Забони тоҷикӣ ба тарғибу ташвиқ ниёз дорад

Фарҳанг ва адаб 08.05.2013 11:32

Om- Far va Zab30 -юми апрел, дар арафаи иди байналхалқии Мехнаткашон дар пойтахти Русия шаҳри Маскав дар Донишгоҳи забоншиносӣ бо кумак ва дастгирии cафорати Тоҷикистон ва маблағгузории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази фарҳанг ва забони тоҷикӣ кушода шуд. Ин иқдоми савобе аст дар роҳи тарғиби забони бой ва куҳанбунёди тоҷикӣ.

Хушбахт аз онам, ки як гоме тавонистам ниҳодан дар ҷодаи тарғиби забони ноби тоҷикӣ. Чунки хуб эҳсос мекунам, ки ин забон имрӯз ба дастгирӣ ва ташвиқу тарғиб ниёз дорад. Гарчи забон аст, безабон  нолаву шеван аз дасташ намеояд ва касеро ба ёрӣ низ даъват карда  наметавонад. Хуш он даме, ки касе ҳоли онро пурра эҳсос намояд, барояш ҷонбозӣ кунад, чун беморе ӯро рӯи даст бигирад, тасаллӣ  бахшад ва барои ба мақоми қаблӣ расиданаш  онро  дастгирӣ намояд.

Ҳар халқу миллат барои насли ояндаи худ чизеро боқӣ гузоштанд ва ин мерос мояи ифтихори эшон маҳсуб мегардад. Хуш, мо аз гузаштагони худ чӣ меросе гирифтем, ки   миёни ҷомеаи умумибашарӣ фохир аз он бошем? Гузаштагони мо барои  наслҳои оянда адабиёти пурғаноавт ва оламшумулеро боқӣ гузоштанд, ки ҳеч як қавму миллат боқӣ нагузоштааст. Ман ба бародарони қазоқу қирғиз ҳасад намебарам,  чунки дар нисбати мо  барои онҳо тарғиби забони худ хеле душвор аст. Мо мушкилӣ аз он дорем, ки бо забони кадоме аз бузургонамон ба тарғиби забону фарҳаги хеш мащғул бошем, чунки онҳо аз ҳадди кифоят ба маротиб зиёданд ва яке аз дигаре беҳтар гуфтааст ва муҳим он аст, ки  ин гуфтаҳо ҷовидонаанду ҳеҷ гоҳ қимати худро гум нахоҳанд кард. Барои бародарони қазоқу қирғиз бошад, мушкилӣ аз ҷиҳати дигар аст. Эшон музтарибҳоланд, ки аз кӣ сухане ҷолибу ҷовидона бигӯянд. Ва нафаре дар
маҳофил сухане дархури сомеъон пайдо карда натавонад, ин мушкили ӯро осори Хайёму ҳазрати Саъдӣ осон мегардонанд. Аҳли илму фарҳанг ва назму адабиёти Озар ба тоҷикон аз он ҷиҳат рашк мебаранд, ки мо Низомӣ ва Фузулиро дар шакли аслӣ мутолиа менамоему худи эшон бошад аз тарҷума, ки ҳеҷ гоҳ тарҷума олӣ бошад ҳам, ба нусхаи асл баробар шуда наметавонад. 

Omuz- Far va ZabonБале, мо хушбахттарин миллат ҳастем  ва ҳақи фахр кардан дорем, ки асосгузори адабиёти шарқ фарзанди тоҷик аст ва забони тоҷикӣ забонест, ки бо он Шоҳномаи безаволи Фирдавсӣ навишта шудааст , чаро мо бо номи падари тибби Аврупо Абуалӣ ибни Сино фахр накунем? Магар "Маснавии маънавӣ"  мояи ифтихори мо будан наметавонад?    Оё Берунӣ  ва Хоразмӣ  бо ин забон гуфтугӯ намекарданд? Магар ғазалиёти беқиёси Ҳофизи лисонулғайб бо ҳамин забони батамом барои ҳар як фарди тоҷик дастрас  навишта нашудааст? Форобӣ, ки Донишгоҳи калонтарини шаҳри Алма- атои ҷумҳурии Қазоқистон ба номи ӯ гузошта шудааст, магар  барои мо тоҷикон бегона аст?  Боз даҳҳо ва садҳо "магар"-у "оё"-ҳоро  овардан  имконпазир аст, то қудрат ва қадру манзалати  тоҷику забонашро, ки ба гӯшаи фаромушӣ рафта истодааст, пеши назари ҷомеаи кунунӣ гузошта тавонем. Як замоне арабу аҷам чун Рӯдакӣ гуфтанро орзу доштанд, як замоне даҳҳо нафар бузургони миллати дигар на бо забони модарии худ, балки бо забони форсӣ- тоҷикӣ доди суханро дода тавонистанд, ки имрӯз хамватанони эшон осори онҳоро дар шакли тарҷума аз форсӣ мехонанд. Аллома Иқбол бо се забон эҷод кардааст. Забони англисиро дар эҷоди осори илмӣ, вале забони форсӣ -тоҷикиро чун забони назми худ  интихоб намудааст. Билохир мо ҳақи фахр кардан аз он дорем, ки забони форсӣ-тоҷикӣ дар давоми зиёда аз ҳазор сол забони назми Шарқ буд ва осори дар ин давра офаридашуда имрӯз асоситарин ва бузугтарин сарвати мо тоҷикон аст.     

 Имрӯз чӣ? Вақти дар Тоҷикистон будан ростӣ, то ин дараҷа хор будани забони тоҷикиро ҳис накарда будам. Донишгоҳи забоншиносии Маскавро ман ҳамчун Донишгоҳи байналмиллалӣ дарёфтам. Ин ҷо ҳамаи забонҳои дунё омӯхта мешаванд, аз ҷумла забони қирғизиву узбекӣ ва  қазоқиву озарӣ, малдовию укроинӣ. Барои самарабахш омӯхтани забон    Маркази фархангӣ фароҳам сохтанд. Албатта, дар ҷои аввал забони англисӣ меистад ва ҳаводорони он хеле зиёд ҳам ҳастанд. Пас забонҳои олмониву фаронсавӣ ва ҳамин тавр, паи ҳам забонҳо кадр мешаванд ва мутаассифона  забони тоҷикӣ гуфтан мумкин аст, ки дар баробари забони қирғизӣ ва ҳатто аз он пасттар дар зинаҳои поён қарор дорад. Ин аз рӯзҳои аввал бароям риққатовар буд. Худ ба худ меандешидам, ки  чӣ бояд кард, то донишҷӯён аз бузургии забони тоҷикӣ огоҳие дошта бошанд. Муддати як сол ман ҳатто барои гузаштани дарс  ҷое пайдо карда наметавонистам, ҳамин тавр  нисфи зиёди вақти дарс бо сарсонӣ ва ҷустуҷӯи синфхона сипарӣ мешуд ва ман дар назди шогирдон худро гунаҳгор меҳисобидам. Аз як тараф агар набудани шароиту имконот, махсусан  дар даст набудани китобҳои дарсӣ ва фарҳангу луғатҳо, адабиёти бадеӣ барои мутолиа  ва синфхона душвории зиёдеро фароҳам созанд, аз тарафи дигар майлу рағбати ниҳоят паст ва нигоҳи таҳқиромези шогирдон нисбат ба забони тоҷикӣ маро пайваста азоб медоданд.

Худ ба худ ба ҳамкороне, ки қабл аз банда ин ҷо фаъолият доштанд миннадорӣ изҳор мекардам, ки миқдоре китобҳои дарсӣ ва луғатҳои мавҷудаи тоҷикӣ-русӣ ва русӣ-тоҷикӣ боқӣ гузошта буданд. Махсусан,  Салимов Рустам, ки алҳол сарварии факултаи филологияи Донишгоҳи славяниро дар Тоҷикистон ба уҳда доранд, муддати ду сол ин ҷо корҳои зиёдеро анҷом дода тавонистааст, ки шогирдон то ҳанӯз ӯро аз хотир фаромӯш накардаанд. Иштироки ӯ дар ифтитоҳи Маркази мазкур боиси сарбаландии ман буд.

Omu- Far va Zabon"Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст" - гуфтаанд. Бо дастгирии Донишгоҳи миллӣ, барои мо ташкил ва кушодани Маркази фарҳанг ва забони тоҷикӣ муяссар шуд, ки ин дар қаламрави Русия аввалин аст. Иштироки намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Русия бо сарварии ҷаноби сафир Абдумаҷид Достиев ва суханронии меҳмонон аз Душанбе, махсусан муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимов Фарҳод, Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Имомов М.С. бароям чунон гуворо буд, ки ҳатто гиряаам меомад, чунки эҳсос намудам, ки ман танҳо нестам. Самимият ва дилбардории дӯстону ҳамкорони маскавӣ, аз ҷумла омӯзгори асил ва инсони комил академик Халеева И.И.  бошад, боз аз ҳама  гуворотар буд. Лекин аз ҳама муҳимтар ва гуворотар  сухангӯӣ ва шеър қироат намудани шогирдонам буд. Ҳозирин низ аз ин ниҳоят хурсанд буданд.

Дарвақеъ, ин нуктаро низ қайд бояд намуд, ки Донишгоҳи забоншиносии Маскав  бо  сарварии академик Халеева И.И. як муҳити солими замони шуравиро ташкил карда тавонистааст. Ин ҷо мо боз ҳамон бародарони замони  Ҷамоҳири Сусиолистии Шуравӣ ҳастем, ки бо ҳам ниҳоят дӯстона кору фаъолият дорем ва ҳар як ба тарғиб ташвиқи забони худ машғул аст.

Равобити қавӣ ва мустаҳкам бо донишгоҳҳои давлатҳои муштаракулманофеъ, аз ҷумла Озарбойҷон, Белорусия, Қазоқистон, Тоҷикистон ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо дар шаклҳои гуногун, сафарҳои пайваста барои мо имкон медиҳад, ки дӯстони нав пайдо намоем, сатҳи донишу таҷридаи хешро мунтазам баланд бардорем.   Фазои илмии Донишгоҳи лингвистӣ   ҳамеша дар ҷустуҷӯ будан, кореро анҷом додан тақозо дорад. Барои ман муяссар гардид, ки дар  ин ҷо луғатномаеро бо унвони "Тематический словарь таджикско- руссуий и  русско  - таджикский соответсвий"  дар ҳаҷми 288 саҳифа ба табъ расонам. 

Дар ифтитоҳи Маркази мазкур, ки ниҳоят бошукӯҳу шаҳомати зиёд сурат гирифт, сафири Тоҷикистон дар Русия ҷаноби А. Достиев, муовини вазири маорифи Тоҷикистон Ф. Раҳимов, ректори ДМТ Имомов М.С. иштирок доштанд.

Наврӯз Гулзода ,

махсус барои «Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97