Иҷтимоъ

«БОМБА» ДАР ҚУБОДИЁН   ё хатари маънавӣ дар ҷануби Хатлон 27.02.2010 15:19 «БОМБА» ДАР ҚУБОДИЁН ё хатари маънавӣ дар ҷануби Хатлон
ҚУБОДИЁНИ "МАХУФ"? Ноҳияи Қубодиён ягона аз навоҳии Хатлон ба ҳисоб меравад, ки бозори марказии он дар рӯ ба рӯйи ҳукумати ноҳия воқеъ аст. Ин имкон медиҳад, ки масъулин ҷуссаҳои худро аз курсиҳо ....

БАРХӮРД 10.02.2010 13:31
Собиқадорони лашкари Шӯравӣ дар Афғонистон дар ҳузури "Миллат" Давоми ҳафтаи гузашта се рӯзи пайдарпай гурӯҳҳои ҷудогонаи интернатсионалистони собиқадори Тоҷикистон, ки дар солҳои ҳаштодуми садаи гузашта дар Афғонистон хидмати аскарӣ анҷом додаанд, ба дафтари нашрияи "Миллат" омаданд. Онҳо аз нашри як назарпурсии "Миллат" дар бораи амалиёти низомии неруҳои Шӯравӣ дар Афғонистон ....
НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ ШАҲРӢ НАШУД, ЧАРО? 01.02.2010 13:53
АСРОРИ ИН РОҲРО НА ТУ ДОНИВУ НА МАН… Дирӯз ва ҳам имрӯз дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон нақлиёт яке аз проблемаҳои муҳим барои мардум ба ҳисоб меравад. Дар замони Шӯравӣ нақлиёт, ба хусус нақлиёти шаҳрӣ бо як танзими вижа ба ҷойҳои муайяншуда ҳаракат мекард. Вале мутаассифона бо шикасти Шӯравӣ анъанаҳои ....
ШЕРИ РОҲ КУҶО ШУД? 22.01.2010 15:10
Бештари мардуми пойтахт, хоҳ ронанда бошад, хоҳ пиёдагард, ӯро мешиносанд. Нозири роҳе бо мӯйлабҳои дароз ва маҳорати хуби идораи ишорачӯб, ки дар барфу борон ва гармову сармо дар роҳҳои шаҳри Душанбе адои вазифа мекард. Воқеан ҳам аз ӯҳдаи кораш ба хубӣ мебаромад. Ҳар вақт чароғакҳои роҳ аз кор мебароянд ....
МАРДИ ТОҶИК АРОБАКАШУ "БАЧА" ШУД. ЧАРО?! ё бадбахтии муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия 21.01.2010 14:35
МАШАҚҚАТИ ТОҶИК ДАР МУҲОҶИРАТ Меҳнати сангин ва азобу машаққати тоқатфарсои теъдоди зиёди муҳоҷирини тоҷик дар Русия ба гунаест, ки таҳаммули он барои дигар ақвому миллатҳо ба гумон аст. Ба иловаи ин тақрибан ҳар ҳафта дар матбуот хабари нохушу дилхароше дар бораи қисмати талхи ватандорони муҳоҷирамон мехонем. Ба монанди; тоҷикеро саркале, ....
РАҲМАТ, ШЕРАЛӢ ХАЙРУЛЛОЕВ! ё марги сарбоз ва латукӯби наздикони ӯ дар Восеъ 12.01.2010 13:54
ИТТИЛОИ РАСМӢ Тибқи иттилои Икром Зоиров, муовини додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб шаби 31-уми декабр, тахминан соати 21:30 дақиқа, хизматчиёни қисми ҳарбии 13 483-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Гадоев Сайдаҳмад, Рафиев Баҳодур (майор) ва сарбозони қаторӣ Тешаев Комрон ва Ҷонқобилов Нуриддин бо мошини сабукрави майор Гадоев аз хоҷагии ёрирасони ин қисм воқеъ ....
ЗИЛЗИЛАИ СЕСОЛА ДАР ВАНҶ Ё чаро Ванҷ дар як шабурӯз 115 бор меҷунбаду масъулон 1 бор не 08.01.2010 17:20
Субҳи 2 январи тақрибан соати 7:25 дақиқа аз зодгоҳи банда, ноҳияи Ванҷ занги телефон шуд, ки падару модари азизам буданд ва дар мавриди заминларзаи шадид ба ман иттилоъ доданд. Дар воқеъ ҳаросу эҳсоси ҳарфзадани онҳо то ҷое буд, ки маро низ дар изтиробу ҳайратзада карданд. (И.С.) Дар ҳамон замон ....
ПАЙОМАДҲОИ ЗАМИНЛАРЗА ДАР ВАНҶ 08.01.2010 15:30
02.01.2010 Соати 07:15   Заминларза бо шиддати 5,1 дараҷаи Рихтер ноҳияи Ванҷро такон дод. Дар натиҷаи заминҷунбӣ ду шаҳрванд захмӣ ва 17 чорво талаф шуда, даҳҳо манзили истиқоматӣ, як бинои дуошёнаи иборат аз 12 хонаи истиқоматӣ, 13 симчӯби интиқоли барқ, сохтмони дармонгоҳ ва бинои нозироти андози ноҳия харобу валангор гашт. Илова бар ин, ....
ЧАШМ БА РОҲИ БОБОИ БАРФӢ ВА АРЧАИ СОЛИНАВӢ 31.12.2009 15:25
Замони мактабхонӣ ҳамроҳ бо ҳамдарсонам ҳар сол якчанд рӯз пеш аз шурӯъи соли нав мунтазири овардани дарахти сабзи арча ба дохили мактаб мешудем. Мунтазир мешудем, ки кай арчаро меоранду онро бо ороишоти солинавӣ рангоранг мекунанд ва Бобои барфӣ бо риши пахагинаш дар саҳна чарх мезанад. Сипас бо интизори таҷлили ....
ТЕЛФУНИ БИБИ - ҶАВЛӢ, "ТЕРРОРИСТ"-ҲОИ НАВРАС ВА "МОГИЛЬНИК"-ҲОИ МАКТАБҲО 29.12.2009 14:20
КАМПИРҲОИ ПЕШРАФТА Инак соли 2010 фаро мерасад. Соли пешомадро Президенти кишвар соли илму маориф ва фарҳанги техникӣ эълон кардааст. Агар ҳамин фарҳанги техникии мо дар доираи доштани телефонҳои мобилию ҳаҷми маблағҳои сарфнамудаи аҳолӣ барои телефонҳои дастӣ баҳо дадо мешуд, бешубҳа мо метавонистем бигӯем, ки соли илму маориф ва фарҳанги техникиро ....
"РОҒУН" РАСУЛРО БА ВАТАН ОВАРД Ё ҲАСАН АСАДУЛЛОЗОДА?! 26.12.2009 20:03
Хабаре, ки дар миёни "Роғунгузоришот"-и ахири расонаҳои расмии давлат бештар ҷило дошт, ин "2000 сомонӣ кӯмаки дзюдочӣ Расул Боқиев ба Ниругоҳи барқи обии Роғун" буд. Ин ҳам пас аз он ки дар чанд моҳи ахир наворҳое аз лаҳазоти қаҳрамонии ин паҳлавон аз пардаи телевизион ва номи ӯ аз сафҳаи ....
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97