«Агар Шоҳнома набуд, чӣ мешуд?»

Фарҳанг ва адаб 19.05.2016 11:21

Дар ҳошияи Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ дар Тоҷикистон

 Аз Ҳаким Фирдавсӣ дар Душанбе ёд шуд. Ин ҳамойиш бо ҳузури ҷамъе аз аҳли адаби Тоҷикистон, Ирон, Афғонистон ва сафири Озарбойҷон дар Душанбе, бо ибтикори Ройзании фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Ирон дар Душанбе барпо шуд.Дар ин маросим, Ҳуҷҷатуллоҳ Фиғонӣ, сафири Ирон дар Душанбе, доктор Боболу, муовини вазири омӯзиш ва парвариш дар умури байналмилал, Низом Қосим, раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ва бархе дигар аз адибони кишвар ҳузур доштанд.

Сафири Ирон дар ин маросим зимни суханронӣ гуфт: «Шоҳнома асаре аст, ки ҳеч миллате назири онро надорад, зеро Шоҳнома талфиқе аз таърих, устура ва ҳамосае ба номи ҳикмати илоҳӣ аст ва ҳадафаш дар воқеъ тарвиҷи хирадмандӣ, фарзонагӣ, навъи дӯстӣ ва меҳанпарастӣ аст. Ӯ аз ҷумла гуфт: Устод Ислом Андушн вақте мехоҳад ҷойгоҳи Шоҳнома ва кори Фирдавсиро тарсим кунад бо як савол, ки агар Шоҳнома набуд чӣ мешуд(?), шурӯъ мекунад ва худаш посух медиҳад, ки агар Шоҳнома набуд, Ирон ҳофизаи таърихии худро аз даст медод.

Фиғонӣ бо таъкид ба ин ки Шоҳнома санади ҳувияти мост, гуфт: албатта Ирони куҳан аз дер боз маҳди тамаддунҳои шинохта шудаи башарӣ аст, аммо тамаддуни иронӣ аз сӯи туркони навмусулмони Ғазнавӣ аз як тараф, ва аъроби Аббосӣ, ки динро дастмояи дунёталабии худашон қарор дода буданд, аз тарафи дигар, мавриди таҳдид қарор гирифта буд ва Фарзонаи Тӯс коре, ки анҷом дод ин буд, ки ғуборро аз рухсори ин тамаддун зудуд ва ҷавҳари ҳикматомӯзи онро ошкор кард.

Сафири Ирон бар зарурати Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ таъкид кард, ки мо шоир ва ҳамосасаро дар таърихи худамон кам надорем, вале хеле каманд шуаро ва ҳамосасароҳое, ки лақаби Ҳаким гирифта бошанд.

Дар ин маросим, Иброҳим Худоёр, ройзани фарҳангии Ирон дар Тоҷикистон низ бо баёни нақши бузурги Фирдавсӣ дар адабиёт ва таърихи форсӣ гуфт: «Агар дар зиндагӣ миллатҳо, лаҳазоти таърихие битавон ёфт, ки таҷаллигоҳи ғурури миллӣ ва ваҳдати нажоди ҷовидонӣ бошад, бешак давраи Фирдавсӣ ва Шоҳномаи безаволи вай мисдоқи яке аз ин лаҳазот аст.»

Низом Қосим, Раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон низ дар суханронии хеш бар аҳамияти ҳамкориҳои фарҳангӣ ва муштаракоти кишварҳои ҳамзабон таъкид кард ва гуфт, яке аз муҳимтарини ин муштаракоти мо Фирдавсӣ ва Шоҳномаи ӯст.

Гулрухсори Сафӣ, шоири тоҷик, ки дар сурудаи хеш Шоҳномаро ватан мехонад, дар ин маҳфил суханронӣ кард ва гуфт: Ин ҷо суҳбат шуд, ки «агар Шоҳнома набуд, чӣ мешуд»? Ман мегӯям, ки ҳеч имкон намедошт агар Шоҳнома намебуд ва агар Шоҳнома намебуд, насли баъдӣҳатман Шоҳномаро месуруд.

Маҳфили бузургдошти Фирдавсиро намоиши ҳунарии ҳунармандони театри Лоҳутӣ аз намоишномаи Рустам ва Суҳроб шаҳомат бахшид. Ҳамчунин шоҳномахонии ду тифли 6 солаи тоҷик дар ин ҳамойиш умедҳоро барои идома ёфтани шоҳномахонӣ дар ҷуғрофиёи фарҳангии мо барафрӯхт. Намоиши ҳунари хушнависӣ ва наққошӣ ҷузъе аз ин барнома буд, ки онро рангинтар сохт. Дастаи ҳунарии овозхони маҳбуб Дона Баҳром, ки достонҳои Шоҳномаро месуруд, шукуҳу шони давраро афзуд.

Ҷуз Ҳакими Тӯс, касе дигар наметавонист ин ҳама шукуҳу шаҳомати маҳфили имрӯзии шеъри ӯро ҳазор сол қабл пешгӯйӣ бикунад. Ҳаким фармудааст:

Биноҳои обод гардад хароб,

Зи борону аз тобиши офтоб,

Паяфкандам аз назм кохе баланд,

Ки аз боду борон наёбад газанд.

  «Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97