САНДУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПУЛ, АСРОРИ НУҲУФТАИ "БАРҚИ ТОҶИК" ВА ФОШ КАРДАНИ МУРОДАЛӢ АЛИМАРДОН

Иҷтимоъ 04.09.2009 15:38

Бозрасии молии фаъолияти "Барқи тоҷик" анҷом ёфтааст, вале тибқи қарордод, натоиҷи он мунташир нахоҳад шуд. Аммо Люк Моерс, масъули дафтари Сандуқи Байналмилалии Пул (СБП) дар Тоҷикистон, рӯзи 2 сентябр ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки дар фаъолияти ин ширкат мушкилоти фаровоне, ба вижа дар бахши муҳосибот ошкор шудааст. Ба гуфтаи ҷаноби Моерс, масъулони ширкати "Барқи тоҷик" аҳд кардаанд, ки барои рафъи ин мушкилот бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард. Масъулони ширкати "Барқи тоҷик" аз ибрози назар дар ин бора худдорӣ кардаанд.

Бозрасии ин ширкат бо дархости созмонҳои байналмилалӣ, ба вижа СБП дар моҳи сентябри соли гузашта оғоз шуда буд. Ба гуфтаи Моерс, он замон ширкати бозрасиии байналмилалии "Бодио Юнион" аз Русия дар як музояда барои бозрасии фаъолияти "Барқи тоҷик" пирӯз шуда буд. Дар ин муддат, бозрасон тавонистаанд, фаъолияти молии ин ширкатро ба таври комил таҳқиқ ва дар ин замина гузорише таҳия кунанд.

Дар посух ба ин суол, ки чаро ин гузориш мунташир намешавад, ҷаноби Моерс гуфтааст: "Дар таҷрубаи ҷаҳонӣ ин як амри маъмулист ва аз ҳамон оғоз тасмим шуда буд, ки натоиҷи ин бозрасӣ мунташир нашавад."

Ин дар ҳолест, ки дар ибтидои соли ҷорӣ натоиҷи бозрасии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон, ки низ бо дархости СБП ва тавассути ширкати бритониёии "Ernst & Young" сурат гирифт, мунташир шуд ва мавриди таваҷҷуҳи ҷомеъаи кишвар қарор гирифт.

Зимнан, аз мулоҳизоти гурӯҳи бозрасони байналмилалӣ чунин бармеояд, ки Муродалӣ Алимардон, раиси собиқи Бонки Миллӣ, ки ҳоло муовини нахуствазири Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад, дар фаъолиятҳои маҳрамона ва машкуки ин бонк нақши калидӣ доштааст.

Люк Моерс дар посух ба ин суол, ки дар ин сурат чаро натоиҷи бозрасии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон мунташир шуда буд, гуфт: "Ин бозрасии вижа буд ва ин амр аз ангезаҳои сиёсӣ низ орӣ набуд. Ба ин далел тасмим шуда буд, ки натоиҷи он мунташир шавад." Вай афзуд, ки ҳоло бо дархости созмонҳои байналмилалӣ бозрасии фаъолияти молии Талко, бузургтарин ширкати саноатӣ ва ҳамзамон бузургтарин масрафкунандаи барқ дар Тоҷикистон идома дорад. Ва қарор аст, натоиҷи ин бозрасӣ ҳам мунташир нашавад.

Ин дар ҳолест, ки фуқдони шаффофият дар фаъолияти "Барқи тоҷик" аз муддатҳо қабл мавриди нигаронии коршиносон ва ҷомеаи Тоҷикистон қарор гирифтааст. Соҳибназарон ба мавориди густурдаи фасод ва сирқати нируи барқ дар ин ширкат ишора мекунанд ва мегӯянд, танҳо ин нукта, ки беш аз 19 дарсади нируи барқи тавлидшуда дар Тоҷикистон "талаф мешавад", аз он гувоҳӣ медиҳад, ки фаъолияти ин ширкат чандон муассир нест.

Раиси ҷумҳури кишвар низ борҳо аз фаъолияти "Барқи тоҷик", ба хусус мизони болои талафоти нируи барқ, шадидан интиқод кардааст. Ба ин далел, дар авоили соли ҷорӣ раиси ҷумҳур дар бораи барканории тамоми раҳбарони ин ширкат фармонҳое содир кард.

Люк Моерс, намояндаи СБП дар Тоҷикистон, дар посух ба ин нигарониҳо гуфт: "Ин ки раҳбарони "Барқи тоҷик" барои баргузории бозрасии байналмилалӣ изҳори омодагӣ карданд, худ иқдоми хубест. Гузашта аз ин, раҳбарони ин ширкат ба рафъи мушкилоте, ки дар фаъолияти он ошкор шуд, омода ҳастанд. Ва ҳоло дар ин замина ҳамкории онҳо бо коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ оғоз ёфтааст."

Аз сӯйи дигар, натоиҷи як пажӯҳиши вижаи Анҷумани кормандони бахши энержии Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта муаррифӣ шуд, аз он даракгӯст, ки дар бахши энержии кишвар мизони шаффофият андак аст.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97