Ойини Наврӯз

Фарҳанг ва адаб 24.03.2013 15:45

SinНаврӯз аз ҷашнҳои бостонии ирониён аст. Дар замонҳои куҳан, ҷашни Наврӯз дар нахустин рӯзи Наврӯз (маъмулан мутобиқ ба 21 март) оғоз мешуд. Вале мушаххас нест, ки чанд рӯз тӯл мекашид. Дар баъзе аз дарборҳои салтанатӣ ҷашн як моҳ идома доштааст. Мутобиқи бархе аз аснод, ҷашни умумии Наврӯз то панҷумин рӯзи фарвардин барпо мешуд, ва ҷашни хоси Наврӯз то охири моҳ идома дошт. Шояд битвон гуфт дар тай панҷ рӯзи аввали фарвардин ҷашни Наврӯз ҷанбаи миллӣ ва умумӣ дошт, дар ҳоле, ки тай боқимондаи моҳ ҳангоме, ки подшоҳон мардуми оддиро ба дарбори шоҳаншоҳӣ мепазируфтанд ҷанбаи хусусӣ ва салтанатӣ дошт.

 

Таърихча

Ҷашни Наврӯз аз ойнҳои бостонӣ ва миллии ирониён мебошад. Бо аснод бо навиштаҳои бобулиҳо, шоҳони ҳахоманишӣ дар тӯли ҷашни Наврӯз дар айвони кохи худ нишаста ва намояндагонеро аз устонҳои гуногун, ки пешкашҳое нафис ҳамроҳи худ барои шоҳон оварда буданд мепазируфтанд. Гуфта шуда, ки Дориюши Кабир яке аз шоҳони ҳахоманишӣ (486 - 421) дар оғози ҳар сол аз парастишгоҳ Бали Мардук, ки аз худоёни бузурги бобулиён буд дидан мекард. Ҳамчунин сосониён ҳама сола наврӯзро бо барпоии маросим ва ташрифоти хосе ҷашн мегирифтанд. Субҳи Наврӯз шоҳ ҷомаи вижаи худро пӯшида ва ба танҳоӣ вориди кох мешуд. Сипас касе, ки ба хушқадамӣ шинохта шуда буд ворид мешуд ва сипас воломақомтарин муъбад дар ҳоле, ки ҳамроҳи худ финҷон, ҳулфа ва сикаҳое ҳама аз ҷинси зар, шамшер, тир ва камон, қалам, маркаб ва гул дошт дар ҳини замзамаи дуъо вориди кох мешуд. Пас аз муъбади бузург маъмурони ҳукумат дар сафи муназзам вориди кох шуда ва ҳадоёи худро тақдими шоҳ мекарданд. Шоҳ пешкашҳои нафисро ба хазона фиристода ва боқии ҳадяҳоро миёни ҳозирон бахш мекард. 25 рӯз монда ба Наврӯз дувоздаҳ сутун оҷурҳои гилӣ дар маҳватаи кох барпо шуда ва дувоздаҳ навъ дона гиёҳи мухталиф бар болои ҳар як аз онҳо кошта мешуд. Дар рӯзи шашуми Наврӯз гиёҳони тоза рӯйдашуда бар болои сутунҳоро бардошта ва онҳоро кафи кох мепошиданд ва то рӯзи 16 фарвардин, ки ба он рӯз Меҳр мегуфтанд, онҳоро бар намедоштанд.

Ойнҳои наврӯзӣ

Хонатаконӣ

Хонатаконӣ аз дигар ойнҳои наврӯзӣ аст. Даҳ- понздаҳ рӯз монда ба Наврӯз хонатаконӣ шуруъ мешавад. Дар ин ойин ҳама васоили хона гардгирӣ ва шустушӯ мешавад ва поку покиза мегардад.

Пас аз хонатаконӣ навбати сабза коштан мешавад. Модарон ҳудуди як ҳафта монда ба Наврӯз миқдоре гандуму адас ва мошу шоҳӣ дар зарфҳои зебо мерезанд ва онҳо оҳиста - оҳиста мерӯянд ва барои суфраи наврӯзӣ омода мешаванд.

Дид ва боздид

Дид ва боздид рафтан то поёни рӯзи 12 фарвардин идома дорад. Аммо маъмулан дар ҳамон субҳи Наврӯз ба дидани қавмҳои наздик монанди падару модар, падарбузург ва модарбузург, падар ва модари зан ё шавҳар, амма, амак, хола ва … мераванд.

Рӯзҳои баъд навбати қавмҳои дуртар фаро мерасад ва сари фурсат ба дигар ақвом ва дӯстон сар мезананд ва дидорҳои тоза мекунанд. Ҳатто онҳое, ки дар тӯли сол ба иллати кудуратҳое, ки пеш омада аз аҳволпурсии якдигар сар боз зада бошанд, ин рӯзҳоро фурсати ғанимате барои рафъи кудурат мешуморанд ва роҳи оштӣ ва дӯстӣ дар пеш мегиранд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97