РАСОНАҲО: МАСЪУЛИЯТ ВА САЛОҲИЯТ ДАР ТАВСЕАИ ФАРҲАНГИ ГЕНДЕРӢ

Иҷтимоъ 15.09.2009 18:31

Таи чанд соли ахир ҷомеаи тоҷик кӯшиши баробари ҷомеаи ҷаҳонӣ қадам задан дорад ва омӯзишу истифодаи донишу фарҳанги гендерии ҷаҳонӣ рукнест аз ҷараёни ҷаҳонишавӣ. Вале муносибати ҷомеа нисбат ба ин масъала хеле мураккаб ва пурихтилоф аст. Баҳсу мунозира оид ба таҳмилӣ ё ғайритаҳмилӣ будани ғоя ва сиёсати гендерӣ дар кишвари мо чандин сол боз дар шаклҳои гуногун давом дорад ва саҳифаҳои матбуот борҳо майдони "муҳорибаи назарҳо" гардидаанд. Воқеан, матбуоти имрӯзаи тоҷик дар масъалаи озодона ибрози назар кардан имкониятҳое дорад, вале мутаассифона, на ҳамеша қудрату заминаи комили истифодаи ин имкониятҳо ба рӯзноманигорони мо дастрас аст.

Аз ин сабаб дар саҳифаҳои матбуот матолибе, ки дар онҳо таҳқири инсон аз нигоҳи ҷинс, ки дар адабиёти гендерӣ бо номи сексизм ёд мешавад ва навъе аз табъизи (дискриминатсияи) гендерист, зиёд ба чашм мерасад.

Ин падида чандон безарар нест, он ба сиёсати гендерии Ҳукумат ва кӯшишҳои ҷомеаи гендерии кишвар дар паҳн ва ҷорӣ кардани фарҳанги гендерӣ, ки эҳтиром, эътироф, ҳимоя ва риояи ҳуқуқи ҳар инсонро - новобаста аз ҷинс, синну сол, вазъи иҷтимоӣ ва дигар тафовутҳои иҷтимоӣ ба қабули қарор дар зиндагии худ дар назар дорад, монеаҳои ноайён эҷод менамояд. Вазъи ба вуҷудомада ислоҳ мехоҳад ва ба ин хотир ҷомеаи гендерии кишвар дар ин роҳ кӯшишҳое ба харҷ медиҳад. Мисоли чунин кӯшиш лоиҳаи созмони ҷамъиятии "Гендер ва тараққиёт" мебошад, ки аз ҷониби Комиссияи Урупо дастгирӣ мешавад. Мақсади лоиҳа афзоиши дониши гендерии гурӯҳи муайяни рӯзноманигорон ба таври муттасил мебошад. Ба ин хотир тӯли 1,5 сол дар панҷ шаҳри кишвар Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб маҳфилҳои рӯзноманигорон амал менамоянд ва дар онҳо аъзои маҳфил моҳе як бор ҷамъ омада, масоили доғи касбии худро баррасӣ ва бо ҳам мубодилаи афкор менамоянд. Ба ин маҳфилҳо тибқи дархости иштирокчиён мутахассисини соҳаҳои гуногун низ барои додани машварат ва донишҳои нав даъват мешаванд. Табиист, ҳайати рӯзноманигорон низ як сохтори мутаҳаррик аст ва муттасил дигаргун мешавад ва ба он чеҳраҳои нав ворид мегарданд. Созмондиҳандагони лоиҳа ин тарафи масъаларо низ пешбинӣ кардаанд ва ба ин хотир чанде пеш дар яке аз истироҳатгоҳҳои дараи Варзоб мактаби тобистонае ба хотири таҳияи дастури таълимӣ оид ба тарзи дурусти инъикоси масоили гендерӣ дар ВАО баргузор гардид. Ба ин мактаб устодони варзидаи соҳа аз Санкт-Петербург, Қазоқистон даъват шуда буданд. Вале албатта, ҷамъбаст ва хулосаи мактаб салоҳияти донишмандони соҳа аз ҳисоби мутахассисони ватанӣ буд, зеро ҳама гуна дониш ва хосса дониши гендериро бе назардошти арзишҳо ва хусусиятҳои миллӣ татбиқ кардан имконнопазир аст. Дар ин маврид андешаҳои устодони мактаб ҷолиби диққатанд:

Жанна ЧЕРНОВА - Санкт -Петербург:

Ҳар давру замон таҷрибаи худро, тарзи ҳалли масоили гендериро дарёфта ба харитаи таърихи ин муносибатҳо ворид кардааст. Давлат ҳамеша ин масъаларо аз нигоҳи манфиати давлатдорӣ баррасӣ менамояд, на аз нигоҳи манфиати фардҳои алоҳида. Барои мисол давлати шӯравӣ, дар мавриде, ки барои давлат қувваи арзони корӣ лозим буд, масъалаи нигоҳубини кӯдаконро асосан ба ӯҳдаи худ гирифт ва занонро дар мавриде ихтиёран, мавриде иҷборан ба ҳаёти ҷамъиятӣ ворид намуд. Ман дар назар дорам шабакаи васеи боғчаҳои бачагон, машғулиятҳои беруназсинфӣ ва ғайраро, ки ӯҳдадории занонро дар масъалаи тарбияи кӯдакон хеле сабук мегардонд ва имкони оромона бо кори ҷамъиятии музднок машғул шуданро ба ӯ медод. Ҳарчанд дар ин давлат сиёсат ба ҳаёти оила таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намекард, вале ҷомеа ба ҳаёти оила низ бетаъсир намемонд. Аз як тараф манфиати ҷомеа, нисбат ба манфиати шахс баландтар арзёбӣ мешуд ва оила, табиист, ки аз ин зарар медид. Масалан, мардон бо сабабҳои гуногун - армия, сохтмонҳои азим, маҳбусӣ аз оила муддати мадид дур мемонданд ва тадриҷан мавқеи онон дар чунин оилаҳо заиф мегардид. Аз тарафи дигар ҳаёти оила зери назорати ҷомеа қарор дошт, ба хотир меорем, ки мардони амалдор аксар вақт оилаи худро ба хотири нигоҳ доштани вазифа ва мансаб ҳифз мекарданд. Баъди аз ҳам пош хӯрдани ин давлат, кишварҳои таркиби он дар роҳи мустақилият ҳар кадом дар ин масъала роҳи худро меҷӯяд. Аз ҷумла ҳоло дар Русия мушкилоти демографӣ - кам шудани аҳолӣ пеш омадааст ва аз ин сабаб таваҷҷӯҳи давлат самти дигар касб кардааст - яъне оила ҳамчун ягона воситаи ҳалли ин масъала, механизми бозистеҳсолкунии насли солим мавриди таваҷҷӯҳи хоса қарор гирифтааст. Солҳои охир кӯмакпулиҳои зиёд, тарғиби фарзанддорӣ, ҳатто барои оилаҳое, ки бо сабабҳои саломатӣ худашон фарзанд дошта наметавонанд, бо роҳи фарзандхондагӣ ва ғайра ба ҳамин хотир сурат мегиранд.

Светлана ШАКИРОВА - Қазоқистон:

Маро нақши ВАО дар паҳн кардани қолабҳои сексистии гендерӣ, ки тибқи он зан ҳамчун объекти шаҳвоният ва хариду фурӯш пешниҳод мегардад, ба ташвиш меорад. Дар аксари рекломҳо бамавриду бемаврид зани нимбараҳна дар ҳолати бедоркунандаи рағбати шаҳвонӣ тасвир карда мешавад ва аз ин ҷараён нашрияҳои ҷиддӣ низ дар канор намондаанд. Ман барои мисол рӯзномаи давлатии кишвари худам "Казахстанская правда" - ро ном бурда метавонам, ки дар рекломи худи рӯзнома - акси зани нимурёне, ки дар даст рӯзнома дорад, оварда шудааст ва матни зери он чунин аст - "Иттиллооти дастрас барои шумо". Барои роҳ надодан ба чунин падида омӯзондани рӯзноманигорон, дар онҳо бедор кардани ҳисси масъулият дар мавриди истифодаи матну суратҳо хеле муҳим аст.

Иброҳим УСМОНОВ - Душанбе:

Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ пайдо кардани нуқтаи мувофиқа байни сиёсати гендерии кишвар ва фарҳанги исломӣ - масъалаи доғи имрӯза мебошад. Ташнагии мардум таи чанд даҳсола ба фарҳанги исломӣ боиси он гардид, ки баробари аз байн рафтани монеаҳо ба ин кишварҳо сели иттилооти ҳархела аз номи ислом борид ва он боиси хараҷу мараҷҳое дар ин роҳ гардид. Дар мисоли кишвари мо гуфтан мумкин аст, ки раванди исломигардонии он ба ду нукта сахт таваҷҷӯҳ дорад - вазъи занон ва намоз. Ва дар ин мавридҳо ҷараёнҳои мухталифи баъзан ҷанбаи исломӣ надошта, низ ба назар мерасанд. Вале дар ҳамаи динҳо, аз ҷумла дини Ислом ҳам муносибати мардону занон дар шакли баробарие, ки Конститутсия ва қонунҳои дигари дунявӣ дар назар доранд, дида намешавад. Боиси қайд аст, ки дар баробари ин нуктаҳое низ ҳастанд, ки дар мавриди тафсири дурусти Қуръон бо назардошти вазъи воқеӣ метавонанд ба ҳалли масъалаҳои номбурда мусоидат намоянд. Аз ин сабаб ман гумон дорам, ки таҳияи консепсияи мушаххаси муносибати байни қонунҳои дунявӣ ва дин дар кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад роҳи ҳалли ин қазияро муайян намояд. Дар ин маврид аз таҷрибаи мамлакатҳои пешрафта ба монанди Туркия, Ирон ва ғайра, ки ҳам арзишҳои исломиро нигоҳ доштаанд, ҳам дар масъалаи муносибатҳои гендерӣ дар доираи талаботи имрӯза ба комёбӣ ноил гардидаанд, истифода кардан мумкин аст. Ба таври мисол метавон гуфт, ки дар кишварҳои исломии Туркия ва Ирон таваҷҷӯҳи хосаву сиёсати давлат ба масъалаи таҳсилот ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои занон равона шудааст ва онҳо тавонистаанд чунин сиёсатро ба талаботи Ислом созиш бидиҳанд. Бо назардошти ана ҳамин ҳолатҳо чунин як консепсияи мушаххаси муносибати байни қонунҳои дунявӣ ва дин дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле зарур аст.


Марям ДАВЛАТОВА
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97