"Закоти фитри" бойҳову "садақаи фитри" миёнаҳолон

Фарҳанг ва адаб 27.07.2014 18:18

islamic-charity"Закоти фитр", кибо номи «садақаи фитр» ва ё ба қавли урдузабонҳо «фитрона»ҳам маъруфу машҳур аст, хайри ҳатмиеро мегуянд, ки дар охири рӯза ҳар рӯзадори тавонманд онро пардохт мекунад. Мутобиқи фиқҳи имоми Аъзам раҳматуллоҳи ъалайҳ пардохт намудани закоти фитр бар ҳама тавонмандон, воҷиб аст ва ҳар касе ин амалро тарк кунад гунаҳкор мешавад.Тавонманд мутобиқи фармудаи Муҳаммад Тақии Усмонӣ аз донишмандони маъруфи мазҳаби ҳанафӣ ҳар мард ё зане, ки ба миқдори 613.35 грам нуқра дороӣ дошта бошад, ҳисобида мешавад.

 

Миқдори "закоти фитр"

 

Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, закоти фитрро барои имсол 4 сомонӣ муайян намудааст, чаро мегӯем «барои имсол» чун ин закот ҳамасола назар ба нархи маҳсулоти муайян иваз мешавад. Ба ибораи дигар ченаки таъйини миқдори "закоти фитр" нархи ним "соъ" гандум ё биринҷ ва ё як "соъ"мавиз ва ё як "соъ" хурмо ҳаст.

Дар аҳодиси саҳеҳ бо ривоёти гуногун омадааст, ки закоти фитр бо ним "соъ" гандум ва ё ним "соъ" биринҷ ва ё як "соъ"мавиз ва ё як "соъ"хурмо пардохтамешавад.

«Соъ», ки дар лафзи ҳадиси шариф омадааст ченаки вазнии қадима ҳаст, ки дар замони Расули Худо саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам мавриди корбурд қарор доштааст. Ба иттилоъи сомонаи "sunniforum.com"ним "соъ" баробар бо 1.75 килограм аст. Яъне арзиши 1.75 килограм гандум дар бозор қимати садақаи фитр барои як одам дар мазҳаби ҳанафӣ муайян шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар дигар мазҳабҳо шакли зоҳирии ҳадисро гирифта закоти фитрро бо гандум ва ё маводи дигари дар ҳадис зикр шуда пардохт мекунанд.

Вале бузургони мазҳаби ҳанафӣ бар ин боваранд, ки шарт нест закоти фитр ҳатмангандум ва ё орд ва ё мавизу биринҷ бошад, балки мешавад баробари он ва ё қимати онро бо пул ҳам пардохт намуд. Коре, ки дар Ҷумҳурии мохеле ривоҷ дорадва ба мантиқу фалсафа ва мақсади шариъат ҳамҳамхонии бештар дорад.

Доктор ЮсуфиҚарзовӣ аз донишмандони барҷастаи Олами Ислом, ки дар боби закот яке аз нодиртарин ва муҳимтарин китобҳоро навиштааст бар ин бовар аст, ки чун дар замони Пайғамбари Худо (с) муомилот бо ашё сурат мегирифт ва доду гирифти пулӣ камтар буд, Расули Акрам (с) низ амр намуд то закотро бо маводи дар лафзи ҳадис омада пардохт намоянд, вале дар шароити имрӯз баробари пулии он мавод, корсозтар аст.

 Закоти фитр ба ки дода мешавад?

 

Дар Қуръони карим ҳазрати Бори Таъоло 8 категория мардум ва ҷойу ҳолотеро муайян намудааст, ки сазовор ва мустаҳиққи гирифтан ва харҷи садақаву хайрот ва закоти молу фитр мебошанд. Дар ояти 60 сураи Тавба чунин омадааст(тарҷума аз СЮ):«Садақаҳо ба фақирон, мискинон, кормандони садақа (онҳое, ки дар танзиму тақсими он кор мекунанд), муаллафат-ул-қулуб (навмусулмоншудаҳо ва ё ғайри мусулмонҳое, ки ба дини ислом дилгармӣ доранд), ғуломон (то озод шаванд), қарздорон, дар роҳи худо будагонва барои мусофирон.

 

Вижагии закоти фитр

 

Яке аз хусусиёт ва вижагиҳои ин закот он аст, ки аз тарафи тамоми аъзои оила дода мешавад, сарфи назар аз он, ки онҳо хурданд ва ё калон рӯзадоранд ва ё рӯзахур. Содатар бигуем падари хонабарои мисол закоти фитрро ҳам ба ҷойи худ ваҳам ба ҷойи фарзандони худ пардохт мекунад. Шавҳар вазифадор нест ба ҷойи ҳамсар ва ё ҳамсар ба ҷойи шавҳар закоти фитр бидиҳад.

 

Закоти фитри бойҳову закоти фитри камбағалҳо

 

 Албатта ногуфта нагузарем, ки микдори муайяншудаи закоти фитр ба маънои ҳадди ниҳоӣ буданаш нест. Яъне 4 сомон ин ҳадди ақалли ҳатмист аммо ҳар касе хоҳишу тавоноӣ дошта бошад метавонад аз 4 сомонӣ бештар ҳисоб кунад, масъалан сари ҳар фарди хонавода 5 сомонӣ ва ё 6 сомонӣ ва ё бештар аз ин, назар ба ҳиммату тавоноӣ.

Чун дар лафзи ҳадис омадааст, ки ним соъӣ гандуму биринҷ ва як соъӣ мавизу хурмо. Вале аз чӣ бошад, ки дар ҷомеаи мо мутаассифона бештар ба гандум таваҷҷӯҳ доранду аз биринҷу мавизу хурмо фаромӯш кардаанд.

Агар закоти фитр аз ним соъ гандум 4 сомониро ташкил диҳад, пас аз ним соъ биринҷ тахминан12 сомон ва аз як соъ мавиз 85 сомон ва аз як соъ хурмо 34 сомониро ташкил медиҳад. Пас метавон хулоса намуд, ки барои камбизоатону камдорони ҷомеаи мо чӣ муносиб аст, ки закоти фитри худро аз рӯйи ним соъ гандум ҳисоб кунанду дороёну бойҳои мамлакат аз як соъ мавизу хурмо.

Чунин закоти фитр воқеан ҳам бо мақосиди шариати ислом ҳамхонӣ дошта барои закотгирандагон иди воқеӣ ва шодиву фараҳи ҳақиқиро таъмин мекунад. Ва маҳз бо чунин тарзи закотдиҳӣ ҳаст, ки фармудаи Расули Акрам саллалоҳу алайҳи ва саллам амалӣ мешавад, ки фармудааст: " уғнуҳум биҳо ъаниссуоли фи ҳозол явм" яъне " аз талбидану суол намудан дар ин рӯз онҳоро (закотгирандагону нодоронро) халос кунед".

 Фалсафаву ҳикмати закоти фитр

 

Муҳимтарин ҳикмату фалсафаи закоти фитр ин аст, ки дар ҷомеаи мусулмон ҳамаи суфраҳо хадди ақал дар рӯзи ид пур бошанду ҳама шодиву хушхолии идона намоянд. Дуввум ҳикматаш ин аст, ки ҳар рӯзадори закотдиҳанда ба ин восита яъне бо додани закот рӯзаи худро пок меанамояд. Табиъист, ки дар ҳангоми Рамазон рӯзадорон ба иштибоҳотуғалатиҳо аз қабили гапи беҳудаву ғайбату дигару дигар, роҳ медиҳанд ва бо ихроҷи закоти фитр рӯзаи худро аз он олоишҳо пок мекунанд. Бо умеди қабули тоъоту ибодот ва табрики иди саъиди Фитр ба ҳаммеҳанони азиз.

 

Саъдии ЮСУФӢ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97