Фойдаҳои маънавии рӯза

Фарҳанг ва адаб 29.07.2013 14:47

musulmanstvo islam 01Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон ва шукри беандозаи Парвардигор, ки моро ба моҳи шарифи рамазон расонид.

Рӯза яке аз аҳкоми инсонсози ислом аст, ки аз ҳама фоидаҳои он огоҳ шудан ва пай бурдан бе фалсафаи комили он монанди дигар аҳкоми Илоҳӣ барои инсон мумкин нест. Зеро дониши маҳдуди инсон наметавонад роҳкушои тамоми асрори нуҳуфта бошад ва раҳнамуни посух ба ҳамаи маҷҳулот шавад. Шояд рӯзе дониши инсон ба ҳадде аз камол бирасад, ки даричаи тозае ба рӯи башар кушода ҳикмати дастурҳои ислом боз шавад.Бинобар ин надонистани ҳикмат ва фалсафаи аҳкоми Илоҳӣ набояд моро аз анҷоми он боз дошта сабаби нофармонӣ ва исён шавад.

Мусулмонон медонанд, ки ба ҷо овардани аҳкоми Илоҳӣ ин итоати кӯркӯрона нест, балки бар илм ва яқин такия дорад. Зеро Худои ҷаҳон бар ҳама чиз доно ва аз ҳама чиз огаҳ аст, нуқс ва ниёз дар зоти Илоҳӣ нест, ки аз амалу итоати банда суде бихоҳад ва ё аз зиёне биҳаросад. Худованди меҳрубон барои бандагон ҷуз хайр ва саъодат чизе дигар намехоҳад. Пас агар ба чизе фармон диҳад комёбӣ ва саъодатмандии мо дар он аст ва аз ҳар чизе боз дорад барои мо зиён бахш буда бар масолеҳи моддӣ ва маънавии мо латма мезанад. Рӯза фоидаҳои маънавии зиёде дорад, ки ба таври мухтасар чандтои онро зикр хоҳем кард.

Рӯза омили боздоранда аз гуноҳ

Аз рӯи дастуроти исломӣ рӯзаи моҳи мубораки рамазон  ба ҳамаи мусалмононе, ки битавонанд рӯза бигиранд фарз аст ва дар эҷод ва тақвияи рӯҳияти тақво ва парҳезкорӣ омили муассире мебошад. Чуноне, ки Худованд мефармояд: "Эй касоне, ки имон овардаед, рӯза (-и моҳи Рамазон) бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна, ки бар умматони пеш аз шумо (низ) фарзшуда буд, то (ба василаи он) тақво намоед". (Бақара ояти 183)

Яъне ин ибодат натиҷааш бояд тақво мебошад. Тақво ва парҳезгорӣ дар тарбияти як шахсияти мусалмон нақши бисёр муҳиме дорад. Барои ҳамин беҳтарин ибодат дар моҳи рамазон дар ҳолати рӯза иҷтиноб аз гуноҳ аст. Рӯзадор бо баҷо овардани ин  дастуроти Илоҳӣ яъне тақво, ки шарти камоли рӯза аст руҳияи тақворо дар худ зинда мегардонад. Ин муроқабати самарабахш дар моҳи мубораки рамазон дар ҳолати рӯза бисёр осон аст чаро, ки гуруснагӣ,ташнагӣ ва дигар маҳдудиятҳо шӯълаҳои  саркаши хоҳишот ва ҳавасҳоро, ки одамро асир ва беихтиёр сохта ва ӯро ба пастӣ ва разолат мекашонад то ҳадде хомӯш месозад, агарчи мувақат ҳам бошад гиребони ақл ва ҷонро аз чанголи шаҳват раҳо  месозад ва  барои рӯзадор заминае барои тамрин тақво ва парҳезгорӣ фароҳам мегардонад. Бо муроқабат ва тармини паёпай як моҳ нерӯи боздорандаи гуноҳ дар ӯ ба вуҷуд меояд. Хислати худдорӣ дар ӯ реша гирифта рушд меёбад ва рӯзадар бо гузаронидани ин барномаи якмоҳа тавфиқ меёбад, ки пас аз як моҳи рӯза парҳезгор боқӣ монад. Ба ин тартиб ба мақоми тақво, ки ба таъбири Қуръон карамати инсон бадон вобаста аст ноил мегардад.

Нақши рӯза дар тақвияти ирода

Инсон бо рӯзадорӣ, ки  имтиноъ варзидан аз хӯрдан, ошомидан ва худдорӣ аз баъзе чизҳои дигар аст дар воқеъ бо хоҳишоти хеш меҷангад ва дар баробари хоҳишоти нафси худ муқовимат мекунад. Тамрини ин амал ирода ва тасмимро дар инсон нерӯманд сохта ҷонро аз хоҳишоти нафсонӣ ва ғалабаи ҳавасҳо раҳо месозад.Пас бандаи рӯзадор агар бо муроқибат ва кӯшиш аз рӯзаи хеш ин баҳраро бигирад бар нафси худ ғолиб шуда аз нерӯмандтарини мардум хоҳад буд.

Рӯза ва сабр

Сабр аз хислатҳое аст, ки дар ахлоқи ислом бар он бисёр таъкид шудааст, инсони мусалмон дар зиндагии фардӣ ва иҷтимоии хеш барои расидан ба ҳадаф мубориза мекунад ва бо мушкилоте, низ рӯ ба рӯ мешавад, ки бидуни хислати сабр пирӯзӣ бар мушкилӣ ва расидан ба ҳадафҳо осон нест. Сабр ва муқовимат ба нерӯи пойдории инсон меафзояд ва иродаи ӯро тавоно месозад. Агар ҷомиае нерӯи таҳаммулпазирӣ надошта бошад бар мушкилиҳои хеш пирӯз нахоҳад шуд. Рӯза доштан дар рӯзҳои гарми тулонии тобистон, ки рӯзадор аз ташнагӣ бетоқат мешавад ба таври чашмгире ба инсон сабр ва муқовимат бахшида таҳаммули ранҷ ва сахтиро бар инсон осон месозад.

Рӯза ва ҳамдардӣ бо фақирон

 Рамазон моҳи мусовоту баробарӣ бо фақирон мебошад. Вақте банда рӯза мегирад ҳамдардияш нисбати тангдастон меафзояд. Шахсоне, ки зиндагии осудае доранд  ранҷи фақир ва таъми гуруснагиро начашидаанд, бештари вақт  аз ҳолу дарди фақирон ғофил  мебошанд.Пас рӯза василае аст, ки онҳоро аз ғафлат мераҳонад ва ранҷи танг дастонро ба ёди онҳо меорад то ба дастгирии тангдастон ҳиммат баста ба дарди дили онҳо бирасанд.Аз як сӯ шариъат дар моҳи шарифи рамазон ба эҳсону таом додан ва нафақа ба фақирону ҳоҷатмандон бисёр таъкид кардааст аз сӯи дигар гуруснагӣ ташнагии рӯза муҷиби дарки ранҷи онҳо  мегардад, ки ба ин тартиб сарватманд бо фақир наздик мешавад ва масулияти худро ба нисбати нодорон эҳсос карда мувосотро яъне бародари нодору тангдастӣ худро дар ризқу рӯзи шарик карданро меомӯзад. Аз ҳамин хотир ба моҳи шарифи рамазон моҳи мувосот номидаанд то ки мусалмонон ба якдигар эҳсон намоянд.

Бо ин тамрин ҳар инсони ҷомеа аз ҳиқду кина раҳо меёбад ва дар канори ҳам аз неъматҳои Илоҳӣ бародарвор баҳра мегиранд. Пас бояд ҳар бандаи рӯзадор ба ин нуктаҳои муҳими рӯза таваҷҷӯҳ кунад ва бикӯшадмоҳи мубораки рамазонро ончуноне, ки сазовори ин моҳ аст ба ҷо биёранд то аз барномаи созандаи ин аҳкоми илоҳӣ баҳравар шаванд.

Дар ин моҳ ба қироти Қуръон низ суфориш шудааст ва шоиста аст, ки ҳар мусалмон дар ин моҳи рамазон бештар аз моҳҳои дигар қуръон бихонад ва ба ин васила ҳар банда бо қуръон ва маъорифи он ошноии бештаре пайдо кунад ва барои пешрафти тарбияи маънавӣ аз каломи илоҳӣ баҳравар гардад. Худованд мефармояд:

"Моҳи Рамазон он (моҳ)-ест, ки дар он Қуръон (ба унвони барномаи) ҳидояти мардум ва нишонаҳои равшани роҳи рост ва фурқон фиристода шудааст……" (сураи Бақара ояти 185)

Инчунин Рамазон моҳи ибодат, бандагӣ ва розу ниёз бо маъбуди ҷаҳон аст. Чуноне, ки аз ривоятҳо маълум мешавад банда бояд дар ин моҳ бо таваҷҷуҳ ба хушуъ бештар намоз ба ҷо биорад. Аз намозҳои суннат ва нофила дар шаб монанди таровеҳ ва таҳаҷҷуд ва дар рӯз монанди намози ишроқ ва зуҳо ғофил набошад. Ба ин тартиб бо тамрини як моҳа бандаи муъмин бо ибодати холистаре муваффақ шуда ба Худо наздиктар мешавад.

Инчунин Рамазон моҳи дуост. Мусалмон дар шабҳои моҳи муборак хусусан шаби қадр Ҳар қадаре,ки метавонад бештар дуо кунад. Бо таваҷҷуҳ ба  натиҷаҳои дуо рӯзадорон метавонанд дар пайванди маънавии хеш бо Парврдигори худ таҳаввуле ба вуҷуд оварда, бештар ба Худованд наздик шуда касби файз кунанд.

Инчунин Рамазон моҳи омурзиш, тавба ва бозгашт ба сӯи Худост, бандае, ки дар зиндагии хеш бо гуноҳ олудагиҳо доштааст метавонад бо рӯза доштан ҷони хешро аз олудагиҳо бишӯянд ва дар хилвати саҳаргоҳ ботини худро сафо бахшанд.  Аз Худои хеш талаби омӯрзиш кунанд ба ҳамин восита метавон барои ҳамеша аз каҷиҳо ва гумроҳиҳо даст бардорад. Гуноҳони рӯзадорони воқеӣ дар ин моҳ бахшида мешаванд ва ин барои касоне, ки лағзишҳо доштаанд муждаи бузургест. Пас бандаи мусалмон аз баракатҳои ин моҳ бояд истифода барад ва ба сӯи Парвардигори хеш боз гашта худро ислоҳ кунад.

Муҳаммадфаррухи Абдуллозода

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97