Дар саргаҳи обему…

Иҷтимоъ 10.08.2011 17:04

Sargahi ob 28Ҳама медонад, ки захираҳои об, пиряхҳо, дарёҳои сершумори шӯху тезоби кишвар барои Тоҷикистон  сарвати бебаҳоянд. Истифодаи оқилона аз он, моро аз вартаи ногувори иқтисодӣ, вазъи  вазнини иҷтимоӣ берун  хоҳад овард. Зеро онро ба манбаи асосии воридоти арзи хориҷӣ метавон табдил  дод. Лекин дар саргаҳи об мавқеъ доштан, ҳанӯз маънии соҳиби об буданро надорад.

Баҳси оби минтақа солҳост идома дорад, ҳоло вазъият ба манфиати Тоҷикистон  нест. Дар консепсияи  истифодаи  оқилона аз захираҳои оби минтақа қарор буд, ки дар нишасти сарони Ҷомеаи ҳамкориҳои иқтисодии Авру-Осиё аввали моҳи октябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе ба имзо расад. Аммо ба мухолифати ҷониби Узбакистон ба ин санад имзо нашуд. Узбакистон иддао дорад, ки нисбати пешниҳоди кишварҳои поёноб, сарфи назар шудааст. Ҳоло баҳс идома дорад ва ду кишвари минтақа Тоҷикистон ва Қирғизистон соҳиби беш аз 80 фисади тамоми захираҳои оби ширини минтақаанд. Ин захираи Тоҷикистон аз ҳисоби боришоти ҳарсола аст, ки  ба кӯҳҳои Помир мерезад ва ҳамчунин аз ҳисоби обшавии пиряхҳо аст.  Лекин бо мурури гузашти вақт ва кам шудани пиряхҳо якбора кам шудани об аз эҳтимол дур нест. Набудани захираҳои нафт ва газ дар Тоҷикистон маҷбур месозад, ки ба намуди дигари гармидиҳӣ - барқ такя намоянд ва аз пайи инкишофи соҳаи мазкур шавад. Барои ниругоҳҳо сарбандҳо созанд. Барои ба даст овардани истиқлоли энергетикӣ Тоҷикистон ҳамин роҳро пеш гирифт, лекин Тошканд боз монеа шуд. Тошканд аз мавқеи ишғолкардаи ҷуғрофиёияш истифода карда, дар муносибатҳои дуҷониба нисбат ба  Душанбе мавқеи  ҳокимонаро бо ҳар роҳ ишғол менамояд.
Дар замони Шӯравӣ миёни кишварҳои дорои захираҳои энергетикӣ ва обӣ муомилоти одилона ё ройгони додугирифт вуҷуд дошт. Имрӯз Узбакистон барои нафту гази худ на танҳо маблағ мепурсад, балки худсарона шартномаи додугирифтро вайрон карда, ҳатто дар шароити сахту танги бӯҳронӣ шарти ҳамсоядорӣ ва башариро ба хотир ҳам овардан намехоҳад. Солҳои охир Узбакистон ҷумаки қубури газгузарро ба Тоҷикистон тамоман  бастааст. Пас аз солҳо идома кардани мушкил ва тамоман дастнорас шудани газу барқ дар фасли сармо, ҳатто барқи Туркманистон, ки аз қаламрави Узбакистон убур мекунад, Тоҷикистонро мувоҷеҳ ба бӯҳрон кардааст. Тоҷикистон ногузир дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли мушкил шудааст.
Ин аст, ки ахиран Тоҷикистон дар посух ба амалкардҳои Узбакистон масъала гузоштааст, ки барои истифодаи оби Тоҷикистон Узбакистон бояд маблағ бисупорад. Шояд самту сӯи обҳоеро, ки ба хоки Узбакистон   равонанд, иваз хоҳад кард. Ва ин масъала ба хотири обёрии заминҳои лабташнаи кишвар ва бунёди сарбандҳо барои ниругоҳҳо дер ё зуд амалӣ хоҳад шуд.
Ин аст, ки Узбакистон беш аз дигар кишварҳои поёноб ҳарос дорад ва барои гирифтани пеши роҳи ин тадобири Тоҷикистон муносибаташро бо ин кишвар тезу тунд кардааст. Бахусус Тошканд рафтуои бемалоли нақлиёти  Тоҷикистонро тавассути хоки худ иҷозат намедиҳад. Ҳатто ба хотири нооромӣ дар Тоҷикистон гурӯҳҳои гуногуни террористӣ ба монанди  "Ҳаракати исломии Узбакистон" амал мекунанд. Ҳадс зада мешавад, ки вақте Душанбе дар масоили захираҳои обӣ мавзеъгирӣ мекунад, Тошканд нооромии Тоҷикистонро пурра ба манфиати худ мебинад.
Аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ оби чашмаҳои Гренландия, Аляска ва Гвианаи Фаронса аз ҳама софтар ва болаззату ширин дониста шуда, арзиши хеле баланд доранд. Таъми оби чашмаву дарёҳои сершумори Тоҷикистон  низ эҳтимол аз лаззати чунин обҳо кам набошад. Давлатҳои Арабӣ барои оби ошомидании тоҷик бозори мусоид ва сердаромад хоҳад буд. Имрӯзҳо қариб ҳамаи давлатҳои Араб аз нарасидани оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд.  Зеро дар  Кувейт, Аморати  Муттаҳидаи  Араб, Миср, Сурия, Лубнон, Яман ва чанд давлатҳои дигари минтақа ба оби софи ошомиданӣ эҳтиёҷ доранд. Обҳои ин минтақа шӯру талх буда, қобили истеъмол нестанд. Таъминоти об дар Яман аз ҳама мушкилтар буда, оби ин кишвар танҳо барои ҷомашӯйӣ  ва шустушӯ қобили истифода буда, чандон дастрас ҳам нест. Дар фурӯшгоҳҳои Яман як литр оби соф як доллар арзиш дорад. Давлатҳои сарватманди ин минтақа ба мушкили об рӯ ба рӯ ҳастанд ва барои баровардани эҳтиёҷоташон оби зиёди ошомиданиро аз хориҷи кишвар харидорӣ мекунанд.
Пас ҳукумати Тоҷикистон ва масъулони сиёсати иқтисодии кишвар бояд бозори мазкурро омӯхта, ба кишварҳои Арабӣ интиқол додани оби зулоли тоҷикро яке аз вазифаҳои ҳадафмандонаи барномаи амали худ донанд. Бо роҳҳои ҳавоӣ ба кишварҳои Арабӣ содир кардани оби соф ва ба даст овардани даромад ба ин тариқ як роҳи ҳал барои бурунрафт аз бӯҳрони иқтисодист. Итминон дорам, ки дар сурати хуб роҳандозӣ кардани низоми истеҳсол, интиқол ва фурӯши оби ошомиданӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ миллионҳо доллар ворид хоҳад шуд.
Эҳтимол дорад, ки солҳои наздик таъминот бо оби ошомиданӣ ба мушкилоти муҳим  табдил биёбад. Гарчанде кишвари бузурги ҳамсоя - Чин аз рӯйи ҳаҷми захираҳои обӣ дар ҷаҳон дар ҷои панҷум аст, аз 32 мегабазисаҳои азими он 30-тои он аз нарасидани оби ошомиданӣ мушкилӣ мекашанд. Имрӯз дар Чин ба сифати оби ошомиданӣ аз оби дарёҳои Янсзи, Хуанхэ ва Хуайхэ фаровон истифода мебаранд, ки захираҳои он барои кишвари сераҳолитарини дунё басанда нест. Коршиносони чинӣ дар он ақидаанд, ки дар суръати чунин истифода бурдани об то солҳои 2030 захираҳои оби софи ошомиданӣ аз хориҷи кишвар бояд харидорӣ шавад. Аҳолии бештар аз 1, 5 милиардро таъмин кардан, кори чандон осоне нест ва ҳатто қариб аз имкон берун аст. Аз ин рӯ, ҳукумати Чин аллакай нақшаи чӣ тавр аз беруни кишвар овардани оби тозаро матраҳ сохтааст. Аҷаб нест Чини бузург ба обҳои ширини Тоҷикистон низ  умед бубандад.
Имрӯзҳо об ба як масъалаи муҳимми умумиҷаҳонӣ дар ҳоли табдил шудан аст. Мутаассифона дар чархи гардуни бешафқат мисли Тоҷикистон давлате кӯчак дар масъалаҳои геополитикӣ ва стратегӣ доимо зери тасарруфу доираи манофеи давлатҳои абарқудрат хоҳад монд. Об ягона сарватест, ки имрӯз диққати ҳамагонро ҷалб мекунад ва Тоҷикистонро мумкин аст, ки аз бӯҳрони шадиди иқтисодӣ - иҷтимоӣ раҳо бисозад. Барои Тоҷикистон дар саргаҳи ин ганҷи бебаҳои табиӣ будан, маънии соҳиби он буданро надорад ва муҳим он аст, ки оё мо метавонем ин ганҷи бебаҳоро соҳибӣ бикунем?! Чӣ тарз онро истифода мебарем ва ба истифода медиҳем? Ҳукумати ҷумҳуриро мебояд сари ин масъала ҷиддан андеша ронад ва барномаеро таҳия намояд, ки манфиати миллӣ ва иқтисодии кишвар бошаду баҳси кишварҳои қудратмандро нисбат ба масъалаи оби мо коҳиш диҳад.

Меҳроҷ Исломӣ,
Донишҷӯ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97