ХАБАР

Ҷашнвораи сулҳи сафирони ҷавон дар Душанбе

Фарҳанг ва адаб 07.11.2018 17:33

Душанбе мизбони ҷашнвораи сулҳ

Бо ташаббуси Муассисаи рӯзномаи «Миллат» дар ҳамкорӣ бо Муассисаи байналмилалии “Медиотек-Афғонистон” рӯзи 25 октябри соли 2018 дар театри давлати академии ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе даври сеюми “Фестивали сулҳ, ҳамгироии минтақавӣ ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ” доир гардид. 

 

Дар ҷашнвора баъди ҳамоиши тантанавӣ, ки аз суханрониҳои намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, сафирон ва дипломатҳои муқими Тоҷикистон, сафирони ҷавони се кишвар, намояндагони ҷомеъаи маданӣ, ниҳодҳои академӣ ва донишгоҳҳо иборат буд, овозхонон ва навозандагони се кишвар – Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон консерти муштарак иҷро карданд.

Дар канори инфаровардаҳо ва тавлидоти Тоҷикистон ба ҳайси кишвари мизбон дар қолаби ҳунарҳои дастӣ, муди либос, осори таърихӣ ва ҷавоҳирот, наққошиҳо, китобҳо ва интишорот дар пайванд ба сулҳ, ҳамгироӣ, масоили иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва расонаӣ ба намоиш гузошта шуд.

Сулҳ баҳорест, баҳор оварад...

Ин севумин ”Ҷашнвораи сулҳ ваҳамгироии минтақаии сафирони ҷавони Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон” буд, кипас аз Кобул ва Исломбод дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Аксарияти суханронони ҷашнвораи сулҳи Душанбе ба он таъкид доштанд, ки дироят, мавзеъгирии ҷавонон барои фароҳамоварии сулҳ дар минтақа бениҳоят муҳим ва муассир аст. 

Адолати Мирзо, сардабири нашрияи “Миллат” ҷашнвораро ҳусни оғоз бахшида бо хайра мақдами меҳмонони иззатманд ва иштирокчиёни ҳамоиш ҳадафи барпоии ҷашнвораро дар шаҳри Душанбе, ки лақаби “Шаҳри сулҳ”-ро касб кардааст, баён дошт. Ӯ афзуд, "мо дар инҷо ба хотире ҷамъ шудаем, то аз сулҳ бигӯем, бахусус аз сулҳи Тоҷикистон, ки улгуи хубе дар минтақа аст".

Ба таъкиди Адолати Мирзо, баргузории ҳамчунин ҳамоишҳое бо ҳадафи табодули таҷрибаи созанда ва сулҳофарӣ сурат мегирад. Ба хусус ҷалби ҷавонон, ки нируи аслӣ ва пурэнержии як ҷомеа шинохта шудааст, ба прусаи сулҳ, маҳз ба хотири ҳарчӣ зудтар расидан ба сулҳу оромӣ дар минтақа аст. Ӯаз сафирони ҷавон хост, ки ба унвони як сафир дар ҷиҳати ҳамгироии минтақаӣ ва рушди ҳунар дар кишварҳои хеш ва минтақа талош намоянд.

Абдулло Расулӣ, ҳамоҳангсози барномаҳои“Медиотек Афғонистон” низ зимни ифтитоҳи ин ҷашнвора гуфт, аз суи Ҳукумати Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018, бо барномаҳои “Медиотеки Афғонистон” тавъам уфтод ва сабаб шуд, то яке аз ҷашнвораҳои сулҳ ва ҳамгироӣ маҳз дар Тоҷикистон, ки тавониста дар кутоҳмуддат ба сулҳ даст биёбад, баргузор шавад.

Ӯ дар бораи аҳдофи ҷашнвораҳои сулҳ гуфт, ки ҳадаф аз баргузории ҷашнвораҳо ҳамоно фарогирии маҳоратҳои навини раҳбарӣ, музокира ва саҳмгирии мустақими ҷавонон дар эҷоди шабакаи фаъоли минтақаӣ дар миёни ҷавонон мебошад.

Абдулло Расулӣ гуфт, "равобити дӯстонаи фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ миёни кишварҳои минтақа сабаб мешавад, ки мо ба пешрафт ва инкишоф даст ёбем. Аз ин рӯ бо баргузори чунин барномаҳое талош менамоем, ки даричаҳои гуфтумонҳои боз ва эҷоди шабакаҳои машваратӣ миёни ҷавононро тасҳил намоем ва дар ниҳоят битавонем робитаҳои некро нигаҳ дорем то боварҳо ва гумонҳои ғалате, ки нисбат ба мардумони кишварҳои ҳамсоя вуҷуд дорад аз миён бардошта шавад".

Дар ҷашнвора Масрур Абдуллозода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид бамасъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,Зевар Давлатзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, ҷаноби Нидерҳуфр Висенг, сафири Олмон дар Душанбе, ҷаноби Ториқ Иқбол, сафири Покистон дар Душанбе, ҷаноби Сайид Маъсуми Бадахш, сарпарасти Сафорати Афғонистон дар Душанбе, Ширин Амонзода, муовини раиси Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доктор Қосимшоҳ Искандаров, раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистон ва Афғонистон суханронӣ карданд. Онҳо бар аҳамияти таҳкими сулҳу субот дар минтақа таъкид доштанд, зеро ба бовари онҳо пешрафти кишварҳои минтақа маҳз бо ором будани вазъ дар ин қаламрав вобаста аст.

Масрур Абдуллозода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа зимни суханронӣ аз минбари ин ҳамоиш, баргузор шудани ин ҷашнвораро дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”-и Тоҷикистон як муносибати нек донист ва онро дар ҷиҳати таҳкими арзишҳои фарҳангӣ дар минтақа бо аҳамият унвон намуд.

Ӯ гуфт, ки рушд ва тараққии кишварҳо ба сулҳу суботи минтақаӣ ниёзманд аст: "Ваҳдат ва сулҳи Тоҷикистон ба кишварҳои минтақа ва ҷаҳон нишон додааст, ки метавон ҷанг ва низоъро аз тариқи гуфтугӯ ва сулҳ ҳал намуд ва байни гуруҳҳо ҳамдигарфаҳмиро эҷод кард”.

Зевар Давлатзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон зимни суханронии худ дар робита ба сиёсати фарҳанги кишварҳо суҳбат намуда гуфт: ”Имрӯза тарғиби меросҳои фарҳангӣ яке аз мавзуъоти сиёсати хориҷии кишварҳоро ташкил медиҳад ва фарҳанг дар муносибатҳои байналмилалӣ нақши худро дорад. Фарҳанг, муноқишаҳоро аз байн мебарад ва пули дӯстиро миёни миллатҳо месозад”.

Ҷаноби Нидерҳуфр Висенг, сафири Олмон дар Душанбе бо суханронӣ дар ин барнома хитоб ба иштирок кунандагони ин ҷашнвора гуфт, ки "шумо ба хотири сулҳи минтақаӣ дар инҷо гирдиҳам омадаед ва давлати Олмон низ дар тӯли 30 соли гузашта ба хотири сулҳи минтақаӣ талош намудааст".

Ба бовари сафири Олмон, ҷавонон дар гоми нахуст талош намоянд, ки як ҷомеаи мадании қавиро дар кишварҳояшон бавуҷуд оваранд. Сипас масъулияти онон ин хоҳад буд, ки набояд аз тариқи ҷомеаи мадании худ хабарҳои ғалат ва нодурустеро, ки сабаби барҳам хӯрдани равбити як миллат бо миллати дигар мешавад, ба нашр бирасонанд.

Ин дипломати олмонӣ аз муассисаи“Медиотеки Афғонистон”, муассисаи рӯзномаи “Миллат” бобати доир кардани ҷашнвораи сулҳ ва ҳамгироии минтақаӣ изҳори сипос ва қадрдонӣ кард, афзуд, ки кишвари Олмон мутааҳҳид ба сулҳ аст, ончуноне ки аз солҳои мутамоди муассисаи “Медиотек”-ро дар қисмати доир кардани барномаҳои сулҳпарварӣ дар минтақа ҳимоят намудааст.

Ҷаноби Сайид Маъсуми Бадахш, сарпарасти Сафорати Афғонистон дар Душанбе, баргузории чунин нишастҳои фарҳангиро ба манзури тарвиҷ намудани арзишҳои сулҳ дар минтақа бо аҳамият дониста таъкид дошт, ки "дар мавҷудияти сулҳ, мо метавонем ба аҳдофи худ бирасем ва дар ин миён нақши ҷавонон дар наздикии миллатҳо муҳим мебошад".

Ӯ аз пружаҳои иқтисодӣ ва барномаҳои муштараки фарҳангии Афғонистон ва Тоҷикистон ёдовар шуд ва аз ин кишвар бобати ҳимоятҳои ҳамешагиаш бо Афғонистон дар бахшҳои иқтисодӣ, амниятӣ, энержӣ ва суҳулатҳои тиҷоратӣ изҳори сипос ва қадрдонӣ намуд.

Ҷаноби Ториқ Иқбол, сафири Покистон дар Душанбе, аз мубтакирони ин ҷашнвора сипосгузорӣ карда гуфт, ки аксарияти нуфуси кишварҳои Покистон, Тоҷикистон ва Афғонистонро ҷавонон ташкил медиҳад. Аз ин рӯ нақши ҷавонон дар сулҳ ва суботи минтақа муҳим буда ва ин гуна барномаҳо ҷавононро боҳам наздик месозад.

Ширин Амонзода, муовини Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон баргузории ҷашнвораи сулҳи сафирони ҷавони Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистонро бо “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” иқдоми нек донист ва аз талошҳои ҷавонони ин кишварҳо ба хотири тарвиҷи арзишҳои сулҳпарварӣ миёни кишварҳояшон қадрдонӣ намуд.

Ӯ афзуд, дар ҳоли ҳозир аз шаҳри Душанбеи Тоҷикистон ба унвони “Шаҳри сулҳ” дар миёни даҳ кишвари Иттиҳоди кишварҳои ҳамсуд ёд мешавад. Бинобарин сайёҳон ва сафирони ҷавон рисолат доранд, ки паёмҳои сулҳофаринӣ ва сулҳпарвариро ба кишварҳояшон бибаранд. Доктор Қосимшоҳ Искандаров, раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистон ва Афғонистон ба унвони охирин суханрони ин барнома дар пайванд ба фаъолиятҳои муштараки фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон тайи шаст соли гузашта сухан гуфта, афзуд, ки кишварҳои минтақа бояд барои таъмини субот дар Афғонистон мусоидат намоянд. Ӯ ҳамгироии минтақаиро барои овардани сулҳу субот дар Афғонистон муҳим донист ва аз сафирони ҷавони ин кишварҳо хост, ки бо тафаккури нав роҳро ба суи сулҳ ва ҳамгироии минтақаӣ боз намоянд.

Раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистон ва Афғонистон таъкид дошт, ки таҷрибаи раванд ва музокираи сулҳи Тоҷикистон бо мухолифони сиёсии ин кишвар улгуи хуб дар минтақа аст ва бояд аз таҷориби он дар бавуҷуд овардани сулҳ истифода намоем.

Паёми сафирони ҷавони сулҳ

Намояндагони сафирони ҷавони Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон перомуни аҳамияти баргузории ҷашнвораҳои сулҳ дар ростои тақвияти сулҳ ва ҳамгироии минтақаӣ суханронӣ карда, аз таҷрибаҳои нишастҳои қаблии барномаи сафирони ҷавон гуфтанд. Ба таъкиди онон, ҷавонон метавонанд нақши калидиро дар ҳали мунозиъоти минтақа бозӣ кунанд.

Бахтовар Юсуфӣ, сафири ҷавон аз Тоҷикистон, зимни суханронии қолабшикани хеш, ки минбарро макони гуфтугӯ қарор надод ва давродаври саҳна роҳравон ба сухан гуфтан оғоз кард, ба ҳозирин паём дод, ки ҷавонони навовару бодониш қодир ба ҳар кори муассир дар самти рушди минтақаӣ ҳастанд. Ӯ бо сипосгузорӣ аз Муассисаи рӯзномаи «Миллат», муассисаи «Медиатек Афғонистон» ва ниҳодҳои ҳамкори онон гуфт, ки бояд барои ҷавонон дар равандҳои сулҳ ва оштӣ нақши бештаре дода шавад то аз мафкураи онон дар инкишофи барномаҳои сулҳпарварӣ истифода гардад.

Дар ин ҷашнвора Санавбар Акрам, сафири ҷавон аз Покистон аз арзишҳои мушобеҳи иҷтимоӣ дар миёни кишварҳои Покистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ёдовар шуд. Ин сафири ҷавон ҳамчунин гуфт, ки ҷавонони ин кишварҳо бо баргузории чунин нишастҳои фарҳангӣ метавонанд пулҳои тозаи дӯстӣ ва муҳаббатро дар минтақа бавуҷуд биоваранд ва аз фарҳангу урфҳои якдигар бештар биёмӯзанд.

Фараҳноз Мустафавӣ, сафири ҷавон аз Афғонистон, зимни ёдоварӣ аз аҳдофи барномаи сафирон хитоб ба иштирокчиёни ин ҷашнвора гуфт: «Ин барнома пулест миёни мардум то зебоиҳоро шарик созанд. Аз шикаст бархоста ва дар шикаст нишастаҳои Афғонистон, фарёди наслҳои дар трожедӣ таваллудшударо ба гӯши дигарон ва берун аз марзҳо мерасонад».

Ӯ афзуд: « Мо аз муштаракот мегӯем, аз забони муровида мегӯем, ки шеъри Иқболро мани афғон ва туи тоҷик мефаҳмӣ, он теҳронӣ ва ин покистонӣ. Аз инрӯ, сафирони сулҳ паёмовар ва ёдовари ин тамомияти зебоӣ аст, то гулҳои дами роҳро барои якдигар фарш, садои муштараки инсоният ва зебоиро баланд кунанд”.

Мусиқӣ марз намешиносад

Бахши дуввуми ҷашнвора иҷрои мусиқӣ тавассути ҳунармандон ва овозхонони се кишвари Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон бахше аз ин ҷашнвораи сулҳ буд. Паёми ин бахш ба он маъно буд, ки мусиқӣ ва арзишҳои муштараки фарҳангӣ метавонад дар тақвияти равобити сулҳомез миёни миллатҳо муассир воқеъ шавад.

Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора Парвин Муҳаммадёр, Фирӯз Палаев, Фотимаи Машраб, Зайнура Пӯлодӣ ва Беҳрӯз Мирзоев, ансамбли рақсии «Лола» муаррифӣ карданд.

Овозхонон ва навозандагони Афғонистон, Гудар Зозай, Фарзона Ноз, Ҷовид Хушнуд ва гуруҳи мусиқии маҳаллӣ Тоҷмуҳаммад Чоҳобӣ толори зебои фестивалро бо иҷрояшон пуршону шавкат карданд.

Ба намояндагӣ аз Покистон, гуруҳи мусқии маҳаллӣ устод Наимуллоҳхон Таврӣ ва Башаро Бибӣ базмороӣ намуданд.

Колексияи тарҳҳои офаридаи мудсози тоҷик Хуршед Сатторов таҳти унвони «Роҳи абрешим» бо ширкати зебосанамони тоҷик нуре тоза ва пурҷило ба саҳнаи маҳфили сулҳ бахшид.

Иштироккунандагони ин ҷашнвора дар канори тамошои намоиши муд ва консерт аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон боздид карданд.

Рӯзи дувуми ҷашнвора, аз сайри ниругоҳи барқи обии Норак оғоз шуд, меҳмонон аз манзараҳои зебои онҷо акс гирифтанд.

Сафирони ҷавони Афғонистон ва Покистон дар шоми ҳамон рӯз аз сафоратхонаҳои кишварҳояшон дар шаҳри Душанбе дидан намуданд ва аҳдофи барномаи сафирони ҷавонро бо кормандони дипломатии ин сафоратхона шарик доштанд ва аз ҳамкориҳои сафоратхонаҳояшон зимни баргузории ин ҷашнвора барои дарёфти визо сипосгузорӣ карданд.

Мароми сулҳ ва ҳамгироӣ

Ҷашнвораҳои сулҳ ва ҳамгироии минтақаӣ,  бахши муҳимме аз барномаҳои сафирони ҷавони Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистонаст. Даври аввал ва дувуми ҷашнвора дар Кобул ва Исломобод ва севумин ҷашнвораи сулҳи сафирони ҷавон дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд. Ин ҷашнвораи сулҳ ва ҳамгироии минтақаии сафирони ҷавони Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон аз сӯи вазорати хориҷаи ҷумҳурии федеролии Олмон ҳимояти молӣ мешавад.

Армуғони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Баргузории се даври ҷашнвораи сулҳ дар пойтахтҳои се кишвари Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон бо ширкати ҳунармандон ва сафирони ҷавони ин се кишвар нишон дод, ки зарфиятҳои зеҳнии ҷавонони ин кишварҳо камтар аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нест. Танҳо дастгирӣ ва ташвиқи ин ҷавонон метавонад, нируи зеҳнии онҳоро дар амри ободӣ ва пешрафти кишварҳояшон мавриди истифода қарор бидиҳад.

Бозёфтҳое зиёде дар раванди баргузории ин ҷашнвораҳо кашф шуд, ки дар мақолоти баъдӣ аз онҳо хоҳем гуфт, ба хусус истиқбол ва иззати ғайри мунтазираи ҳайъати Тоҷикистон аз суи намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Покистон, ҳунарнамоии ҳирфаии овозхонони тоҷик дар саҳнаҳои кишварҳои хориҷӣ, бо забонҳои кишвари мизбон ҳунарнамоии бонувони овозхони мо, суханронӣ ва овозхонии Парвин Муҳаммадёр бо забони урду ва ғиреви ширкаткунандагони ҷашнвораи сулҳ дар Исломобод аз ғазалсароии ӯ шоистаи таъкид мебошад.

Дар фароварди ҷашнвора, Адолати Мирзо, сардабири “Миллат” аз номи муассисаҳои ташаббускори фестивал ба мақомоти зидахли кишвар, ки дар баргузории ҷашнвораи мазкур мусоидат ва ҳамкорӣ намуданд, қадрдонӣ кард. Ӯ аз ҷумла аз ҳамкории Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати фарҳанг, Кумитаи рушди сайёҳӣ, ёдовар шуда, таъкид намуд, ки таъмин ва таҷҳизи техникии ҷашнвораи мазкур бо кумаки бедареғи шаҳдории Душанбе амалӣ шуд. Ӯ аз шаҳрдори Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ намуда, гуфт, ки роҳбарияти шаҳр ва мутахассисони техникии шаҳрдорӣ дар муддатикутоҳ ба дархости мо ҷиҳати таъмини техникии ҷашнвора посух гуфтанд.

Умедворем, баргузории ин Ҷашнвора дар соли равон, ки аз сӯи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълом шудааст, ҷиҳати боло бурдани мавқеъи кишвари азизамон Тоҷикистон ва тарғиби имкониятҳои ҷаҳонгардии он муҳим воқеъ хоҳад шуд.

Лола Раҳимова, сафири ҷавони сулҳ, Тоҷикистон

 

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97