Бозгашти сояи таърих

Фарҳанг ва адаб 26.07.2012 10:20

Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ баъд аз чанд ҳафтаи табобат дар Теҳрон  ба Душанбе баргашт. IMG_0250

Ӯ, ки дар бемористони «Меҳр»-и Ирон бистарӣ буд, пас аз як моҳи муоина ва муолиҷа пас аз зуҳри рӯзи 14 июл тариқи ҳавопаймо ба Тоҷикистон оварда шуд.

Устод Шакурӣ дар фурудгоҳи Ирон хеле беҳол ба назар мерасид, аммо аз марҳамати дӯстони иронӣ бархӯрдор буд ва ӯро «рӯ рӯйи даст» вориди ҳавопаймои «Тоҷикэйр» карданд. Аз намояндагони сафорати Тоҷикистон касеро надидам ва ё касе ҳузур дошту мо нашинохтем. Маъзур!  Вале ирониҳоро дидем, ки хеле зиёд меҳрубонӣ ба устоди мо доштанд.

Аммо зимни фуруд омадани ҳавопаймо дар Душанбе устод маътал шуд, то тамоми мусофирони ҳавопаймо пиёда шаванд, баъд устодро тариқи мошини ёрии таъҷилии дар ҳоли интизор ба хонааш бифристанд. Як марди иронии ҳампаҳлуи устод, ки дар тамоми масири парвоз ҳолу аҳволи устодро дошт, мунтазир буд то устодро бубаранд ва ӯ битавонад кӯмак бикунад. Аммо «стюардесса»-и навкору дағали ҳавопаймои «Тоҷик айр» бо зарда ин хайрхоҳи ирониро, ки мехост, пас аз устод аз ҳавопаймо пойин бишаванд, аз салон ронд.

 Баъдтар ҳам устоди хаставу абгор, аммо шод аз расидани насими диёрро нишаста дар мошини ёрии таъҷилӣ дидем, ки мунтазир буд, аз хатти қирмизи марзи фурудгоҳ иҷозаи гузораш бидиҳанд. Касеро парвои ӯ набуд. Ҷуз писараш Анвар Шукуров, ки дидам, ба нозири гумрук ҳуҷҷатҳоеро саросема нишон медод, то ба аҳволи падари маризаш ҳарчи зуд бирасад. Мошини ёрии таъҷилӣ, ки устод Шакурӣ, устурае аз таърихи зиндаи ин диёр савори он буд, ба шаҳри бехиёлҳо, беёдҳо, бемеҳриҳо асолатбохтагон, тоҷикамоҳои безор аз тоҷик ворид шуд, шитобон, пире бемору бемадор, ёдгоре аз Бухорову таърихи мондагор дар бағал, ки ӯ сиҳативу нури чашмон баҳри иншои таърихи ин миллат барбод додаву касеро дар ин шаҳр парвои ӯ нест. Аммо ӯ лоғару маҳҷуру мариз, аммо парпарафшон ба суроғи ин ёру диёр омада. Ба хонаи хурдакаку пурнами худ, Хуш омада! Дар фурудгоҳ Душанбе ҳам ба ҷуз аз ду нафар, Пайванди Гулмурод ва Носир Салимов касе интизори устод набуд. Ин саҳна бозгукунандаи ин ҳақиқат буд, ки ба яқин мо ҳанӯз миллат нашуда ва сазовори чунин шахсият нестем.     

Зимнан, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ 87 сол дорад ва муддатест, ки аз бемории гурда ранҷ мебарад. Ва акнун вазъи сиҳатии ӯ вахим арзёбӣ мешавад. Ӯ дар охирҳои моҳи марти соли ҷорӣ пас аз панҷ моҳи табобат дар Ирон ба ватан омада буд. 

Устод Шакурӣ аз пешвоёни ҳаракатҳои миллӣ ва аввалин шахсияти тоҷик аст, ки чеҳраи мондагори Ирон унвон шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97