Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Темур Зулфиқоров кист?

Фарҳанг ва адаб 18.08.2016 18:27

Зодрӯз муборак Дарвеш!

 Темур Зулфиқоров писари Қосим Зулфиқоров (котиби аввали Ҳизби коммунисти ноҳияи Шаҳринав, ки соли 1937 қурбони “тройка” шудааст) ва профессор Людмила Владимировна Успенская (забоншиноси маъруф) рӯзи 17-уми августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.

Темур Зулфиқоров аввал дар Донишгоҳи адабии Ленинград шуруъ ба таҳсил карда, баъдан таҳсилашро дар Донишкадаи адабии ба номи Горкии шаҳри Маскав идома дода, онро соли 1961 хатм кард.

Аввалин асари ӯ бо номи “Достони марги Амир Темур” соли 1971 нашр шуда, ҳоло беш аз 20 маҷмуъаи назму насрӣ дорад, к ибо забонҳои гуногуни олам нашр шудаанд.

Асари “Сафари заминӣ ва осмонии шоир” соли 1993 беҳтарин романи Аврупо шинохта шуда, ҷоизаи британиёии “Коллетс”-ро бурдааст.

Темур Зулфиқоров ду маротиба номзад барои дарёфти ҷоизаи адабии Нобел шуд, аммо онро дарёфт накард. Аммо дар соли 2004 романи машҳураш “Масали тилоии Хоҷа Насриддин” сазовори ҷоизаи “Ясная Поляна” шуд. Соли 2005 романи “Коралловая Эфа”-и ӯ “Беҳтарин китоби соли 2005” дониста шуд. Соли 2008 сазовори ҷоизаи Антон Делвиг, соли 1991 барои беҳтарин сенария дар Ҳоливуд ҷоизаи «Хартли-Мерилл»-ро соҳиб шуд. Соли 2011 романи “Як рӯзи бачагии ҳазрати Муҳаммад” дар озмуни умумирусиягии “Пайғамбар Муҳаммад (с)-раҳмат барои оламиён” баранда шуд.

Асарҳои ӯ бо номи “Афимори марҷонӣ”, “Чойхонаи лаби ҷар”, “Марг нест”, “Як рӯзи бачагии ҳазрати Муҳаммад” ба тоҷикӣ тарҷума шудаанд.

Темур Зулфиқоров рӯзи 17 август ба сини 80 расид.

Зодрӯзи ин Дарвешро ба кулли дӯстдорони адабиёт шодбош мегӯем!

«Миллат»

Саволи рӯз: Оё Темур Зулфиқоровро мешиносед?

 

 Одили Нозир, муҳаққиқи осори Темур Зулфиқоров:

 – Ман худамро хушбахттарин инсон медонам, ки дар асри Темур Зулфиқоров зиндагӣ мекунам. Зулфиқоров худаш ба танҳоӣ сулолаи адабист! Ӯ қуллаи дастнорасест, ки ба касе монанд нест ва дар баробари бузургтарин муосирон – Габриел Гарсиа Маркес, Гюнтер Гросс, Фозил Искандар ва ғайра меистад. Ӯ дар адабиёти ҷаҳонӣ сабки хоси худ, равияи хоси худ ва андешаи хоси худро дорад. Яъне ӯ нависандаи хоса ва истисноист. Хушбахтам, ки ба ман насиб шудааст, ки дар ДМТ муҳаққиқи осори ӯ ҳастам. Бо эшон шиносам, рафту омад дорем, хотираҳо дорем, шинухез дорем… Ӯ мубаллиғи тоҷикон дар дунёст. Ба шарофати ӯ Варзоб, Зимчуруд, Фоняғноби Тоҷикистон ба ҷаҳон муаррифӣ, Хоҷа Насриддину Мушфиқӣ барин образҳои ҳаҷвии адабиёти тоҷик чун хирадмандтарин суфиҳои башар шинохта шуданд. Дар эҷодиёти ӯ метавон дид, ки адабиёти тоҷик дар забони русӣ муҳоҷир шудааст.

Илова бар ин ваҳдати динҳову миллатҳо вижагии хоси эҷодиёти ӯст. Мо тоҷикон ӯро қадр накардем, ӯ дар Тоҷикистон – ватанаш хор шуд ва эътимод дорам, ки пасон афсӯс хоҳем хӯрд, ки аз ӯ истифода накардем…. Аммо… дер хоҳад шуд…

  

Умед Ҷайҳонӣ, иқтисодшинос, муқими Русия:

 – Устод Темур Зулфиқоровро аз солҳо пеш боз мешиносам ва осорашро мехонам. Ман вайро барои худ «Саъдии русинавис» мехонам, зеро андешаи тоҷиконаро ба забони русӣ ба хонандаҳояш мерасонад.

 

Далер Имомалӣ, ҳунарпеша ва хабарнигор:

– Барои худам имрӯз (17 август)...фазо сохтам...дӯстдоштатарин мисраъҳояшро тарҷума карда дар саҳфаи фейсбукам чидам. Муаррифӣ:Дар фазои адабиёти насри имрӯз Темур барои ман якум меистад....баъд Баҳманёр, баъд Сорбон...

  

Тобиш Ҳилолӣ, оҳангсоз ва овозхон:

– Нависанда, драматург, файласуф. Зиндагиро бо рангҳои дигари на барои ҳама фаҳмо тасвир мекунад.

 

Мирзобобур Мирзоев, корманди маркази омӯзишии «TM-International»:

– Нависандаи маруфи тоҷик, шаҳрванди Русия, ки тарзи навишти хоси худашро дорад!

 

 Лола Мерганова, рӯзноманигор:

 – Темур Зулфиқоровро мешиносам. Ӯ нобиға аст! Тамоми дунё ӯро мешиносад! Шахсест, ки дунёи худро дорад ва ба ин дунёаш ҳамаро роҳ медиҳад...

 

 Шамсияи Қосим, хабарнигор:

 – Ҳарчанд бархе ибрози назарҳои сиёсии оқои Зулфиқоров бароям ҷолиб нестанд, на инки аз ин эҷодкор тарафгириҳои сиёсие таваққуъ дорам, аммо нисбат ба осори адабӣ ва ҳунарии Темур Зулфиқоров наметавон бетафовут буд. Диди ҳунарӣ, дарки хеле эҳсосӣ ва мунҳасир ба фарди ин нависанда аз дунё ва зиндагӣ ва шеваи нигориши ӯ, эҳсосоти хонандаро ба таври ғайриинтизор бармеангезад ва бо худ мебарад. Навиштаҳои ӯ аксар ба ман ҳолати ғайриодӣ даст додаанд, боъис шудаанд аз даричае дигар, аз зовияе нав ба мавзӯъ нигарам ва ончи аз ин дарича вонамуд мешуд, ҳамеша ҷолиб ва ноошно, ҳарчанд ба таври ҳаяҷоновар наздик ба дил буда. Чунин таъассуротро нависандаи маъмулӣ ба хонанда дода наметавонад. Барояш сиҳатмандӣ хоҳонам!

 

 Абдулфаттоҳ Шафиев, журналист:

 – Фарзанди барӯманди миллат ва аз нодиртарин нобиғаҳои адабии имрӯзи тоҷик аст, ки бояд имрӯз қадр бишавад, то наслҳои баъдӣӯро мазлуми бевафоиву қадрношиносии мо надонанд.

 

 

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97