Китобҳои муқаддас, офариниш ва меҳрубонӣ

Фарҳанг ва адаб 14.04.2013 17:54

ketobhoiДар ҳайратам, ки кофару мусалмон чарост?

К-аз як чароғ бутхонаву масҷид равшан аст.

Сергей Огонесян доктори илмҳои филолгия буда, узви ҳайяти машваратии Кумитаи  умумӣ ва созмонҳои мазҳабии  ДУМА-и давлати Русияи федеративӣ, узви академии матлуботи инсонӣ, донандаи 7 забони хориҷӣ аст, ки доир ба муқоисаи таърихии се китоби муқаддас ташвиқу тарғиб мебарад.

 Чун дар маҷаллае, бо мақолаи ӯ шинос шудем ва хостем, ки ба забони тоҷикӣ тарҷума кунем. Шояд ба касе, тарзи андеша рондани ин шахс ва  ақидаҳояш фикри наве дода тавонанд. Чун баъди тарҷума фаҳмидем, ки китобе бо ин ном доштааст "Доир ба муносибати Қуръону Таврот ва Инҷил, ба яҳудиён ва масеҳиён".  Шояд дар оянда боз хубтар бо ин китоб шинос шавем ва бо тамомӣ тарҷума намоем. Ӯ ақидае дорад, ки давлатҳои пешрафта онҳое мебошанд, ки дар онҳо ҷамъият ба қувваи инсонӣ боварӣ доранд ва бо меҳнати худ такия мекунанд ба мисли фангунае, ки дар Чин маъмул аст. Пешрафти мардуми чинро ҳам дар ин мебинад. Барои мардум ва миллатҳои қафомонда низ худношиносӣ ва дарки ҳозиразамонӣ  надоштанро сабаби ихтилофу носозгориҳо медонад. Ба фикри ӯ дунё ба яккахудоӣ ва яккапарастӣ наздик аст, яъне хама дар дунё як роҳро пеш мегиранд. Аз ҷихати ҳам дин ва ҳам фикрронӣ.

Бузургии динҳои  дунё дар он аст, ки дар асоси фармудаҳои ахлоқӣ ва офариниши Худо асос ёфтаанд. Мутаассифона қувваҳои ношоистае ҳастанд, ки талош  мекунанд, яке аз динҳои имрӯза, исломро дар нигоҳи мардуми дунё, бо гуфтани ҳар гуна таркибҳои нолоиқ сиёҳ  кунанд.

Касоне ҳастанд, ки дар зери мафҳуми поки дин, қасдан дар байни динҳо зиддияту низоъро густариш дода ва дар байни  сарчашмаҳои гуногуни  мазҳабии ҳар кадом аз динҳо, ё яҳудӣ, ё масеҳӣ ва ё  ислом  ҷавҳари онро каму коста менамоянд. Онҳо ва дигарон ҳамчунон дуранд аз худо ва ба шайтон наздик.

Асосан, гурӯҳҳои шомили диндорони бехирад, ҳамон ҷигари гармеро мемонад, ки дар он ҳодисаҳои беахлоқӣ  парвариш меёбанд ва имрӯз бо ибораи машҳури  "инфиродгароии мазҳабӣ" (религиозные экстримизм) ном гирифтааст.

Мабдаъ ё равиши "тақсим кардан ва ҳуқкумат рондан"  чун ин дунё қадим аст. Вале дар ҳама даврон ин равиш  (принсип) нотавон мебаромад, чун ростӣ  матонати руҳияи халқро ба муқобили вай мегузоштанд,. Ҳақиқат дар он аст, ки ягон исломи бунёдгаро "фундаментализм",  ки дар ҳама гӯшаю канор  арзишҳои худро парвариш мекунад, имкон надорад.

Мафҳуми ислом маънии фидокорӣ, ихлос, таслим ба худои якто, таслим ба фармони ӯ, ба аҳкоми баёншуда ва муқаррароту қавонини ӯст.

Мусалмон касе аст, ки ба фармони худо итоат мекунад, касе ки тавозуъ мекунад, худои ягона ва пайгамбарони ӯ Иброҳим (а), Яқуб (а), Исҳоқ (а), Мусо (а), Исо(а),  ки худи яҳудию масеҳӣ ва мусалмон онро худои яктои инсонҳо меҳисобанд, эътироф мекунад.

Қуръон китоби нозилшуда аз ҷониби худо бо забони арабӣ, ба воситаи пайгамбар Муҳаммад (с) барои таълимоти ҳақиқати имон ва барои арабҳои шарқ (" ба ҳисоб гирифтани роҳи зиндаги онҳо"  - "с учетом их жизненого уклада")  ва ҳамчунин имон доштан ба Исо (а) ва Мусо (а) амр додааст. Барои ҳамин худованди бузург дар Қуръон Иброҳим (а), Исҳоқ (а),Яъқуб (а), Мусо (а) ва Исо (а) -ро пайгамбарони асосии мусулмонҳои муъмин мешуморад, Таврот ва Инҷилро низ аз кутуби фиристода Аллоҳ.

Бинобар  ҳамин, бетасодуф нест, ки Қуръон шоҳиди ҳақиқати таърихии ҳувияти Исо (а) -ро таваллуд шудани аз руҳи қудуси Марями муққадас ва фиристодаи парвардигорро барои ёрии "гӯсфандони раҳгуми хонаи Исроил" медиҳад.

Ахиран, ҳар он ки ин китоби бузургро бо диққат хонда бошад, мефаҳмад, ки дар зери "бехудоён" дар Қуръон худо пеш аз ҳама мушрикони бутпарастро дар назар дорад (язичники-идолопоклоников), вале дар ягон ҳолат на онҳоеро, ки вафодори аҳкоми худо ҳастанд, мисли яҳудият ва масеҳият.

Чуноне ки ислом маънии "имон" овардан ба худои ягона аст, барои яҳудият, масеҳият ва мусалмонон ҳам ҳамин маъниро дорад, ки танҳо худои азза ва ҷал ва на дигар маъбуде (на дар ягон ҳолат ва шароит) ба сарнавишти ҷаҳон, халқ ва ҳар як шахси алоҳида дахолати озод надорад.  ӯ ҳастии ҷомеъ ва қудратмандтарин каримиву раҳимии  худро ё ба имондорон медиҳад, ё ин ки гунаҳкоронро ҷазо медиҳад.

Ин ҳамон асосе ҳаст, ки дар он се дини бузурги осмонӣ асос ёфта, аз сӯйи худо дар давраҳои гуногун, ба воситаи пайғамбарони гуногун ва забонҳои гуногун ба замин фиристода шудаанд .

Барои қаноатманд шудан кофист, то мутаносибияти сатрҳои ин се китоби муққадасро ба хотир оварем. Дар охирин хитоби худ (қабл аз марг) ба қавми Исройил Мусо фармон медиҳад: "/4/ Гӯш кун Исройил, худованди мутаъоли шумо худои яктост! Ҳамоне, ки туро баровард аз кишвари Миср, аз хонаи ғуломӣ. /5/ Дӯст дор худоро, қудратманди худро, бо тамоми дили худ, бо руҳи худ, бо ҳама ҳастии худ". (Таврот. Дварим 6 Ваэтханан).

Ба замин фиристодани аҳкому фармонҳо барои Мусо(а) аз ҷониби худо, ба Исо (а) ҳам фиристода мешаванд. Ба хотир меоварем суханони Исоро (а) барои худо: "Ва ногаҳон як вакили хосе бархосту  ӯро мегӯяд: Устод! Чӣ кор кунам ман, то ки ҳаётро абадӣ кунам? Ва ӯ ба вай гуфт: дар шариъат чи навишта шудаст? Чӣ хел  мутолиа мекунӣ? Ӯ дар ҷавоб гуфт: дӯст бидор Аллоҳи худро ба дили худ ва бо ҳама руҳи худ ва бо ҳама матонати худ ва бо ҳама аҳли худ ва онеро, ки аз худи ту наздиктар аст ба ту. Исо (а) гуфт ба вай: дуруст ту ҷавоб додӣ; чунин амал кун зинда хоҳӣ монд" (ЛК. 10:25-28).

Акнун сухан мекунем доир ба сатрҳое, ки  Қуръон кушода мешавад: " 1. Бо номи худованди бахшанда ва меҳрубон. 2. Ситоиш худоро, ки парвардигори оламиён аст. 3. Ба ҳама каримӣ ва раҳимӣ ӯ яктост. 4. Рӯзи довар танҳо ӯ аст. 5. Танхо пеши ту саҷда мекунем. Ва танҳо аз ту ёрӣ металабем. 6.Моро ба роҳи рост бибар!  7.Чизе ки ту интихоб кардӣ барои касоне, ки батТу имон овардаанд.  Моро нигоҳ дор аз роҳи хато ва касонеро, ки дар роҳи беэтиқодӣ мондаанд (Сураи 1).

Қуръон нисбат ба Тавроту  Инҷил дар хусуси ба замин фиристода буданашон шубҳае намегузорад  ва ба он, ки танҳо парвардигор молики кулл ва ҳама чиз аст "дар замин ва дар осмон" ва танҳо парвардигор ба кӣ додани раҳмати худро медонад, кӣ солеҳ аст ва кӣ гунаҳкор аст пеши ӯ?: "129. Танҳо худо соҳиби ҳама аст, чӣ дар замин ва чӣ дар осмон ва ӯ бо раҳмати худ тасмим мегирад. Кӣ аз ҷониби  бахшида мешавад ва кӣ ҷазо мегирад, зеро ӯ ғафур ва меҳрубон аст" (Сура 3).

Қуръон  комилан ба таври табиӣ дар дастурамалу аҳкоми худ ишора мекунад, ҳамон пайғамбарони худоро, ки дар Тавроту Инҷил дар дастур ҳастанд ва сабт шудаанд: "1. Ситоиш кун номи худои худро - парвардигори муҳофиз ва моликро. 15. Касе, ки ёд мекунад номи худоро ва барои ӯ мегузорад намозро. 18. Дар ҳақиқат, ҳамаи ин - дар китобҳои пешинанд (оёт), 19. Дар навиштаҳои пайғамбар Иброҳим (а) ва навиштаҳои пайғамбар Мусо (а)!" (Сура 87).

Муносибати имондорон ба худои якто нисбат ба кофирон ва ташвиқгарони фикрҳои ношоям дар ин суол ҳар кадоми ин китобҳои муққадас бо сабабҳои маълум, дар ҳақиқат аз якдигар мутафовут ҳастанд.

Дар ин ҷо, асосан, фаромӯш набояд кард, агар Таврот аз сӯйи парвардигор барои як халқ аз байни дигарон дар назар гирифта шудаст, Инҷил аз  сӯйи худо ба Иброҳим (а) , Яъқуб (а), Мусо (а) ба писари Миср матраҳ шуда буд, бо далели шароити хос фиристода шуд, бо ёрии расулони мисрии ғайрияҳудӣ.

Қуръон аз аввал барои ғайрияҳудия фиристода шуда буд. Комилан аз байни арабҳои ғайрияҳудӣ аз  авлоди Иброҳим (а), Муҳаммад (с) аз сӯйи худо интихоб шуда буд, ки танҳо ба ӯ ваҳӣ дода шуд.

Аз гуфтаҳо маълум мешавад, ки барои чи дар Қуръон на Мусо (а) ва танҳо Исо(а) (писари Марям) номбар шудаст: "Сабт шудааст барои ҳама дунё" (Сураи 21, ояти 91). Сабаби дигаре ҳам равшан  мешавад, ки чаро расули Муҳаммад (а) гуфтааст : "Ваҳии худо барои тамоми мардум", "Ҳушдордиҳанда аз бадӣ" ва " меҳрубонӣ ба дунё"(Сураи 34,ояти 28, 107). Вагарна чи гунаи дигар метавонист худо  расулони худро барои нури ростӣ оваранд ба зиндагии мардуми дунё гӯяд! Дар охир, асосан, ки аз ин ҷой эҳтироми ислом ба бародарони ҳамдину солеҳон, тасаруҳи яҳудия ва масеҳия маълум мешавад: "48. Мо китобро дар ҳақиқат барои ту фиристодаем, барои тасдиқи он, ки ҳар он чизе, ки аз навиштаҷот омад, барои муҳофизати ӯ (аз ҳар гуна таҳрифҳо), ҳукм байни онҳо кун, барои он ки худо туро таназзул кард. Пайрави шавқи онҳо нашав, ҳато аз роҳи ҳақ мегузаранд,чун ба ту ин пешниҳод шудааст. Мо барои ҳар кадоми шумо сарнавиштеро фармон кардаем (барои ҳаёт) ва роҳ ба нур (рушноӣ) ва агар мехост худо, ӯ ҳамаи шуморо як миллат месохт. Вале (бо хоҳиши худи ӯ мехоҳад) бисанҷад шуморо (дар имондорӣ ва сарсупурдагӣ ба ӯ), ба чизе ки ӯ ба шумо ато кардааст. Кӯшед, то ки пешравӣ нисбат ба якдигаро бо таблиғи хубӣ ба Худо баҳри бозгашти ҳамаи худ кунед. Дар он вақт ӯ равшан ба шумо нишон медиҳад, ҳама чизеро, ки шумо ихтилоф кардед!" (Сура 5).

Бори дигар ба қиссае, ки дар Қуръон оварда шудааст бар мегардем, то ин  китоби муқаддаси фиристодаи худоро, ки барои мардуми араб пешбини шуда буд аз он, ки ба инфиродгароӣ (экстримизм) ва  ҷангҷӯй бо мардум сафед кунем "дастур (барои ҳаёт) ва роҳ (ба нур, равшани)"!.

Шахсан, наметавон қайд накард, ки ҳатто, ғайрияҳудия назар ба ду китоби муқаддаси пештар, Қуръонро ба таври қобил, таваҷҷуҳи бештар медорад.

Тавассути расули Муҳаммад (с) диққати мусалмонҳоро парвардигор тавзеҳ медиҳад,  то ки ҷавобгарӣ ба гуноҳи бисёрхудоӣ ҳатмӣ аст, вале "ҳисобот" барои ин гуноҳ дар дасти парвардигор аст,  на дар дасти каси дигар: "177. Ва касе, ки дар баробари Аллоҳ дигар худоро талқин мекунад, ӯ ба ин ҳуқуқ ва асос надорад. Ва танҳо  ҳисоби вай (барои  ин гуноҳ) ба худо аст, дар ҳақиқат беимонро меҳрубонӣ ношинос аст" (Сура 23). 

Зимнан, ҳато яке аз  оятҳои Қуръон, ки гуфта мешавад касе, ки дар баробари Аллоҳ  талқин ба худоҳои дигар менамояд "ҳисобгарии" ӯ дар дасти худо аст ( "Ва танҳо ҷавобгарӣ ба парвардигор аст") метавон ҷавоби шоиста инро гуфт, ки касе дар ҳақиқати ислом ба муносибати бехудоён достонҳои бардурӯғ ташкил мекунад. Аз ин ҷой равшан муайян аст, ки чаро худованд ба расули Муҳаммад (с) илҳоми даъват намудани нодон-ҷоҳилонро "ба хайр ва эътиқод" осебе ба онҳо нарасонда дастур медиҳад. На ягон таҳқир ва умуман аз нобудсозии мушрикин (истреблении идолопоклонников) дар Қуръон сухан нест.

Метавон ба ифротгароии имондоронеро сарзаниш кард, чун меҳисобанд, ки  барои гуноҳи мушрикин метавон ҷазоро ба худованд супурд, ки ӯ талаб мекунад ба  онҳо "таҳаммулпеша ва бахшанда" нисбат ба онҳое, ки аз роҳи ҳақ шунидан намехоҳанд, касони якрав бидуни инкор аз бисёрхудоӣ ва парстиши бутҳо ва инкор мекунанд худои якторо?!

Сатрҳои муқаддимаи Тавротро хонда фаромӯш набояд кард, ки худо дар ҳар даври гуногуни таърихӣ ва дар шароитҳои гуногуни зиндагӣ аҳком, қонун ва муққарароти худро  мефиристод.

Ваҳии худо ба пайғамбар Муҳаммад (с) қариб ду ҳазор сол пас аз оне, ки  худо аҳкомро ба Мусо (а)  фиристода буд ва бештар аз ним ҳазор сол баъд ба Исои Масеҳ (а) фиристода шуда буданд.

Агар хонаводаи Иброҳим ба вазифаи рисолати донишҳои худовандӣ интихоб шуда буд, то ки аз ӯ бояд халқияти бисер пайдо мешуданд ва парастандаи аҳкоми худо мебуданд,  дар ин маврид фиристодани аҳком ба тариқи пайғамбар Муҳаммад (с) ғайри яҳудӣ он нисфи аҳолӣ (пеш аз ҳама аз миллатҳои наздикии араб) дар худ нури маърифатеро мебурданд, ки паҳн кардашудаи пайғамбар Исо (а) буд.  Илова бар ин дар ин вақт дини масеҳӣ дар бисёр мамлакатҳо дини давлатӣ шуда буд.

Ҳамаи ин дар Қуръони ваҳишуда барои арабҳо ва ғайри яҳудия ва муққадимоти худованд барои қабул кардани дини худои якто дар назар гирифта шудааст.

Асоси пояи омӯзиши ин мавзуъ дар Таврот, Инҷил ва Қуръон ин эътирофи худо ва танҳо худои якто, қозии бузурги аъмол, афкор ва ҳар шахси алоҳидае, ки ӯ фурсате фароҳам додааст бо ёрии аҳкоми худ ба даст овардани "адолат".

Ба бандагони бечора танҳо ҳақи онро доранд, ки аз байни худ "ҳаким" интихоб намоянд барои ҳаллу фасли ҳар гуна "муроқибатҳо", "мушкилиҳо" ва "ихтилофҳо". Ин ҳам яке аз тазоҳурот ва хоҳишҳои худо аст.

Набояд фаромуш кард, ки каломи парвардигор  барои мардум ба воситаи Мусо (а), Исо(а), Муҳаммад (с) ваҳӣ шудаанд: " Нигоҳ доред сохташудаи маро ва фармонҳои маро, ки бо иҷрои онҳо инсон зинда аст. Ман  худо ҳастам" (Тора. Ваикра 18 Ахарей).

Аз муҳимтарин қазовати шароити дунёи ҳозира бар меояд, ки  ҳеч як инсон дар кадом маънавияту каромот, мартаба ва кадом ҷойро дар хохомаҳои "раввиинов" яҳудӣ, муллоҳои масеҳӣ, имом ва муллоҳои исломӣ қарор гирифта набошад ба муъминон "гуфтан" ё "нубувват" ("говорить" и "пророчествать") аз номи худо бо сурати ғайри мамнуъ фармон дода нашудаст, ҳоло он ки ба ҷанг давъат намудани инсонҳое, ки бо таъсиси шароитҳои ҳаёт ва расму ситоиши гуногун ба худо бовар доранд.

Танҳо пайғамбарону фиристодагонаш ҳақ доштанд, аз номи худо сухан биоваранд.

Руҳониён танҳо ҳуқуқи давъат намудан муъминонро ба нигоҳ доштани аҳком ва қонунҳо, ки ба воситаи пайгамбарон фиристода шудаанд ва инчунин  мусоидат намоянд, то ки  дар олам равшангари маънавияти ҷамоат бошанд. Бо китобҳои муқаддас  бо воситаи қувваи имон ва аҳли  худ ба касони раҳгумзада ва давъат намудан онҳоро ба тоъат, муҳаббат ва иҷрои амалҳои хуб ёрӣ расонанд.

Диққат бидиҳем, ба хатҳои поинтар, ки дар он саволи худро ба итмом мерасонем. Касе ки туҳматҳои  ифротгароӣ (экстримизм) ва ситезаҷӯйиро  ба яке аз се муқаддасоти фиристодаи парвардигори ягона афзоиш дода, нисбат медиҳад ва онҳое, ки бо шиори "тозагии ислом" амалҳои  аз адолат хеле дур будаи худро мекӯшанд ҳал намоянд: "Хайру шарр наметавонанд баробар бошанд, барои ин шарро аз хайр дур соз ва оне, ки ба ту қасд меҷӯяд ба дӯсти азиз ташриф биовар. 35. Ва ба ҳеч кас дода нашудаст, ғайри онҳое, ки касе бо канорагирӣ токат карданд, ва надоданд ба ин бахше ба касе ғайри дорандаи саҳми бузург. 36. Агар Иблис тамоили шарр ба ту мекунад, ҷӯй аз худо ёрӣ. Зеро ӯ якто ва воқиф ва .....!" (Сура 41).

Бо ҳамин роҳ, ҳар гуна суханрониҳо доир ба асоси ҷангхоҳии ислом ҳеч асос надоранд ва ҳастанд танҳо ё дурӯғи санҷида, ё дурӯғи беимонони комилан  ва ё ба таври комил инсонҳое, ки на танҳо Қуръон, вале Тавроту ва Инҷилро дарке надоранд.

Муҳайё Сайдалиева

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97