Восеъ фаност имрӯз…

Фарҳанг ва адаб 17.10.2015 08:11

                6-уми сентябр сари соли дўстамон Кавг Чаќал буд. Ба хотири гиромидошти рўњаш ба ноњияи Балљувон рафтем. Зеро, аз инсон дида шарифтар махлуќе вуљуд дошта наметавонад. Инсон назди Худо шариф аст ва як мўи ўро дар ќиболи њама замину осмон намедињад.

               Аз назаргоњи ќуръон таъбири њаќиќате вуљуд дорад ба номи «руњ», ки дорои чанд вижагие дорад. Ин «рўњ» воќеияти мустаќил дорад дар канори фариштагон ва инсон. Ин «рўњ» бартар аз малоика ва волотар аз инсон аст. Рўњ аз олами амр аст, бад-ин маъно, ки мустаќиман аз иродаи Худованд содир шуда ва вуљуди ў дафъї ва онї аст на тадриљї, бинобар ин мављуди муљаррад ва малакутї аст. Рўњ маншаъи њаёту илм ва ќудрат дар њар мављуде аст. Ин «рўњ» дорои маротиб ва дараљоти шадиду заъиф аст, ки мартабае аз он дар инсон таљаллї намудааст. Бар асоси ин вижагињо фариштагон аз љинси рўњ ва олами таљарруд њастанд ва рўњи инсон ва руњулќудус ва њатто вањйи илоњї, ки дар ќуръон ба он рўњ роњандозї шуда, њамагї љилваву таљаллии он рўњи кулли мустаќил њастанд.

                Ба хотири рўњи бузурги дўстамон оёте чанд аз ќуръони карим тиловат гардид ва дўстону пайвандонаш ба ў зиндагии оромонаи ухравиро аз даргоњи покаш тавалло намуданд.

                Ростї, инсонеро, ки бо тамоми хусусиёти некаш мешиносї ва имрўз ўро дар канорат намебинї, мисли ин ки чизеро аз даст додаї, худро дардолудаву ѓамгин эњсос мекунї. Боз њам худро тасаллї медињї, ки чораи дигаре нест, инсон раванда аст, аз даре дохил ва аз дигар дар хориљ мегардад ва ба олами хомўшон мепайвандад.

                Марди солхўрдаи «хирадманде», ки моро то дарвоза гусел мекард, бо њамон нигоњи «хирадмандона» теппаеро, ки аз дур хуб намоён буд, ба мо нишон дода гуфт:  Шумо љое омадаед, ки бо дуъои рўњи ин марди роњи њаќиќат ва ислом дар дунёву охират аз неъматњои худованд бархурдор хоњед шуд. Њайратзада ба ў менигаристем, ки манзураш чист. Бо ангушт ба теппаи муќобил ишора карду гуфт: Дар ин баландї замоне ќалъаи беки Балљувон (Абдукаримбек, писари беки Самарќанд- Шералии иноќ)  арзи њастї дошт ва ин шахсияти бузург ва ходими дини муќаддаси ислом барои ин сарзамин љонбозињо карда, чароѓи исломро дар ин пањно фурўзон нигоњ дошта, бо омадани лашкари салот аз тахт барканор шуду фирории Афѓонистон. Њар гоњ ба ин љо омадед, дар њаќќаш ду ракъат намоз бихонеду аз даргоњи худованд маѓфираташ бихоњед. Замоне, ки ў ин љо њукумат дошт, файзу баракат зиёд буду ислом рањнамои мардум.

                Ваќте ба баландї назар афкандем, дидем, ки дар љои ќалъаи куњнаи беки Балљувон Абдукаримбек (алайњу лаъна) ќалъаи муњташаме месозанд, ки албатта дар эъмори ин ќалъа чи маблаѓњое масраф мешавад. Абдукаримбек аз авлоди манѓит ба 12 пушт ба Чингизхон мерасад ва аз љумлаи њокимони манѓите буд, ки дар зулму истибдод назир надошт. Мањз дар замони салтанати ў мардум бенаво гашту бечораю фаќир шуд. Дар ин давра Амир Насруллоњ бини Њайдар (алайњу лаъна, љояш дўзах бод) ба таърихи  як њазору ду саду чињилу дуи њиљрї  (1864 мелодї) ба салтанати Бухоро роњ ёфт ва муддати 35 сол њукмронї кард. Дар маљмуъ сулолаи манѓитиён 173 сол дар Бухоро њукм ронданд.

                Мояи нигаронии мо ин буд, ки чаро барои зинда гардонидани як мири манѓит ќалъаеро, ки ба хок яксон буд, дубора эъмор мекунанд ва Восеъ – тољики асилеро, ки ба хотири хушбахтии мардуми тољики кўњистон шўриш кард ва бо дасти ин хунхорон кушта шуд, номаш имрўз аз сафњаи торих кўр мешавад, чизе ба ёдгор намегузоранд.

Тавре хонанда аз торих медонад ва ќиссаву ривоятњо њокианд, шўриши Восеъ дар cолњои 70-и асри XIX дар бекии Балљувон рух дод. Соли 1878 ду њазор дењќон аз худсарию зиёд шудани миќдори хирољу закот ба шўр омада, ќалъаи Балљувонро муњосира карданд. Беки Балҷувон Абдукаримбек аз ѓазаби халќ тарсида, ба водии Њисор гурехт. Дењќонон ќалъаро гирифтанду молу мулки онро байни худ таќсим карда, њамон дам хона ба хона пароканда шуданд. Ошўб бо ќувваи мусаллањи беки Њисор Остонақул қушбегӣ (1886-1906) писари Аббосбий, ки вазири амири Бухоро буд, бо берањмї пахш шуд ва чанд нафарро ба дор кашиданд. Иштирокчиёни фаъоли шўриш аз љазои вањшиёна тарсида, ба сўи Дарвоз гурехтанд. Абдукаримбек боз ба Балҷувон баргашта, мисли пештара худсарї мекард. Ин шўриш бо номи шўриши Восеъ маъруф гаштааст. Сабаби шўриш он буд, ки мувофиќи талаби амалдорони амир дењќонон мебоист аз њосили яксола хирољи на танњо соли љорї, балки хирољи солњои пешинаи бењосилро њам дињанд. Иљрои ин кор дар асл дењќонон ва ањли оилаи онњоро ба гуруснагї мерасонид. Бо ин сабаб бо сардории Восеъ дењќонони атрофи Ховалинг ба њавлии амлокдор дарафтоданд, њавлињои дигар ашрофонро ба хок яксон сохтанд. Восеъ ба музофоти Балљувону Кўлоб одамони худро фиристод, ки мардум дар љанги зидди амир ба вай њамроњ шаванд. Садњо љабрдида дар атрофи Восеъ љамъ омаданд. Мардуми љамъомада бо сардории Восеъи љувозкаш роњи Балљувонро пеш гирифт. Гуфтушуниди одамони бек бо шўришчиён натиља набахшид. Бек хост бо як њамлаи ногањонї шўришро пахш кунад. Вале ба Восеъи шуљоъ муяссар мешавад, ки ќалъаи бекро ишѓол намояд. Шўришгарон бегуноњонро аз зиндони бек рањо доданд. Баъд ќўрхонаи ќалъаро кушода, аслињаро байни худ таќсим намуданд. Се шабонарўз ќалъаи Балљувон дар дасти шўришгарон буд. Хатои калони Восеъ њамин шуд, ки шўришчиён аз ѓалабаи худ саргарм шуда, ќадаме аз Балљувон берун намонданд. Аз фурсат истифода намуда, њокими Балљувон ба Кангурт расид ва аз он љо аз њокимони Кўлобу Њисор, ки њамагї аз авлоди манѓит буданд, имдод талабид. Инчунин беки мазкур сарбозони парокандагаштаи худ ва њамаи онњоеро, ки бар зидди дењќонони шўришгар буданд, љамъ карда, ба сари Балљувон њамла кард ва ќалъаро дубора ба тасарруфи худ даровард. Восеъ њанўз таслим намешуд. Ў муборизаро давом дода, Кангуртро ишѓол кард. Дар ин љо дењќонони Кангурту Ќизилмазорро (њозира Темурмалик) љамъ намуда, Восеъ бори дуюм ќалъаи Балљувонро ишѓол намуд. Шўришгарон на фаќат Балҷувон, балки ќаламрави Ховалингу Кангуртро њам зери тасарруфи худ дароварданд. Комёбињои шўришчиён ва муборизаи оммаи халќ бар зидди амалдорон ва сарватмандон решањои тартиботи феодалиро ба ларза оварданд. Аз хусуси шўриши дењќонон тањти роњбарии Восеъ амири Бухоро њатто ба генерал-губернатори Туркистон њам хабар дода кумак мепурсад. Аз Бухоро ва Њисор ба сўи Балљувон лашкар фиристода мешавад. Ба ќуввањои муттањидаи њарбии бекњои мањаллї муяссар мешавад, ки шўриши дењќононро бо сардории Восеъ пахш кунанд. Њамсафони наздики Восеъ захмдор ё дар хорзор њалок шуданд. Худи Восеъ дар кўњњо пинњон шуда, чанд маротиба ба нируњои њокими Балљувон њамла кард. Нињоят ў бо роњи хиёнату фиреб, ки дар ин љо боз њамон тољикони бесавод даст доштанд, дастгир шуд. Восеъро ишкелбанд ба Њисор равон намуданд. Беки Ҳисор Остонақул қушбегӣ (1886-1906) ўро ба ихтиёри амири Бухоро фиристод. Восеъ дар назди амир, ки дар Шањрисабз барои дамгирї ва айшу ишрат омада буд, ба дор кашида шуд.

Манзури банда аз ин матлаб овардани далелњои таърихї нест. Агар мо воќеан соњиби ин сарзамину миллати мутамаддини фарњангї њастем, чаро иљоза медињем, ки ќалъаеро, ки замоне макони зулму истибдод буд, дубора ба хотири як манѓит месозем? Ќалъае, ки дар замонаш макони фањшу фоњишагарї буду бачабозї асли маишати њокимони манѓит, аз нав эъмор мегардад?

Борњо шунидаем, ки баъзе аз «пирони хирад» бо ифтихор ќисса мекарданд, ки беки Балљувон Абдукаримбек аз баландии ќалъа бо дурбин атрофро, ки хуб намоён буд, тамошо мекардааст ва духтарони ќадрасеро, ки синнашон 10-12 сола будааст, дида, ба навкаронаш мефармудааст, ки барои як лањзаи маъишат он душизаи маъсумро ба љойгањи хобаш биёранд. Дар натиља дањњо духтарони маъсум, ки аз зиндагї чизе њосил накарда буданд, туъмаи ин иблиси зањњокмонанд шудаву бадном мешуданд ва дар натиља ба хотири рањої аз бадномї маљбур мешуданд худро зинда ба оташ бикашанд ва ё зери њалќаи дор бираванд. Гузашта аз ин њокимони манѓит соле садњо љавонони наврасро чун туњфа ба подшоњи Афѓонистон мефиристоданд, ки онњоро бериш меномиданд. (Нигаред «Таърихи нофеъ, Муњаммадалии Балљувонї»).

Пас суоли матрањ ин аст, ки магар зинда сохтани рўњи як иблис, ки дар асл душмани ќаттоли миллати тољик буд, дар ин шароиту замон љо дорад? Љавоби суол барои фарзонагони миллат бояд якто бошад. Набояд ќалъа сохта шавад, балки хоки мурдори ин ќалъа агар маблаѓи зиёде њам масраф шавад, бояд кашида шуда, ба дарё рехта шавад, то бўи манњуси манѓити зулмпеша дар ин сарзамини аљдодї барои њамеша зудуда гардад. Њар гоњ ин макон аз мурдор пок шуд, ба љояш њайкали бузурги ќањрамони  миллати тољик Восеъи номовар, ки ба хотири озодии миллати тољик љони азизашро аз даст дода буд, гузошта шуда, ба макони зоирин табдил дода шавад. Он гоњ рўњи Восеъи бузургвор шоду хотири бозмондагонаш-миллат осуда мегардад.

Хотима: Васияти мири Бухоро Амир Олимхонро, ки гуфта буд: «Агар дар њар куљои ин љањон вафот шавам, ворисонам маро ба таври амонат ба хок биспоранд. Ваќте ки ватанам Бухорои Шариф аз чанги русњои болшевик озод ва истиќлоли худро њосил намуд, маро аз хок кашида, љасадамро ба ватанам баранд ва дубора ба хок биспоранд», њаргиз амалї нашавад. Зеро дар машварате, ки чанд сол пеш ворисони Олимхон аз Амрико бо Раиси Љумњури Узбакистон Ислом Каримов доштанд, мавзуи овардани хоктўдањои Олимхон ба Бухоро буд. Хушбахтона љавоби рад шуниданд ва эњтимол дорад, ки дар оянда ин масъала дубора баррасї шавад, аз ин рў Бухорои Шарќї, ки Тољикистонаш мегўянд, набояд макони зисти абадии Олимхон шавад.

Ибодуллоњ Оќилпур 

 

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97