БУРЁКӮБОНИ КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО

Иҷтимоъ 03.09.2009 15:29

"Ховар" хабаргузории давлатии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як бинои нави истиқоматӣ дар кӯчаи Варзишгарони пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, қабл аз ифтитоҳи бинои нави истиқоматӣ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст санги асос ва нома ба наслҳои ояндаро дар ҷойи сохтмони бинои дигари истиқоматӣ гузошт. Дар ҳамин ҷо бинокорон қавл додаанд, ки сохтмони онро тайи ду соли оянда, яъне то ҷашни солгарди 20-уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон анҷом хоҳанд дод.

Тибқи лоиҳа дар ҳамин мавзеъ бояд бо харҷи 13 миллиону 22 ҳазор сомонӣ ду бинои истиқоматӣ сохта мешуд, ки ҳар яке дорои 72 хона мебошанд.

"Ховар" менависад, бинои аввали он ба истифода дода шуд ва 72 нафар кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли хонаводаи онҳоро шодию нишоти бепоён фаро гирифт. Маҳз хамин шумораи онҳо имрӯз соҳиби хонаҳои наву замонавӣ шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин иқдоми роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиоро як тадбири ибратбахш арзёбӣ намуд. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, як гурӯҳ соҳибони хуштолеи ин хонаҳои барҳаво калиди хонаро бевосита аз дасти Сарвари давлат гирифта, аз ин лаҳзаи фаромӯшнопазир басо хушҳолу сарфароз гаштаанд.

Ин бино бо харҷи 7 миллион сомонӣ сохта шудааст.

"Ховар" таъкид мекунад, ки он пурра аз ҳисоби даромадҳои тиҷоратии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бе харҷи маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфтааст. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, зимни шиносоӣ бо шароити зисту будубош дар он маълум шудааст, ки бинои истиқоматӣ аз 48 хонаи 1-ҳуҷрагӣ ва 24 хонаи 2-ҳуҷрагӣ иборат буда, асосан барои кадрҳои ҷавони болаёқату ояндадори соҳа пешбинӣ шудааст, то онҳо тавонанд бо аҳли оилаи худ соҳиби манзили хизматӣ бошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба лоиҳаи бино ва сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд додаст, хабар медиҳад "Ховар".

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки тайи чанд соли охир дар ҷумҳурӣ се шабакаи нави телевизионӣ ва ду шабакаи радиоии сартосарии кишвар ба кор шурӯъ намуда, беш аз 500 нафар мутахассисони ин соҳаро бо кори доимӣ таъмин намуданд.

Дар интиҳои ин хабар "Ховар" менависад, дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додаанд.

Ба ҷузъиёти ин мавзӯъ дар шумораҳои оянда хоҳем пардохт, мунтазир бошед!


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97