Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Тимсоли Худо бар турбати Инсон

Фарҳанг ва адаб 29.05.2017 11:39

Унвони аҷиб ва мармузи ин матлаби мухтасар воме аз Устод Муъмин Қаноат аст. Баргирифта аз фасли оғози достони «Суруши Сталинград». Устод муҷассамаҳои ёдгорӣ бар сари қурбониёни ҷангро чунин ташбеҳ карда аст. Ҳамон муҷассамаҳое, ки имрӯз дар ҷанги савуми ҷаҳонӣ, иттилоъотӣ ва фарҳангӣ буруз карда ва рӯз то рӯз доғтар мешавад.

Ҳамон ҳайкалҳои сарбозони маълум ва номаълуми ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ, ки дар бархе кишварҳо тахриб мешаванд ва дар бархе кишварҳо бар таъзиму такрими онҳо меафзояд. Кор то ҷойе расида, ки мавзуъи буд ё набуди ин муҷассамаҳо аҳамияти бештаре аз масъалаи зиндагӣ ва марги инсонҳо ва ҳатто миллатҳоро касб карда аст ва Русия ва миллати русро бо наздиктарин қавму миллатҳои ҳамтабораш душманони хуниву ҷонӣ карда аст. 

Миллатҳое ва кишварҳое тахриб ва аз байн бурдани ин муҷассамаҳоро роҳе дигар аз муборизаи озодихоҳӣ аз истеъмор медонанд. Дар ин кишварҳо тахриби ин муҷассамаҳо маънои тахриби деворҳои асорати фарҳангӣ ва тамаддунӣ, ворастагии миллат аз вобастагӣ ва забуниро дорад. Дар ҳоле ки дар Русия ин аъмолро ҳамчун по ниҳодан бар рӯйи ҳофизаи торихӣ ва тан додан бар ғуломии кишварҳои ғайр таъбир мекунанд. 

Ҳоло бигзарем аз ин сиёсатҳо, ки кори мо нест ва баргардем ба ин пора шеъри пурасрори устод Муъмини Қаноат, ки мегӯяд:

Ба ҷои ҷисмҳои бо замин яксон,

Зи хоки зинда хезад ҳайкали беҷон,

Чу тимсоли Худо бар турбати Инсон

Ки сирри ғайбро гӯяд…

Ин мисроъ дар оғози достон, дар банде омада аст, шоир онро «Сухан» унвон карда аст. Ҳамон ҷо, ки мегӯяд, «Суханро қудрати ҷонофарин бояд» барои худ тасаввур кунем, ин ҳама ҳайкалҳо ва муҷассамаҳое, ки мо мегузорем, Тимсоли Худо бар сари турбати Инсон ҳастанд. Шоир дар ин чаҳор мисраъ баҳси муносиботи азалии фимобайни Худованд ва Инсон, нисбати Холиқ ва Махлуқро матраҳ ва то ҷойе хулоса карда аст. Шоир ин баҳси азалиро ҳадди ақал барои худ ва ба манзури навиштани ин достон хулоса мекунад. Ба ҳамин осонӣ. Дар чаҳор мисраъ масъалаеро ки тайи қарнҳо бузургтарин файласуфҳо ва орифон бар сари он сарҳои худ ва дигаронро шикастаанд матраҳ ва хулоса мекунад. Ин кор ба осонӣ ба ӯ даст медиҳад, зеро ӯ Шоир аст. Ва оне, ки воқеан Шоир аст, ӯ ҳам файласуф, ҳам ориф, ҳам ошиқ ва ҳам олим аст. Аз ҳамин аст, ки Муъмин Қаноат ин мавзуъро ба тури гузор, чун як раҳгузар матрҳ мекунад ва аз он мегузарад. Дар ҳоле ки барои мани хонандаи ин достон ин ду байт ҳамчунон аҷибу ғариб ва мармуз ва пурасрор боқӣ мемонад. Ростиро ва Худоро, ман ҳануз, ки ҳануз аст, вомондаам дар ин масъала. «Тимсоли Худо бар турбати Инсон» чист? Ва умед дорам, ки рӯзе Устодро аз наздик бубинам, бо ӯ дар наздик биншинам ва аз ӯ бипурсам. 

Ҳоло аз ин низ бигзарем ва биравем дунболи мавзуъи худамон. Шоир махсусан, ва ба қавли тоҷиконаи худамон «Дидаву дониста» аз ин мавзуъ ва аз ин масъала канор меравад. На ин, ки аз ин масъалаи фалсафӣ ва ирфонӣ, ки гуфтем нисбати Инсон бо Худованд аст, шона холӣ мекунад. На, ин тур нест, ӯ шона холӣ намекунад, балки ин тур аст, коре басо муҳимтар аз ин дорад. Бояд биравад пайи коре дигар, ки басо муҳимтар аз масоили фалсафӣ ва ирфонӣ, аз баҳсҳои «ману ту» ҳаст.

Вале ман рози дил аз модарон ҷӯям,

Барои пайкари сарбоз ҷон ҷӯям.

Чу Сино аз замин то осмон ҷӯям,

Ки як дам мурдаҳоро зинда гардонам.

Ҳамин аст устод Қаноъат. Ӯ ҳамонест, ки ҳамеша аз худ ва хостаҳои худ мегузарад. Ӯ, ки ҳоло мебоист ва худ ҳам мехост, ки бо мо аз фалсафаи ҳастӣ сухан гӯяд, водор аст, ки биравад пайи кори дигаре. Касе ӯро водор накарда ва дастур надода аст. Мо бо торихи навишта шудани достони «Суруши Сталинград» ошно ҳастем ва медонем, ки Устод Муъмин Қаноат алорағми маслиҳати бисёре аз наздикони худ ин достонро навишт. Ӯ касест, ки чун Сино бояд ба дунболи асрори зиндагӣ мерафт ва ҳамчун Сино асрори азалро аз замин то Осмон меҷӯст. Аммо ӯ, ҳамон тур, ки Маяковский мегуфт, «по бар ҳалқи суруди худ мениҳад». Ва меравад ба дунболи шеъри ҷанг. Шоир фалсафаву ирфонро бо ҳама суолҳои «чуну чарояш» канор мегузорад ва меравад ба дунболи шеъри ҷанг. 

Он гоҳ навишта мешавад ин Достони Ҷовидонаи Ҷанг. Ё агар мехоҳед Достони Ҷанги Ҷовидон. Ё боз ҳам беҳтар «Ҷовидон Достони Ҷанг». Хулоса, достони «Суруши Сталинград». 

Ҳоло як руҷуъи таърихӣ, бузургтарин ҷангномаи мо ҳамон «Шоҳнома»-и Фирдавсист. Бисёр гуфтаанд ва ман низ такрор мегӯям, ки баъд аз «Шоҳнома» дигар мо ҷангномае миллӣ надоштаем. Он ҷангнома ва таърихномаҳоеро, ки ба номи ин ё он султону амир навишта шудаанд, канор бигзорем. Онҳо чизҳое дигар ҳастанд, ки рабте ба шеър ва ҳато ба торихи воқеъии даврони он султону амирҳо надоранд. Онҳо падидаҳое аз ноҳияи дигаранд ва ҳам аз ноҳияи дигар бояд таҳқиқ ва баррасӣ шаванд. 

Аммо дар ин миён агар «Суруши Сталинград»-ро мумкин бошад ба чизи дигаре дар адабиёти форсӣ ташбеҳ кардан, пас фақат ва фақат бо «Шоҳнома». На кам ва на беш. 

Баъд аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, адабиёт ва фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ, нубуғи фарҳангии форсӣ-тоҷикӣ, шеъри форсӣ-тоҷикӣ ба махуфтарин умқҳои масоили фалсафиву ирфонӣ сар зад, зинда ва солим бурун омад, қуллаҳое бисёр осмонбусро фатҳ кард, ба сайёраҳое бисёр дур парвоз кард, аз Мирриху, Баҳрому, Зуҳраро зери по гузошт. То ҷое расид, ки аз худ ифтихор кард (ва ҳақ ҳам дошт, ки чунин ифтихор кунад) ва аз «лиссон-ул-ғайб» садо дардод, ки:

Дар Осмон на аҷаб, гар ба гуфтаи Ҳофиз,

Суруди Зуҳра ба рақс оварад Масеҳоро.

Аммо…

Аммо дар ин миён «ҷангнома» ғариб монд, мавзуъи ҷанг дар ин миён аз ёдҳо рафт. Кам шоироне пас аз он дигар ба фикри ҷанг ва шеъри ҷангӣ буданд. Кам шоироне дигар ба тасвири ҷанг, ба вижагиҳои он, ба майдон, ба гурзу найза, ба кулоҳу ҷавшан, ба набард, ба теғу табар, ба шамшеру тир, ба гурзу каманд буданд. Ё аслан набуданд. Ангор, шоирони мо ҳама аз шамъу парвона ва гулу булбул месуруданд ва он ҳам дар давронҳое бисёр фаҷеъ, ғамангез ва хунрези торих. Шоирони мо он ҳама бераҳмӣ, қатл, хунрезӣ, зулм, таҷовузи на араб, на муғул ва на турку таторро намедиданд. Ҳар қадр шиддати ин бераҳмӣ, қатл, хунрезӣ, зулм, таҷовуз, он қадр шеъри мо латифтар, зарифтар, ошиқонатар, орифонатар мешуд. Ҳоло ман намуна ва мисол намеорам, то бар рухи поки бузургони шеърамон иҳонат накарда бошам. Аммо, нуктаи бисёр ҷолиб аст, ошиқонатарин, орифонатарин, зеботарин, латифтарин ва зарифтарин ашъор дар торихи адабиёти мо дар бераҳмтарин, золимтарин, қаттолтарин давронҳои зиндагии мо эҷод шудаанд.

Вале ман на фурсат ва на ҳавсалаи онро надорам, ки ҳоло дар ин хусус бинависам. Қолиби ин матлаб ҳам иҷоза намедиҳад. Ман ҳоло мехостам дар хусуси ҷанг бинависам. Ҳамон туре ки устоди бузургвор Муъмин Қаноат баногоҳ дид, ва дарёфт, ки бояд дар бораи он ҷанг бинависад. Ва алорағми ҳамаи онҳое, ки мегуфтандаш «нанавис, ин мавзуъи мо нест, ин мавзуъи русҳост ва ба мо рабте надорад», азм кард ва навишт ин достонро. Ва навишт ин достони зебои ҷангиро, ки қиссае сода аз бузургтарин набарди ҷанги дуввуми ҷаҳон аст, достонест пур аз розҳои нагуфта, рамзҳои наёфта ва асрорҳои нагушуда.

Муъмин Қаноат дар достони «Суруши Сталинрад» нируи тамомии абзорҳои санъати адаб ва шеъри форсиро аъам аз санъати сухан, вазну қофия ва дигару дигару дигарро ба кор гирифта аст. Дар ин достон соддагӣ, равонӣ, зебоии каломи Рӯдакӣ, сарафрозӣ, саркашӣ, ғурур ва шукуҳи сароиши Фирдавсӣ, ворастагӣ, уриш, ошӯб ва сармастии офаридаҳои Румӣ, ҳикмат, худнигаҳдорӣ ва салобати рубоъиҳои Хайём, эъҷоз, латофат, назокат ва шаҳомати ғазалиёти Ҳофиз, жарфо, ҷасорат, навӣ ва фалсафаи осори Бедил, тамомӣ, камол, хирадмандӣ, тозагӣ ва зиракии ашъори Иқбол даст ба дасти ҳам медиҳанд ва дар шеър қиём ва қиёмат мекунанд.

Мутаасифона фурсат ва маҷол нест, ки ҳар як аз «Суруш»-ҳои ин достонро таъриф ва таҳлил кунам, ҳарчанд бисёр мехоҳам. Қолиби ин мақола иҷоза намедиҳад. Барои ҳамин бо овардани яке ду намуна қаноат мекунам. Як пора аз «Суруши сеюм»:

Садо омад:

«Ба суйи танкҳо оташ!»,

Гирифта танкҳо бо сангҳо оташ,

Валекин ҳамлаҳо такрор мегардад,

Саҳар оҳиста шоми тор мегардад…

Ба суйи Миша танк аз пушти танк омад.

Муҳити танг чун пироҳани номус танг омад.

Баромад аз камонаш охирин тираш,

Бараҳна медурахшад ҷавҳари номус – шамшераш.

Ягона шишаи таркандаро бардошт,

Ба ҷанги тан ба тан бо танки фулодӣ қадам бардошт,

Вале таркид шиша дар сари дасташ,

Зи китфаш шуълае бархост монанди қаду басташ,

Шарар ҷони ҷавонаш сӯхт,

Нидои охиринро дар лабонаш сӯхт.

Саропо оташи зинда

Ба зери танк метозад,

Ба ин дастур Данкоро замоне зинда месозад…

Дар ин оташ тамоми шуълаҳо хомӯш мегардад

Аз ин марди адӯ беҳуш мегардад,

(Ҳамин ҷо ҷанг мемирад…)

Ман, ростӣ намунаи дигареро на ин ки дар шеъри форсӣ, балки дар шеъри ҷаҳонӣ суроғ надорам, ки як лаҳза аз ҷангро ба ин тавоноӣ ва бузургӣ ба тасвир кашида бошад. Ин шеърест, ки бо ҳама анвоъи ҳунарӣ аз қабили наққошӣ, мусиқӣ, балет ва синамо рақобат мекунад ва ҳатто метавон гуфт то ҷойе гуйи сабқат аз майдони онҳо мебарад. 

Намунаи дигар аз «Суруши чорум». Дар ин достон низ қаҳрамони шеър дар лаҳзаи бисёр ҳассосе қарор дорад, ки худи шоир онро «гузар аз ҳадди зиндагӣ ва марг» номида аст. Дар яке аз муҳорибаҳо хати робитаи ҷабҳа ва маркази фармондеҳӣ қатъ гардида аст ва сарбоз бояд он торҳои канда»-и хати робитаро пайдо ва ба ҳам пайваст кунад. Ва инак бубинем ин сарбоз чи кор мекунад:

Миёни зиндаҳову мурдаҳо аз роҳи ноҳамвор,

Зи рӯйи барфи навборида, аз саҳройи навшудгор,

Ба сӯйи қуллаи худ бо машаққат роҳ мепӯяд.

Ва тори кандаро бо дидаи ҷарроҳ меҷӯяд.

Нафасгиру камингирон ба рӯйи қулла сар мекард,

Зи ҳадди зиндагиву марг бо тундӣ гузар мекард.

Ана, наздик шуд, хун меравад дасти камондораш,

Ҳаметобад ба чашми хасм рухсори арақшораш.

Нафасҳо канда-канда, торҳои кандаро дарёфт,

Ба як дасташ баройи бастани он торҳо биштофт,

Ба фарқаш тирборон шуд

Ва дасти солимаш чун шохи бишкаста

Ҳамоил гашт, ларзон шуд.

Ба зӯри охирин бо дасти ларзонаш

Гирифта нукҳои симро дар зери дандонаш,

Садояш дар гулу раҳбанд,

Намуд ӯ торҳои кандаро бо ҷони худ пайванд:

Ва сарлашкар сухан мегуфт бо лабҳои сарди ӯ,

Сухан мегуфт бо гармӣ рафиқи ҳамнабарди ӯ,

Ватан бо гиряву ханда

Аз ин лабҳои пайваста

Аз ин армони нашкаста

Сухан мегуфт…

Ин пора низ як шеъри мунҳасир ба фард аст ва назири онро дар чи дар шеъри форсӣ ва шеъри ҷаҳон камтар метавон пайдо кард. 

Ҳоло баргардем ба масоили шеъри форсӣ. Болотар гуфтам, ки мавзуъи ҷанг дар шеъри форсӣ бозтоби камтаре дошта аст, ки мебоист. Шеъри форсӣ (Баъд аз Фирдавсӣ) бештар ба масоили динӣ, фалсафӣ, ирфонӣ, ишқӣ ва ғанойӣ пардохта ва дар ин росто доди суханро дода аст. 

Дар ин миён албатта асаре ҳаст, ки дар воқеъ Китоб аст. Ҳар гоҳе мо бисёр аз ҷабру ситами давронҳо ба сутуҳ меоем, бо ҳар баҳонае боз ҳам ба ҳамон Китоб рӯ меоварем, ва аз ҳамон Китоб мадад меҷӯем. Моро «аҳли китоб» намешиносанд. Ва агар моро, ҳатто ба далили вуҷуди «Авасто» аҳли Китоб намешиносанд, мо бояд худро ба далили вуҷуди «Шоҳнома» аҳли китоб бидонем. Ва ин «Шоҳнома» дар воқеъ як ҷангнома аст. Ҳамон тур, ки «Суруши Сталинград» низ як ҷангнома аст. «Суруши Сталинград» идомаи «Шоҳнома» дар қарне дигар, шароите дигар ва рӯзгоре дигар, дар ҷанге дигар аст. Аммо, дар ҳар сурат, ин ҷанг бо ҷанг фарқи зиёде надорад, ҷанги нируи аҳуройӣ бо нируи аҳриманӣ аст. Ҳам «Шоҳнома» ва ҳам «Суруши Сталиннград» аз нигоҳи шоире навиша шуда, ки дар ҳоли дифоъ аст, на дар ҳоли ҳамла. Дифоъ аз сарзамини худ ва аз муқаддасоти худ ва аз Миҳан ва хонаводаи худ. 

Инак беш аз ҳазор сол аст, ки доғтарин, мубрамтарин суоли торих аз мо ин аст, ки гаҳ гоҳе худ низ аз худ мепурсем: «Чаро мо ин қадар тарсу ҳастем? Чаро мо марди пайкор ва набард нестем? Чаро мо ба осонӣ ба ҳама ҷабру зулм таслим мешавем? Чаро мо ғуломиро дар баробари афроде бисёр паст, носазовор мепазирем? Кист ва чист сабаби ин ҳама хорӣ ва зиллати мо?! 

Вақте ин суолҳо матраҳ мешавад, ба фикри ман, қабл аз ҳама бояд рушанфикрон, ба вижа шоирон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ман худ (дар посухи он ҳама меҳру муҳаббат, ки миллат ба ман дорад ва маро ба нася шоири худ медонад) омода ҳастам, ки дар баробари додгоҳи ин миллат қарор гирам ва ба ҳама иттиҳомоти ин миллат посух гӯям. Яъне сукут кунам. Зеро ҳарфе барои дифоъи худ дар чунин як додгоҳе надорам. 

Ҳоло аз асли мавзуъ дур наравам, (ҳарчанд он қадр дур нарафтаам). 

Инак беш аз ҳазор сол аст, ки ҳамон чаҳор мисраи машҳури Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» -ро мо чун далили будани худ дар ба дар мебарем. Дар ба дар, яъне аз баёзе ба баёзе, аз қарне ба қарне, аз девоне ба девоне, аз китобе ба китобе. Ин ҳуҷҷати мо ва посухи мо ба ҳар суоли торих аст, ки чаро чунину чунонем:

Ба рӯзи набард он яли арҷманд,

Ба шамшеру ханҷар, ба гурзу каманд.

Буриду дариду шикасту бубаст

Ялонро сару синаву пову даст.

Вале қарнҳост, ки мо ин саҳнаро аз ёд бурдаем, ва ҷуз дар саҳафоти Шоҳнома чунин вожагонро на мегӯем, на мешунавем. Албатта, дар ивази ин мо ба ҷаҳон чизҳои бисёре додем, ки «Қонун»и Абӯ Алӣ ибни Сино ва «Саҳеҳ»-и Бухорӣ ва мазҳаби Абӯ Ҳанифа намунаҳои боризи он аст. Аммо дар баробари он чӣ дидем?! Оё имрӯз касе (ба ҷузъ худи мо) қоил ҳаст, ки Абӯ Алӣ ибни Сино тоҷик буда аст?! Оё касе аз артиши чанд миллионии пайравони имом Абӯ Ҳанифа касе тоҷик будани он бузургвор ва он шахсияти хориқ-ул-оддаро ба ёд меоварад?! На, ҳаргиз ба ёд намеоваранд ва нахоҳанд овард. Зеро онҳо худ дар ҳич ҷойе бар ин мавзуъ ишорае накардаанд. Дуруст аст, ки Сино бархе аз китобҳои худро ба забони ноби тоҷикӣ (форсӣ гӯйӣ, дарӣ гӯйӣ варо, ҳарчи мегӯйи бигӯ) навишта аст. Ва ин вопасин шарораҳое аз он гулхани бузург буд, ки мутаассифона ба тадриҷ камранг шуда ва имрӯз рӯ ба нестӣ ниҳода аст. 

Инҳоро ки мегӯям, ҳич ангезаи миллатпарастӣ ва қавмгаройӣ надорам. На! Ғараз ва хостаи ман дигар аст. Ғараз ва хостаи ман бисёр сода аст ва хулосаи он ин аст, ки ин миллати ғарибу саргардону парешон бояд ҳуҷҷате дар даст дошта бошад имрӯз. Ки надорад. Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва Муъмин Қаноат. Инҳо ҳастанд он вопасин шарораҳои он неҳзати бузург ва ҷовидон. Инҳо ҳастанд он вожагони калидӣ, ки бояд дар ҳуҷҷати ҳастии мо сабт шаванд. Инҳо ҳастанд он вижагиҳои биометрик, ки имрӯз бояд мисле дар санади ҳуввияти мо сабт шаванд ва дар дасти мо бошанд ва мо ба ҳар куҷо, ки равем, бо сари баланд ин ҳуҷҷатро нишон бидиҳем ва бигӯем: «Мо авлоди инҳо ҳастем». Мо барои муарифии ин шахсиятҳои бузург дар сатҳи ҷаҳонӣ тақрибан коре накардаем. Чи расад ба сатҳи ҷаҳонӣ, ки мо ҳатто дар қаламрави забон ва фарҳанги форсӣ дар ин росто коре накардаем. 

Адабиёти форсро, ин муъҷизаи инсониро қабл аз ин ҳам борҳо дар марзҳои ҷуғрофиёӣ маҳдуд кардаанд. Мегуфтанд, ки шеър ва адаби форсӣ бо Абдурраҳмони Ҷомӣ тамом шуд. Аммо Бедил буруз кард ва гуфт, инак ман! Бедилро ба ҷидӣ нагирифтанд ва Муҳаммад Иқбол сар даровард ва гуфт: «Ин манам!». Ин силсиламаротиб идома ёфт. Баъд аз онҳо устод Муъмин Қаноат буд, ки бисёр хоксор, сангин, ором, зебо, сабур гуфт: «Инак ман!» 

Ман ин бор худро дар қолиби шеъри ҷанг ва ҷангнома дар осори устод Муъмин Қаноат ва беш аз ин дар чорчӯби достони «Суруши Сталинград» махдуд кардам. Далелашро ҳам гуфтам. Метавонистам ва бисёр мехостам фаротар ва фурутар дар шеъри устод икдом кунам. Мехостам биравам суйи «Достони оташ», «Мавҷҳои Днепр», «Ситораи Исмат», «Китобҳои захмин», «Гаҳвораи Сино», «Хамосаи дод» ва дар ниҳоят «Масъуднома». Мехостам аз шеърҳойи лирикии устод, ки сароғозе дигар дар эҳёи шеъри ғанойӣ дар адабиёти тоҷик шуд каме таваққуф кунам. Мехостам аз «Созҳойи Шероз» бигӯям, аз ин маҷмуъаи шеърҳое, ки ҳануз, ки ҳануз аст, нашнохта монда аст. Ва ин тақсири мост.

Тақсири мост, ки Муъмин Қаноат дар он ҳад ва сатҳе, ки шоистаи ӯст дар ҳавзаи адабиёти форсӣ муаррифӣ нашуда аст. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳавзаи адабиёти форсӣ бисёр кучак ва маҳдуд шуда аст. Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон. Ин аст имрӯз сарзамини шеъри форсӣ. Абарқудратҳои ҷаҳон нируйи бисёре ба харҷ додаанд, то ин сарзамин дар ин ҳад маҳдуд шавад. Баъд аз ин ҳам ниру ва маболиғи зиёде ба харҷ хоҳанд дод, то ин марзҳоро тангтар ва маҳдудтар кунанд. Аммо шеър аст, ки ин марзу маҳдудаҳоро намешиносад, онҳоро мешиканад ва аз онҳо убур мекунад ва дилҳоро ба ҳам пайванд медиҳад. Мо низ бояд ба шеър дар ин роҳ кумак кунем. Мо яъне ошиқони шеъри тару ноби форсӣ. 

Агар аз ин зовия ба мавзуъ бингарем оё устод Муъмин Қаноат дар ҳавзаи адабиёт ва шеъри форсӣ шинохта аст? Оё устод Қаноат дар сарзамини форсигӯён аз он ҷойгоҳи шоиста ва сазовори худ бархурдор аст? Ман фикр мекунам, ки на дар он ҳадде ки эшон шоиста ва сазовор ҳастанд. Яъне ҷойгоҳи устод дар шеъри форсӣ ҳануз таъйин нашуда аст. Номи устод ҳануз дар ҳадди лозим нашнохта монда ва ҳануз дар он феҳрасти адибони бузурги даврони ахир номаш сабт нашуда аст. Беш аз ин мегӯям – як чунин феҳрасте умуман вуҷуд надорад, камбуде бузург аст.

Албатта инҳо, ки мегӯям, шикоят нест, балки як навъ гила аст. Шояд гила аз худам, ки дар ин роҳ коре анҷом надодаам. Дӯстони эронии мо дар ин роҳ талошҳое ба харҷ дода ва медиҳанд, ки шоистаи таҳсин ва шукру сипос аст. Осори мухталифи эшон, мақолот ва матолиби зиёд дар хусуси осори вай дар он кишвар чоп шуда Устод гаҳ аз гоҳе дар чорчӯби барномаҳои мухталиф ба он кишвар даъват мешавад. Ахиран устод Муъмин Қаноат дар ҳузури Раҳбари Муаззами Эрон шеъри машҳури худ «Халиҷи Форс»ро хонд ва мавриди таҳсин ва шефтании дошикони шеъри ноб қарор гирифт. Ин худ эътирофи ин бузургвор аз ҷониби он миллати бузург аст. Миллати бузурги Эрон. Аз ёд набарем, ки устод Муъмин Қаноат дар ҳама мароҳили зиндагии пурбаракати худ ҳич гоҳ аз таваҷҷуҳи сарону сарварон камбуд надошт. Аммо мавзуъи ман аз ибтидо дигар буд, мавзуъи ман ҷойгоҳи ҷанг ва ҷангноманависӣ дар шеъри форсӣ буд. 

Дар авохири қарни гузашта адабиёт ва аз ҷумла шеъри форсӣ дар Эрон таҳаввулоти бузургеро дар худ таҷруба кард. Ҷанги ҳаштсолаи Эрон ва Ироқ бар тамомии рӯзгор ва руҳияи мардуми Эрон таъсир гузошта онро дигаргун кард. Мавзуъи ин тӯлонитарин ҷанги қарн бар тору пуди адабиёти Эрон низ печид. Дар ин давра дар адабиёти Эрон мафҳуми «шеъри ҷанг» тавлид ёфт ва намунаҳои бисёр олии ин навъ шеърро буруз дод. Ковишҳо ва пажуҳишҳои зиёде дар ин мавзуъ анҷом шуда, ки ин навъи нисбатан ҷадид дар шеъри имрӯзи форсиро аз ҳар зовия шиносоӣ мекунанд. Дар ин росто ба назари ман таҳлили қиёсии ҷангномаҳои устод Муъмин Қаноат бо намунаҳои барҷастаи шеъри ҷанги Эрон иқдоме ҷолиб ва дар маҷмуъ ба суди адабиёти форсӣ хоҳад буд. Ман умед дорам, ки як рӯз яке аз мунтақидони шеъри форсӣ ё аз Тоҷикистон ё аз Эрон ҳиммат хоҳад гумошт ва ин иқдомро хоҳад кард. Дар Тоҷикистон устодоне ҳамчун Абдунабӣ Сатторзода, Сафар Абдулло, Рустам Ваҳҳоб, ки дар давраҳои мухталиф дар осори устод пажуҳишҳойи бисёр гаронмоя анҷом дода ва мақолоти бисёр хуб навиштаанд, қодир ба чунин коре ҳастанд. Ин азизон илова ба сифоте, ки боло гуфтам, шиносойии комил бо вазъияти адабиёт ва шеъри имрӯзи Эрон доранд. Аммо дар Эрон бузургворе ҳамчун устод Шафеъии Кадканӣ, ё устодоне чун Алӣ Ризо Қазва, Алӣ Мусавии Гарморудӣ, ки бар хилофи бархе аз аҳли адаби Эрон, назари бисёр воқеъӣ, мунсифона ва холисона доранд, барои адабиёти тоҷик дар қаламрави адаб ва фарҳангӣ ва тамаддуни форсӣ ҷойгоҳи вижа қоил буда, ҳамзамон ҳақ медиҳанд, ки ин шоха аз адабиёти форсӣ ба далоили торихӣ роҳу равиши хоси худро тай карда аст агар дар ин кор ҳиммат намоянд, натоиҷи матлуб ба даст хоҳад омад. Раҳматуллоҳи Бежанпур, адиби саршинос ва барҷастаи Афғонистон, ки мақолоти бисёр пурмуҳаббат ва самимонае роҷеъ ба устод Муъмин Қаноат дорад метавонад чунин кореро дар сатҳи олӣ анҷом диҳад.

Мутаасифона дар ҳоли ҳозир бархурд ва бардошти дӯстони эронӣ ва афғонии мо аз «Суруши Сталинград» дар ин хулоса мешавад, ки ин як достон дар таърифи лашкари сурхи шуравӣ буда аст. Бархе ҳатто вуҷуди ин достонро дар осори Муъмин Қаноат ҳамзамон бо вуҷуди достони «Масъуднома» як амри мутаноқиз донистаанд. 

Аз ҷавонон мехоҳам ба шоир ва муҳаққиқи тавоно Беҳрӯзи Забеҳулло ишора кунам. Гаҳ аз гоҳе мақолоти бисёр хубу хондании Беҳрӯз дар дастраси ман қарор мегирад, ки аз нируи билқувваи вай дар ин замина хабар медиҳанд. Ба тозагӣ як мақолаи Беҳрӯзи Забеҳуллоро бо унвони «Муъмин Қаноат-намоди бедории фикрии мардумони форсигӯйи тоҷик» дар интернет мутолиъа кардам. Муаллиф як бахше аз ин мақоларо ба таҳлили «Суруши Сталинград» ихтисос дода аст, ки агар иштибоҳ накунам, дар ҳоли ҳозир нахустин ва танҳо иқдом дар ин замина мебошад ва эй кош ин иқдом идома ёбад.

Ман ин матлабро танҳо ба як мавзуъ ихтисос додам, ки он ҳам ҷанг аст. Худо накарда касе гумон накунад, ки ҳадаф аз он арзёбии мусбат аз ҷанг ё таблиғи ҷангҷӯйӣ ва ҷанговарӣ бошад. Ман ҳамчун як тоҷик фитратан ва ботинан як пацифист, сулҳҷӯ ва зидди ҷанг ҳастам. Ман ҳарфи наве нагуфтаам, агар бигӯям, ки миллати тоҷик аз азал зидди ҷанг аст. Аммо бояд ҳам донист, ки дар тамоми тӯли торих, ба хусус дар ин даврони пур шару шӯри мо ин хислати наҷиб агар муболиға шавад ва ба ифрот кашида шавад, ҳаргиз ба суди як миллат нест. Зидди ҷанг будан набояд афрод ва миллатро аз омода будан барои дифоъ аз худ ва хонаводаи худ, марзу бум ва хоки Миҳани худ ғофил ва бепарво кунад. Аз ин лиҳоз агар назаре кутоҳ ба адабиёти ҷаҳон афганем, бо фаровон намунаҳои осори ҷанги рӯ ба рӯ мешавем. Масалан адабиёти бузурги рус, ки тури маълум бо ҷангнома (достони «Слово о полку Игореве») оғоз гардида ва бузургтарин намунаҳои ҷангномаро дар анвоъи гуногуни адабӣ ба ҷаҳон дода аст. Ҳатто фолклори руси саршор аз чунин мисолҳост. Дар ин росто вуҷуди як достоне чун «Суруши Сталинград» дар воқеъ муҷиби ризоят ва далели ифтихори мо тоҷикон бояд бошад.

Сиёвуш

 

 

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97