Адолат ва лутфи Худо

Фарҳанг ва адаб 24.08.2013 14:38

Pirazan hikoytЗане ба ҳузури Довуд (а) омад ва гуфт: Эй пайғамбар, Худои Парвардигори  ту золим аст, ё одил?

Довуд (а)  фармуд: Худованд одиле аст, ки ҳаргиз зулм намекунад.

Сипас фармуд: Магар чи ҳодисае ба ту рух додааст, ки ин саволро мекунӣ?

Зан гуфт: Ман бевазан ҳастам ва се духтар дорам, бо дастам ресандагӣ мекунам, дирӯз шоли бофтаи худро дар миёни порчае гузошта будам ва ба тарафи бозор мебурдам, то бифурушам ва бо пули он ғизои кӯдаконамро таҳия созам. Ногаҳон паррандае омад ва он порчаро аз дастам рабуд ва тиҳидасту маҳзун мондам ва чизе надорам, ки маоши кӯдаконамро таъмин намоям.

Ҳанӯз сухани зан тамом нашуда буд, ки дари хонаи Довуд (а)-ро заданд, ҳазрат иҷозаи ворид шудан ба хонаро дод. Ногаҳон  даҳ нафар тоҷир ба ҳузури Довуд (а) омаданд ва ҳар кадом сад динор(ҷамъан ҳазор динор) назди он ҳазрат гузаронд ва арз карданд: Ин пулҳоро ба мустаҳақаш бидиҳед. Ҳазрати Довуд (а) аз онҳо пурсид: Иллати ин ки Шумо дастаҷамъи ин маблағро ба ин ҷо овардаед, чист? Арз карданд: мо савори киштӣ будем, тӯфоне бархост, киштӣ осеб дид ва наздик буд ғарқ гардад ва ҳамаи мо ба ҳалокат бирасем, ногаҳон паррандае дидем, порчаи сурхбастае ба сӯи мо андохт, онро гушудем, дар он шоли бофта дидем, ба василаи он мавриди осебдиди киштиро маҳкам бастем ва киштӣ бехатар гардид ва сипас тӯфон ором шуд ва ба соҳил расидем ва мо ҳангоми хатар назр кардем, ки агар наҷот ёбем ҳар кадом сад динор бипардозем  ва акнун ин маблағро, ки ҳазор динор аз даҳ нафари мост ба ҳазрат овардаем то ҳар киро бихоҳӣ ба ӯ садақа бидиҳӣ.

Ҳазарти Довуд(а) ба зан мутавваҷеҳ шуд ва ба ӯ фармуд: Парвардигори ту дар дарё барои ту ҳадя мефиристад, вале ту ӯро золим мехонӣ? Сипас ҳазор динорро ба он зан дод ва фармуд: Ин пулро дар таъмини маоши кӯдаконат масраф кун, худованд ба ҳол ва рӯзгори ту, огоҳтар аз дигарон аст. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97