АЙБ ДАР МУСУЛМОНИИ МОСТ! Ё файзи Рамазон дар бозорҳои Қурғонтеппа

Иҷтимоъ 01.09.2009 15:30

Эшони Саидҷон, муфтии мусулмонони вилояти Хатлон дар намози ҷумъаи гузашта даъват кард, тоҷирони вилоят ба таври сунъӣ баланд бардоштани нарху навои маҳсулоти озуқаворӣ дар моҳи шариф ва мубораки Рамазон, ки моҳи хайр асту эҳсон, худдорӣ биварзанд. Муфитии вилоят гуфт: "Дар вилоят, ки имсол сатҳи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ назар ба солҳои гузашта афзоиш ёфтааст, ва аз ин рӯ набояд маҳсулоти дар минтақа тавлидшуда боло равад".

Роҳбари давлат низ барои таъмини дастархони мардум ба маводи ғизоӣ тайи чанд соли охир даҳҳо ҳазор га заминҳои пахтаро кам карда, дастур дода, ки дар ҷойи он кишту парвариши картошка, пиёз, полезию дигар маҳсулоти ниёзи мардумро зиёд намоянд.

Ба гуфтаи муфтии вилояти Хатлон, ҳамасола дар арафаи моҳи шарифи Рамазон дар бозорҳои вилоят нархи маҳсулоти ғизоӣ боло меравад. Ин дар ҳолест, ки дар тамоми кишварҳои мусулмонии ҷаҳон ба истиқболи ин моҳи муборак тоҷирон нархи маҳсулоти ғизоиро паст мефароранд. Ман бовар дорам, тоҷироне, ки аз файзу баракат ва савоби моҳи Рамазон бохабаранд дар ин моҳ арзиши маҳсулоти худро бо нархи пойин нафароранд ҳам, онро баланд намебаранд.

Эшони Саидҷон зимни маъвизаи хеш ҳамчунин аз дороҳо ва сарватмандони вилоят таклиф ба амал овард, ки хайру саховатро дар ин моҳи муборак барои табақаҳои камбизоати мардум фаромӯш накунанд. Ӯ афзуд: "Хайру садақа дар моҳи Рамазон беҳтарин садақа дар тамоми сол ба ҳисоб меравад".

Пас аз чанд рӯзи ин мавъизаи муфтии мусулмонони Хатлон аз Бозори тоҷирони маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа, ки дар ин шабу рӯз хеле гарм аст, боздид кардам.

Субҳи сешанбе. Бо вуҷуди он ки "боди афғонӣ" фазои шаҳри Қӯрғонтеппаро фаро гирифта, аммо бозори маводи ғизоӣ хеле гарм аст. Шурӯъ аз рӯзҳои аввали моҳи Рамазон нархи қанду шакар аз 3, 8 - 4 сомонӣ то 4, 5 - 5 сомонӣ боло рафтааст. Дар навоҳии атрофи шаҳр бошад, савдогарон нархи тарбузу харбузро ба маротиб баланд бардоштаанд.

Раҳмат Қурбонов, як устои сартарош дар бобати пешгирӣ аз болоравии нархи маводи ғизоӣ мегӯяд: "Мебоист, ки чанд рӯз пеш аз оғози моҳи Рамазон дар бозорҳо нишону овезаҳои пандомезро оид ба мавзӯъҳои адлу инсоф дар нарху наво, ҳалолу ҳаром, тозагӣ таъмин мекарданд. Ҳамчунин мебоист, ки тариқи расонаҳои хабарӣ оид ба пешгирӣ аз баланд бардоштани нарху навои маводи ғизоӣ таблиғот мебурданд. Аммо афсӯс, ки дар ин ҷода кор бурда намешавад. Ин ки баъзеҳо мисол меоранд, ки дар фалон кишвари мусулмонӣ дар моҳи Рамазон тоҷирон нархҳоро паст мефароранду мардум хайру саховатро зиёд мекунанд, ба сиёсати идеологии он кишвар вобастагии калон дорад".

Ба гуфтаи Қурбоналӣ Алимов, як харидор дар бозори шаҳри Қӯрғонтеппа, дар ду рӯзи охир нархи картошка низ аз 1, 4 - 1, 5 сомонӣ то 1, 7-1, 8 сомонӣ боло рафтааст. Хушбахтона, нархи дигар намуд маводи ғизоӣ, аз қабили равған 5, 5 - 6 сомонӣ, орд 1, 8 - 2 сомонӣ, тухм 60-70 дирам, нон 50 дирам то 2 сомонӣ тағйир наёфтааст.

Дар ин шабу рӯз бозори нишолофурӯшон гарм аст. Дар нисбат ба соли гузашта, имсол нархи нишоло гӯё боло нарафтааст, аммо ҳаҷми зарфҳои нишолофурӯшон майда шудааст.

Алиҷон, як аробакаши бозори Қӯрғонтеппа, ки маҳсулоти харидкардаи бештари мизоҷони худро то даруни "ошпазхона"-и онҳо бурда мерасонад, мегӯяд, ки дар рӯзҳои моҳи Рамазон мардуми миёнаҳол бештар пиёзу картошка, равғану қанди сафед харидорӣ менамоянд. Аммо ашхоси дорою сарватманд гӯшту мевагӣ, салату хӯришҳои гуногуну моҳӣ харид мекунанд. Ман - мегӯяд Алиҷон, - 17 сол дорам, се сол боз рӯза мегирам, аммо то охири моҳ қувват намекунам. Зеро аробакашӣ кори мушкил аст. Соли аввали рӯзагирӣ бемор шудам, қарз гирифта, табобат кардам. Боз 4-5 моҳ кор карда натавонистам. Аз ин рӯ, ду соли охир фақат се рӯзӣ дар аввалу мобайн ва охири моҳи Рамазон рӯза мегираму халос, Худованд бубахшад амалҳои моро.

Рустам, як нафар аз омӯзгорони мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ зимни сӯҳбати сари роҳӣ дар бозори Қӯрғонтеппа иброз дошт, ки дар моҳи Рамазон дар хӯроки шом шӯрбо, гоҳо макаронпалов ва дар саҳархӯрӣ ширчой истеъмол мекунанд. Барои оилаи мо - мегӯяд Рустам, - ширро аз деҳа аз хонаи модарарӯсам мефиристанд.

Хоҳари шафқат, ки худро Муқаддас муаррифӣ кард, гуфт, ки дар моҳи Рамазон бештар аз сабзию карам, биринҷу тухм ва гоҳҳо "табака" (гӯшти мурғ, ки назар ба гӯшти ҳайвонот арзонтар аст) хӯрок тайёр мекунанд.

Як нафар фурӯшандаи мағозаи хӯроквории шаҳри Қӯрғонтеппа, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, дар сӯҳбат бо мо иброз дошт, ки дар моҳи Рамазон бозори маводи хӯрока гарм аст. Харидорони асосӣ то назди мағоза мошинсавор меоянду бештар колбаса, нӯшоба, ҳавлою панир ва дигар маҳсулоти серғизо харидорӣ мекунанд. Бахусус, дар ин шабу рӯз шоколадҳои "Baunty", ки дер боз ба фурӯш намерафт, аз ҳисоби дороёни рӯзадор харидор пайдо кардааст.

Аммо ин ки ин рӯзадорони сармоядор ва тоҷирони аз файзи Рамазон "бурдбор" дар намози ҷумъа ширкат доштанд ё не, хабар надорем, магар ин ки мутмаинем онҳо ҳатман пойи телевизион хоҳанд нишаст ва беҳтар аст, ки аз воҷиботи ин моҳи пурфайзу пурсавоб ва андар саховати он тариқи ин телевизион, ки аз файзи пардохти молиёти ҳамин мардум фаъолият дорад, барномаҳо пахш шавад.

Вақте ин матлаб омодаи нашр мешуд, хабар ёфтам, ки тарабхонаҳои туркӣ ва ҳатто тарабхонаҳои кишварҳои ғайримусулмонии фаъол дар пойтахти кишварамон нархҳояшонро ба шарофати моҳи Рамазон пойин бурдаанд. Пас, айб дар мусулмонии худи мост, не?!


Ҷамолиддини САЙФИДДИН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97