Гурдофарид

Фарҳанг ва адаб 10.10.2015 11:39

                    

                                                     Намое аз «Шоҳнома дар Тоҷикистон

 

        Нашрияи «Миллат» мусоҳибаеро бо Обид Ҳомидов, раиси вақти «Тоҷикфилм» мунташир кард, ки он аз сӯи хонандаи нашрия гарм истиқбол шуд. Бархе аз хонандагони нашрия навиштаанд, ки воқеан филмҳои сохтаи Борис Кимёгаров бар асоси ҳамосаҳои «Шоҳнома» ифтихори бузурге аз синамои тоҷик аст. Яке аз хонандагони доимии нашрия аз шаҳри Хуҷанд дархост фиристодааст, ки дар бораи Сайрам Исоева- Гурдофариди тоҷик матлабе омода ва чоп кунем. Ва ҳамин гуна хеле аз хонандагони тоҷик хостаанд дар атрофи ин филм бештар баҳсу баррасиҳоро ба нашр бирасонем, ки ин ба суди филмсозӣ дар кишвар хоҳад буд. Аз ин рӯ бо дархости хонанда хабарнигори «Миллат» ба суроғи Гурдофарид ба Хуҷанд рафт ва дар кулбори хеш ин армуғонро овард.

Сайрам Исоева - Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷоддаи ҳунар нотакрор аст. Ба назар чунин мерасад, ки табиат ӯро маҳз барои олами рангини ҳунар офаридааст. Эҳсосот, нигоҳ, гуфтору рафтор, саросар аз ҳунар ҳарф мезананд. Ӯ бо ҳунари волои худ  ба дили ҳазорон-ҳазор ҳаводорони ҳунари театру синамо роҳ ёфта, ба ин васила санъати тоҷикро ба алоқамандони ҳунари синамо дар хеле аз кишварҳои дунё муаррифӣ кардааст.

Сайрам муддати зиёда аз панҷоҳ сол аст, ки дар саҳнаи театру кино ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар саҳнаи театр зиёда аз 200 нақш ва дар кино зиёда аз 50 нақш офаридааст. Дар миёни ин нақшҳо симои Гурдофарид аз кинофилми «Рустам ва Суҳроб», коргардон Борис Кимёгаров(соли 1971) беҳамтост. Ин филм дар чанде аз шаҳрҳои Русия ва хориҷ аз кишвар, ва бештари мавриди он дар шаҳри Исфара ба навор гирифта шудааст. Пас аз машқҳои зиёди аспдавонӣ, ҳангоми ба навор гирифтани филм, ки бояд Гурдофарид бо аспи тозон аз кӯҳу теппаҳо мегузашт, нохост пои асп дар замини мулоим дармонду Сайрам бо шаст аз болои аспи дартоз ба замин уфтоду лаҳзае аз ҷой наҷунбид. Ин ҳолат ҳозирин ва ба хусус, наворбардорони филмро шокӣ кард. Ҳамагӣ ба сӯйи Сайрам, ки беҳаракат рӯи замин мехобид, давиданд. Сайрам баробари афтодан аз аспи дартоз дарди ҷонкоҳеро дар пой ҳис карду беҳол шуд. Ӯро бо эҳтиёт ба бемористони шаҳри Исфара оварданд. Дар як лаҳза дар тамоми ҷумҳурӣ овозаҳои зиёду бардурӯғе атрофи аз асп афтидани Сайрам шунида мешуд. Ҳатто бархе воҳимагарон ва нотавонбинон ба Марям Исоева, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон хоҳарбузурги Сайрам гуфтаанд, ки гӯё ҳангоми афтидан гардани Сайрам осеб дидаву ҳолаш хеле вазнин аст. Ҳолати хоҳарбузургро дар ин ҳол танҳо онҳое, ки чӣ будани меҳру шафқати фарзанди падарро медоданд, ҳис карда метавонанду бас. Осмон дар назари хоҳари мушфиқ бар сараш гардон шуд.

Баробари ба бемористон овардани Сайрам, табибон ӯро ташхис карданд, ки ҳагоми бо шаст афтидан як пояш шикаста буд.

Ҳангоме, ки Марям бо рангу рӯи паридаву чашмони ашкбор ба Исфара, ба дидорбинии хоҳараш омад, ин ҳолати ӯро дида, Сайрам хеле тарсид. Ӯ бо ҳайрат ба хоҳарбузургаш Марям менигаристу Марям ба ӯ нигариста ба чашмонаш бовар намекард. Сайрам барои бартараф шудани нигаронии Марям бо табассум гуфт:      

 – Апаҷон, бубинед, ки ман сиҳату саломатам. Охир ман Гурдофаридам.

Хоҳарони ҳунарманд якдигарро ба оғӯш гирифтаву ашки шодӣ мерехтанд…

Ишқу алоқа ба ҳунар, Сайрамро водошт, ки дар муддати хеле кӯтоҳ шифо ёфта, барои офаридани нақши Гурдофарид дубора ба саҳнаи наворгирии филми машҳури «Рустам ва Суҳроб» баргашт. Ин филм пас аз ба намоиш гузоштан ба ҷумҳурӣ 75 млн. рубли шӯравӣ фоида овардааст. Маскав танҳо аз ҳисоби фурӯши ин филм ба Арабистони Саудӣ 45 млн. рубли шӯравӣ фоида дид. Дар маҷмӯъ ин филм ба собиқ давлати шуравӣ 250 млн.рубл фоида овард.

Сайрам дар ин филм нақши духтари ҷасур, фидокор, ватандӯст ва вафодорро бо тамоми маҳорат бозидааст. Ӯ натанҳо дар шамшерзанӣ, балки бо чолокӣ ва айёрии худ Суҳробро қоил мекунад.

– Ман ҳар боре, ки Сайрам Исоеваро дар ин филм мебинам,- мегӯяд, доктори илмҳои суханшиносӣ, профессор Атахон Сайфуллоев, суханони нависанда ва донишманди бузурги рус Н.Г. Чернишевский ба хотирам меояд, ки дар асари худ «Қисса андар қисса» Гурдофаридро ҳам дар ҷасорату матонат, ҳам дар ҳусну ҷамол аз қарамонони Шекспир Дездимона ва Ҷулета бартар шуморидааст. Тавсифоти Чернишевский дар нусхаи асл чунин аст: «Гурдафарид цветет здоровьем, только Зораб во всем Туранском войске может выдержать поединок с нею, когда она надевает шлем: если рука её слабее руки Хеджира,ее сердце тверже, ее взор смелее, движения быстрее, ее удары вернее, и она –первая защитница Ирана. Но у самого Шекспира нет лица более прелестного. Дездемона и сама Джульетта далеко уступают ей дивною нежную прелестью».

Ҳамин зебоӣ, чобукӣ ва нафосату назокате, ки Гурдофарид дорад , ба Сайрам низ хос мебошанд.

Сайрам Исоева, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1942 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи хизматчии давлатӣ ба дунё омадааст. Соли 1960 баъди хатми мактаби миёнаи №1-и деҳаи Пахтаободи ноҳияи Турсунзода ба Донишкадаи театр ва санъати рассомии ба номи А. Островскии шаҳри Тошканд дохил шуда, соли 1964 онро бо муваффақият хатм кардааст. Актрисаи театри ба номи Камол Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, Раиси шуъбаи вилоятии Иттифоқи Арбобони театри Тоҷикистон. Дорандаи ордени «Дӯстӣ» ва медали «20-солагии Истиқлолият» Оиладор. Шавҳараш Арбоби Шоистаи санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саркоргардони театри кӯдакон ва наврасони вилояти Суғд Ислом Саломов мебошад. Онҳо соҳиби ду фарзанд; духтарашон Саодат Саломова низ ҳунарпешаи театри давлатии мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва писарашон Баҳодурҷон варзишгар аст. Онҳо сохиби панҷ набераи дӯстрӯяк ҳастанд.

Фаъолияти эҷодии Сайрам Исоева соли 1964 пас аз хатми донишгоҳ аз саҳнаи театри давлатии мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Пушкини шаҳри Ленинобод (ҳозира К.Хуҷандии вилояти Суғд) оғоз ёфта, то имрӯз дар онҷо идома дорад. Ӯ ҳамчун ҳунарпешаи боистеъдод ва шахси ниҳоят ҳалиму меҳрубон миёни аҳли эҷоди театр обрӯю эҳтироми зиёд дорад. Шавқу ҳавас ва меҳру муҳаббат нисбат ба кори ҳунарпешагӣ ба ӯ имконият медиҳад, ки аз уҳдаи ҳар як нақши офаридааш ба хубӣ баромада, дар дили мухлисонаш меҳру муҳаббатро пайдо кунад. Сайрам Исоева дар тӯли фаъолияти ҳунарии хеш бештар нақшҳои марказиро офаридааст. Нақши лӯлидухтар Аза аз намоишномаи «Лӯлидухтар Аза», Адолат аз «Имтиҳон» ва «Баъди имтиҳон», Телли аз « Аршин Малалай», Шаҳло аз «Темурмалик», Робия аз «Суруди нотамом», Ширин аз «Хусрав ва Ширин», Ширин аз «Ҷони ширин», Сотти аз «Исёни арӯсон» ва даҳҳо чунин нақшҳоро дар саҳна офаридааст, ки дар хотираи тамошогарон то дер замон нақш бастаанд. Ӯ дар кинофилмҳои зиёд низ нақшҳо офарида, бо ҳунарпешаҳои боистеъдоди синамо ба монанди: Лутфияхонум Сармисоқова, Талгат Негматуллин, Елена Проклова, Леонид Броневой, В. Филозов, Наталия Белохвосикова, Рустам Уразев, Майгозел Аймедова, Кирил Лавров,С.Туйбоева, М. Қосимов, Раҳматуллоев, Ҳ. Гадоев, А. Муҳаммадҷонов ва бисёр дигарон ҳамкорӣ намудааст. Ин нишонгари ҳамчун ҳунарпешаи бомаҳорат ҳатто берун аз кишвар эътироф шудани Сайрам аст.

Сайрам Исоеваро натанҳо чун ҳунарпешаи бомаҳорати саҳна ва синамо, балки ҳамчун коргардони бомаҳорати театр низ мешиносанд. Бо кӯшиши ӯ зиёда аз 20 асарҳои саҳнавию ҳаҷвӣ ба саҳна гузошта шудааст, ки як аз онҳо «Исёни арӯсон»-и драматурги узбек Саид Аҳмад мебошад.

Паҳлӯи дигари эҷодиёти ин зани ҳунарманд боз дар он аст, ки ӯ ба тарбияи ҳунармандони ҷавон аҳамияти махсус дода, барои шогирдони худ китоби «Фарҳанги ислоҳоти театр»-ро аз чоп баровардааст, ки ин аввалин китоб аз таҷрибаи эҷодии актриса ва натиҷаи заҳматҳои эҷодии ӯст.

Вақте ки аз ин бонуи сар то ба по ҳунар дар хусуси ба ин қадар кору заҳмат вақт ёфтаву хаста нашудан пурсон шудем, ӯ бо табассуми малеҳе гуфт:

 – Мушкилиҳо зиёд буданд, вале бо кумаки шавҳарам, ки худ қариб як умр саррежиссёри театри Камоли Хуҷандӣ буданд, ман онҳоро паси сар кардам. Баъдан ман дар саҳна мутеъи шавҳар не, мутеъи коргардон будам. Аз нақши духтараки одии деҳотӣ то шоҳдухтар, малика, шоира Робияи Балхӣ барин нақшҳои душворро офаридаам, аммо ҳич гоҳе эркагӣ ва ноз накардаам. Ҳич гоҳе намегуфтам, ки ман ин нақшро намехоҳам ва намебозам, то боиси гапу гузор дар миёни аҳли ҳунарпешаҳои театр нашавад.

Ин зани фидоии дунёи ҳунар, ки зиёда аз панҷоҳ соли умри хешро дар саҳнаи театр гузарондааст, баробари нақшофарӣ аз таҷрибаи ғании ҳунари нақшофарии худ ба ҷавонони зиёде дарс мегӯяд. Кӯшиш бар он дорад, ки шогирдонаш ҳам мисли ӯ ҳунарманди хубу боистеъдод ба камол расида, ифтихори Сайрам Исоева ё ба таври дигар гӯем Гурдофариди тоҷикон бошанд. Зеро мардум қаҳрамони шоҳасари «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, Гурдофаридро дар симои Сайрам мебинанду мешиносанд.

       

 Тоҷинисои Азиз,

Душанбе- Хуҷанд- Душанбе,

махсус барои «Миллат»

 

 

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97