НОМИ ГУЛРУХСОРУ БОЗОРРО ЧӢ ГУНА МЕШАВАД АЗ САФҲАИ ТАЪРИХ ХАТ ЗАД?!

Иҷтимоъ 02.10.2009 13:28

Мулоҳизаҳое доир ба китобҳои дарсӣ , ба хусус «Таърихи халқи тоҷик»-и синфи 11

«БЕ СИЛОҲ БА ҶАНГ НАМЕРАВАНД»

Яке аз монеаҳои асосии беҳтар шудани омӯзиши таърих набудани китобҳои дарсии фанни таърих буд, ки ба барномаҳои имрӯзаи мактаб мувофиқат намекунанд. Солҳои охир аз тарафи олимон ва омӯзгорони эҷодкор баъзе китобҳои дарсӣ ба табъ расидаанд, ки то дараҷае ба талаботи имрӯза ҷавобгӯянд. Бо вуҷуди он ки ҳаҷми маводҳои дар ин китобҳо ҷойдодашуда ба соатҳои ҷудокардашудаи барномаи фанҳои таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумӣ мувофиқат намекунанд, барои истифодабарӣ ин китобҳо мувофиқтаранд.

Тағйири соатҳои дарсӣ дар синфҳо (кам кардани миқдори соатҳои дарсӣ дар синфҳо) боиси номураттабии барномаҳо ва китобҳои дарсӣ шуд. Маводҳои зиёду нодаркоре, ки дар китобҳои дарсии таърих, (пеш аз ҳама, таърихи умумӣ барои ҳама синфҳо) ҷой дода шуда, омӯхтани онҳоро хело мушкил кардааст. Вале чопи китобҳои дар солҳои охир ба табъ расида, боиси хурсандии муаллимони таърих шудааст. Бо вуҷуди номураттабии китобҳои дарсии дар солҳои охир чопшуда бо барнома, китоби дарсии таърихи халқи тоҷик барои синфи 9-ум (муаллиф, Намоз Ҳотамов), таърихи умумӣ барои синф 11-ум (муаллиф, Ҳ. Нуриддинов, Қ. Искандаров, Қ. Расулиён, Р. Абдуллоев), ки солҳои охир чоп шудаанд, кори муаллимон ва хонандагонро хело осон кардааст. Махсусан, китоби дарсии таърихи умумӣ, ки барои синфи 11-ум тартиб дода шудааст, ба талабот ҷавобгӯст. Барои осонтар кардани фаҳмиши мавзӯъҳо ва пурратар кардани дониши хонандагон суратҳо, маводҳои иловагӣ аз ҳуҷҷатҳои расмӣ, нақли шоҳидони воқеаҳо, саволҳл барои мустаҳкамкунӣ, луғат ва барномаи ҳамин дарс, ки ба матни китоби дарсӣ мувофиқ аст, оварда шудааст.

Мо аз мутассадиёни Вазорати маориф илтимос кунем, ки ҳарчи зудтар навиштани китобҳои таърихро, ки ба барномаҳои мактабӣ ва ба сину соли хонандагон мувофиқ бошанд, дастраси хонандагон гардонанд.

ИБРОҲИМ КОБУЛИВУ АБДУЛЛО НАЗРӢ

«ФАРОМӮШ» ШУДАНД

Азбаски дар бораи камбудиҳои китобҳои дарсии ҳоло дар истифода буда, ба воситаи рӯзномаи «Омӯзгор» ва телевизиони ҷумҳурӣ фикрҳои судманд гуфта шуда буд, ман такрори онҳоро лозим намедонам. Вале лозим медонам баъзе фикру мулоҳизаҳои худро оид ба чопи китоби дарсии «Таърихи халқи тоҷик» барои синфи 11-ум, ки олимони шинохтаю ботаҷриба Р. А. Набиева ва Ф. Б. Зикриёев навиштаанд («Таърихи халқи тоҷик» барои синфи 11; Душанбе, 2006) баён карданиам. Китоби дарсӣ барои ҳама хонандагони мактабҳои Тоҷикистон навишта мешавад ва дар он маводҳое ҷой дода мешаванд, ки онҳо барои шиносоии хонандагон ба таърихи халқи тоҷик, ба тарбияи тафаккури таърихӣ, ҳисси ватандӯстию башардӯстии онҳо ёрӣ расонад. Дар саҳифаҳои таърих номи фарзандони сарсупурдаи миллат, номи онҳое, ки истеъдоду қобилият, мардонагию адолатпарварию хештаншиносии худро барои беҳбудии миллат истифода мебурданд, ҷой дода мешаванд. Зиндагиномаи онҳо барои ташаккули меҳанпарастию бедории хонандагон мусоидат мекунанд. Вақте саҳифаҳои китоби дарсии дар боло номбурдаро варақ мезанем, мебинем, ки дар саҳифаҳои он номи баъзе аз шахсони номдори Тоҷикистон, ки бо истеъдодҳои нотакрору меҳнатдӯстии худ хизмати бузурге карда буданд, сабт нагардидаанд. Зиндагиномаи онҳо мисли дигар ходимони давлатию ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ метавонист барои насли наврас шоистаи пайравӣ бошад.

Номи онҳоро танҳо аз рӯйи ҳисси таваҷҷуҳ надоштан дар саҳифаи таърих номбар накардан хатогии нобахшиданист.

Дар мавзӯъҳое, ки дар бораи инкишофи илму адабиёт ва санъат меравад, номи ҳофизони халқии Тоҷикистон Абдулло Назриев, Иброҳим Кобулиев, Мирзоқурбон Солеҳов, ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ғуломҳайдар Ғуломалиев, ки аз дӯстдортарин ҳунармандони солҳои 50-70-ум буданд, аз хотири муаллифон «фаромӯш» шудаанд. Шояд муаллифон даъво кунанд, ки охир номи ҳама санъаткорону олимонро номбар кардан имконпазир аст! Ин дуруст аст. Вале шахсиятҳои дар боло номбурдаро дар саҳифаҳои таърих ёдовар нашудан ҳеҷ мумкин нест. Онҳо бо истеъдодҳои нотакрор ва пурбаракати худ нақши муҳим бозиданд ва ҳатто мактаби овозхонии худро ба мерос гузоштаанд.

ШАКУРӢ ҲАМ АЗ ЁД РАФТА

Дар ҳамин давра фаъолияти эҷодкории узвҳои пайвастаи Академияи улуми Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шукуров, Раҷаб Амонов, Н. Неъматов, Ҳабибулло Саидмуродов, Раҳим Масов ва дигарон ҷараён ёфтааст. Хизматҳои бузурги илмӣ ва ҷамъиятии ин олимон сазовори онанд, ки номҳои онҳоро дар саҳифаи китоби дарсӣ сабт менамуданд. Бо шарофати мақолаҳою китобҳои аз ҷиҳати илмӣ асосноки онҳо мардуми тоҷик худро шинохт, ҳисси миллии онҳо боло рафт. Магар, талошҳои М. Шукуриро барои мақоми давлатӣ додани забони тоҷикӣ, ҳақиқати таърихии таърихи фоҷиабори ташкилёбии ҶТ-ро таҳқиқ кардани Р. Масовро нодида гирифтан мумкин аст? Нолаи онҳо аз саҳифаи китоби мазкур берун мондаанд. Ин аз рӯйи инсоф нест. Бузургии ин олимон дар он аст, ки асарҳои онҳо пурарзиштарин асарҳои илмии имрӯзаанд ва ин асарҳо хонандагони зиёде доранд.

НОМИ БОЗОР АЗ ҚАЛАМИ ПРЕЗИДЕНТ НАУФТОД, АЗ ТАЪРИХ ЧАРО ФИТОД?!

Магар аз рӯйи инсоф аст, ки дар китоби дарси номи шоирони номвари тоҷик Бозор Собир ва Гулрухсор ёдрас нашудаанд. Оё муаллифони китоби дарсӣ намедонанд, ки онҳо аз беҳтарин шоирони имрӯзи тоҷиканд? Фирдавсии бузург, Абӯалӣ ибни Сино, Н. Хусраву Ҳилолӣ бо ҳокимони давр зиддиятҳо доштанд. Вале таърих ному фаъолияти онҳоро фаромуш накард ва имрӯз халқи тоҷик бо номи онҳо ифтихор дорад. «Агар ба гузаштаи халқу миллатамон бо чашми ибрат нигарем, мебинем, ки он пур аз талошу муборизаҳои гоҳҳо хунину гоҳҳо осоишта баҳри озодӣ, адолат, ҳақиқатшиносӣ ва худшиносӣ будааст. Беҳуда нест, ки маҳз ҳамин меъёрҳои ахлоқӣ ва фалсафавӣ ҷавҳари асосии осори қариб 3 ҳазорсолаи хаттию шифоҳии мардумамонро ташкил медиҳад. Худро шинохтӣ дигаронро мешиносӣ,-таъкид кардаанд, гузаштагонамон»-қайд кардааст сарвари давлат Э. Раҳмон («Тоҷикон дар оинаи таърих-саҳ 31»). Мо камбудиҳои Бозор Собирро, ки аз вазъи равонӣ ва рӯҳияи исёнгаронаи ӯ бармеояд, медонем. Баъзе изҳоротҳои сабуксароёнаю бемулоҳизаи ӯ обу рӯю эътибори ӯро костааст. Вале аз сарфи эҷодкардаи даврони навтарин таърихи халқи тоҷик дур кардани ӯ қобили қабул нест. Бозор Собир ва Гулрухсорро хонандагонашон дар қатори дӯстдоштатарин шоирони замон мешуморанд. Онҳо бо ашъорои худ ба дили хонандагони тоҷик роҳ ёфтаанд оҳиста-оҳиста дили ҳазорҳо хонандагонашонро тасхир кардаанд. Ашъори ватандӯстонаи ин ду шоири истеъдоднок мактабест барои худшиносии миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷавонону наврасон. Фаъолияти сиёсии онҳо дар гузашта ба муаллифони китоби дарсӣ ҳуқуқ намедиҳад, ки Бозору Гулрухсорро аз саҳифаи таърихи маданияти тоҷик хат зананд. Сарвари давлат, Э. Раҳмон қайд кардааст: «Дар назми Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Аскар Ҳаким, Гулрухсор, Б. Собир, Камол Насрулло, Гулназар, Муҳаммад Ғоиб ва чанде дигарон диди шоиронаи худро аз ҳодисаҳои ба амал омада тасвир намудаанд. Ин хуб аст» («Тоҷикон дар масири таърих», саҳ.69). Ин нуқтаи назари президенти кишвар аст, ки ӯ кафолати бехатарии мамлакат ва сарвари ҷабҳаи идеалогии Тоҷикистон мебошад. Китоби дарсӣ бояд инъикоскунандаи иродаи халқ, ҳукумати Тоҷикистон, ифодакунандаи ҳақиқати таърихӣ бошад. Ва набояд фаромӯш кард, ки:

Шоир андар синаи миллат чу дил,

Миллати бе шоире анбори гил.

(Иқболи Лоҳурӣ)

ГУЛРУХСОРРО АЗ ҚАТОРИ ЗАНОН ҲАМ БЕРУН КАРДЕД

Дар яке аз мавзӯъҳои китоби дарсии мазкур сухан дар бораи мақоми зан меравад ( саҳ. 149- 150) ва якчанд нафар аз занони фаъол ва шоираҳои тоҷик номбар карда шудаанд. Вале номи Гулрухсор –шоираи оташинсухан ва ходими намоёни ҷамъиятӣ номбар карда нашудааст. Дар ёд дорам, ки ҳангоми доншҷӯйи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон будан Гулрухсор бо ҳамроҳии як гурӯҳ ҷавонон барои вохӯрӣ бо ҷавонон ва махсусан барои кор дар байни духтарон ба водии Қаротегин рафта буданд.

Давраи фаъолияти ҷамъиятии Гулрухсор дар солҳои 70-ум, 80-ум ва 90-уми асри гузашта ба ҳама маълум аст. Сафарҳои ӯ ба ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ барои ҷавонон хотирмон буданд. Мақсади ман аз ин гуфтаҳо на ҳимояи манфиати Гулрухсор аст. Ӯ ба ҳимоя ва таърифи ман эҳтиёҷ надорад. Вале ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон аз дидану шунидану хондани суханони таҳқиромез нисбати фарзанди фарзонаи миллат дилбазан шудем. Азбаски одамони боистеъдод аксаран шахсони нозуктабиату эҳсосианд, лекин нисбат ба онҳо бояд баҳои сазовор дод. Мумкин мавқеи сиёсии Гулрухсор Сафиева ба ақидаҳои муаллифони китоби дарсӣ мувофиқат накунад. Вале дар ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз қонунҳои дигари ба замони нав мувофиқ қабул карда шудаанд, ки риояи онҳо барои ҳама касон ҳатмист. Боз як бори дигар мехостам ба суханони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯй овардем. «Сарқонуни Тоҷикистон мавҷудият ва фаъолияти равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравиро дар ҳаёти ҷамъиятӣ кафолат медиҳад. Ин мамлакати моро аз чаҳорчӯбаи кӯҳнаи якрангии сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ раҳо медиҳад».

ҶУМЪА ОДИНА ЧӢ ГУНОҲ ДОРАД?

Магар аз рӯй инсоф аст, ки номи адибони ҳақиқатҷӯ Ҷумъа Одина ва Ғоиб Сафарзода ба қатори адибоне, ки дар солҳои 50- 60 - 70-уми асри гузашта ба майдон омада буданд, номбар нашудаанд. Охир, онҳо адибони боистеъдод ва андешаманд буданд. Ин ҷо ҳақ ба ҷониби шоирест, ки гуфтааст:

Ҷавшани ман дафтарасту ханҷари ман хома аст,

Ман намемирам, ба номаи ҷовидонӣ нома аст.

ЁД АЗ АҲМАДШОҲИ МАСЪУД НИЗ ЗАРУР АСТ

Ба хотири бедории миллӣ, баланд шудани ҳиссиёти ватандӯстӣ ва муттаҳидии халқҳои тоҷикзабони дунё мо бояд аз ҳаёти тоҷикони бурунмарзӣ, масалан: тоҷикони Узбакистону Афғонистон маълумот дошта бошем.

Вале дар ин китоби дарсӣ дар он ҷое, ки сухан дар бораи воқеъаҳои ҷанги таҳмилшудаи зидди тоҷикон, ба охир расидани ин ҷанг меравад, мебоист дар қатори хизматҳои ходимони маъруфи давлатию ҷамъиятии ҷаҳон роҳбарони ҳамонвақтаи Афғонистон Бурҳониддини Раббонӣ ва лашкаркаши ғаюру бомаҳорат Аҳмадшоҳи Масъуд, ки барои бастани сулҳ байни ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарони мухолифони ҳукумат хизматҳои бузурге кардаанд, бояд қайд карда мешуд. Ин ду арбоби бузурги ҷамъиятӣ ва давлатӣ дар ҳама давраҳои гуфтушунидҳо барои бастани сулҳ дар байни тоҷикон талош карданд. Ҳама ин кӯшишҳои онҳо на ба хотири ба даст овардани обурӯи сиёсӣ, балки барои он буд, ки зарурияти бастани сулҳро дарк мекарданд. Ҳамчун тоҷик зарари ин хунрезиҳоро аз таҷрибаи талхи Афғонистон фаҳмида буданд ва ҳамчун тоҷик аҳамияти сулҳ байни тоҷиконро тасаввур мекарданд.

Магар хизмати Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд аз хизмати ходимони ҷамъиятию давлатии дигар давлатҳо, ташкилотҳои ҷамъиятии ҷаҳон дар таҳкими сулҳи тоҷикон камтар буд? Бо вуҷуди муборизаҳои шадиди дохили Афғонистон дар хоки ҷангзадаи мо, дар ҷое, ки дар зери назорати ҳукумати Б. Раббонӣ ва артиши А. Масъуд буд, вохӯрии нахустини Э. Раҳмон ва Абдуллоҳи Нӯрӣ ба вуқуъ омад. Муаллифони китоб лозим надонистаанд, ки номи ин шахсонро дар саҳифаи таърих сабт кунанд.

КИТОБЕ БО ТАҲРИРИ ГЛАВЛИТ

Фани таърих дар қатори фаннҳои дигар вазифаҳояш зиндаги номаи шахсони муътабару таърихиро барои он меомӯзад, ки номи онҳо фаромӯш нагардад. Зиндагиномаи онҳо мисоли дурахшони меҳнатдӯстию ватанхоҳӣ, адолатпарварии онҳост. Китоби дарсии Таърихи халқи тоҷик (барои синфи 11)-ро варақ зада, кас ба чунин хулоса меояд, ки ин китоб гӯё аз сензураи Кумитаи бехатарии Иттиҳоди Шӯравӣ гузаштааст. Шукри худо, ки мо имрӯз дар давлати демокративу соҳибистиқлол зиндагӣ дорем ва ҳоло таҳкурсии гуногунандешии сиёсӣ гузашташудааст.Ба воситаи ин мақола мехостам баъзе дархостҳои худро ба диққати мутасадиёни Вазорати маорифи ҷумҳурӣ расонам. Зарур мебуд, ки дар ҳар китоби дарсӣ ҳуҷҷатҳо, ки барои омухтани мавзӯъ заруранд, бо санаҳои асосӣ, солҳо ва супоришҳо, луғат ва барномаи дарсӣ ҷой дода шавад (чӣ тавре,ки дар китоби «Таърихи умумӣ» барои синфҳои 11-ум ин талаботҳо риоя шудаанд). Ҷой додани ин маводҳо кори натанҳо хонандагон, балки муаллимони баъзе мактабҳои дурдасти деҳотро, ки барномаҳоро сари вақт дасрас карда наметавонанд, осон мекунад.

ХОҲИШ АЗ ВАЗОРАТИ МАОРИФ

Хоҳиши дигар дар боби чопи китобҳои дарсӣ он аст, ки дар китобҳои дарсӣ, махсусан китобҳои дарсии синфҳои 5-9 ҷойгир сохтани нақша ё харитаи давлатҳост. Ҷойгир кардани ин харитаҳо имконият медиҳад, ки муаллимон аз рӯи ин харитаҳо дар ҳаҷми калонтар тайёр кунанд.

Аз Вазорати маориф хоҳиш карда мешавад, ки барои чоп кардани харитаҳои дарсӣ ба матбааҳои харитачопкунӣ дархост пешниҳод кунанд ва мактабҳоро аз харитаҳои зарурӣ ва атласҳо таъмин кунанд. Барои мактабҳо пеш аз ҳама харитаҳо аз таърихи халқи тоҷик ниҳоят заруранд.

Саидмаҳмад ГУЛОВ,

омӯзгори фанни

таърихи гимназияи шаҳрии


Саидмаҳмад ГУЛОВ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97