Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

САРНАВИШТИ БА МАРГ АНҶОМШУДАИ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК

Гумшудагон 03.12.2010 13:06
«Ба вақти захми охирин кӣ буд такядори ту?...»
Чанде қабл идораи ҳафтаномаи «Миллат» аз Бунёди Тоҷикистон дар шаҳри Маскав номаи электронӣ омада буд, ки дар он ҷиҳати дарёфти наздикони як шаҳрванди номаълум, эҳтимол мерафт шаҳрванди Тоҷикистон бошад ва дар яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав беҳуш ва дар ҳолати хеле сахти беморӣ қарор дошт, дархост мешуд. Нашрияи «Миллат» барои дарёфти наздикони шаҳрванди мазкур ҳам дар сомона ва ҳам дар нашрия эълон интишор дод, ки саранҷом хабари пайдо шудани наздикон ва шахсияти худи ҳамин шаҳрванд ба мо аз ҷониби Бунёди Тоҷикистон тариқи як ташаккурномаи хеле пурсӯзи электронӣ расонида шуд.

Дар мактуби Бунёди Тоҷикистон, ки дар зер оварда мешавад, зикр гаштааст, ки ин нафар шаҳрванди Тоҷикистон Раҳимов Алишер будааст, ки мутаассифона дар ҳолати беҳушӣ ҷон додааст. Идораи нашрияи «Миллат» аз марги фоҷиабори ин ҳамватани муҳоҷирамон, ки шояд сарнавишти марги мармузи ҳазорон ҳамватани муҳоҷири дигарамон такрор шуда бошад, изҳори ҳамдардӣ намуда, ба наздикону пайвандони марҳум аз Худованд сабри ҷамил мехоҳад. Инчунин бар асоси баъзе овозаҳо гӯё марҳум 4 сол пеш аз хидмати аскарӣ фирор карда бошад. Аммо кӯшишҳои «Миллат» ҷиҳати таъйиди ин факт натиҷа надод. Аз ин рӯ ҳафтаномаи «Миллат» аз мақомоти масъул, хусусан Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дархост мекунад, ки ҷиҳати таъйиди ин факт мавқейи худро баён кунанд.

«Миллат»


НОМАИ СИПОС БА «МИЛЛАТ»


Редаксияи азиз!

Ташаккури бисёр барои мусоидат дар ҷустуҷӯйи дарёфти хешу табори шаҳрванди номуайяни институти «Ёрии таъҷилӣ»-и ба номи Н.В. Склифосовский. Бо шарофати эълони Шумо хеле зуд наздикони ин шаҳрванд пайдо шуданд ва муайян шуд, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон-Раҳимов Алишер будааст.

Мутаассифона таҳқиқоти инфиродии ҳуқуқшиноси созмони мо (Юлдошев Р.) дар мавриди тавзеҳи сабабҳо ва ҳолати ҳодиса бо иштироки Раҳимов Алишер натоиҷи қонеъкунанда надод. Мутаносибан дар доираи ёрии башардӯстонаи духтури ташкилоти шарики мо – ташкилоти байналмилалии ФОКУС ҳамарӯза дар ҷараёни барқарор кардани ҳушу хотираи Раҳимов Алишер иштирок кард. Бо изҳори ҳамдардии амиқ Раҳимов ба ҳуш наомад ва дунёро тарк кард. Хазинаи Тоҷикистон ба наздикони Раҳимов Алишер ҳамдардии амиқ баён мекунад.


Раёсати Бунёди Тоҷикистон, ш. Маскав
©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97