Тоҷикон мардумони муфлиси хушҳол

Фарҳанг ва адаб 16.10.2014 13:37

Тоҷикон ва бемории "шеързадагӣ"

Tojikon va sherzadagi 01Гирифтори зеҳнияти шеързада будан, муҷиб гашта, ки тавоноии мо барои таҳлил ва таҷзияи масоил нобуд шавад ва натавонем масоили печидаро дарк кунем ва барои он масоил, таҳлилҳои мунсаҷим ва созмонёфта, ироа кунем ва ҳатто аз шунидан ва хондани баҳсҳое, ки печидагии масоилро барои мо бармало меафканад, тан бизанем. Барои мо ҳарфҳои шиъории қашанг, бештар ҷаззобият дорад то суханон ва таҳлилу таҷзияҳои печидаи илмӣ.

Торихи тоҷикҳои Афғонистон ( ва ҳамин тавр тоҷикҳои Осиёи Миёна) торихи пур аз дард ва ранҷ ва андӯҳ ва машақат аст. Камтар мардуме дар ин ҷаҳон ба андозаи тоҷикон мавриди бемеҳрии рӯзгор қарор гирифтаанд ва аз балоҳои заминӣ ва осмонӣ осеб дидаанд ва ин ҳама мавриди табъиз ва ситам ва иҷҳоф аз сӯии ақвоми муҳоҷим дар тӯли торих воқеъ шудаанд. Шояд агар ин балоҳо ва масоиби камаршикан, бар сари ҳар қавме ҷуз қавми тоҷик меомад, акнун асаре аз онҳо дар сафҳаи рӯзгор боқӣ намемонд ва аз саҳнаи гетӣ ба куллӣ ҳазф мешуданд. Эҳтимолан нуктаи имтиёзи тоҷикон, доштани сармояи маънавӣ ва фарҳангии бузурге ҳамчун забон ва фарҳанги тавонманд ва бо пуштувонаи форсӣ буд, ки боис шуд онон ҳувияти худро ҳифз кунанд ва дар масоф бо ҳаводиси ҳавлноки рӯзгор, сарбаланд берун оянд.

 

 Тоҷикон мардумони муфлиси хушҳол

Агарчи доштани забони неруманд ва фарҳанги ғанӣ, тоҷиконро аз хатари нобуд шудан раҳонида ва аз ҳувияти онҳо посдорӣ карда, аммо зиёнҳоро ҳам бар онҳо ворид кардааст. Доштани гузаштаи пурифтихор ва мероси фарҳангии пурбор, ки тоҷикони муосир ҳеч заҳмате дар падид овардани он накашидаанд ва аз гузаштагон, онро ба ирс бурдаанд, муҷиб шуда, ки ҷомеъаи тоҷик, гузаштагаро бор биёяд ва ба дастовардҳои ниёкони худ дудастӣ бичаспад ва аз ин ки меросбари мероси куҳан ва арзишманде аст бар худ биболад ва эҳсоси ғурур кунад ва ба дигарон фахр бифурушад. Инон гоҳе бо худ намеандешанд, ки ифтихороти торихӣ, чи коре барои мане, ки бо ҳоли зор ва низор дар гӯшае аз Афғонистон зиндагӣ мекунам ва садҳо сол аст, ки дигарон сарнавиштамро рақам мезананд ва тақдирамро менависанд, метавонад анҷом диҳад. Торих ва фарҳанге, ки натавонад дар ман таконе эҷод кунад ва маро ба ҷилав (пеш) бибарад, ба чӣ дарде мехӯрад. Амрико, ки ҳамакнун, бар ҷаҳон фармонравойӣ мекунад, торихӣ кӯтоҳ дорад, аммо ин торихи кӯтоҳ ҳеч мушкиле барояш падид наёварда ва акнун Амрико дар ҷаҳон, ҳарфи аввалро мезанад ва ховару бохтари ҷаҳон аз ӯ ҳисоб мебаранд.

Бисёре аз тоҷикон (форсивонҳо) хеле пуриддаъоанд ва ҳеч касеро дар рӯйи замин, анбози худ намешиносанд ва ҳамеша аз торихи пурифтихори худ сухан мезананд ва бар дигарон фахр мефурушанд ва арабҳоро сусморхор ва афғонҳоро ғул ва туркҳоро мардуми ваҳшӣ ва… мешуморанд. Аммо дар олами воқеъӣ, масъала таври дигаре аст. Воқеъияти амр ин аст, ки тоҷикон дар тайи садаҳо ҳол ва рӯзи хуше надоштаанд ва ҳамеша тусарихур будаанд ва доштани забони пешрафта ва пӯёе натавониста аз кори фурубастаи онҳо бикшояд. Аз давраи Сомониён бад ин су, шояд камтар тоҷике тавониста қудрати сиёсиро ба даст бигирад ва бар сарзамини худ ҳукмравоӣ кунад. Аз он давра ба ин су ҳамеша дигарон, бар сарзаминҳои тоҷикон, фармонравоӣ кардаанд ва тоҷикон дар тайи садаҳои мутаволӣ, дар ҳошияи қудрат қарор доштаанд ва ҳамеша аз дигарон, фармон бурдаанд ва ҳамвора аз овардгоҳ фирор кардаанд ва ба паноҳи амн хазидаанд (дар ин ҷо "давлатҳои мустаъҷили тоҷикӣ" -ро мадди назар қарор надодаем).

Вақте ки қавме пай дар пай дар масоф бо душманон ва рақибон, шикаст мехӯрад ва ҳатто як бор ҳам дар дарозои садаҳои мутаволӣ наметавонад қудрати сиёсиро ба даст бигирад ва "нафари аввал" бошад, дар чунин ҳолате бар уқалои он қавм воҷиб аст, ки дар пайи ҷустҷӯйи илал ва авомили ин шикастҳои паёпайӣ бароянд ва ба ҷойи ин ки фарофиканӣ кунанд ва бикушанд омилҳои беруниро муқассир бидонанд ва худро мубарро аз ҳамаи айб ва эрод бишуморанд, як бор ҳам ки шуда сар дар гиребони худ фурӯ бибаранд ва заминаҳои фарҳангӣ  ва иҷтимоӣ ва сиёсии ин шикастҳои муфтазеҳонаи ҳамешагиро дар худ биёбанд ва барои ин ки дар оянда гирифтори чунин шикастҳо нашаванд ва ҳамеша юғи асорат ва ҳақоратро бар душ накашанд, соҳибназарон ва чизфаҳмони онҳо бояд натиҷаи баррасиҳои худро дар мавриди ин ки чаро мо ҳамеша дар баробари душманон, шикаст мехурем ба хварди умуми мардум бидиҳанд ва онҳоро нисбат ба осебҳои эҳтимолие, ки гирифтори он мешаванд ва муҷиби шикасти дубораи онҳо мешавад воксина кунанд. Вале зоҳиран таҳсилкардаҳои мо ба сурати шабонарӯзи машғули сурудани шеъранд ва ҳавсала ва фурсати пардохтан ба ин гуна мабоҳиси пеши по афтода ва рақиқро!надоранд.

 Чаро тоҷикон ҳамеша шикаст мехӯранд?

Мусалламан дар падид омадани чунин вазъияти андӯҳбор барои тоҷикон, авомили гуногуне дахолат дорад ва содаандешӣ хоҳад буд, ки мо пирӯзиҳо ва шикастҳоро таки ъомили баррасӣ кунем. Вале ман дар ин ҷо мехоҳам ба яке аз ин омилҳо бипардозам ва табийни авомили дигарро ба дигарон вогузорам. 

Чаҳоне, ки мо дар он зиндагӣ мекунем пайрави қавонин ва суннатҳо ва шикастҳо ва пирӯзиҳо ва пешрафтҳо ва ақибмондагии маълули авомили айнӣ ва воқеист ва аз рӯйи тасодуф рӯй намедиҳад. Қавонини ҳастии истиснобардор нест ва ҳамаро аз ҷумла ман ва шуморо низ шомил мешавад.

 Шеързадагӣ омили инҳитоти тоҷикон

Ба назарам, яке аз авомили фарҳанги ақибмондагӣ ва нотавонӣ ва шикастҳои пайиҳамии тоҷикон, шеързадагии онҳо метавонад бувад. Тақрибан ҳама мафохири фарҳангии ин қавм (мафохири фарҳангиро мусомахатан? ба кор бурдам , вагарна дастури дигарон ба мане, ки дар Афғонистони садаи бисту якум мезиям ва дар ифтизоҳомезтарин вазъият қарор дорам чирабте дорад) адиб ва дабир ва шоир будаанд. Беҷиҳат нахоҳад буд, агар бигӯем ба ҳамон андоза, ки фалсафа барои юнониён аҳамият дошта, ба ҳамон паймона шеър ва шоирӣ дар назди тоҷикон, арҷманд ва гиромӣ талаққӣ шудааст. Дар торихи фарҳанги мо, касоне  ҳамчун Буъалии Синову Хоразмӣ ва Берӯниву Закариёи Розӣ, хеле камшуморанд, аммо Ҳофизҳо ва Саъдиҳо ва Ҷомиҳо хеле ба фаровонӣ ёфт мешаванд. Бар асоси сухани бархе аз пажуҳишгарон, дар ҳудуди си ҳазор шоир ба забони форсӣ, шеър сурудаанд. Ҳамин акнун ки мо дар истгоҳи садаи бисту якум нафас мекашем низ, ҷомеъаи тоҷикон ба шиддат аз бемории "шеързадагӣ" ранҷ мебарад. Мардуми мо он қадар аҳамият ва арзише, ки ба шоирони хаёлбоф ва таваҳҳумпарвар  қоиланд ба одамҳое, ки дар заминаҳои дигаре маҳорат доранд ва маҳораташон хеле барои ҷомеъаи мо судманд ҳам аст, қоил нестанд. Мардуми мо Ашқарӣ, Қаҳҳор Осӣ ва Халилиро хеле хуб мешиносанд ва дар ҳар муносибате ашъорашро замзама мекунанд ва онҳо гоҳе тақдис мекунанд, аммо ошноии чандоне бо Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ/Асадободӣ ва Салоҳиддини Салҷуқиву Маҳмуди Тарзӣ надоранд. Ҷавонони таҳсилкардаи мо ба ҷойи ин ки бираванд ба корҳое саргарм бишаванд, ки суде ба ҷомеъа мерасонад ва дар пешрафт ва берун шудани ҷомеъа аз ҳолати риққатбори кунунӣ ёрӣ мерасонад, шабу рӯз дар фикри ин ҳастанд, ки чи гуна дар  бораи пистону шикам ва рудаи зеборӯён шеър бисароянд. Чи қадар таассуфангез аст, ки ҷавонони босавод ва таҳсилкардаи мо худро ғарқи хаёлбофӣ ва хаёлбозӣ кунанд ва тавоноии инро надошта бошанд, ки бо воқеъиятҳои айнии ҷомеъаи худ рӯ дар рӯ шаванд. Воқеан чанд дар сади онҳое, ки дар ҳоли ҳозир дар миёни тоҷикон, шеър муртакиб мешаванд шеърҳояшон мондагор мешавад ё таҳаввуле дар арсаи фарҳанг ва иҷтимоъ падид меоварад? Чаро ҷавонони мо бояд энержии худро аз баҳри корҳои беҳуда ва бесамар ба ҳадар диҳанд ва чаро ин ҳама истеъдод дар авҷи тавоноӣ ингуна пар пар шавад?

Анҷумани фарҳангие ба номи "Анҷумани қалам" дар Кобул фаъолият дорад, ки аз сӯйи чанд тан аз фарҳангиён ва нависандагони тоҷиктабор мудирият мешавад. То ҷое, ки ёдам ҳаст, тақрибан ҳамаи барномаҳои ҳафтагии ин анҷуман, бар меҳвари рӯнамоӣ ва нақди маҷмуъаи шеъри фалонӣ ё беҳмадон шоири дараҷаи чандум мечархад. Чаро гоҳе аз пажуҳишгарону торихнависон ва рӯзноманигорону мутарҷимон, ба ин анҷуман давъат сурат намепазирад ё ин ки дар қомуси ин анҷуман, танҳо шоирон, "аҳли қалам"-анд?

 

Паёмадҳои талхи шеързадагии тоҷикон

 Муҳимтарин паёмади шеързадагӣ ин аст, ки дар муҳите ки шеързада аст ва ҷойи ҳамаи чизи дигарро шеър гирифта, ҷой барои мантиқу истидлол ва фалсафаву ҷомеъашиносӣ ва торих ва таҳлилу теориясозӣ боқӣ намемонад. Чунонки пештар гуфтам, мафохири фарҳангии мо бештаринаш шоир будаанд ва шеър вижагиҳои мунҳасир ба фарди худро дорад. Шеър ба сурати кул ва шеъри форсӣ ба сурати хос, мубтанӣ бар истидлол ва тафсиру теориясозӣ нест ва фақат ба баёни ақидаи шоир басанда мекунад ва дар пайи истидлол барои исботи муддаъоҳои шоир ва исботи сахофати ақоиди мухолифон нест. Суқроти ҳаким боре гуфта буд: "Шеъри шоирон, на аз рӯйи хирад, ки аз илҳом халқ мешавад. Инон низ, монанди сурудхонон парастишгоҳҳоянд, ки суханони хуб ва зебо бар забон меоваранд бе он ки худ маънои онро бидонанд."

Гирифтори зеҳнияти шеързада будан, муҷиб гашта, ки тавоноии мо барои таҳлил ва таҷзияи масоил, нобуд шавад ва натавонем масоили печидаро дарк кунем ва барои он масоил, таҳлилҳои мунсаҷим ва созмонёфта, ироа кунем ва  ҳатто аз шунидан ва хондани баҳсҳо, ки печидагии масоилро барои мо бармало меафканад тан бизанем. Барои мо ҳарфҳои шеърии қашанг, бештар ҷаззобият дорад то суханон ва таҳлил ва таҷзияҳои печидаи илмӣ.

Беҷиҳат нест, ки мебинем садаҳо пушти сари ҳам омадаанд ва рафтаанд ва мо ҳеч андеша натавонистаем тавлид кунем, ки битавонад бо андешаҳои рақиб, ҳамовардӣ кунад. Дар тӯли ин садаҳо ҳеч таваҷҷуҳе ба фалсафа ва донишҳои башарӣ аз худ нишон надодаем ва баҷойи ин ки дар бораи ҷаҳон перомуни худ ба гунаи дақиқ ва санҷида сухан биронем, дар бораи он шеър сурудаем ва қофия бофтаем. Мо дар рӯзгори муосир беш аз ин ки ба шеъру қофияву вазн ва лафозӣ ниёзманд бошем, ба андешидан ва тафаккур ва истидлол ва таҳлил ниёзи мубрам дорем.

Лозимаи "шеързадагӣ" "истидлолногаройӣ" аст ва истидлолногаройӣ (ки пешдоварӣ ва дагмотизм ва ҷамуд ва хурофапарастиро дар пай дорад) ба гуфтаи Мустафо Маликиён, мутаффакири иронӣ, яке аз авомили умдаи фарҳангӣ-иҷтимоӣ ақибмондагӣ аст.

 Бадомӯзиҳои адабиёти форсӣ

Нуктаи дигар ин ки шеър ва адаби форсӣ дар канори ин ки фарҳанги ғанӣ ва мафохири фарҳангӣ ба қавми тоҷик армуғон карда ва низ дар паҳлуи ин ки порае аз омӯзаҳои муфид ва некуиро ба онҳо арза карда; зиёнҳоеро низ бар онҳо таҳмил намудааст. Аз қадимулайём суфиёни хуросоние, ки аз завқ ва саводи кофӣ бархӯрдор будаанд, шеър саройидаанд ва шеърро абзоре барои баёни ақоиди мунҳат ва сахифи суфиёнаи худ қарор додаанд ва бад ин гуна андешаҳои нодурусти суфиёнаро дар мағзи мардуме, ки ба шиддат шеързада ва истидлолногаро будаанд ва ҳар чизеро, ки дар қолаби шеър рехта мешуда мепазируфтанд фурӯ кардаанд. Андешаи ваҳдатулвуҷуд, ҷабригаройӣ, ситойиши узлатгузинӣ ва танбалӣ ва бекорӣ ва беорӣ, накӯҳиши дунё ва таҳқир ва хордошти зиндагии моддӣ, хирадситезӣ, шоҳидбозӣ (ҳамҷинсгаройӣ)) аз ҷумлаи омӯзаҳои бадие аст, ки шеъри форсӣ ба мо армуғон кардааст ва аз онҷо ки мардумони мо ҳамвора бо шеър ва адаб унс  доштаанд ва ҳамеша аз он тағзия мекардаанд , ин омӯзаҳои заҳрогин ба бахше аз фарҳанги мо табдил шуда ва ҳато ононе, ки дар зоҳир ба тасаввуф ва қаландаригарӣ ва бадомӯзӣ дилбастагие надоранд, гирифтори осори мухриби он шудаанд.

Шефтагии девонавор ба шеъру шоирӣ, тоҷиконро аз олами воқеъӣ, бегона сохта ва ба домани ҷаҳони тахайюлӣ партоб карда. Агар инро дар назар оварем, ки бисёре аз шоирони мо суфимашраб будаанд, метавонем ҳадс бизанем ки ин шоирон, чи қадар дар инҳитоти мо нақш доштаанд ва то чи ҳадд тавонистаанд моро гирифтори зеҳнгароӣ ва андешаҳои молихулиёӣ кунанд ва дунё ва қудрат ва макнатро дар чашми мо бад ҷилва диҳанд. Агар ба ин нукта ҳам таваҷҷуҳ кунем, ки бисёре аз шоирони мо аз давраи муғул бад ин су, муътод ба ҳашиш (чарс) ва тарёк будаанд, ба умқи фоҷеъаи беҳтаре пай хоҳем бурд. Шеъри форсӣ ва махсусани шеъри форсӣ? пас аз ҳамлаи муғул ба воқеъият таваҷҷуҳенадорад ва ба моварои воқеъ мепардозад. Ба қавли Шафеъи Кадканӣ, "адабиёти форсӣ , қабл аз ҳамлаи тотор ройҳае аз реализм ва воқеъгароӣ дорад, аммо пас аз ҳамлаи тотор ҳамон руҳияи андак ҳам нопадид мешавад… Ғолибан иллати онро дар рушди тасаввуф ва аз осори ҳамлаи тотор мешуморанд, ки то ҳади зиёде ҳам бадеҳӣ ва ё қобили қабул аст, аммо аз як нуктанабояд ғофил шуд, ки шуюъи гиёҳи ҳашиш дар ҷомеъаи иронӣ ва исломӣ омили чашмгире будааст, ки заминаҳои таваҷҷуҳ ба воқеъиятро каму камтар кунад ва дар иваз, пардохтан ба ҷаҳони моварои воқеъӣ ё сюреолизмро ҳарчи нерумандтар кунад."

Ҳамҷинсгаройӣ ва адабиёти форсӣ

Аз ҷумлаи бадомӯзиҳои шеъри форсӣ,ки аз тариқи суфиёни шоир, фарҳанги ҷомеъаи шеързадаи моро таҳти таъсир қарор дода "шоҳидбозӣ ё ҳамон "ҳамҷинсгаройӣ" аст. Имрӯзҳо ниҳодҳое дар Афғонистони ҳастанд, ки ҳар аз гоҳе аз нақзи ҳуқуқи кӯдакон сухан мезананд ва аз шуюъи падидаи "бачабозӣ" дар ҷомеъаи мо шикоят мекунанд ва дар ҷустуҷуи роҳи ҳалҳо барои бархурд бо ин мушкилианд. Ин дар ҳоле аст, ки бо вазъи қавонин ва бархурди мақтаъӣ наметавон бо ин падида бархурд кард. "Бачабозӣ" бахше аз фарҳанги иддае шудааст ва аз роҳи шеъри форсӣ ва тасаввуф дар фарҳанги мо барои худ ҷое боз кардааст. Обро бояд аз сарчашма баст. Дар гузашта аз он ҷое, ки зан дар ҷомеъа ҳузур надошта ва суфиён сари сӯзани завқ ва ҳунаре доштаанд ва зебоишинос будаанд рӯй овардаанд ба ҳамҷинсгаройӣ ва машоиқа бо зебописарони хурдсол ва чун хурдаҳушӣ доштаанд барои ин кори зишт ва ношоистаи худ тавҷеҳҳои шигифтангезе сари ҳам кардаанд.

Дуктур Сирус Шамисо китобе дорад ба унвони "Шоҳидбозӣ дар адабиёти форсӣ". Ӯ дар дебочаи китоб ба равшанӣ менависад: "Асосан адабиёти ғании форсӣ ба як эътибор, адабиёти ҳамҷинсгаройӣ аст. Дар ин ки маъшуқи сабки хуросонӣ ва мактаби вуқуъ дар давраи темурӣ, мард аст шакке нест. Аммо мумкин аст хонандаи ғайриҳирфаӣ дар мавриди адабиёти сабки ироқӣ масалан ғазалиёте амсоли Саъдӣ ва Ҳофиз дучори шак ва тардид бошад. Аммо ҳудуди нисфи ашъори ин бузургон ҳам сароҳат дорад, ки дар боби маъшуқи мазкур аст, зеро дар онҳо ба сароҳат аз вожаҳои писар ва мард ва хати эзор ва сабзаи риш ва ин гуна масоил сухан рафтааст. Аммо бахши аъзами он нисфи боқимонда ҳам дар мавриди маъшуқи музаккар аст, мунтаҳо хосияти забони форсӣ тавре ки масалан ба иллати адами вуҷуди афъоли музаккар ва муаннас эҷоди шубҳа мекунад. Бояд донист, ки масоиле чун рақс ва зулфу хол ва хад ва қад ва доман ва тири нигоҳ ва софигарӣ, ки имрӯзҳо ба назар мерасад дар мавриди занон аст, дар қадим марбут ба мардон ҳам мешудааст. Бад-ин тартиб, фақат бахши каме аз ашъор қадимист, ки метавон дар онҳо ба далели қотеъ маъшуқро муаннас қаламдод кард."

Фахриддини Ироқӣ яке аз шоирони номвари адабиёт форсӣ аст. Ба қавли пажуҳишгарон, ӯ ки инҳирофи ҷинсӣ дошта ба ҳар шаҳре, ки ворид мешуда кутакаш зада берун мекардаанд!

Вақте шоирони чарсӣ ва тарёкии? тахайюлгаро ва гирифтори инҳирофи ҷинсӣ ва бода ва расвои хоссу ом, улгуи як миллат қарор бигирад вазъияти он миллат, беҳтар аз ин нахоҳад буд ва сарнавишти беҳтар аз ин нахоҳад дошт ва ҳар чӣ бар сари чунин миллат биёяд ҳақаш аст.

Фарз кунем, агар ба ҷойи ин ҳама шоир ва адиб ва дабир, низомӣ ва физик ва кимиёдон ва сиёсатмадор медоштем мусалламан ҳол ва рӯзи мо хеле беҳтар аз он чи ки ҳоло ҳаст мебуд ва саре дар миёни сарҳо медоштем. Бидуни тардид , зуҳури низомӣ ва физик ва кимиёдон ва сиёсатмадор ва муҳандис ва торихдон ва файласуф дар як ҷомеъа, ниёзманди вуҷуди заминаҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ аст. Дар ҷомеъаи шеързада ва гирифтори таваҳҳум ва беэътино ба дунё ва мофиҳо ва танбал ва хушгузар ва ҷабргаро ҳаргиз на физикдон ва ихтироъкор ба пайдоӣ меояд ва на файласуф ва сиёсатгаре.

 Тоҷикон ҳамеша ақибнишинӣ мекунанд

Бегумон, мардуми шеързада ва хушгузарон ва дамғаниматдон ва хабаргаро ва ва хаёлпарвар ҳаргиз тавоноии мувоҷеҳ бо мушкилотро нахоҳанд дошт ва душман бисёр ба осонӣ метавонад ин қабил одамҳоро аз майдон берун кунад. Нигоҳи гузаро ба торихи тоҷикон нишон медиҳад, ки ин мардум, бисёр ба содагӣ дар баробари муҳоҷимон таслим шудаанд ва ба кӯҳистонҳо ва мағораҳои кӯҳистонӣ, ақибнишинӣ кардаанд. Тоҷикон, устодони ақибнишинии тактикианд, ки саранҷом ба ақибнишинии истротежик мубаддал мешавад ва боз тоҷикон ҳастанд ва ба қавли Лоиқ Шералӣ "домани куҳ" ва "думи маркаби хеш." Маршал Фаҳим чанде пеш аз маргаш дар як суханронӣ гуфта: "Агар эҳсос кунам, ки бар ман зулм сурат мегирад, дубора ба кӯҳҳо боло мешавам!" Касе набуд ба ӯ бигӯяд, ки чаро дар ҳамин шаҳри Кобул, даст ба муқовимат намезанӣ? Чаро ҳамеша шумо -раҳбари тоҷикон аз ақибнишинӣ ҳарф мезанед ва на аз пешравӣ?

Дар ҳар ҳол, адабиёти форсии чӣ классик , чӣ мудерн барои мо хеле арзанда ва гаронбаҳост, ва мебояд қадри онро бидонем. Бо ин ҳама, набояд онро муқаддас бишуморем ва бояд бо зеҳнияти интиқодӣ ба суроғи он биравем ва он бахшҳоеро, ки қобили қабул нест ва зиёновараст дур бирезем. Мунсифона нест дар рӯзгоре, ки баъзеҳо дар ҳамин ҷомеъаи худи мо ба худ ҳақ медиҳанд аз худо ва паёмбар интиқод кунанд , мо натавонем нисбат ба гузаштаи фарҳангии худ рӯйкарде интиқодӣ дошта бошем. Адабиёти форсӣ, тобу нест ва агар тобу ҳам бошад, мо бояд ин тобуро бишканем, чаро ки ба заҳматаш меарзад ва натоиҷи судманде барои мо дорад.

 Меҳр Муваҳҳид

Бознашр аз хабаргузории jomhornews.com

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97