Маориф хун дар тани миллат аст

Иҷтимоъ 12.08.2011 10:03

JahhONNishavi  03

ҲАМЗАБОНОН НАМЕТАВОНАНД БА ҲАМ НОМА БИНВИСАНД
Мо бояд доду гирифтҳо, конфронсҳо на танҳо дар сатҳи олимон, балки дар сатҳи толибилмон ва донишҷӯён баргузор бикунем ва барои ҷавонон имконият диҳем то аз ҳамдигар биомӯзанд. Имрӯз як мушкилоти ҷиддии дигаре, ки вуҷуд дорад ва тамоми донишҷӯён ва мардум аз он ранҷ мебинанд ин аст, ки имконият ва дастрасии мардум ба маълумот ва китобҳои ҷаҳонӣ заъиф аст. Имрӯз аксари дастовардҳо, маълумот, китобҳо ва андешаҳои нав бо забонҳои русӣ, англисӣ ва дигар забонҳо дар интернет дастрас ҳастанд.

Вале бо забони тоҷикӣ ва хатти кириллӣ пайдо кардан номумкин аст. Мо тоҷикон аксар, ки дар деҳот зиндагӣ мекунем, бо забони русӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ хуб балад нестем. Ва донишҷӯён ҳам аксарашон ин забонҳоро намедонанд. Парадокс ин аст, ки тамоми маълумот бо хатти кириллӣ, ба забони русӣ дар интернет аст, аммо ин донишҷӯён ва ташнагони роҳи илм мазмуни онҳоро дарк карда наметавонанд. Аз тарафи дигар ҳазорҳо китоб ва имкониятҳо, сайтҳои интернетӣ дар тамоми мавзӯъҳои илмие, ки ба Ғарбу Шарқ мутааллиқ аст, ба хатти форсӣ вуҷуд дорад, ки ин мардум онҳоро мефаҳманд ва дарк мекунанд, аммо бо амру тақдири талхи таърихӣ ин дастовардҳои тайёрро наметавонанд бихонанд, чун аз хаттии  гузаштагони худ бенасиб мондаанд ё зӯран бенасибашон кардаанд. Ин ба мисли он аст, ки ду ҳамзабон наметавонанд бо ҳам нома нависанд.

ГУЗАШТАН БА ХАТТИ НИЁКОН МУҲИМ АСТ!
Банда ба ин фикр аст, ки мо мардум бояд хатти форсиро  хуб мутаваҷеҳ шавем ва дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва инчунин донишгоҳҳои олӣ  ба тарзи ҷиддӣ биомӯзем. То он дараҷае, ки донистани онро ҳадди ақал барои талабагони мактаби миёна агар набошад ҳам барои донишҷӯён ҳатмӣ  гардонем. Донистани ду хатт (кириллӣ ва форсӣ) барои як миллат он қадар мушкил надорад. Аммо аз ин мо метавонем дуҷониба бурд кунем. Пеш аз ҳама мо метавонем бо тамоми осори гузаштаи хеш дастрасӣ пайдо бикунем. Дуввум, мо метавонем ба тамоми дастовардҳо, китобҳои олимони ғарбӣ, ки ба тарҷумаи онҳо қудрату тавоноии  мо зайиф аст,  роҳ пайдо кунем. Ва муҳимаш ин аст, ки як донишҷӯи тоҷик саранҷом дигар роҳат метавонад китоби ҳар олими муосири аврупоиро бихонад ва дарк кунад. Дар ҳақиқат ин барои донишҷӯёни мо орзуест дерина. Чун ҳамаи мо ин мушкилиро доштем ва дорем. Мо танҳо бо ин роҳ метавонем дар ин раванди ҷаҳонишавӣ ҳам забону фарҳанги худро ҳифз кунем ва ҳамзамон миллатро аз нигоҳи илму технология ба ҷаҳони пешрафта бипайвандем. Имрӯз агар ба донишгоҳҳои мо назар кунем барои донишҷӯён қариб, ки ҳеҷ адабиёт ва китоби ҷиддие бо забони тоҷикӣ вуҷуд надорад. Ҷавонон доранд аз ин дар ин раванди ҷаҳонӣ аз илми муъосир боз мемонанд.
Тавассути ҳам забони русӣ ва ҳам форсӣ дарҳои мо чандҷониба ба дунё боз хоҳанд шуд.  Ва дар он ҳолат имкониятҳо ва фазои илмӣ ва фарҳангии мо ҳам аз Ирону Афғонистон ва ҳам дигар кишварҳои Осиёи марказӣ васеътар хоҳад шуд. Ва инчунин мо метавонем аз ин имкониятҳо дар оянда истифода карда, дар ин раванди ҷаҳонишавӣ ҳамчун транзит байни кишварҳои дорои фарҳанги форсӣ ва кишварҳои туркнажоди Осиёи марказӣ ва ҳатто Русия ҳам бошем. Ва бузургтарин лоиҳаҳо ва  шаркатҳои хидматрасонӣ дар байни онҳо бунёд кунем, ки бойиси пешрафти иқтисоди  кишвар гардад.

Пеш сари як дастархон менишастем, ҳозир аз ҳам безор
Инчунин дигар корҳоро низ дар робита бо кишварҳои форсизабон метавон анҷом дод. Барномаҳои илмӣ ва фарҳангии гуногун барои доншҷӯён, баргузории ҳамойиш ва конфронсҳои муштарак, даъвати мутахассисон ва донишмандони форсизабон чӣ аз дохили Ирон ва Афғонистон ва чӣ аз хориҷ барои тадрис. Хулас барои миллат ва мағзҳоро сохтан дар сатҳи робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ метавон корҳои зиёдеро берун аз равобити сиёсию идеологӣ анҷом дод. Аммо ин танҳо як роҳест, ки мо ба ҷаҳони имкониятҳо ворид мешавем ва арзишҳои миллии худро низ ҳифз мекунем.
Дар баробари ин робитаи наздик бо кишварҳои турктабори Осиёи марказӣ низ, ки таҷрибаи зиёди ҳамкорӣ ва умумиятҳои таърихӣ бо ҳам дорем, лозим аст. Қабл аз даврони Шӯравӣ ва дар замони Шӯравӣ мо бо ҳам дар як дастархон чой менӯшидем ва зери низомҳои мухталифи сиёсӣ бо ҳам зиндагӣ мекардем. Барои ҳамин банда ба ин фикрам, ки ҳамгироӣ ва ё интегратсияи ин кишварҳо ҳадиақал дар фазои масоили иқтисодӣ хеле зарурӣ мебошад. Аммо андешаи банда ин аст, ки дар минтақа муносибат ва ҳамгироиро дар ду самт бояд ба роҳ монд. Аксаран донишмандони тоҷик таъкид бар ҳамгироӣ ва ё интегратсияи кишварҳои форсизабон мекунанд, аммо муҳаққиқони ғарбӣ бошад, бештар Осиёи марказиро, ки дар фаҳмиши имрӯзааш Афғонистон ҳам дохил мешавад, як минтақаи миллатҳои туркнажод рабт медиҳанд ва ҳамгироиро низ миёни ҳамин миллатҳо дар назар доранд. Яъне онҳо манфиат ва мавҷудияти миллатҳои форстаборро камтар ба назар мегиранд. Тоҷикистон чуноне дар боло ишора шуд, кишварест, ки ин миллатҳои дорои ҳувиятҳои мухталифро ба ҳам мепайвандад ва аз ин хотир бояд дар равиши миллатсозӣ ва давлатсозӣ равобити мутақобилаи худро бо кишварҳои минтақа ба назар бигирад. Чун таърих ҳамеша гувоҳӣ медиҳад, ки самт ва стратерияи сохтмони давлати миллӣ ва ҳуввиятсозӣ ба робитаҳои наздиктар дар минтақаҳо тавонистааст халал расонад. Барои мисол агар таърихи Аврупоро назар кунем, метавонем ин таҷрибаҳоро пай бубарем.  (Махсусан байни Олмон ва Фаронса, ки ҳамеша бештари сиёсатмадорон ва донишмандони Аврупоӣ ваҳдату ҳамгироии Аврупоро, ки орзуи деринаи файласуфони онҳо аз қабили Кант буд, аз равобити ин ду кишвар вобаста мекарданд. Ва саранҷом инҳоро бовар кунонданд то ба ҳама хусумату зиддият хотима бидиҳанд.) Аз ин хотир раванди сохтмони давлати миллӣ дар Тоҷикистон чунон бояд ба роҳ гузошта шавад, ки барои ҳамгироии кишварҳои минтақа чӣ бо кишварҳои форстабор ва чӣ турктабор халалпазир набошад. Дар ин ҳолат кишварҳои минтақа аз имкониятҳои бо Чин ва дигар кишварҳои бузург дошта низ истифода бурда метавонанд.

ҚУДРАТУ ТАВОНИ МАОРИФИ МО МАЪЛУМ АСТ

Масъалаи дигаре, ки дар  раванди ҷаҳонишавӣ барои миллати тоҷик дар баробари дигар масъалаҳое, ки дар боло ишора шуд дар ҷойи аввал меистад, ин рушд ва ислоҳи бунёдии низоми маорифи кишвар мебошад. Ин танҳо роҳе аст, ки мо метавонем бо истифода аз ин худро бо ҷаҳони пешрафта бипайвандем. Танҳо низоми маориф метавонад, ки наслҳои имрӯзу фардои моро аз шинохти ҷаҳон огоҳ кунад. Яъне танҳо ин масъулияти маорифи ҳар кишвар ҳаст то наслҳоро бо замон ва андешаи замон бипайвандад ва андешаи нав ба нави ҷаҳонро ба онҳо бишиносонад. Дунё ва инсонҳо дар ин раванди ҷаҳонишавӣ ҳар лаҳза дар ҳоли кашф ва тавлиди андешаи нав ҳастанд. Ба ин хотир низоми маорифи мо бояд чунон пешрафта ва тавоно бошад то тавонад ин фарзандони миллатсозро аз он чи дар олами илм мегузарад, огаҳ намояд.  Инчунин дар онҳо рӯҳияи озодандешӣ, тафаккури боз ва андешаи созанда ва тавлидгарро бедор кунад. Барои ин кори мушкил ва гаронро анҷом додан пеш аз ҳама низоми маориф ҳам аз назари кадрӣ ва ҳам аз назари тавоноии молӣ бояд қаввӣ бошад. Аммо оё низоми маорифи мо то кадом андоза тавоноии ин масъулияти бузургро дорад, барои ҳамаи мо маълум аст. Вазъи донишгоҳҳоро аз поён то ба боло пурра  фасод фурӯкаш дорад. Ҳама мебинанд, аммо бетарафанд, гӯё ҳеҷ чиз нагузашта ва гӯё, ки ин ҳамин хел ҳам бояд бошад. Имрӯз аз вазир то мансабдорони дигари давлатӣ ва мардуми оддӣ ҳама медонанд, ки барои кадом донишгоҳ  чӣ қадар маблағ лозим аст то фарзандашон вориди долонҳои он шаванд. Ворид шудан ба донишгоҳҳо ҳам як тараф, худи вазъи дохилии донишгоҳҳо, раванди имтиҳонҳо як бозорри бесарусомонро мемонад, ки дар он бозор донишҷӯ харидор асту муаллим фурӯшанда. Ҳамаи мо медонем, ки муаллим ва аксари мардум дар ҷомеъаи мо мушкилоти зиёд доранд, аммо ин баҳонаи он шуда наметавонад, ки мо ба ҷузъ ин роҳи дигар надорем. Имрӯз дар ҷомеъаҳои ғарбӣ барои оддитарин иштибоҳ аз вазир то  меҳтар ба ҷузъ тарки мансаб роҳи дигар надоранд. Воқеъаҳои охир дар кишвари Олмону Фаронса шоҳиди ҳоланд. Вазири дифоъи Олмон барои як иштибоҳе, ки дар фазои илмӣ ва академикӣ кард,  ба ҷузъ тарки вазифа роҳи дигар надошт. Шаффофият  хоси фарҳанги кишварҳои озод ва демократӣ мебошад, ки дар ин гуна ҷомеъа ҳукуматдорон дар маркази таваҷҷӯҳи халқ қарор дошта, ҳамагуна кору амали онҳо аз ҷониби мардум баҳогузорӣ хоҳад шуд.

МАОРИФ ХУН ДАР ТАНИ МИЛЛАТ АСТ, АГАР ОН ЗАҲРОЛУД ШУД...
Аммо фасод ҷузъи фарҳанг ва ҳувияти мо шудаст. Ва бояд таъкид кард, ки фасод дар соҳаи маориф аз дигари ниҳодҳои давлатӣ дида хатарноктар аст. Чун маориф дар ҷомеъа ба мисли хун дар бадан аст. Агар хун заҳролуд шавад, инсон бақои умр надорад ва агар маориф заҳролуд шавад, миллат ва кишвар ҳам зери ҳамин хатар аст. Чун маориф низоми инсонсозу миллатсозе аст, ки андеша ва фикр тавлид мекунанд. Ҳама чизро бинову кӯчаҳои зебову дигарҳоро метавон дар 5 ё 10 сол  сохт. Аммо барои инсонсозӣ,  шахсиятсозӣ ва ё ташакулли худӣ дар шахс ба маънии комилаш   садсолаҳо амалу роҳу талошу ҷаҳд бояд.
Масъалаи дигаре, ки барои дарки дурусти ҷаҳони имрӯз ва воқеъияти ҷаҳони пешрафта ва илми муъосир зарур аст, ки дар барои низоми маорифи кишвар  ҳадди ақал дар ҳар як шӯъбаи  он як ё ду нафари мутахасисони болаёқати ҳирфаӣ дорои унвонҳои илмии донишгоҳҳои ғарбӣ дошта бошем. Боз аз он ки «Ғарб» гуфтам, дар ҳаросам чун боз ҳатман ҳар як мутахассиси замони Шӯравӣ, диндор ва каси дигар ба ин вожа бегонавор менигарад ва мегӯяд, ки мо беҳтарем ва низоми омӯзишии мо аз ғарбиҳо беҳтар аст. Ва ё мегӯянд, ки тамоми он арзишҳову дастовардҳо ва усулу воситаҳои таълимӣ ва илмие, ки шумо мегӯед, мо дар фарҳанги худ дорем. Лекин умедворам ин нуқта дуруст фаҳмида мешавад ва ҳадафи банда ҳам ба ин маънӣ аст, ки ҷаҳони имрӯз ниёз ба нисли солиму ҳушманду доно ва соҳиби таҷрибаву дарки пешрафтаву замонавӣ дорад. (Аммо насли қавӣ ва соҳиби таҷрибаи навро мо дар дохил ҳам бисёр дорем, манзурам насли ҷавон аст. Аммо танҳо имконият додан лозим меояд, то бо таҷрибаҳои нав кор кунанд. Чун такрори як одат ё усул ин нишонаи заъифӣ ва нотавонист.)

РИСОЛАТИ УСТОДОН ЧИСТ?
Аммо аз ин тасалидиҳиҳо, ки мо аз ҳама хубтарем ва фарҳангӣ мо бузург аст, кор ба дараҷае расидааст, ки суръати ҳаракатамон аз сангпушт ҳам сустар гаштааст. Ва имрӯз бояд иқрор шуд, ки чун замони интернет аст ва асри кайҳон ёд мешавад мо ба чунин насл ва низом ниёз дорем. Тааҷҷубовар аст, ки охир агар аз рӯйи воқеъият баҳогузорӣ кунем, низоми маорифи Шӯравӣ бо ҳамон қудрату тавоноияш ҷавобгӯӣ насли имрӯз ва дунёи имрӯз набуд.Дар сурате ки мо онро, ки ҳам доштем аз даст додем ва дигарашро ҳам то ҳанӯз  пиёда карда наметавонем. Ба таври сунъӣ то андозае баъзе аз усулҳо ва барномаҳо ҷорӣ шудаанд, аммо дар воқеъ то ҳанӯз онҳо наметавонанд ниёзҳои насли имрӯзаро қонеъ намоянд ва ё умуман кор намекунанд. Чун пеш аз ҳама касоне, ки дер боз масъули бахши маориф ҳастанд, ба ин арзишҳо ва барномаҳо бовар надоранд. Дигар ин, ки шароит ва имконият барои он барномаҳоро ҷорӣ кардан вуҷуд надорад. Аксари усули омӯзиши донишгоҳҳои ғарбӣ тавассути интернет ва компютер анҷом дода мешаванд. Дар сурате ки устодони мо то ҳанӯз истифодаи дурусти онро наметавонанд. Ҳоҷати будани он ва таъмини он ҳам нест. Дигар   ин, ки мо бояд аз устодон талаб кунем, ки ҳадафашон бедор кардани донишҷӯ бошад. Мо бояд фарзандони бедору ҳушёр ва бо фикру андешаи боз тарбия кунем, на афроди кунду карахту ғуломтинату бардахислат. Мо бояд дар раванди ихтилофоти ҷаҳонӣ миллати тоҷикро бо роҳи қаввӣ ва дуруст бубарем ва таҷрибаи дигаронро ҳам дуруст ва хуб истифода бубарем ва миллату давлатро озоду ободу пешрафта нигоҳ бидорем. Чун танҳо чунин насли бедор ва озодфикру таҳсилдида ва соҳибтаҷриба метавонад миллатро аз мушкилот раҳоӣ бахшад. Ва бояд гуфт, ки фақат ин гуна насли тарбияткардаи миллат метавонад таҷриба ва илми имрӯзаи ҷаҳонро дарк карда, ҳамзамон ба ҳодисаҳо ва падидаҳои ҷаҳон аз нигоҳ ва таҷрибаи худӣ бинигарад.
Дар чунин шароит ва ё истифода аз чунин омилҳо ва тактикаҳо ба фикри банда миллати тоҷик метавонад, дар ин раванди пурҳассоси таърихӣ  ҳам аз назари иқтисоду технология ва ҳам аз назари фарҳангу маънавиёт муваффақ  бишавад.

Аҷами Калонзод, сиёсатшинос

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97