Дар суроғи "Ҷони Дилафрӯз"

Фарҳанг ва адаб 18.09.2012 11:31

Films_bi-_bi-_siВақте аз идораи рӯзнома супориш гирифтам, ки барои тамошои филми "Ҷони Дилафрӯз" биравам, ҳам хушҳол шудам, ҳам ҳаяҷонзада. Хушҳол аз он ки тамошои ҳамчунин филме муяссарам мешавад, ҳаяҷонзада аз он ки чи гуна метавонам аз ин филм ба хонанда қисса кунам.

Хонандаи азиз, биёед ҳамроҳ вориди толор мешавем:

Муаррифии филмсозон. Чеҳраҳои хандону ноошно. Миёни онҳо симои бароям ошно, сокини шаҳри мо Муҳаммадҷони Шакуриро меҷӯям, ки ӯро намеёбам. Садое ба гӯш мерасад; афсӯс, худи Устод бемор ҳастанд, то филмро бубинанд… Аммо ман мехоҳам зудтар филмро бубинам, ки чаро "Ҷони Дилафрӯз"…

Аз дидор бо Устод ноумед шудаву бо умеди дидани чеҳраи эшон дар филм, дида ба экран медӯзам. Пас аз торикии мижа ба ҳам задан рӯшноӣ падид омаду чеҳраи ошнои устод Шакурӣ дар парда намудор шуд. Ӯ дар боғи Рӯдакии Душанбе оҳиставу шумурда қадам мегузошт. Ва қалбаш ба ёди Бухоро метапид. Устод дар филм бо ҳасрат аз Бухоро шаҳри ормонҳои тоҷикон ёд мекунад.

Бо дидани ин лаҳзаҳо дар хотираи ман, гуфтаҳои Устод зинда шуданд, ки мегуфт; "як мақсади тағйири хат, ки бо як фармон амалӣ шуд, ҳамин буд, ки ин халқҳо аз гузаштаи худ ҷудо гарданд". Оре Устод, моро аз батни модар ҷудо сохтанд.

Дар навор ҳаёти шахсии устод Шакурӣ дар пардаи филм оварда шудааст. Ба вижа 20 соли ҷони Дилафрӯзи Икромӣ будани ӯ, ки Устод аз ин қисмати зиндагияш хеле шодком аст. Ва ман ҳам ба саволи худ, ки чаро "Ҷони Дилафрӯз" аст, посух ёфтам.

Пас аз поён ёфтани намоиши филм, масъулони ҷашнвораи филми Би-би-сӣ дар Душанбе бо тамошогарону синамошиносон намоиши филм ва ҷашнвораро ба баррасӣ гирифтанд.

Ба хусус таъкид шуд, ки дар ин филм дар баҳогузорӣ бар нақши Сталин дар сарнавишти тоҷикон иштибоҳ кардаанд, дар ҳоле ки Сталин барои Тоҷикистон хидматҳои арзандае ҳам анҷом додааст.

Созандагони ин филм дар навбати худ гуфтанд, ки дар як филм ғунҷондани ҳама паҳлӯҳои масъала номумкин аст.

Содиқи Сабо, раиси бахши форси Би-би-сӣ изҳор дошт, ки бо сохтани як ду филм ва баргузории як ҳамчунин ҷашнворае кор ба анҷом нарасидааст, ва дар қадамҳои баъдӣ мо дигар паҳлӯҳоро мавриди назар хоҳем гирифт. 

Бо хориҷ шудан аз толори Хонаи Синамои Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон хостам хулосаи яке пурталабтарин тамошогарони филмро, ки бисёр масъала ва саволҳоро зимни баррасии филм пешниҳод намуданд, бипурсам. Саъдулло Раҳимов, мунаққиди синамо, собиқ мудири "Тоҷикфилм". 

Аз ӯ пурсидам, ки дар кул ба филм чӣ назаре доранд? Ӯ гуфт:

«Тавре ки ман дар суҳбати толор гуфтам, устод Шакурӣ бо риштаҳои  гуногуни проблемаҳои ҷомеаи мову  шумо бо зиндагӣ пайвастагиҳо дорад. Он шахс бисёр мӯътабар шинохта шуда аст, он риштаҳо ҳам ба як ларзишу ҳувияти бисёр  хос ба он кас маҳсуб мешавад, пайваст мешавад ва ё канда мешавад ва боз мустаҳкам мешавад. Назари ман дар мавриди ин, умуман ҳамин намоишҳое, ки дар Би-би-сӣ дидем, ин ҷурӣ аст, ки онҳо қадаме, ки мегузоранд, умумӣ аст, умумигӯӣ мекунанд, дар пешаашон ҳирфаият надоранд, як қадаме мегузоранд, қадами дуюмро гузоштан намехоҳанд.

Sadulo_RahimovДар масъалаи Устод. Устод Шакуриро тарзе ба мо муаррифӣ карданд, ки ҳамаи мо он касро дидаем, ва ҳатто мешиносем. Вале вақте Шумо як филми нав мехоҳед эҷод кунед, мавзӯъе ба бинанда пешкаш кардан мехоҳед, як чизи нав эҷод кунед, ки бинанда паҳлӯи дигари шахсияти Устодро барои худ кашф кунад. Аслан барои ман ҳамчун бинандаи оддӣ ҳич чиз нав набуд, натиҷа ин буд, ки устод Шакурӣ фарзанди Садри Зиё буда, номи занашон Дилафрӯз Икромӣ ва 47- китоб навиштаанд, пир шудаанд, ба Ирон таваҷҷуҳ мекунанд, тамом, дигар чӣ?

Охир, Устод ба чӣ хусусият Устод ҳастанд? Ба чӣ хусусият маъруф аст? Аз рӯи кадом ҷавҳар шинохта шудааст? Устод, масалан дар мавриди  анъанаҳо, анъанаҳои адабӣ ва бадеӣ як чизҳое навиштааст, масалан, ман ҳич гоҳ фаромуш намекунам, вақте ки "Анъана ва навоварӣ"-ро хондам, Устод гуфтанд, яке аз масъалаҳои ҳал нашаванда, ки аз замони Шӯравӣ то имрӯз давом дорад, ин проблема қиссагӯӣ, таъриф кардан аст. Инро Устод дар давраи Шӯравӣ гуфтанд. Яке аз мавзӯъҳои дигар мавзӯъи забонро Устод сахт гирифтааст. Ва баҳсҳои ӯ ба дигар шахсиятҳо зиёд буд. Агар Устод аст, ин паҳлӯҳоро бояд мегуфтанд. Баҳсҳои ин касро, олимии ин касро бояд мегуфтанд, ки бо чӣ хусусиёте он кас шахсият аст. Ба ғайр аз ин ду писар доранд, ки шояд зиёдтар аз худи ӯ маданияти форсу тоҷикро муъарифӣ месозанд, ин мавзӯъ гӯё барояшон муҳим набуд. Ва Устод даъво доранд, ки забон ин нигорандаи ҳувияту маданияти халқ аст. Дуруст аст, вале фарзандони он кас бо забони русӣ, бо забони инглисӣ дар ҳама ҷо Тоҷикистонро муъарифӣ мекунанд. Ин бисёр ҷолиб аст, вале аз сӯи онҳо ин нодида гирифта шудааст.

Бо сӯҳбат бо чунин шахсият ман боз ба моҳият ва хусусиёти ин филм бештар сарфаҳм рафтам. Баъди поёни ин филм мани хабарнигори ҷавон фикр мекардам, ки ин филм ба охир расид ва дигар чизи гуфтанӣ дар бораи ин шахсияти бузург вуҷуд надорад, вале сӯҳбати ин мунаққид барои ман боз барои ҷустуҷӯи дигар паҳлӯҳои ин филм роҳ кушод. Ва акнун суолҳои дигаре барои худ дар зеҳни ман посух меҷӯянд.

Ба ҳар ҳол, дар тобистони гарму мусибатбори имсол ман фақат як лаҳза эҳсоси хурсандӣ кардам, зимни тамошои ҳамин филми Устод.

Замира Сулаймонӣ «миллат»

P.S. Зимнан, ҷашнвораи филмҳои мустанади Би-би-сӣ дар Душанбе, бо баргузории консерти Далери Назар, овозхони саршинос дар "Кохи Синамо" ба поён расид.

Дар расми поёнии ин ҷашнвора Содиқи Сабо, раиси бахши форсии Би-би-сӣ, суханронӣ кард ва гуфт, ки ҳадаф аз баргузории намоиши филмҳо дар Тоҷикистон ошно сохтани мардуми ин кишвар бо фаъолиятҳои Би-би-сӣ будааст. Содиқи Сабо баргузории нахустин ҷашнвораи филмҳои мустанад дар Тоҷикистонро аввали кор хонд ва гуфт, ки дар оянда низ масъулони Би-би-сӣ чунин фурсатҳоеро ба мардуми тоҷик, ки дар он беҳтарин филмҳои мустанади сохтаи бахшҳои мухталифи ин бунгоҳ намоиш ёбад, фароҳам хоҳанд кард.

Далери Назар, овозхони маъруф, дар ҷараёни консерт бо ёддоварӣ аз фаъолиятҳои сангини рӯзноманигорон ва нақши онҳо дар иттилоърасонӣ ба мардум гуфт: «Бо ин вуҷуд рӯзноманигорон кушиш мекунанд, ки ба мардум хабарҳои ҷадидиро бирасонанд ва дар ин ҷода кори хабарнигорони Би-би-сӣ низ хеле назаррас аст. Мо ҳамчунин дар навбати худ бо ширкат дар ин барномаи фарҳангӣ мехоҳем ба фаъолитҳои рӯзноманигорон як фурсати мусиқӣ ва сурур бахшем».

Ҷашнвораи филмҳои мустанади Би-би-сӣ,  дар Душанбе, рӯзи  31 август оғоз шуд ва се рӯз идома дошт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97