Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Депорти Харкалон

Фарҳанг ва адаб 05.05.2017 10:44

Навулмаслаҳои дунёи ҳайвонот

Хабари депорт шудани Хари Ашурбой, воситаи нақлиёти Понамарёв дар пода ва галла ва тамоми фермаҳо зуд паҳн шуд. Байтали Комилҷон ҷавро хоида гуфт:

 – Хар агар Москва равад, боз ояд Хар. Чанд бор дар чарогоҳ тобистони порсол гуфтам, ки Харкалони азиз, ба сиёсат қатӣ нашав, гуш накард. Назар ба шуниди ман агар ин Харро мо аз подаю галла депорт намекардем, шояд дар оянда ба ҷои Понамарёв Усома Бен Лоданро мекашонд.

– Бачам зиқ нашав. Хар аз куҷо медонад, ки мусофир кӣ аст. Одамон низ вақти ба “Старекс” савор шудан ҳуҷҷат нишон намедиҳанд.

– Сумкалони азиз, ту Харкалони моро бо “Старекс” муқоиса накун. Албатта харҳои мо ҳазор бор аз “Старекс” қулайтар мебошанд, каме бо хашм гуфт Барзагов намояндаи Хадамоти муҳоҷирати чарогоҳҳои Ҳайвонҳои шохдори калон.

–Хари Ашурбой аъзои ким кадом ҳизби сиёсӣ буд. Чанд бор худам дидам, ки дар маҷлисҳои пода баромад карда буд садо баровард Қутосбойи мурғобӣ.

–Ҷанобон воҳима накунед. Депорти Хари Ашурбой ё худ Старекси Понамарёв ангезаи сиёсӣ надорад. Харкалон се моҳ боз патент надорад. Тибқи низоми нави Асотситасияи воситаҳои нақлиёти мусофиркашонии чорпоя барои кашондани одамони хориҷӣ патент зарур аст луқма партофт Адвокат Гӯсола.

– Мо Одам не ку. Ин қадар беинсоф ҳастед. Харкалон обрӯи моро дар тамоми ҷаҳон боло бурд. Акси Харкалон бо Понамарёв миллион нусха чоп шуд. Албатта бисёр одамон ва Ҳайвоноти Шохдору бешохи калони подаю галлаи мо суол мекарданд, ки кадомаш Понамарёв?

–Модахари бедаҳани Каримбой гап кардааст, ки Харкалон болои Понамарёв савор шудааст–афзуд Пирхари Тухтабой.

–Пирхар он қадар дуруст намебинад. Рӯзномаро чаппа хондааст шарҳ дод Каллахари Бутабой.

Баҳс авҷ мегирифт, агар Харраиси пода ба миён намедаромад.

–Ҳайвонҳои шохдору бешох!

Мо минбаъд бо Харкалон дар як пода будан наметавонем. Аз ин рӯ Харкалон бояд аз подаю галла депорт шавад -эълон кард Харраис.

Ба ҳамин қарор Харкалони Понамарёв барои фаъолияти сиёсӣ депорт шуд. Зеро дар баёноти Сармодагов омадааст, ки ҳангоми гапзанию таъназании Понамарёв Харкалон ягон бор ҳам ҳангос назадааст.

Подабон Галлаев

Маркази матбуоти ҲШК

Бознашр аз "Миллат" №8

 аз апрели соли 2017 

 

 

 

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97