Диляи нуҳсола бо тамоми қувват барои ҳифзи шараф мубориза бурд
Афви гуноҳи бузург ва такрори таҷовузХудкуширо занон роҳи наҷот интихоб карданд
Бӯҳрони молиявӣ ва ҳифзи зан ё хушунати бӯҳронӣ
ШАРАФИ ОҒУШТА БА ХУН
Диля (номи аслии ҷабрдидаҳо иваз шудааст), ки аслан урупоитабор буд, ба анъаноту одатҳои мусулмонӣ дилбастагӣ пайдо кард. Ҳамеша ба дугонаҳояш мегуфт, ки дар шариати ислом ҳифзи зан - модар муқаддастарин дайни мусалмонӣ аст. Барои ҳамин ҳам ҳар боре, ки ба хонаи холааш меомад, бо ҳамсояҳои мусулмонаш самимона ва озод сӯҳбат мекард.
Ҷавонзани ҳамсояи холааш Фирӯзахон зуд бо Диля унс гирифт. Рӯзе Диля ба хонаи Фирӯза даромад. Вале Фирӯза ба коре дар кӯча банд буд. Ҳамасараш Саид Диляро ба нишастан таклиф карда, дар паҳлӯяш нишаст. Диля ҳеч гумон надошт, ки Саид бо чашми ҳариси шаҳват ба ӯ менигарад. Барои ин самимона ва бидуни ҳеч ҳаросе бо ӯ сӯҳбат мекард. Саид яку якбора даст ба гардани Диля бурда, ӯро ба рахти нишаст тела дод. Ва саросемавор шими Диляро поён кард. Дар ин асно зани Саид ба хона медарояд. Саид завҷаашро барои аз дом раҳо кардани сайдаш лату кӯб мекунад. Саид ба Диля бо таҳдид мегӯяд, ки дар сурати забон кушодан, ӯро мекушад.
Аммо исёни шаҳват ва алангаи ваҳшиёнат Саидро ором намегузорад. Барои ба дом афтондани Диля фурсати муносиб меҷӯст. Ҳамзамон ҳар бегоҳ занашро то беҳуш шуданаш лагадкӯб мекард. Се рӯз баъди ҳуҷуми аввал Саид хабардор мешавад, ки Диля ба хонаи модаркалонаш ба кӯчаи Аэропортская меравад. Ӯ ба занаш мегӯяд, ки ба тӯи ҷӯраааш Улай мераванд. Фирӯза ҳайрон шуд, ки Саид ягон бор ӯро ба тӯй ва ё меҳмонӣ набурдааст. Саид занашро барвақттар ба тӯй фиристонд, то ки нақшаи ҷинояткоронаашро амалӣ кунад. Саид дар партовгохи бетонии рохи Аэропорт Диляро мунтазир мешавад.
Пас аз фурсате Диля пайдо мешавад. Саид ӯро зӯран ба қафои қубурҳои бетонӣ кашола карда, ба замин мехобонад. Либоси Диляро дарронда …
…Дигар лаҳзаҳои нанговару даҳшатовари парвандаи ҷиноиро нақл кардан хеле мушкил аст. Диляи оғушта ба хун худро базӯр ба хона мерасонад. Саид ба хонааш омада, зуд либоси нав пӯшида ба тӯй ҳозир мешавад. Диля дар хонаи холааш аз ҳуш меравад. Холааш ҳодисаи мудҳишро фаҳмида, ӯро ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров меорад. Баъди ду соат Саид аз ҷониби кормандони прокуратура боздошт шуд. Ҷинояти нангини Саидро аввалин шуда, ҳамсараш ошкор кард. Ӯ бо тааҷҷуб ба муфаттиши прокуратура гуфт, ки шавҳараш ягон бор либосашро намешӯст. Аммо он рӯз ман аз тӯй баргашта дидам, ки Саид либосҳои варзишиашро шӯста, овехтааст. Саид баъди таҷовуз барои нобуд кардани хун либосҳои варзишиашро, ки ҳангоми содир кардани ҷиноят дар танаш будааст, шӯстааст.
Баъди пешниҳоди далелҳо, шаҳодати ҷабрдида ва шоҳидон Саид тафсилоти амалҳои ҷиноиашро иқрор кард. Диля пас аз табобати давомдор низ аз ҳолати равонӣ раҳо наёфтааст. Воқеан кормандони прокуратураи ноҳия барои табобати Диляи нӯҳсола кӯшиши зиёд намуда, кӯмаки моддӣ ҳам карданд. Диляи нӯҳсола ҳоло ҳам ба зиндагӣ нафрат дорад. Ӯ дигар зистан намехохад…
Қабл аз ин ҳодиса Саид Азимов, сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар шаҳри Душанбе ба номуси духтаре таҷовуз карда буд ва бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо моддаи 141 қисми 1 маҳкум гардид. Аммо пас аз муддате афв шуд. Боз ба шаҳри Хуҷанд баргашта, аз он одати зишташ даст накашид. Пайваста ба занону духтарон бо чашми шаҳват менигарист. Вале на ҷомеа, на наздиконаш ӯро аз роҳи зишт барнамегардонданд.
Бо ҳукми колегияи суди вилояти Суғд Азимов Саид барои таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ якумрӣ аз озодӣ маҳрум гардид…
ҒУЛОМОНИ ЗИНДАГӢ
Манбаи аввали хушунат ва таҷовуз ба зан дар мисолҳои ин парванда -ин рафтори худи ҷабридидаҳо аст. Зани Саид Фирӯза ду маротиба бар асари зарбаҳои ҷисмонӣ аз сӯйи шавҳараш аз тифлони батнаш маҳрум шуд. Саид мунтазам занашро лату кӯб мекард. Аммо ӯ аз рафтори шавҳараш ба касе даҳон намекушод. Зеро медонист, ки касе ба додаш намерасад. Саид чандин маротиба дар ҳузури занаш ба занону духтарони дигар ишқварзӣ менамуд. Боре ба хонааш зане бо номи Наташа омад. Саид пас аз шиносоӣ бо ӯ дар ҳузури занаш изҳори муҳаббат намуда, гуфт, ки ӯро чун зани дуюм никоҳ карда мегирад.
Агар ҷабридидаи навбатии Саид одами маҳаллӣ мебуд, шояд ин ҷинояташ низ пинҳон мемонд. Зеро одатан зану духтари тоҷик барои байни мардум беобрӯ нашудан, зишттарин ҷиноятро ҳам пинҳон мекунанд. Аз рӯи омӯзиши 12 парвандаи ҷиноӣ таҷовуз ба номуси зан маълум гардид, ки тарсу ваҳм ва таҳдиди ҷинояткор ҷабрдидаро маҷбур месозад, ки ҷиноятро рӯпуш намоянд.
Ҳамсари Саид дар тӯли зиндагиаш қариб садҳо маротиба зарари ҷисмонӣ бардошт. Аммо дар сурати шикоят шояд аз тарафи Саид кушта мешуд. Баъзе расму оинҳои маҳаллӣ сади роҳи пешгирии хушунат мешаванд. Қариб ҳазор сол боз таълимоти- ҳукм ва фармони шавҳар барои зан қонун аст- дар тафаккури мо сахт нақш бастааст. Дар тӯли 18 сол ҷумҳурии мо чун давлати дунявӣ-демократӣ барои ҳифзи ҳуқуқи зан, нигоҳ доштани таносуби гендерӣ тадбирҳои муҳим ва бешуморро амалӣ намуд. Вале ҳанӯз ҳам мо зан - модарро аз асорати шиканҷаи оила, муҳит, ҷомеа халос накардаем.
Маъмулан дар зиндагии имрӯза таҷовузи муқаррарии зан - яъне таҳқир ва дастдарозӣ ба шаъну шарафи зан зиёд ривоҷ ёфтааст. Чунин шакли таҷовуз, масалан дар Фаронса, Италия, Испания ба ҷурми таҷовузи шаҳвонӣ баробар аст. Соли 2007 шаҳрванд Д. ба ШКД-и ноҳия муроҷиат кард, ки сардори идора ба ӯ шарт гузоштааст, ки баъди бо ӯ ҳамхоба шудан ӯро ба кор қабул мекунад. Зани ҷавон интихоби дигар надоштааст, зеро кӯдаки хурдсол ва модари пираш ба парасторӣ ниёз доштаанд ва ӯ бояд ба онҳо кӯмак мекард. Ӯ маҷбур мешавад, ки бо роҳи фурӯши тан соҳиби кор гардад. Вале сардори фиребгар пас аз ишқварзӣ ваъдаашро фаромӯш мекунад. Ва ҳатто барои халосӣ аз ин ҷавонзан роҳи таҳдидро пеш мегирад. Пас аз таҳдиду таҳқир ӯ ба сари зан мушт мебардорад. Фақат дар ин ҳолати ночор Д.И. ба идораи интизомӣ муроҷиат намуда, қили ҳақиқатро аз хамири фиреб ҷудо намуд. Аз ин парванда бармеояд, ки агар ба Д.И. зарари ҷисмонӣ расонда намешуд, зани бечора шаъну мавқеи моддиву маънавиашро ҳифз карда наметавонист.
Танҳо дар ҳолатҳои вазнин ба қонун муроҷиат кардан низ дар тафаккури маъмулии мардуми мо, аз ҷумла занон нақш бастааст. Дар таҷрибаи бисёрсолаам садҳо мисол аз чунин таҷовузҳо овардан мумкин аст. Шакли таҷовузи муқаррарии оилавӣ низ маъмул буда, барои занон мудҳиштарин амали зишт аст. Соли 2006 шаҳрванд С.Т. бо ҷароҳати ҷисмонӣ ба шифохона оварда шуд. Баъдан маълум шуд, ки дар баробари зарбаҳои ҷисмонӣ ҷойҳои маҳрами занонаи ӯ низ осеб доранд. Ӯ дар ин бора ба муфаттиш чизе нагуфт. Разолати шаҳвонии ғайримаъмулии шавҳарашро пинҳон дошт. Бори дуюм ӯро дар ҳолати вазнин ба шифохона оварданд. Ӯро табибон бо машаққати зиёд аз марг наҷот доданд. Фақат бо кӯмаки дугонааш Ҷ.Ю. сирри ҷурми шавҳараш ошкор шуд. Таҷовузи доимӣ бо роҳи алоқаи ҷинсии ғайримуқаррарӣ ӯро маъюб намуд.
Ба ҳамин ҳодиса қариб монанд шаҳрванд В.Д. ба ШКД муроҷиат кард, ки шавҳари духтараш ӯро мудом лату кӯб мекунад. Дар рафти тафтиш маълум гардид, ки шаҳрванд С.М. зани дуюм буда, барои қонеъ кардани талаботи шаҳвонии ҳамзисташ хонаи алоҳида иҷора гирифтааст. Аммо ба сабаби касалии муқаррарии занона он рӯз ба назди ҳамзисташ намеравад. Ҳамзисташ дар хонаи модараш зӯран ӯро таҷовуз карда, бо дастгоҳи телефон сарашро маҷрӯҳ мекунад. Шаҳрванд С.М. баъди 5 бори лату кӯб ба идораҳои интизомӣ муроҷиат кард.
Равоншиносон ва таҳлилгарони ташхиси тиббӣ собит менамоянд, ки беш аз 75 фоизи касалии занон аз ҳисоби таҷовуз аз сӯйи ҳамсаронашон аст. Дар маърифати ҳуқуқӣ ва тадқиқоти гендерӣ омилҳои асосии ҷабр ва таҷовуз дар ҷумҳурии мо чунин табақабандӣ шудааст:
- Маърифати пасти ҳуқу¬қии занон;
- Тарсу бим аз маҳрум шудани ҳаёти оилавӣ;
- Расму анъанаҳои миллӣ;
- Таъсири муҳити атроф ва ҷои зист;
- Нобаробарии синну соли зану мард;
- Паст будани маърифати солимӣ ва гигиенавӣ;
- Бетафовутӣ ва бепарвоии ҷомеа;
- Ба таври лозимӣ ҳифз нагардидани шоҳидон ва ҷабрдидаҳо.
Бӯҳрони молиявӣ ва мушкилоти иқтисодӣ барои зан зарбаи навбатӣ зад. Аз пурсиши сотсиологии Иттиҳодияи ҷамъиятии "Зан ва ҷомеъа" маълум мешавад, ки дар вилояти Суғд қариб 5 фоизи оилаҳо бо музди кори зан зиндагӣ мекунанд. Ба сабаби нисбати занони муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия имтиёзҳо мавҷуд будан, аксари занони муҳоҷири тоҷик дар бозорҳову сохтмонҳои Русия меҳнати сангин мекунанд. Аммо дар баробари заҳмат кашидан онҳо ба доми фиреб меафтанд, лату кӯб мешаванд. Маҳз барои ҳамин ҳам дар се моҳи охир дар вилояти Суғд 67 нафар занон худкушӣ кардаанд. Аз тафтишоти ин фалокатҳо аён аст, ки зан модар ба таҷовуз, шиканҷаи зиндагӣ на ҳама вақт тоб меоварад.
Мақомоти прокуратура барои мубориза бо хушунат нисбат ба зан ва истибдоди гендерӣ пайваста тадбирҳои муфидро амалӣ менамояд. Дар асоси амру дастурҳои Прокурори генералӣ дар зарфи як сол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 23 тадбири эҳтиётӣ -таблиғотӣ гузаронида шуд. Бо ҳамдастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, мулоқоту вохӯриҳои судбахш мегузаронад. Барои ҳифзи бехатарӣ дар прокуратура телефони боварӣ фаъол аст.
Имрӯз бори гарони зиндагӣ бар дӯши зан - модар аст. Болои ин бор боз ба сари зан мушт бардоштану таҷовуз намудан зишттарин гуноҳ аст, ки афв надорад.
Ёкубҷон Рӯзиев, прокуррори ноҳияи
Бобоҷон Ғафуров, мушовири адлияи дараҷаи якум