Падруд, хунёгари маънисаро!

Фарҳанг ва адаб 16.11.2016 14:49

Ҷаҳон ҷому фалак соқӣ аҷал май,

Халоиқ боданӯши ҷуръаи вай.

Халосӣ нест асло ҳеҷ касро,

Аз ин ҷому аз ин соқӣ, аз ин май.

Соати яки шаби якшанбе (шашуми ноябри соли ҷорӣ) хунёгари маънисаро ва нуктасанҷ тавонотарин сарояндаи ғазалу наъту муноҷоту ҳикоёти ирфонӣ Ёрмуҳаммад Додов, маъруф бо тахаллуси Ёрмаҳмади Дарвозӣ ё Ёрмуҳаммади Ишқӣ, ки солҳои панҷоҳу шасту ҳафтоду ҳаштоду навади қарни гузашта байни шунавандагони ин тарзи хониш шӯҳрату маҳбубияти беандоза дошт, дар сини ҳаштоду ду солагӣ дунёи фониро падруд гуфт.

Ин марди ҳунар, ки орифандеш буду ройшиносу порсову парҳезкор, бо насими маърифат дунёи рангини суруду мусиқиро бо ҳама назокату латофату зебоӣ хидмати аҳли назар мерасонд. Аз Саноиву Аттору Мавлонову Саъдиву Ҳофиз ғазалҳо мехонд, аз ҳикоёти зебои маснавиҳои «Шоҳнома»-и безаволи Ҳакими Тӯс, «Махзан-ул асрор»-у «Искандарнома»-и Низомӣ, «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Ҳилолӣ ва чандин чунинҳо. Ҳар кас аз ҳунари хуби ӯ метавонист барои худ чизе бигирад. Ҳатто устодон Абдулло Назриев, Одина Ҳошимов ҳам ба ин марди ҳунар таваҷҷуҳи беандоза доштанд, ҳунармандони маъруф Файзалӣ Ҳасанов, Дона Баҳромов низ. Худи банда низ аз тарзи суруд хондани ин хунёгари озода баҳраҳо бардоштам.

Чун замона дигар шуд , аниқтараш «Замона дигар гашту ман дигар гаштам» хонандаву шунаванда низ дигар гашт, завқ низ. Акнун наъту муноҷоту ашъори ирфонӣ шунавандаи хешро қариб аз даст медиҳад. Жанрҳои дигари суруду мусиқӣ аз қабили… ҷойгузини ҳунари маънӣ гаштааст. Ҳунарманд шудан ҳам чандон мушкил нест, шеър ҳифз кардан ҳам чандон зарурат надорад. Вазифаро компютер метавонад ба ҷо биоварад ва ба қавле овозхонро ба «осмон»-ҳо бибарад, «ситора» бисозад. Вале ҳунарманди асил метавонад дар гӯшаи фаромӯшӣ бимонад. Ҳайфу вовайло!

Ёрмуҳаммад баринҳо ба таваҷҷуҳ ниёз доранд, таваҷҷуҳи хос. Боз кӣ медонад? Худованд рӯҳи ин марди поксириштро шоду хонаи охираташро обод нигаҳ дорад.

 

Ҷӯрабек Назрӣ,

Арбоби санъати РСС Тоҷикистон

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97