Айниситезӣ ва таҳрифи осору таҳқири шахсияти ӯ

Фарҳанг ва адаб 16.04.2016 09:31

Ба муносибати зодрӯзи Садриддин Айнӣ

                                      

       Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,

Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.

                                                                          Бозор Собир 

Айниситезӣ ва таҳрифи осору таҳқири шахсияти ӯ пас аз турсунзодаситезӣ (охири солҳои навадум) шурӯъ шуд. Зоҳиран устод Шакурӣ нахустин касе буд, ки расман ба ин кор иқдом намуд ва дар китобҳое чун «Равшангари бузург» (2006), «Фитнаи инқилоб»(2010), «Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тољикон» (2012) ва ғайра ба баҳонаи навназарӣ даст ба таҳрифи осору шахсияти Айнӣ зад ва роҳро барои айниситезӣ, шакку шубҳа, камбудию нуқсон љустан барои муддаиёни навназар, шӯрависитезон ва инкоргарони дастовардҳои миллати тољик дар тӯли зиёда аз 70 сол (замони шӯравӣ, саҳеҳтараш асри ХХ) ҳамвор сохт. Ба қавли шоир:

Рафтӣ ба базми ғайру накӯномии ту рафт,

Номуси сад қабила зи як хомии ту рафт.

 

Маълум аст, ки баъд аз омадани шеъри Бедил ба Мовароуннаҳр (аввали асри ХУ111) ва ҳокими мутлақ гардидани сабки осори ӯҳамагон (огоҳонаву ноогоҳона) ба тақлиди вай мепардозанд ва ин амалро як навъ имтиёз тасаввур менамоянд. Дар боби тақлиди Бедил дар Бухоро ва  Мовароуннаҳр ва муборизаи Аҳмади Дониш бар зидди тақлиди услуби вай устод Айнӣ чунин мегӯяд: «Дар аҳдҳои охирӣ, баъди 1200 ҳиљрӣ, дар Бухоро ва Мовароуннаҳр дар назм, наср тақлиди Бедил шӯҳрат гирифта, ҳар аҳлу ноаҳл, ки ба дасташ қалам мегирифт, чизе дар пайравии Бедил навиштанро аз љумлаи татиммаи камоли худ мешуморид. Аҳмади Калла, бо вуљуди камоли ихлосу камоли ақидааш дар бораи Бедил, дар тақлиди услуби Бедил мубориза эълон карда, худ осори манзумаву мансураашро дар камоли содагию равонӣ навиштанро илтизом кард. Мусоҳибони худро низ аз тақлиди Бедил манъ мефармуд. Услуби Бедилро махсуси истеъдоду маслаки бедилӣ медонист. Ба амсоли Қозӣ Абдулвоҳид Садри Сарир, Домулло Абулфазли Сират ва Исо-махдуми Муфтӣ, ки муосиру мусоҳибони Аҳмад-махдум буданд, ин талқинот беасар намонд. Эшон баъд аз он ки дар авоили ҳол дар назму наср Бедилро тақлид карда буданд, дар овони охирӣ соданависиро машқ менамуданд».

Мутаассифона, баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ (поёни асри ХХ), ба баҳонаи навназарӣ, ҳамагон, ба қавли устод Айнӣ, «ҳар аҳлу ноаҳл», ҳатто касоне, ки на ба таърих, на ба адабиёт, на ба сиёсат сару кор доштанд ва доранд, ба сиёҳкунии замони Шӯравӣ ва дастовардҳои халқи тољик дар ин давра камари ҳиммат бастанд ва даст ба оҳу воҳу шиква заданд ва ин корро як навъ хидмат ба халқу ватан пиндоштанд ва ба инкори ин давраи муҳими ҳаёти ҳалқи хештан, ки бо эҳёи миллат (баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ), соҳибдавлатӣ ва дастовардҳои дигар иртибот мегирифт, хати бутлон кашиданд ва муртакиби як амали носавоб барои халқу миллат гардиданд. Эшон инқилобро (баръакси устод Айнӣ, ки ба мурғи ҳумо ташбеҳ карда, ки баъд аз ҳазор соли љабру љафову бедавлатӣ бар сари миллати тољик нишастааст) фитна унвон карданд ва аз байн рафтани аморати Бухоро ва амир Олимхонро, ки охирин сулолаи давлатдории туркию муғулӣ баъди аз байн рафтани давлати миллии Сомониён буд, ҳамчун фољиа таъбир намуданд ва аз байн рафтани онро ба дареғу афсӯс ёд намуданд, ки гӯё маҳз болшевикон аморат ва давлати Манғитиёнро порча-порча намуда, ба миллатҳои мазлуми мусулмони Осиёи Миёна, аз љумла тољикон, ҳаққу ҳуқуқи озодию миллияту давлатдорӣ доданд. Албатта, эшон бо ин кор, яъне бо ин ақидаи ғалати худ ба осиёби пантуркистон ва панисломистон, ки мављудияти миллати тољикро инкор мекарданд ва ташкил шудани Тољикистонро порча-порча кардани туркон медонистанд, аз нав, дар замони мо об мерезанд. Аммо устод Айнӣҳамон овон ба онҳо љавоби дандоншикан дода ва ба даҳонашон муҳри хомӯшӣ зада ва дар «Намунаи адабиёти тољик», ки аз шоҳкориҳои адабиёти мо маҳсуб меёбад, бо сароҳат ва равшании том гуфта буд: «Ин асар дар замони худ ба фоидаи миллии партия роли калон бозӣ кард. Чунки дар он вақтҳо пантуркистон ба муқобили тақсимоти миллӣ иғво паҳн мекарданд ва ин сиёсати миллии партияро «порча-порча кардани туркҳо» мешумурданд ва бар зидди барпо шудани Љумҳурияти Советии Тољикистон бошад, боз ҳам сахттар иғво паҳн мекарданд: «Дар Осиёи Миёна тољик ном халқ нест, ҳамон ӯзбеконанд, ки бо таъсири Эрон ва мадраса забони худро гум кардаанд», мегуфтанд. Ана ин асар- «Намунаи адабиёти тољик» бо далелҳои таърих пардаи он иғвогаронро дарронид ва ба даҳони онҳо муҳри хомӯшӣ зад». Аз ин рӯ, имрӯз касоне, ки нақши Инқилоби Октябр, дастовардҳои замони Шӯравӣ, ташкилшавии Љумҳурии Тољикистон, соҳиби пойтахту парчаму суруди миллӣ гардидани миллати тољикро пас аз ҳазор соли бедавлатӣ (баъди аз байн рафтани давлати миллии Сомониён) инкор менамоянд, аз пошидани аморати Бухоро ва ҳукумати амир Олимхони манғит афсӯсу дареғ мехуранд ва аз зинда гаштани миллати тољик, эҳёи тамаддуни тољик нохушнуд мешаванд ва инқилобро сабабгори ташкилшавии Тољикистон медонанд ва фитна мехонанд ва маҳкум менамоянд, огоҳонаву ноогоҳона, бо пантуркистон, ки «бар зидди барпо шудани Љумҳурияти Советии Тољикистон иғво паҳн мекарданд ва дар Осиёи Миёна тољик ном як халқ нест, ҳамон узбаконанд, ки бо таъсири Эрону мадраса забони худро гум кардаанд», мегӯянд, ҳамраъю ҳамнавою ҳамдаъво мешаванд ва иғво меангезанд ва теша бар решаи миллат ва давлати миллии мо, ки баъд аз 1000 сол ба истиқлол расидааст, мезананд. Воқеан, пантуркистон, ҳанӯз ҳам аз даъвои худ, ки дар Осиёи Миёна миллате бо номи тољик нест ва ҳамон  ӯзбаконанд, ки бо таъсири Эрон ва мадраса забони худро гум кардаанд, мегуфтанд, даст накашидаанд. Далели ин пахши мукаррари яке аз барномаҳои навташкил дар Русия, ки «Осиёи Марказӣ» ном дорад, метавонад буда бошад, ки дар он аз номи академик Рустам Абдуллоев Ислом Каримовро падари ӯзбакҳо ва тољиконро элитаи ӯзбакҳо, ки ба забони форсӣ гап мезананд, медонанд ва бомбаборон кардани Роғунро бешармона эълом медоранд. Аммо мо бехабар аз ин гуна даъвоҳо, ки бар зарари миллату кишвар аст, худ даст ба сиёҳкунии инқилоб, ташкилшавии Тољикистон, дастовардҳои халқи тољик дар асри гузашта мезанем, хештанро инкор менамоем ва бад-ин тартиб даъвои пантуркистонро на танҳо дастгирӣ, балки тасдиқ мекунем ва мисли муаллифи китоби «Фитнаи инқилоб» мегӯем: «Миллати тољик аз инқилоб бисёр зарар дид. Бо инқилоб инкори мављудияти халқи тољик ранги расмӣ гирифт ва як љузъи сиёсати давлат гардид. Давлати навбунёди Шӯравӣ дар Бухоро нисбат ба тољикон сиёсати наслкушӣ пеш гирифт, забони тољикӣ, халқи тољикро нест кардан хост ва хеле нест кард…». Ҳол он ки воқеият дигар аст ва устодон Айнию Лоҳутию Турсунзода ва адибони дигар инқилобро як ҳодисаи мусбат ва наљотбахши миллати тољик, эҳёгари давлати миллии тољикон медонанд ва дар осорашон аз он ситоиш менамоянд. Чунончи, устод Айнӣ мегӯяд: «Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр сараввал тољиконро аз асорат ва ғуломии амир ва аз бандагии подшоҳи рус ва истисмори онҳо халос кард. Асорат ва ғуломии амир чӣ чиз буд? Халқи тољик дар зери асорати амир ба якнафаса зиндагии худ амон набуд; зан, духтар ва фарзанди ин халқҳамеша маҳкуми дароздастии амалдорони амир буданд, халқи тољик дар замони амир на танҳо аз љиҳати моддӣ торољ медид, балки хар як амалдори амир метавонист, ки ӯро бо зану фарзандонаш дар як рӯз кушта нобуд кунад. Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ҳалқи тољикро аз ҳамин гуна асорат ва ғуломии шармовар ва хонавайронкун халос кард». Устод дар љои дигар ба тақвияти ҳамин гуфтаҳояш чунин меафзояд: «Тољикистони имрӯза пеш аз Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр, як харобазор, як даштистони беобу алаф, як кӯҳистони душворгузар, як зиндони мардуми мазлуми бараҳна ва гуруснаи ба мурда нест шудан маҳкум буд. Ҳатто љои ин шаҳри бузурги сотсиалистӣ - љои шаҳри Сталинобод, ки ба шаҳрҳои ободи Европаи Советӣ баробарӣ мекунад, шағолхона буд. Дар хоки Тољикистони пештара саноат набуд, хољагии қишлоқаш дар ниҳояти пасмондагӣ буда, дар дасти амир, амалдорон ва бойҳо буд, аз деҳа ба деҳе роҳе набуд, мактаб набуд, маориф набуд, санъат набуд, доктор ва муолиљахона набуд, ҳатто номи худи Тољикистон ҳам набуд. Танҳо халқи мазлуми тољик буд, ки ғулому канизи амирону подшоҳи Русия ба шумор мерафт. Ин халқи мазлуми афтодаи барљомонда пеш аз Октябри Кабир барои беҳбудии зиндагонии худ ҳељ кор карда натавонист ва ба манфиати худ ягон кор карданаш мумкин ҳам набуд. Револютсияи Кабири Октябр, дар қатори дигар халқҳои советӣ, ба халқи мазлуми пештараи тољик ҳам ҳама чизро дод ва аз ҳама аввал ба ӯ озодӣ ва республикаи Советии Сотсиалистии мустақилро дод, ки вай яке аз аъзоёни баробарҳуқуқи Иттифоқи Советии бародарона гардид ва барои пешрафти вай роҳи калоне  кушода шуд…». Дар ин замина адибони дигар низ суханони зиёд гуфтаанд, аммо мо ба зикри чанде аз онҳо басанда менамоем:

Эй гули навраси боғи ленинизм,

Писари ҳафтумии  сотсиализм!

То ту аз модари заҳмат зодӣ,

Дод Октябр туро озодӣ

                              Лоҳутӣ

 

Давраи нав агар намеомад,

На ароба, на асп дошт Ҳасан,

Дар ғуломию бандагӣ мемурд,

Мурдаи камбағал надошт кафан…

                                        Турсунзода

 

Рӯдакиро кард бино Инқилоб,

Дод умри нав ба Сино Инқилоб!

                                               Лоиқ 

Албатта, айниситезӣ, љустани камбудию нуқсонҳо, мавриди шакку шубҳа ва таҳриф қарор гирифтани гуфтору осори устод Айнӣ, ки зери номи «навназарӣ» сурат мегирад, на танҳо идома меёбад, балки як навъ хусусияти умумӣ ва густарда пайдо намуда ва муљиби гуфтугӯи зиёди донишмандон мегардад. Мо ин гуна нуқтаи назарро дар китобҳои зиёде, ки дар солҳои охир нашр шудаанд, аз љумла дар китобҳои «Љусторҳо ва ибтикорот дар наср» (2009), «Маънавият ва љаҳони зоҳирӣ» (2000), «Адабиёт ва фарҳанги миллӣ» (2012), «Љонпайванд» (2005), «Љойгоҳи Туғрали Аҳрорӣ дар адабиёти тољик» (2015) ва ғайра бармало боздид менамоем. Чунончи, муаллифи китоби «Љонпайванд» гуфтааст: «Баҳое, ки устод Айнӣ ба осори Туғрал додаанд, он ҳам дар соли 1925 ё 26, то ҳадде  шитобзада ба назар мерасад. Устод дар «Намунаи адабиёти тољик» навиштааст: «Туғрал, мисли дигаре аз муқаллидони Бедил, дар ин пайравӣҳељ муваффақ нашудааст»… Аммо як нуктаро мебояд ёдовар шуд, ки таъдоде аз шеършиносони тољик ва акнун эронӣ низ чун сухан аз Туғрали Аҳрорӣ ва осори ӯ равад, ҳатман эродеро, ки устод Айнӣ як замоне ба сабки шеъри ӯ гирифтааст «далел» меоваранд ва дониставу надониста ин сухангустари бузургро муттаҳам ба тақлиди бебарор аз Бедил медонанд, яъне ҳар чи устод гуфта гузаштаанд, гӯё ҳукми қонунро дорад ва  ин ҳам дар ҳоле ки аллома Айнӣ дар оғози роҳи эљодии худ ишораҳои кӯтоҳ ба ин мавзӯъ кард. Аммо дар рисолаи муфассали рољеъ ба Мирзо Абдулқодири Бедили Деҳлавӣ ва дигаре аз таълифоти илмии устод ба муқоисаи шеъри Туғралу Бедил ва тақлиди бебарори Туғралу муосирон аз мактаби сабки ҳиндӣ нукоти жарф ва муфассал матраҳ нагардидааст. Гузашта аз ин, дар охири чанд ғазал аз Бедил ном бурдан ва иқтибос  овардан ва дар татаббӯи вай арзи матлаб намудани Туғралро падидаи тақлидкории маҳз пиндоштан низ амре ғалат мебуд». Муаллифи китоби «Адабиёт ва фарҳанги миллӣ» асарҳои устод Айниро, ки барои исботи мављудияти тољикон иншо намудааст, «рисолати таҳмилӣ», «талоши тақиягуна», «тарфанд», яъне замонасозӣ ва дурӯғ унвон медиҳад ва мегӯяд: «Бо шурӯи ташкили силсилаи љумҳуриҳои мухтор бар асли тақсими нажодӣ дар ҳудуди Аморати Бухорои собиқ тарафандҳое ба кор баста шуд, ки тамоми саъю ҳиммати устод Айнӣ махсус ва масруфи таъйид ва тасдиқи асолати нажодии форсизабонони ин қаламрав (!), яъне тољикҳо ва ҳаққи онҳо бо доштани як љумҳурии мустақил, агарчи дар гӯшае аз ин аморат махсус ва масруф гардид. Инсоф ин аст, ки устод Айнӣ маљоле бештар аз анљоми ин рисолати таҳмилиро надошт… Нахустин осори адабии мансури устод Айнӣ дар канори мақолаҳои эшон талоше буд барои таъйиди ҳаққи тољикҳо нисбат ба доштани як љумҳурии мухтори шӯравӣ. Лозимаи ин кор ҳамин буд, ки ба миљози идеологии ҳоким мазлумияти тољикҳо, вуљуди синфи коргару деҳқон ва пролетариати ҳарчи мазлумтар ва маҳрумтар дар миёни эшон ба субут расонда шавад. Ба назари инљониб, муболиғаи Айнӣ дар тасвири фақру тангдастӣ ва мазлумияту маҳрумияти тољикҳо дар нухустин осори вай, аз қабили  романҳои  «Ғуломон» ва «Дохунда» ва қиссаҳои «Одина» ва «Ятим» аз ҳамин навъ талоши «тақиягуна»-и вай барои «ситондани ҳаққи тољикҳо» аз идеологияи ҳоким нашъат мегирифт». Дигар,  муаллифи мақолаи «Андешаҳои ахлоқии Туғрали Аҳрорӣ», ки дар китоби «Љойгоҳи Туғрали Аҳрорӣ дар адабиёти тољик» (бахшида 150-солагии Туғрал) интишор ёфтааст, гуфтори  устод Айниро, ки дар китоби «Намунаи адабиёти тољик» оид ба Туғрал ихтисос мегирад, зери суол мебарад ва менависад: «Танҳо ҳамин абёт (як байт аз Бедил ва ду байт аз Туғрал-Љ.С.) метавонад далел бар тавони Туғрал бошад дар пайравӣ аз Бедил ва андешаи Садриддин Айниро, ки дар «Намунаи адабиёти тољик» оварда: «Туғрал, мисли дигаре аз муқаллидони Бедил, дар ин пайравӣҳељ муваффақ нашудааст», зери суол бибарад…»

Албатта, мо метавонем аз осори ин «навандешон» ва «навназарон», ки шахсияту осору андешаҳои устод Айниро мавриди таҳриф, шубҳаву гумон қарор додаанд, боз ҳам мисол биёварем, лекин «мушт намунаи хирвор», гуфтаанд. Аммо, ба андешаи мо, осори устод Айнӣ ва шахсияти ӯ мисли кӯҳ пойбарљо аст ва ҳељ гуна самуме, тӯфоне наметавонад онро аз љо бе љо намояд ва осеб бирасонад. Ба сухани дигар, ном ва осори устод Айнӣ - Қаҳрамони Тољикистон, падари миллати тољик ҳамеша зиндаву љовид аст ва зиндаву љовид хоҳад монд. Ба қавли шоир:

Ёдгори Айниву ин кӯҳсорон, зинда бод,

Шеъри Турсунзодаву ин обшорон, зинда бод! 

ҶАМОЛИДДИН САИДЗОДА       

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97