Бисёрзанӣ ифтихори тоҷикон шуда

Фарҳанг ва адаб 18.07.2012 08:34

ё дар бадбахтии занон ва дарбадарии бепоёни муҳоҷирбачаҳои тоҷик кӣ гунаҳкор аст?

Аз зани дуюм буданам, хушбахт будам

zanҚиссаеро, ки пойинтар фишурдаашро меоварам бароям тасодуфан як ҳамроҳам, ки бо ӯ аз Душанбе ба Хуҷанд сафар доштем, нақл намуд. Вай дар бораи ишқу муҳаббат ва никоҳу издивоҷи хеш бо марди зандоре қисса менамуд, вале аз нигоҳаш ҳувайдо буд, ки хурсандиву хушбахтии мутлақ барои вай боре ҳам вуҷуд надоштааст. Ва ман бар ин назарам, ки чунин ақди никоҳҳо ва ин хушбахтиҳои лаҳзаина ҳаргиз оқибати хуберо дар пай надоранд. Ӯ мегуфт:

  "Муддати даҳ сол ман зани дуввуми марде будам. Ҳангоме бо шавҳарам вохӯрдам, ҳанӯз ҷавондухтаре дар ҳукми гул будам. Вай марди зандору соҳиби ду фарзанд буд . Дар он солҳо зани дуввум будан барои ман хеле шармовар буд. Волидайнам бо қатъият муқобили ин амал буданд, ҳама маро муҳокима менамуданд, вале барои ман маънии хушиву хушбахтиҳои ҳама олам дар симои як одам, дар симои ӯ ифода меёфт. Байни мо ишқи олӣ ва зебое мисли гулҳои баҳорӣ тозаву муаттар  оғоз шуд, Бештари вақти хешро дар тарабхонаҳо ва бо бовару эътимоди қавӣ ба оянда бо ӯ мегузарондам. Дар бораи ҷудошавӣ, яъне талоқ додани зани якумаш, сухане дар миён набуд ва маро низ дар гӯшаи хаёлам намеомад, ки сабаби бадбахтии зане дигар ва кӯдаконаш мешавам. Ӯ ҳар вақте вақту фурсати мусоид меёфт, назди ман меомад. Тамоми рӯзҳои ҳафта аз назди телефон дур намешудам. Занги ӯро бесаброна интизор мешудам. Ин соатҳои дарози ғамафзову раҳпоӣ ҳангоме ки бо ӯ мулоқот мекардем, ба хурсандии қиёснашаванда табдил меёфт. Ҳаёт баъдан ба маҷрои худ ворид шуд.

Бо ҳамаи ин нигоҳ накарда, ман аз ӯ ниҳоят сипосгузорам барои ишқаш ва барои он эҳсоси моломоли шодӣ, ки ба ман арзонӣ дошт. Ман аз ягон чиз шиква надорам, ҳаёт ба инсон дар ин дунё барои як бор дода мешавад ва онро бояд дар роҳи ишқу муҳаббат сарф намуд. Вале ман намехоҳам, ки духтари ман тақдири маро дошта бошад."

Дузана акнун ду бари рӯяш сиёҳ не, бологузар шуда

Бо шунидани саргузашти он ҳамсафарам ба ин хулоса омадам, ки вақте як зан бо сабаби табиие бе шавҳар мемонад бешак  зани дуввум шуданаш то ҷое қобили қабул аст, аммо замоне, ки духтари ҷавоне ба марди зандоре ба шавҳар мебарояд ва волидайнаш дидаю дониста ба ин никоҳ ризоият медиҳанд, ин масъалаест даркаш хеле душвор.

Амали дузанагӣ дар солҳои ахир дар Тоҷикистон чунон паҳн гаштааст, ки дигар инро аз ҳеч кас пӯшида намедоранд. Дар замони Шӯравӣ барои ин амал шахсро муҳокима менамуданд, аз сафи ҳизби коммунист, ки коммунист будан ифтихори баланд буд, хориҷ мекарданд ва аз соҳиб шудан ба вазифаҳои бонуфуз маҳрум месохтанд.

Алъон бошад кор ба ҷое расида, ки касоне дузана ва ё сезана набошанд он қадар соҳибэътибор шумурда намешаванд. Аз амалдорони ҳукуматӣ сар карда то соҳибкорон ва ҳатто касоне ҳам, ки соҳиби андаке молу чизанд, дузана мебошанд ва аҷиб он аст, ки ҳама мехоҳанд, ки дузана бошанд, ҳатто донишҷӯи донишгоҳ ва қаравули мактаб ҳам, ки дар ҷайбаш ҳатто аз 15 сомонӣ беш пул нест, орзуи зани дуюм доштанро дар дил мепарварад..

Ҷавононе, ки дар бозорҳо савдогарӣ мекунанд, фақат дар хиёлашон як мавзӯъ чарх мехӯрад; чӣ гуна ва чӣ роҳ соҳиби пули зиёдтар шаванд ва баъдан зани дуввум бигиранд. Бештари онҳо, ки ҳанӯз ба сини 30 солагӣ нарасидаанд, соҳиби зани дуввум ҳастанд. Дарку фаҳмишашон дар сатҳи ниҳоят паст буда, на ҳамаи онҳо соҳиби таҳсилотанд, вале мақсади асосиашон соҳиби зани дуюм шудан аст.

Сабр ва боз ҳам сабр, то талоқ набинанд

Ҳамсояам, ки 25 сола мебошад, ҳанӯз дар 18 - солагӣ ба шавҳар баромада ва соҳиби се фарзанд мебошад. Чанде пеш шавҳараш боз зани дигаре гирифт. Агарчӣ махфӣ бошад ҳам, вале ҳеч чиз дар дунё пӯшида нахоҳад монд. Занаш аз ин огоҳ шуд, чанде эътироз намуд ва билохира сокиту хомӯш гашт. Ба куҷо акнун хоҳад рафт, ҳамроҳ бо се фарзанд? Баргаштан ба хонаи волидайнро  шармандагӣ медонад. Соҳиби ягон шуғле нест, соҳибмаълумот ҳам нест. Фақат кӯча мемонаду фоҳишагӣ, ки бештари занҳо аз ноилоҷӣ ба ин аз ҳама қадимтарин даст мезананд. Дилаш пур хун аз он ки марди дӯстдоштааш, падари фарзандонаш шабро дар хона намегузаронад, ишқу оғуши гарми хешро нисори зани дигаре мекунад ва аламовараш он аст, ки ноьарсида ва рӯйрост барояш дурӯғ мегӯяд. Аммо кӯдакон хӯрданию либос мехоҳанд онҳо намефаҳманд, ки ризқашонро падарашон кайҳо боз тақсим кардааст.  Бонуи хонадон маҷбур аст ба ин ҳама сабр кунад, то калимаи мабғузи талоқро нашунавад.

Ин мардҳо танҳо дар серзан будан ба Паёмбар (с) пайравӣ мекунанд

Бештари ҷавонон мегӯянд, ки пайғамбари мо (дуруд бар Ӯ бод! ) соҳиби занҳои бисёр буд ва дар дини Ислом соҳиби ҷаҳор зан будан иҷоза аст. Вале дар навбати аввал ин нуқтаро бояд қайд намуд, ки ҳеч яке аз мо ба буҷулаки пойи мубораки пайғамбар баробар буда наметавонем. Дуюм, ин ки гирифтани зани дуюму сеюму чаҳорум ин шарту қавоиди худро дорад, ки бояд байни занон адолат риоят шавад, ки ин шурутро ягон нафар аз ин мардони серзани мо ба ҷо намеоранд ва оварда ҳам наметавонанд.

Гунаҳкори бадбахт шудани духтарон кист?

Суоле матраҳ мешавад, ки барои чӣ занҳои зебои кишвари офтобии ман ин қадар бадбахтанд? Гуноҳи кист? Аз падару модар , ҷамъият, замон, ҳукумат ё ҷанг?

Гунаҳкор дар навбати аввал ҳамин падару модаронанд, ки мехоҳанд ҳарчӣ зудтар духтаронашонро ба шавҳар диҳанду аз онҳо халос шаванд, барои онҳо муҳим нест, ки духтарашонро ба як дузд ё героинфурӯш, напурсидаю насанҷида, ки ин қадар мошинҳои гаронқимат ва ин ҳама дабдабаю ҳамҳамаи ҷониби шавҳаршаванда манбаъаш аз куҷост? Тӯйҳои боҳашамате барпо месозанд, вале чанд муддате нагузашта талоқу нифоқу ҷанҷолу ҷудоӣ оғоз меёбад. Ва он марди номард дар андешаи издивоҷ кардан ба як дигар духтари зебо меафтад. Якеро бадбахт ва дигареро барои чанд муддат хушбахт месозад.

Ҷанг хотима ёфтаву аҳвол ҳамон аст, ки буд

Албатта як иллати аслӣ ҳамин ҷанг буд, ки бар асари наҳсии он умри азизи зиёд ҷавононро дар айни нишоту шукуфоӣ миқрози аҷал бераҳмона бурид ва чандин ҳазор беваю ятим бар ҷоӣ гузошт. Акасари он занони бевамонда барои хӯрондани фарзандонашон маҷбур тан ба дасти тақдир доданд, ки зани дуюм ё сеюм бошанд. Аз сабаби нарасидани шавҳар духтарҳои ҷавон то синни сисолагӣ ва аз ин ҳам боло мунтазир мешаванд ва билохира маҷбур мешаванд ба зани дуюм ва сеюм шудан розӣ шаванд, то соҳиби ҷову маконе, нону либос ва фарзанд шаванд. Ва гарчанде ҷанг кайҳо хотима ёфта, вале аҳвол ҳамон аст, ки буд.  Баъди ҷанг, ки гуруснагию вайронӣ овард, замони эъзоми ғуломон барои Русия оғоз шуд ва боз ҳам сафи занони бадбахту бева ба маротиб афзуд.

Муқассир ҳукумат аст, ки ҳалқи худро то ин андоза гадо карда, ки шогирдони макотиби миёна, ҳанӯз шаҳодатномаи хатми мактабро ба даст наоварда, билети қатораи Душанбе - Маскавро мехаранд ва суйи Русия барои пур сохтани сафи ғуломону мардикорон сарозер мешаванд ва баъди муддате Равшану Ҷамшуд хоҳанд шуд.

Ба ҷавонони худӣ кор бидиҳед, беҳтар аз ҳар чинӣ кор мекунанд

Дар сурати зиёд будани миқдори нирӯи корӣ ва ҳазорон- ҳазор навҷавонони бекору ҳарҷогард дар Тоҷикистон мо аз Чин қувваи корӣ даъват менамоем. Охир, масъулини муҳтарам,  ин корҳоро барои шаҳрвандони кишвари худ бидиҳед, зеро ки ҷавонони тоҷик ин корҳоро аз чиниҳо дида беҳтару хубтар ба анҷом мерасонанд ва агар онҳо ин ҷо саргардони шуғле бишаванд, дигар на сабаби резиши ашки ҷонсӯзи модарон ва на сабаби бева мондани занони тоҷику на як умр дар роҳи омадани шавҳарон интизории бадтар аз марг доштани ҷавондухтарони тоҷик хохад шуд. Мардони нозанину ҳузарби мо солҳои дароз дар сарпарастии занҳои рус, ки чандин сол аз онҳо калонтаранд, умр мегузаронанд, зеро дар гамию серӣ ҳастанд. Вале зану фарзандонашон ин ҷо чашм ба роҳи онҳо рӯз мепоянд. Мансабдорони муҳтарам, барои мардони мо ҷоӣ кор муҳайё созед, зеро фарзандонашон ба синни балоғат расидаву ҳатто боре падари худро надидаанд.

Гунаҳкор кист?

Ба ин ҳама, ки духтарони ҷавон ва зебо аз нарасидани шавҳар зани дуввум ва сеюм мешаванд, ки гунаҳкор аст?

Кӣ гунаҳкор аст , ки занони якум бадбахт мешаванд ва тамоми умр он хиёнати шавҳарони хешро сархам таҳаммул мекунанд?

Кӣ мардҳоро ба воситаи смс - и телефони мобилӣ талоқ доданро омӯхт? Дар ин сурат ин зани бадбахт, ки на соҳиби маълумоте аст, бе я гон воситае мемонад ва барои зинда мондан маҷбур аст ба кӯча барояд, то худро барои чанд лаҳзае ба марде бифурӯшад ва фарзандони худро бихӯронад, ё ба марди пире, ки солаш ба синни бобояш баробар аст, ба шавҳар барояд.

Кӣ гунаҳкор аст, ки беҳтарин мағзҳо ва зиёиён бо сабаби ҷойи кори муносиб наёфтан ва эътироф нашудан барои ҳамеша ин сарзаминро тарк мекунанд ва мераванд?

Мераванд, то ин ҷо дар зимистон аз хунукӣ намиранд

Дугонаи ман, ки дар Душанбе ба дунё омадаву дар ҳамин шаҳр ба воя расидааст, инак хонаашро ба фурӯш мондаву духтари хурдсолашро дар бағал гирифта ва бо дили пурхун ба хориҷи кишвар меравад ва намедонад, ки боз чи вақте ватани худро, ки мисли хешовандонаш дӯст медорад, хоҳад дид? Вай чунин ҳам гуфт: ин дигар шаҳри ман нест. Вай рафт, то дигар хешу қавмпарастиро дар доираҳои ҳукумат набинад. Ӯ рафт, то ки беадолатиро дар дар ин ҷамъият набинад, то ки пирони гадоро дар кӯчаҳои шаҳраш  набинад. Ӯ рафт то дуруштию дағалию ҳакоратро дар машруткаю автобус аз забони ҷавонон нашунавад. Ӯ рафт, то ифлосию чиркиниро дар  м аркази кишвар, ки замоне шаҳри зебо ва дилорое буд, набинад. Рафт то ҷавонии худро аз ёд бибарад. Ӯ рафт, то зимистон дар хонаҳои сарду бе гармӣ аз хунукӣ наларзад ва аз маъош то маъоши дигар танга нашумарад. Ӯ рафт то пастию бефарҳангии амалдоронро ва бетафовутии табибон ва беинсофии онҳоро фаромӯш созад. Ӯ рафт, то духтари ҷавон ва ба балоғатрасидаи худро аз ин беназмӣ, ки дар ҷамъияти мо ба вуқӯъ мепайвандад, ҳифз намояд. Ӯ рафт, то духтарашро аз зани дуюм, сеюм ва насиби шавҳари пире шудан наҷот диҳад.

Ай соҳибони мансаб, сабрам ба поён мерасад…

Косаи сабрро рӯзе  ашки занони бевамонда ва модарони фарзандгумкарда, дуъои пирони дар ҳасрати дурии писарон умри азизро ба поён бурда, ашки талхи тифлони дар раҳпоии падарон бузург шуда, нолаҳои ҷонсӯзи модарони ҷигарбандонашон аз дасти скинхедҳо ва фашистони навбаромади рус қатл шуда, рӯзе ҳатман пур хоҳад кард. Рӯзе ин ҳама беадолатиҳо ва нобаробариҳо мардумро аз ҷони азиз сер хоҳад кард. Охир ҳеҷ мумкин нест, ки як умр тоҷик дур аз Ватан дар хориву таҳқиру азият ва дарбадарӣ бизияд ва хору зор дар сарзамини бегона бимирад.

Мардуми мо ҷанги бародаркуш ва мушкилоти сахту сангинеро аз сар гузаронд, Дар ҳақиқат кам хонадоне ёфт мешавад, ки заҳри ин ҷангро начашида бошад. Халқ дигар ҷанг намехоҳад. Мардум дигар намехоҳад он хатоеро, ки чанд сол қабл содир карда буд, дубора такрор намояд, халқи мо босабру ботаҳаммул аст. Вале ҳар сабреро поён аст.

  Бояд лаҳзае дар ин бора андеша намоед, ай аҳли қудрат ва соҳибони мансаб!!!

Дилором Назарова

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97