Сӯгворӣ

Фарҳанг ва адаб 08.11.2017 16:41

Дар сӯги устоди азизам, Худоӣ Шарифӣ, Ин мисраҳоро дар субҳи 30.10. 2017 навишта будам, вале ба ростӣ фикр кардам, ки арзиши устодро надорад, бинобар ҳамин ба мавқуф гузоштамаш, ҳоло пешкаши хонандагони гиромӣ мекунам... 

Он маърифатафрӯзи хирад аз сари мо рафт, 
Он маърифатомӯзи адаб аз бари мо рафт. 

Он нури таҷҷалишуда, ки нури худо буд.
Бо азми вафо, меҳру вафо, сӯи сахо рафт. 

Он нури умед аз сари мо рафт ба ҷовид, 
Он ҷони муқаддасшуда аз теғи қазо рафт. 

Уммеди дили ман ва чу манҳо буду афсус, 
Бо тири қазо, қалби сафо сӯи само рафт. 

Он кони хирад, манбаи ойини худованд,
Бо зикри худо, рафт зи мо, рафт зи мо рафт. 

Бо ҷумлаи асрори ниҳоне, ки ба дил дошт, 
Хуршеди заринбол зи кӯву сари мо рафт. 

Навмед бимондем ба ин олами ғурбат, 
Саршор ба даргоҳи Худо мурғи Ҳумо рафт. 

Аз даст бидодем дил, аз пой фитодем, 
Шаҳбози сухан зуд чу аз минбари мо рафт.

Афсусу дареғи тани маҳбубу шарифаш, 
Андар дили мо ҳаст агар, аз бари мо рафт. 

Он дурри насуфта зи садаф ҷаста раҳоӣ,
Шаъну шарафи илму адаб рафт, зи мо рафт... 

30.10. 2017, Маскав

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97