SOS: ФАЙЗОБОДА ШАМОЛОШ ё "ПАШАҲОШ" Ё ҳуҷуми пашаҳо ба хони мардуми Файзобод

Иҷтимоъ 14.07.2009 15:12

Тӯли як моҳ мешавад, ки дар ноҳияи Файзобод пашаи зиёд пайдо шудааст ва бар сари хони мардум ҳуҷум мекунанд. Банда, ки моҳе боз барои таътил ба зодгоҳ омадаам шоҳиди ин аҳвол мебошам. Аслан дар деҳаҳои Меҳробод, Устошамс, Қошқарӣ, Лолагӣ ва тақрибан дар тамоми ноҳия ҳуҷуми ин ҳашароти "хира" ба назар мерасад, ки мардум аз онҳо ба дод омадаанд ва мутаассифона роҳи гурез аз онро надоранд. Дастархонро кушодан замон тӯда-тӯда пашаҳо пайдо мешаванд ва бар тановули хӯроки мардум шарик мешаванд.

Миқдори он беҳад зиёд аст, ки ба истифода аз "пашазанак"-и тоҷикию дигар усулҳои несткунандаи ихтироъи мардумӣ онҳоро нобуд кардан ғайри имкон аст. Гӯё, ки ягон фабрика ё заводи истеҳсолкунандаи паша дар ин минтақа вуҷуд дорад, ки ҳатто дар ҳавои кушод, яъне дар саҳро миқдори зиёди пашша ба назар мерасад. Чун мардум дар мавсими ҷамъоварии алаф барои зимистонгузаронии чорпоҳояшон дар саҳро қарор доранд, ин баръало ба мушоҳида мерасад. Рӯзе мо низ дар саҳро машғули алафдаравӣ будем. Чун нисфирӯзӣ фаро расид, хостем хӯрокро дар ҳамон ҷо бихӯрем, аммо дар ҳамон саҳрои кушод ҳам, миқдори аз ҳад зиёди пашаҳо ҷамъ омаданд ва дар ҳар луқмаи мо "нӯл" мезаданд. Маълум нест, ки сабаб дар чӣ аст, ки имсол дар ин ноҳия миқдори ин намуди ҳашарот бениҳоят зиёд шудааст. Чунин ҳолати ҳамлаи пашшаро ҳатто аз солхӯрдагони ноҳия касе дар ёд надорад.

Табиист, ки паша хислати ба ҳар чизи аз наздаш баромадаи каме намӣ дошта, майли нишастанро мекунад. Шояд дар наздикии маҳали зисти мардум ягон ҷасади мурдаи ҳайвоне хобида бошад (ба қавли мардум "лос") дар он нишинад ва ё дар ахлотҳо нӯл зада, сипас ба луқмае, ки инсон бояд фурӯ барад, менишинанд. Албатта, инсон кӯшиш мекунад, ки онҳоро аз худ дур созад, аммо ин имкон надорад ва хоҳ нахоҳ ба таоми ту менишинанд.

Ин ҷост, ки ин пурсиш ба миён меояд, ки оё ин ҳолат ба сиҳатии мардум таҳдид намекунад ва мардумро гирифтори бемориҳои сироятӣ намесозад? Вале чаро масъулини ноҳия ва беҳдоштӣ дар ин маврид чорае намеандешанд?

Сабаби пайдоиши миқдори зиёди пашаҳоро хостем аз шоҳидони ҳол бипурсем, ки чист. Аксарияти мардуми деҳаҳое, ки дар боло зикрашон рафт, бар он назаранд, ки сабаби зиёд шудани пашаҳо ин корхонаи муғпарварии "Мурғи ҳилол", ки дар ноҳияи Файзобод ва дар деҳаи Лолагӣ ҷойгир аст, ба шумор меравад. Ба ақидаи мардуми ин деҳаҳо дар ин корхона, ки ба деҳаҳои онҳо ҳамсарҳад аст, устухонҳои дигар ҳайвонҳоро оварда, қима мекунанд ва ба мурғҳо медиҳанд. Шояд қисмате аз онҳоро ба партовгоҳҳо мепартоянд ва ахлоти мурғҳоро низ ба партовгоҳҳо мепартоянд ва аз ин рӯ имконияти зиёд шудани пашаҳо мумкин аст.

Мардум дақиқан ин корхонаро дар ҳуҷуми аз ҳад беши пашаҳо ба хонашон гунаҳкор карданӣ нестанд, аммо якчанд далеле оварда мешавад, ки ин корхонаро муқассир медонанд:

Якум. Чаро солҳои пешин, яъне қабл аз ба фаъолият шурӯъ кардани ин корхона миқдори пашаҳо ин қадар зиёд набуд, агарчӣ ин намуди ҳашарот вуҷуд дошт?

Дуввум. Чаро дар мавзеъҳое, ки аз ин корхона дуртар воқеанд, ин миқдор паша ба назар намерасад, масалан дар шаҳри Ваҳдат?

Албатта, ин тахминҳои мардум ҳастанд, ки ҳадс мезананд ва шояд ҳам асосе надоранд, аммо далелҳои овардаашон мантиқӣ ба назар мерасад, ки ҷойи фикр кардан дорад. Ва бояд ба он андешид, ки барои ислоҳи вазъ чӣ бояд кард?

Аввалан масъулини ҳукумати ноҳияро зарур аст, ба ин мушкил ҳарчӣ зудтар расидагӣ кунанд ва решаи пайдоиши ин мушкилро пайдо кунанд. Ҳамчунин ҳарчи зудтар барои пеши роҳи ҳуҷуми ин навъи ҳашарот гирифта бишавад, зеро ин метавонад ба саломатии мардум таъсири бад гузорад. Дигар бояд роҳбарияти корхонаи "Мурғи Ҳилол" дар мавриди безараргардонии партовгоҳҳояш чора биандешад ва агар сарчашмаи зуҳури ҳуҷуми паша ин корхона нест, мардумро мутақоид бисозад, ки чунин нест.


Хушбахти НАЗРУЛЛО
аз ноҳияи Файзобод
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97