Эмомали Раҳмон дар Женева мавзӯъи ҷуброни зарари манфии тағйири ҳаво ба "қурбониёни" судури газҳои гулхонаиро матраҳ кардааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостори матраҳ кардани мавзӯъи пардохти ҷуброн ба "қурбониёни" тағйироти обу ҳаво шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи панҷшанбеи 3 сентябр дар севумин конфронси ҷаҳонии марбут ба тағйири ҳаво дар Женева суханронӣ мекард, ба хисороти ворида аз тағйироти обу ҳаво бар кишварҳое ишора кард, ки мизони камтаре аз ин газҳоро ба ҳаво партоб мекунанд, вале осеби бештаре аз паёмадҳои он мебинанд.
Бештари газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон дар кишварҳои пешрафта ва саноатӣ ба ҳаво партоб мешавад, чизе ки донишмандон омили аслии гармоиши ҳаво арзёбӣ мекунанд. Ҳадафи конфронси байналмилалӣ дар Женева бо ширкати раҳбарони кишварҳо ва созмонҳои мухталиф аз 150 кишвари ҷаҳон, ки қудрати тасмимгирӣ доранд, густариши барномаҳои марбут ба тағйири обу ҳаво дар курраи Замин будааст.
Дар ин конфронс Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон мизони ночизе аз газҳои гулхонаиро ба ҳаво партоб мекунад, вале аз гармоиши ҳаво осеби бештаре мебинад.
Инчунин афзудааст: "Бояд гуфт, ки фоизи асосии партовҳо ба кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ мутараққӣ рост меояд, вале зарари онҳо ба тамоми аҳли сайёра паҳн мегардад. Дар чунин шароит ба миён омадани масъалаи ҷуброни ин хисоротро низ набояд аз мадди назар дур дошт." Ҷаноби Раҳмон дар суханронияш таъкид кард, ки Тоҷикистон ба далели тағйироти обу ҳаво дар курраи Замин, ки дар натиҷаи судури миллиардҳо тон газҳои гулхонаӣ ба фазо ба вуҷуд омадааст, осебпазиртарин кишвар дар минтақаи Авруосиё дар баробари тағйири ҳавост.
Ҳамасола дар ин Тоҷикистон мизони гармо ба таври мутавассит як дараҷа боло меравад, мизони рӯзҳои бориш ва ҳаводиси табиӣ дар ин ҷо афзоиш меёбад, ки боъиси заъфи кишвар барои расидан ба рушди устувор гаштааст.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон исрор кард, ки аз сӯйи дигар, натоиҷи бархе таҳқиқот нишон додаанд, ки захоири яхчолҳо ё пиряхҳои Осиёи Миёна дар байни солҳои 1956 то 1990 се баробар коҳиш ёфта ва ин раванд идома дорад.
Вай гуфт: "Мувофиқи ҳисобҳои камтарин, пиряхҳои Тоҷикистон, ки манбаъи асосии дарёҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд, дар асри ХХ зиёда аз сеяки ҳаҷми худро гум кардаанд. Дар мавриди идома ёфтани тамоюли мавҷуда дар Тоҷикистон шояд ҳазорон пирях нобуд шаванд." Эмомалӣ Раҳмон ин пиряхҳоро манбаи ҳаёт дар Осиёи Миёна хонд ва исрор кард, ки ба нобудии онҳо набояд роҳ дод. Бо дарназардошти ин вазъ, вай гуфт акнун замоне фаро расидааст, ки бояд Сандуқи ҳифозат аз пиряхҳо таъсис дода шавад, то талошҳои кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳоро дар ин росто таҳким бахшад.
Тоҷикистон дар миёни беш аз 200 кишвари ҷаҳон аз лиҳози партоби газҳои гулхонаӣ ба фазо дар ҷойи 150-ум қарор дорад ва ба гуфтаи коршиносон, мизони ин газҳо бар сари ҳар шаҳрванди кишвар аз мизони мутавассити ҷаҳон пойинтар будааст. Эмомалӣ Раҳмон ин вазъро ба истифодаи густарда аз барқи обӣ марбут медонад, аммо коршиносон мегӯянд мизони тавлидот дар ин кишвар хеле пойин буда ва газҳое, ки ин кишвар ба ҳаво партоб мекунад ночиз аст.
Соҳибназарон мегӯянд матраҳ кардани мавзӯъи пардохти ҷуброн ба ин маънист, ки Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад кишварҳои пешрафтаи саноатӣ ба кишварҳое, ки газҳои гулхонаии камтаре ба фазо партоб мекунанд, кумакҳои молӣ ва фаннӣ ироа кунанд.