, аммо дар кӯчаҳои "Тоҷикобод" аҳён-аҳён одамон пайдо шуда, онҳо ҳам ё ба куҷое шитоб доранд, ё ончунон ғарқи фикру андешаанд, ки дили кас намешавад, онҳоро аз роҳашон боздорад.

Дар хамгашти роҳи деҳа марди ришсиёҳе гов мечаронид. Аз сӯҳбат бо ӯ маълум шуд, ки 54 сола буда, ҳафтае 5 рӯз дар бозори Қӯрғонтеппа ба аробакашӣ машғул аст. Аз нигоҳи ӯ мушкили №1 -и ҷамъият коҳиш ёфтани сифати таълим дар мактабҳо будааст.

-Халқи бесавод зиёни давлату ҷамъият аст,- мегӯяд ӯ,- имсол бачаи маро баъди синфи 9-ум аз мактаби миёна ҷавоб доданд, даркор нестен гуфтанд, акнун китоби "Алифбо" харидам, худам хондана аз нол таълимаш медиҳам. Ҳамин барвақттар аз мактаб ҷавобаш медоданд, дар дасти худам хондану навиштанро барвақттар ёд мегирифт.

- Наход, синфи 9- умро хатм карда хонда наметавонад?- шубҳа меорам, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати худ.

- Шумо бовар намекунед. Ба номи Худо қасам, бачаҳои мо мактаба хатм мекунанд, хондаю навишта наметавонанд. Бовар накунед, мактабхонӣ оғоз мешавад, биёед, аҳволи дарсхонию таълиму тарбияро дар мактаби №39 бубинед.

Қувваи корӣ нест

Daromadgohi Vakhsh- Амак, дар ноҳия ягон пешравӣ ҳаст? Умуман дар бораи кори ҳукуматҳои маҳал чӣ андеша доред?

- Раиси ноҳияамон аз бачаҳои ҳамин Вахш аст. Агар ин хели кадрҳое, ки ба халқ такя мекунанд, ягон 10 сол пеш таъйин мешуданд, мо хеле бурд мекардем. Чунки садҳо қувваи кориямон баромада, Русия намерафтанд. Имрӯз ин мардакҳо даъват мекунанд, ки биёед, саҳмияи заминҳоятонро бигиред, аммо дар хонаҳо қувваи корӣ асосан занону кӯдакҳо мондаанд. Дар ташкили хоҷагии деҳқонӣ ҷавонмардон набошанд, кори хоҷагидориро пеш бурдан мушкил аст.

Тибқи маълумоти Маҳмадҷон Муродов, - раиси ҷамоати деҳоти "Тоҷикобод", имрӯз дар ҳудуди ҷамоат 170 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис ёфтааст. 35 адад хоҷагиҳое боқӣ мондаанд, ки дорои беш аз 50 гектарӣ замин мебошанд. Аммо бештари саҳмиядорон барои мустақилона кор кардан шароиту имконият надоранд. Ба ҳар ҳол - мегӯяд раиси ҷамоат,- имсол баъди ҷамъоварии ҳосил якчанд хоҷагиҳо таҷдид карда мешаванд.

Норасоии замини наздиҳавлигӣ ва азҳампошии оилаҳо

Аз сӯҳбат бо мардум маълум шуд, ки онҳо дар муроҷиат ба ҳукуматҳои маҳал фаъоланд, аммо бештар аз мушкилоти мавҷудаи мардум ба ваколатҳои ҷамоати деҳот дохил намешавад. Ҷудошавии оилаҳои ҷавон, эҳтиёҷоти мардум ба заминҳои наздиҳавлигӣ аз мушкилоти умдаи сокинони ҷамоати деҳоти "Тоҷикобод" ба ҳисоб меравад. Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти "Тоҷикобод" 1800 оила ба заминҳои наздиҳавлигӣ эҳтиёҷ доранд, аммо 42 га замине, ки барои фонди замин ҷудо карда шудааст, талаботи ҳамагӣ 500 оилаи эҳтиёҷмандро бароварда мекунаду халос.

Он ҳақиқат, ки аз даҳр таманно доштем…

Ҳамсӯҳбати дигари мо мегуфт, ки то солҳои 2008- 2009 ман чунин фикр доштам, ки масъулини ноҳия дар ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодии сокинони деҳоти ҷангзада таваҷҷӯҳи камтар доранд. Ё роҳбарон дар пайи ҳалли масъалаҳои муҳимтаре буданд, ки мо намедонем, ё имконият надоштанд, то ба мушкили мардуми деҳа расидагӣ кунанд. Ба гуфти тоҷикободиҳо, аз бозе, ки мардуми гуреза ба Ватан баргашта, бо дасту дили гарм ба кори саҳро баромадаанд, одитарин масоили иҷтимоии мардум тақсимоти замин, таъмини музди меҳнати коргарони саҳро, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ҳалли худро наёфтаанд. Мо заҳмати ҳамаи раисони ноҳияро қадр мекунем, - мегӯянд сокинони деҳа; - воқеъан барои раисони 20 соли охири ноҳияи Вахш осон набуд роҳбарӣ кардан, аммо бештари онҳо аз ӯҳдаи роҳбарӣ набаромадаанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш шахсони зерин раиси ноҳия буданд: Файзулло Қувватов - 1990-1995, Абдулмаҷид Нуралиев - 1994-1997, Мурод Ашӯров - 1997- 1998, Асомуддин Саидов - 1998- 2000, Сайвалӣ Нуров - 2000- 2005, Таваралӣ Давлатов - 2005- 2007, Аловуддин Сатторов - 2007- 2009 ва Шодӣ Мусоев - аз соли 2009 то имрӯз.

Бештари ҳамсӯҳбатҳои ман ба раиси кунунии Вахш Шодӣ Мусоев итминон доранд. Мегӯянд, ин мард ободгар аст, вале маблағу имконият надорад, то мактабу бемористону кинотеатрҳои маҳаллиро ободу барқарор кунад. Дар ҳоле ки аз паст шудани сифати таълиму тарбия, кор накардани нуқтаҳои маданӣ фарҳангии деҳот, норасоии ҷойи кору дигар мушкилиҳои иҷтимоӣ насли ояндасози ноҳияи Вахш дар муҳити носолим ба воя расида истодаанд. Дар чанд соли охир афзоиши сатҳи беморони нашъаманд аз ҳисоби ҷавонон далели гуфтаҳои боло мебошад.

Вахш: Рӯ ба коҳиш

Дар китоби "Рушди иқтисодӣ - иҷтимоии ноҳияи Вахш дар 20 соли Истиқлол", ки бону Бадахшон, сардори идораи омори ноҳияи Вахш ба мо тақдим карда буд, (воқеъан ҳам ин китобчаи ҷашнӣ беҳтарин тӯҳфа ва дастури роҳнамо барои ҳар нафар меҳмону мусофирест, ки бори аввал ба ноҳияи Вахш сафар мекунад) омадааст, ки "Дар зарфи 20 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуфузи аҳолии ноҳия аз 115 то 162,4 ҳазор нафар расидааст, ки бештар аз 50% онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. Сатҳи таваллуд дар нисбати соли 1992 аз 5178 ба 4276 ҳолат коҳиш ёфтааст. Гарчанде ки никоҳ аз 916 то 2337 ҳолат зиёд шудааст.

Тибқи иттилои ба даст омада, дар зарфи 20 соли охир клубҳои деҳоти ноҳияи Вахш 4 адад, хонаҳои маданият аз 10 то 5 адад коҳиш ёфтаанд. Базаи моддии муассисаҳои томактабӣ кам нашуда, аммо шумораи тарбиятдиҳандагони ин муассисаҳо чанд баробар кам шудааст.

Номзадҳо ба "институти ҳаёт" ва муҳоҷирати меҳнатӣ

Hamomi turki 02Неъмат, ҷавоне, ки худро сокини деҳаи "Ҳаваскор" муаррифӣ кард, мегӯяд: "Наврасони деҳа ба таълими илми замона таваҷҷӯҳ кам доранд. Духтаронро баъди хатми мактаб "Институти ҳаёт" ва писаронро муҳоҷирати меҳнатӣ интизор аст. Ҷавонписарон ояндаи худро чунин тарҳрезӣ менамоянд: "Бояд рафта кор кунанду омада хонаву дар обод кунанд, соҳиби мошин шуда, аробаи зиндагиро мустақилона кашида тавонанд".

Замин барои ҳама, мояи хушбахтӣ нест

Муносибати чандинсолаи роҳбарони хоҷагиҳо бо мардум дар зеҳни наврасон ҳам ин андешаи доғдорро пухта расонидааст, ки: "Замин барои ҳама манбаи беҳдошти зиндагӣ шуда наметавонад". Роҳбарони хоҷагиҳои навтаъсиси собиқ совхози "Туркманистон"- ро одамони беинсоф ном мебаранд. Зеро чанд солаҳо боз мардуми деҳотро дар саҳро ба музди ночиз кор мефармоянд.

Маҳмадшариф, роҳбари яке аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Вахш иброз медорад, ки кишту парвариши пахта хароҷоти хоҷагиҳоро пӯшонида наметавонад. Аз ин рӯ мо наметавонем, ки мисли колхозҳои Шӯравӣ коргарони худро ба маоши хуб таъмин кунем. Мардум худашон хоҳиши дар саҳмияҳояшон мустақилона кор кардан надоранд. Зеро ташкили кору кишту парвариши пахта дар хоҷагиҳои майда фоидаовар нест.

Ин ҳолат танҳо дар ноҳияи Вахш нест, ки коргари саҳро хотири ғузапоя ва заминҳои президентӣ намедонанд барои кӣ кор мекунанд. Коргарони саҳрои собиқ совхози "Туркманистон" иброз медоранд, ки ба музди чиниши пахта нигоҳ накарда, имсол ҳам ба ҷамъоварии пахта мебароянд. Зеро ба онҳо иҷозат дода шудааст, ки дар таги хурҷинҳои пахтачинӣ ягон қабзагӣ пахта ҳам ба хонаҳояшон бубаранд.

Дар Вахш як мушкили бармало мушоҳида мешавад. Ин бекорӣ байни ҷавонон ва коҳиш ёфтани Alikhon Sharipov 0101сатҳи маънавии онҳо мебошад. Алихон Шарифов, як фарҳангшиноси ноҳия иброз медорад, ки аз Вахше, ки дар гузашта бо маҳфилу клубҳои гуногуни фарҳангияш дар ҷумҳурӣ номдор буд, имрӯз ҳамагӣ 10 нафар дар донишкадаи ҳунарҳои зебо таҳсил доранд, ки ин дар муқоиса ба нуфузи 160 ҳазораи аҳолии ноҳия хеле кам аст. Ба гуфтаи Алихон Шарифов, дар баробари баланд бардоштани иқтисодиёт мебояд ҳамзамон ба инкишофи соҳаи маънавиёти ҷомеъа низ диққат дод: - Имрӯз дар кулли ноҳияҳо ба хусус ноҳияи мо низ зиёд ҷавонон шуғли доимӣ надоранд. Баъди соати 17-00 бештари ҷавонон ба ягон коре машғул нестанд. Аз ин теъдод як қисмашро нашъамандон тарафи худ мекашанд, қисми дигарашро дигар гурӯҳҳо. Ҳамакнун ба ибтикори роҳбари давлат дар сатҳи ҷамоатҳои деҳот бастҳои нави корӣ -муовинони маънавӣ ташкилу таъйин шудаанд. Агар дар сатҳи ҷамоатҳо дар интихоби ин кадрҳо саҳлангорӣ накунанд, имкон пайдо мешавад, ки кадрҳои ба тозагӣ интихобшуда, мушкилоти маънавии сатҳи деҳотро ошкор ва дар ҳалли он чораҳои судбахш андешанд. Вагарна мушкилу халои маънавии деҳот фарҳангу маънавиёт баъдан иқтисодиёту дигар пояҳои иҷтимоиро хароб мекунад.

Саймӯъмин Мусоев, кадри ҷавони ноҳияи Вахш, сардори Кумитаи амвол ва сармоягузории вилояти Хатлон иброз медорад, ки Вахш натанҳо заминҳои зархез, балки мардуми дорои зеҳну идроки фавқуллода дорад. Мутаассифона ҳаводиси нохушу нобасомониҳои шаҳрвандӣ ва парокандагии муваққатии мардум, бекасбу ҳунару саводи кофӣ ба мардикорӣ рафтани ҷавонон ба тақдири минбаъдаи онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Роҳи наҷоти маънавии ҷавонон аз унсурҳои бегона ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстию ватансозӣ аз нав барқарор кардани воситаҳои маънавӣ аз қабили китобхонаю толорҳои варзишию маҳфилҳои фарҳангӣ мебошад. Алъон дар баъзе минтақаҳои ноҳия чунин марказҳо вуҷуд доранд, вале на дар ҳама маркази ҷамоатҳои деҳот. Аммо барои рушди фарҳангу маънавиёти ҷомеаи сатҳи деҳот маблағҳои ҳангуфт лозим мешаванд, ки буҷети чунин маблағро надорад.

SaimuminСаймӯъмин Мусоев бовар дорад, ки агар тарбияи маънавию фарҳангии насли ҷавонро то сини 18 солагӣ дуруст роҳандозӣ шавад, ҷавонони мо ҳар куҷое бошанд, ҳисси ватандорӣ онҳоро водор мекунад, ки дар фикри ободии диёру Ватани худ бошанд.

Воқеъан ҳам дар ҳар давру замон аз мулки Вахш шахсиятҳои барӯманде, мисли Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ дар фазои маънавию сиёсии Машриқ ва канортар аз он пайдо шудаанд, ки баъдан онҳоро "Ситораи дурахшон" ном бурдаанд. Дар бозгашт аз ноҳияи Вахш хотираи ҳодисаҳои 20 соли охири ноҳияи Вахш аз пеши назар мегузаранд. Аз пасманзари ҳаводис чеҳраҳои шинохтаи 20 соли охири Вахш, ки замоне фазои сиёсии Тоҷикистонро гарм кардаанд, пеши назар ҷилвагар мешаванд: Сайид Абдуллоҳи Нурӣ- бунёдгузори ҲНИТ ва раиси собиқ ИНОТ, Ҳайдар Қосимов, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, Ёқуб Салимов - вазири собиқи корҳои дохилии ҶТ, Бобоҷон Бобохонов - собиқ додситони кулли ҶТ, Абдуҷалол Салимов - раиси собиқи вилояти Хатлон, алъон вакили МН, Сӯҳроб Шарифов - раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, Эдгар Гэсс - футболбози машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ, Мавлавӣ Муъиниддин - воъизи маъруф ва дигарон.

Ҳолдонҳои Вахшонзамин бовар доранд, ки агар мушкилоти маънавию фарҳангии ноҳия бартарафу ба гуфтае сиёсати бунёди ҷомеаи солим дуруст ба роҳ монда шавад, дар ояндаҳои наздик ва ё дури дур дар хоки ин сарзамин бузургоне ба воя расанд, ки илми кайҳонро ба замину шӯҳрати миллати тоҷикро ба авҷи аъло бирасонанд.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97