АЗ НАСЛИ ХИТОЙӢ+ТОҶИК ВА УЙҒУР+ТОҶИК ҶИЛАВГИРӢ КУНЕД

Иҷтимоъ 29.09.2009 21:18

Ё гумон аст, ки арзи ман ба гӯши касе бирасад, аммо хомӯшӣ гуноҳ аст!

Дар аксари кишварҳое, ки роҳбаронаш ғами мардумро мехӯранд, қонунҳо "дар бораи ҳимояти соҳибкорони маҳаллӣ" қабул шудааст ва кор мекунад. Масалан, чанд соле пеш дар як бозори Тошканд шоҳиди он будем, ки чи гуна уйғурҳои чиниро аз он ҷо берун карданд; аммо баъд аз ин ҳеч гуна сардие байни Пекин ва Тошканд мушоҳида нашуд. То соли 1992 аксарияти истаравшаниҳо, аз ҷумла худи ман дар бозорҳои шаҳри Намангони Узбакистон ба хариду фурӯши мавиз машғул будем, аммо рӯзе милисаи узбак омад ва гуфт, ки мо бояд ҷойро холӣ карда, ба худи узбакҳо бидиҳем ва дар муддати 3 рӯз аз он қаламрав баромада равем.

Яъне бо ин корашон мехостанд, моро берун кунанд ва шаҳрвандони худашонро бо кор таъмин кунанд. Ва ҳақ бар ҷониби онҳо буд.

Ба ҳукуматдорони мо низ лозим аст, ки тоҷирони хориҷиро берун кунанд, то ки мардуми маҳаллӣ худ дар ҷустуҷӯйи кор овораву саргаштаи мулки бегона нагарданд. Зеро ки тоҷирони хориҷӣ, тавре таҷрибаҳо нишон медиҳад, ҷойи тоҷирони маҳаллиро торафт дар бозорҳо танг карда, оқибат берун мекунанд. Давлат, ки наметавонад мардумро бо кор таъмин кунад ва ягона роҳи нисбатан пурдаромад дар Тоҷикистон ҳамин тиҷорати бозор аст, набояд онро ҳам аз даст дод. Агар имрӯз як иддае аз мансабдорон бо мақсади пур кардани кисаҳои худашон, ба истилоҳ "бозорҳои муштараки Чину Тоҷикистон" ташкил кардаанд ва аз он ҳисоб даромади ҳангуфти муфт ба даст меоранд, ин оқибати хушоянде барои ҷомеа надорад ва барои давлат ҳам пурдарди сар анҷом мешавад. Масалан, дар Хуҷанд дуто чунин бозор фаъолият дорад, бо номҳои "Атуш-бозор" ва "Сомон-бозор", ки дар он ҷо аксаран чиниён фаъолият доранд. Дар ҳамин "Атуш-бозор", ки 5-сол пеш кушода шуда буд, уйғурҳои чинӣ стратегияи айёрона пеш гирифтанд; аввал молҳояшонро бо нархи арзон мефурӯхтанд, ва баъд аз он ки ҷойи тоҷирони маҳаллиро бо чунин рақобат танг карда, аз саҳна бароварданд, ба "яккатозӣ" шурӯъ карданд ва акнун ба ҳар баҳое, ки дилашон хоҳад мол мефурӯшанд. Бояд ҳаминро ҳам гуфт, ки дар ҳамин "Атуш-бозор" тақрибан 200 нафар уйғурбачаҳо фаъолият доранд, аз ин танҳо 4-5 нафарашон аз хориҷа ба таври яклухт бор ворид мекунанд, боқимонда ҳамаашон дар ҳамин ҷо ба хариду фурӯш машғуланд. Ман худам, ки шахсан бо онҳо сару кор дорам ва бисёр ҳамсӯҳбаташон мешавам, дарёфтам, ки онҳо ҳатто фикри аз Тоҷикистон рафтанро ҳам дар сар надоранд ва дар ҳар шароити сахте ҳам, ки бошад, мехоҳанд, ин ҷо бимонанд. Зеро худашон мегӯянд, ки дар ватанашон беҳуқуқтарин мардумонанд, вале дар ин ҷо комилан озоданд ва ҳар коре бихоҳанд монеъае вуҷуд надорад. Аммо танҳо "нафъе", ки имрӯз аз онҳо мерасад, ба симмати фурӯшанда ба кор гирифтани духтарони маҳаллӣ мебошад.

Бар иловаи ин пас аз кушода шудани ин бозорҳо аксарияти тоҷирони маҳаллӣ дар Хуҷанду Истаравшан муфлис шудаанд.

Аз ин рӯ хуб мебуд, ки мӯҳтарам ҳукуматдорони мо бештар сари беҳбудӣ ва манфиати мардуми худамон фикр кунанд ва тоҷирони хориҷиро аз бозорҳои мо ҳарчи зудтар берун кунанд, то ки имкони бештари ба тиҷорат машғул шудани мардуми маҳаллӣ муҳайё гардад.

Мо аслан ба тоҷирони хориҷӣ ҳеч эҳтиёҷе надорем. Хориҷиҳо бояд ба он корҳое машғул шаванд, ки худамон аз ӯҳдаи он намебароем, масалан, истеҳсолот ва сохтани роҳҳову пулҳо ва маблағгузорӣ дар соҳаҳои гуногун. Аз ӯҳдаи ворид кардану фурӯхтани бор аз хориҷ тоҷирони дохилӣ ҳам хеле хуб мебароянд. Аммо фаъолияти хориҷиҳо дар бозорҳоямон боис шудааст, ки бархе аз тоҷирони худамон, ки ба ворид кардани мол машғул буданд, муфлис шудаву бекор мондаанд. Ҷойи онҳоро бошад, тоҷирони хориҷӣ гирифтаанд.

Маълум аст, ки дар ҳар ҷомеае, ки ашхоси сарватманд бисёр бошад, он ҷомеа бештар рушд мекунад. Зеро он пуле, ки сарватмандони маҳаллӣ ба даст меоваранд, аввалан барои некуаҳволии хонаводаашон сарф мешавад, барои таҳсили фарзандонашон, ки ояндаи кишвар аз онҳо вобаста аст, сарф мекунанд, баъдан корхонаҳои хурд месозанд ва дар корҳои дигари хайру ободсозии ватан сарф хоҳанд кард. Барои мисол, бисёре аз заминҳои бекорхобидаро дар Истаравшан маҳз ҳаминҳое, ки бозорнишинанд ҳамвор ва обӣ кардаанд. Магар метавонад як шахси камбизоату бепул, ки худ муҳтоҷ аст, ин корро бикунад? Ва ё магар ин амали онҳо қобили дастгирӣ нест, ки боз ба аҷнабиён иҷоза медиҳем, ки биёянду ҷойи шуғли онҳо, бозорҳоямонро ишғол кунанд ва барои худ сарват ҷамъ кунанд?!

Хулоса, омадани тоҷирони хориҷӣ дар бозорҳои мо фақат натиҷаҳои манфӣ дорад, ки метавонам онҳоро бо рақам мисол бизанам:

1. Муфлис шудани тоҷирони маҳаллӣ ва бекорӣ.

2. Боз ҳам бештар шудани муҳоҷирони корӣ.

3. Зиёд шудани сафи камбизоатон.

4. Пайдо шудани насли дурагаи хитойӣ+тоҷик ва уйғур+тоҷик (оё ба назари шумо ин хуб аст?! Шояд бархе ҳам бигӯянд, ки ин ҳеч бадӣ надорад? Аммо кӣ кафолат медиҳад, ки баъди 2 - 3 фарзанд таваллуд кардани занони маҳаллӣ онҳоро партофта намераванд?).

Ба ҳар ҳол чун як фарди ин ҷомеа, ки ба сарнавишти Ватан бетафовут нестам, бар он меандешам, ки фардо дер мешавад. Ва ҳукумати моро лозим аст, ки сар аз имрӯз барои ҳифз ва рушди тиҷорати дохилӣ хориҷиҳои дар бозорҳои мо "меҳмон"-ро зудтар берун кунад, ончуноне ки дар бисёре аз мамолик чунин аст.

Аммо гумон аст, ки ба ин гуфтаҳои банда таваҷҷуҳ шавад, ба он далел, ки аз ҳисоби ин бозорҳо як гурӯҳи муайяни мансабдорон даромадҳои ҳангуфт ба даст меоранд, чунончи 1 "контейнер" дар ин бозорҳо то 8 000 доллар савдо мешавад ва пули иҷора ҳам кам нест.

Мумкин аст, ки бархе эрод гиранд, ки чиниҳо борро арзон мефурӯшанд, аммо мутмаин бошед, ки ин муваққатӣ аст, зеро бо ин роҳ мехоҳанд ҷойи тоҷирони маҳаллиро бо рақобат ба пуррагӣ танг карда, аз тиҷорат берун бароранд. Чун бозорро пурра ишғол карданд, бо ҳар қиммате, ки бихоҳанд молашонро ба савдо бизананд. Аммо агар ҳукумат иқдом бикунад ва аҷнабиҳоро аз бозори дохилӣ берун бикашад, ин боиси рушди бештари тоҷирони дохилӣ мешавад ва батадриҷ нархҳо ҳам пойин мераванд. Шумо чӣ мегӯед, кафилони мардум?!


Илҳоми Истаравшанӣ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97