ЧАРО ДАР ҒАРБ ХЕШУ ТАБОРӣ НЕСТ?

Иҷтимоъ 10.08.2011 17:06

Dar Gharb kheshutabori 29Рӯзи либоспӯшӣ дар ғарб
Ғарбиҳо ҳам зиёд арзишҳоеро, ки дар гузашта доштанд аз даст доданд. Барои мисол имрӯз фардгароӣ ҳамчун  падидаи замони муъосир низоми оиларо дар Ғарб хароб сохта, қариб ҳеҷ робитае миёни наздикон дар як оила вуҷуд надорад ва ҳатто низоми заношавҳарӣ низ усули суннатии худро аз даст додааст.

Дар гузашта онҳо низ ба мисли мардуми Шарқ фарзанди зиёд таваллуд мекарданд, зан масъулияти суннатӣ дошт, ки кори хонаро танҳо анҷом медод ва дар як хонавода даҳҳо нафар зиндагӣ мекарданд, хурдсолон ба калонсолон эҳтироми хоса доштанд, равобити хешутаборӣ ва инсонӣ байни онҳо қавӣ буд ва расму русуми зиёде низ доштанд. Аммо бисёре аз ин суннатҳо, ки то ҳанӯз барои мо воқеъият ҳастанд барои онҳо афсонаро мемонанду халос. Барои мисол имрӯз дар Ғарб  робитаи байни инсонҳо ҳатто байни писару падар хеле заъиф шудааст. Аз ин ҷост, ки имрӯз он мардумро бештар табиатан сард мехонанд. Аз ин хотир ғарбиён (махсусан дар Олмон) маконҳоеро ( ба мисли чойхона, бар, тарабхона) ба таври сунъӣ  махсусан барои мардуме, ки танҳоянд ва ё робитаи инсонӣ надоранд, дуруст мекунанд, то ҷамъ шуда сӯҳбат намоянд ва бо ҳамдигар ошноӣ кунанд. Ин як воситаи ба таври сунъӣ нигоҳ доштани  муносибат байни инсонҳо мебошад.  Ё инчунин дар ҷойҳои махсус ҷамъ шуда дар хусуси он одатҳои худ (ҳам хубу ҳам бад), ки замоне чанд ба гӯшаи фаромӯшӣ расидаанд,  нақл мекунанд. Барои мисол дар Олмон дар як чойхона занонро ба ҳам оварда аз онҳо хоҳиш мекунанд то ки дар мавзӯъи рӯзи "либосшӯии занон" сӯҳбат кунанд. Яъне занҳо рӯзи махсусе доштанд, ки либосҳояшонро  ҷамъ оварда саранҷом дар як рӯз бо дастҳояшон  мешӯстанд ва он рӯзро "рӯзи либосшӯии занон" ном гузошта буданд. Аммо имрӯз қариб ҳеҷ зани олмонӣ бо даст либос намешӯяд. Ва ин барои онҳо  таърих асту халос. Ин буд чанд мисоле аз натиҷаи фардгароии  фарҳанги имрӯзаи Ғарб. Аммо раванди ҷаҳонишавӣ як воқеъияти таърихист, ки  бо ин муқовимат кардан  ғайри имкон аст. Ин натиҷаи ҳамон либерализме ҳаст ки дар асоси он ғарбиҳо  пешрафти зиёдеро ноил гардиданд ва дар натиҷа баъзе арзишҳои суннатии худро ба ҳоли нестӣ расонданд.

МО ВА ҒАРБ  БА ИФРОТ РОҲ ДОДАЕМ
Иштибоҳи бархе аз кишварҳои ғарбӣ дар он шуд, ки баъд аз замони равшангарӣ бартариятро бештар ба улуми техникӣ доданд. Ва фардгароиву ақлгароиро (rationalism)  то ҳаде тақвият доданд, ки ба фарҳанг ва арзишҳои динии худ зарба расид. Ҳадафи модернизм ва ё таҷаддуд дар Ғарб танҳо тоза кардани суннатҳои хурофотӣ ва хотима додан ба афсонаҳои дурӯғини ин мардум буд. Аммо кор ба ҷое расид, ки ба ифрот роҳ дода шуд ва арзишҳои нодирӣ фарҳангӣ ва динии онҳо низ ҳамзамон аз байн рафтанд. Аммо новобаста аз ин дар бештари қисматҳои кишварҳои Аврупоӣ мардум ба арзишҳои дини масеҳӣ то ҳанӯз сахт содиқ ҳастанд ва он арзишҳо дар зиндагии онҳо нақши қавӣ доранд.
Аммо ин ба ин маънӣ нест, ки имрӯз кишварҳои мусулмонӣ бояд аз падидаҳое ба мисли фардгароӣ ва ақлгароӣ дурӣ ҷӯянд. Имрӯз мо дар марҳилае қарор дорем, ки бояд ин падидаҳоро дар худ тақвият бидиҳем. Чун бардошт ва шинохти мо аз дин ва фарҳанг то ҳанӯз аз рӯйи эҳсос ва хурофот аст.  Чӣ тавре ки Ҳанс Георг Гадамер мефармояд, "бисёр вақт ҳастии моро на хулосаҳои ақлонии мо, балки хурофотҳои мо шакл медиҳанд ". Мо то ҳанӯз дидгоҳҳои ақлониро дар худ ташшакул надодаем ва раванди гузаришро дар ин самт то ҳанӯз сипарӣ накардаем. Имрӯз агар  ҷаҳони пешрафта аз назари ақлгароӣ ба ифрот рафта бошад, мо дар самти дигар ба ифрот роҳ додаем. Воқеъаҳои охири мусалмонони Афғонистон ва аксари воқеъаҳои дигаре, ки аз тарафи мусалмонон дар бештари кишварҳои ҷаҳон рух медиҳанд, нишонаи баръалои ин гуфтаҳоянд.

То иштибоҳи ғарб такрор нашавад
Дар ин ҷо интихоб ва кӯшиши мо нақши муҳим дорад то иштибоҳи ғарбиҳоро такрор накунем ва ҳамзамон ба пирӯзиҳои онҳо ноил шавем. Чуноне ки мушоҳида шуд, кишварҳои ғарбӣ дар натиҷаи ташаккули фарҳанги муъосири хеш доранд хеле ғайрисуннатӣ мешаванд ва ҷомеъаҳои мо бошад баръакси он то ҷое суннатӣ мондаанд. Дар ин ҷо мувозинатро нигоҳ доштан зарур ҳаст. Аз ин хотир дар раванди ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, миллӣ ва динӣ ба ифрот бояд роҳ дода нашавад. Чун зиёд суннатҳои фарҳангии мо  имрӯз барои пешрафт доранд монеъа эъҷод мекунанд. Аз ин хотир ин бахши суннатҳо ва одатҳо бояд ислоҳ ва тағйир ёбанд. Махсусан имрӯз бахше аз дидгоҳҳои суннатии мусулмонӣ мушкилоти зиёде бо арзишҳои дунёи имрӯз доранд, ки иниъкоскунандаи як навъ бархӯрди Ислом бо фарҳанги ғарбӣ ва ҷаҳонишавӣ  гардидаанд. Бояд таъкид кард, ки масъалаи бархӯрд ва мушкилоти мусалмонон бо падидаҳои ҷаҳонӣ яке аз мавзӯъҳои ҷиддиест, ки дар мақолаи навбатӣ возеҳан матраҳ хоҳад шуд.

ИНТЕРНЕТ ХАЗИНАИ БУЗУРГИ ИЛМ АСТ
Масъалаи дигаре, ки ба он имрӯзҳо як гурӯҳи мардумон нисбатан назарияи манфӣ доранд ва онро яке аз омилҳои аслии раванди ҷаҳонишавӣ  медонанд, интернет мебошад. Аслан интернет силоҳ ва ё воситаи асосии ҷаҳонишавӣ ба шумор меравад ва маҳз ба ҳамин восита иттилоот ва андешаҳо ба тамоми дунё ҳар лаҳза паҳн мегарданд. Аз оне ки имрӯз ҷавонони тоҷик танҳо дар интернет бозиҳои гуногун ва филмҳои бемаъниро ҷустуҷӯ карда, вақти худро беҳуда аз даст медиҳанд, ин гуноҳи худи онҳост, чун ғанимати вақтро намедонанд. Имрӯз омӯзиш ва таълим дар Тоҷикистон дар сатҳи хеле паст қарор дорад, вагарна  ҷиҳатҳои мусбати интернет он қадар зиёданд, ки аслан ҳадду канор надорад. Садсолаҳо пеш агар барои дастрас кардани як маълумот ё китобе  солҳо ва моҳҳо зарур мебуд, ҳоло бо каромоти ин кашфиёти инсонӣ аслан сонияе кофист то ҳарчи ки мехоҳӣ аз олами андеша пайдо намоӣ. Интернет як даричаи хурде аст, ки инсонҳоро бо тамоми дунё мепайвандад ва онҳоро бо ҷаҳон ошно месозад. Ин як хазинаи бузурги илмиест, ки  таввасути он бо ҳазорҳо китбхона  дар як лаҳза метавон  пайваст гардид. Барои халқу миллати оқил аслан интернет  як воситаи ҷаҳонӣ сохтани фарҳанги миллӣ ва пешрафти ӯ мебошад.  

МУСОБИҚА  БО ЧИН ЯК КОРИ БЕФОЙИДА АСТ
Он чи ки дар боло баррасӣ шуд, бахши кӯчаке оид ба раванди ҷаҳонишавӣ ва фарҳанги тоҷикон буд. Дар қисмати охирсухан кӯшиш мешавад то чанд пешниҳод ва андешае перомуни чӣ гуна мо тоҷикон метавонем аз ин раванди мазкур ҳамчун майдони имкониятҳо истифода бурда аз нигоҳи иқтисодӣ, технологӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ рушд кунем ва ҳамзамон арзишҳои милливу динӣ ва фарҳангии хешро ҳифз намоем, гуфта шавад.
Пеш аз ҳама барои дар раванди ҷаҳонишавӣ қавӣ мондан, бо кишварҳои минтақа (Осиёи марказӣ дар фаҳмиши имрӯзааш ва Ирон) равобити наздики ҳаматарафаи иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ барқарор кардани  кишвари мо хеле муҳим аст, чун дар дунёи имрӯз, ҳама чиз ва ҳама падидаҳои ҷаҳон аз ҳамдигар вобастагии амиқ доранд. Чуноне, ки донишманди тоҷик Акбар Турсун  низ дар мусоҳибаи худ мефармоянд, "....дар ин раванди ҷаҳонигардонӣ, ки ҳама чиз ба ҳам пайванд ва яке аз дигаре вобаста аст мо тоҷикон танҳо нестем ва пешрафт ва тараққиёти мо дар оянда аз он вобаста аст, ки мо бо кӣ ҳамсарҳад ҳастем, бо кӣ ҳамкорӣ мекунем, ва ба куҷо меравем? " Аз ин хотир ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ миёни ин кишварҳои ҳамсарҳад дар шароити имрӯз хеле зарур аст, чун дар алоҳидагӣ наметавон пешрафт кардан, рақобат кардан ва ҳамзамон арзишҳои худро низ нигоҳ доштан. Чун Осиёи марказӣ имрӯз дар байни ду абарқудрат Русияву Чин ҷойгузир шудааст. Ва дар ин майдони ҷаҳонишавӣ мусобиқа бо Чин чӣ аз назари иқтисодӣ ва чӣ аз назари сиёсию ҳарбӣ дигар имкон надорад. Аз ин хотир кишварҳои кӯчак ба мисли Тоҷикистон дар зери фишори иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳои бузург наметавонанд мавқеъи ҳастии миллӣ ва фарҳангии худро нигоҳ бидоранд. Барои ҳамин ҳамгироӣ новобаста аз мушкилоти сиёсӣ ва иқтисодӣ бояд дар мадди аввал бошад. Кишварҳои аврупоӣ маҳз дар зери ҳамин гуна фишори сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ  дунболи  бунёди Иттиҳоди Аврупо шуданд. Онҳо низ баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳонӣ миёни ду абарқудрат Иттиҳоди Шӯравӣ ва Амрико монда ягона роҳи наҷотро дар бунёди иттиҳоди ягонаи аврупоӣ ҳамгироӣ (интегратсия) диданд.

ДАР МИЁНИ ЧОР ДАРЁ ТАХТАБАНДЕМ
Аммо барои мо тоҷикон масъалаи бо кӣ ҳамкорӣ бояд кунем ва бо киҳо ҳамсарҳад буданамон дар минтақа душвориҳои хоси худро доро мебошад. Чун Тоҷикистон дар маконе ҷойгир аст, ки аз назари геополитикӣ ҳасос ҳаст. Пеш аз ҳама Тоҷикистон дар байни кишварҳои турктабори Осиёи марказӣ ва кишварҳои дорои фарҳангӣ форсӣ (кишварҳои ҳамзабон) ҷойгир ҳаст. Аз назари идеологӣ бошад Тоҷикистон дар маконе ҷой гирифтааст, ки кишварҳои дорои исломи мӯътадилро аз кишварҳои дорои исломи тундрав, яъне аз Афғонистон, Покистон ҷудо месозад. Ба кишварҳои турктабори минтақа Тоҷикистон ҳамзистӣ ва умумиятҳои таърихӣ дошта, аз диди сиёсӣ низ низомҳои бо ҳам монанд доранд. Аммо аз назари фарҳангу забон бо кишварҳои дорои фарҳанги форсӣ ба мисли Афғонистону Ирон муштаракоти бештар дорад. Гарчанде ки низоми сиёсии Тоҷикистон аз ҳар дуи ин кишварҳои ҳамзабон тафовут дорад.  Яъне метавон гуфт, ки аз нигоҳи мавқеъи ҷуғрофӣ Тоҷикистон ба ҳамон  мисраъи шеъри шоир мемонад, ; "дар миёни чор дарё тахтабандам кардаӣ, боз мегӯӣ, ки доман тар макун, ҳушёр бош!" Пас, дар ин ҳолат чӣ  бояд кард то новобаста аз ин ҳама душвориҳо барои рушди ҷомеъа кореро анҷом дод?

ҲАМГИРОӢ БО ИРОН НАҶОТИ МОСТ
Дар чунин  вазъ қарор доштани Тоҷикистон ба андешаи банда пеш аз ҳама чӣ тавре ки дар боло низ зикр гардид ва инчунин аксари донишмандони тоҷик ҳам борҳо дар ин маврид ишора кардаанд, мо бояд барои ҳифз ва тақвияти забон ва андешаи миллӣ, робитаи фарҳангии худро бо кишварҳои ҳамзабон махсусан Ирон  таҳким бубахшем. Ин ҷо барои тақвияти фикр мехоҳам таъкид созам, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ танҳо суннатҳо ва арзишҳои фарҳангӣ дар ҳамбастагӣ метавонанд худро ҳифз  кунанд ва ҷавҳари арзишии худро, ба қавли Муҳаммад Аркун, ба арзишҳои шинохташудаи дунё мубадал созанд. Ин як навъ омили ҷаҳонӣ сохтани фарҳанг мебошад. Аз ин хотир тоҷикон бояд дар ҳамоҳангӣ бо фарҳанги форсӣ ва ҳатто исломӣ арзишҳои худро ҳифз намоянд. Воқеъан имрӯз Ирон новобаста аз он маҳдудиятҳои идеологиаш тамоми эҷодҳо ва дастовардҳои маъмули муҳаққиқони дунёро махсусан ба забони форсӣ тарҷума мекунанд. Ин  хеле амали бузург аст, ки қудрати молии ҳар як кишвар ба ин тавоно нест. Ба ин хотир барои тақвият ва нигаҳдории забони тоҷикӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳамкории доимии илмӣ бо Ирон хеле зарур аст. Дар ин маврид Муҳаммадҷон Шукурӣ таъкид мекунад: ".....мо тоҷикон бо суйи иронпайвандии навини имрӯза бо чеҳраи хоси хуросонӣ ва фарорудии худро пеш гирифтаем ва ба ҷаҳонпайвандӣ бо вижагиҳои ҳамагонии иронии худ (ки вижагиҳои тоҷикиро низ фаро мегирад) равон ҳастем. Мо ба ҷаҳонгароӣ ба ин сафари таърихӣ аз шоҳроҳи эронпайвандӣ мегузарем. Барои пайвастан ба тамаддуни Ғарб аз ҳамин дидгоҳ роҳ меҷӯем ва аз ҳамин роҳ бояд ба боргоҳи фарҳангӣ маънавии Ғарб бирасем ва дар бикӯбем." Дар ҷойи дигар пойдории забони тоҷикиро аз ин вобаста дида мегӯяд; "дар садаи бист бисёр кӯшиш ба кор рафт, ки тоҷикиятро аз ироният ҷудо созанд. Забони тоҷикиро зидди форсии Ирону Афғонистон бигузоранд. Имрӯз мо оқибатҳои ин ҷудоиандозиро паси сар мекунем. Иронпайвандӣ- пайвастан ба ҷаҳони иронӣ аз муҳимтарин омилҳое хоҳад буд, ки бақои умри тоҷикони фарорӯдро таъмин хоҳад кард, вале, мо тоҷикон дар ин ҳампайвандӣ бояд чеҳраи хоси худро нигоҳ бидорем."
(идома дорад)
Аҷами Калонзод, сиёсатшинос

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97