Ҷӯрабек Назрӣ ҳунарманди донишманд

Фарҳанг ва адаб 27.06.2012 18:21

ӯ қаламкашӣ, ромишгарӣ, суханвариро бо ҳам пайваст

23 июн рӯзи_-1 мавлуди мубораки ҳунарманди донишманд устод Ҷӯрабек Назрӣ мебошад, ки муборакаш бод!

Ва хуб гуфтаанд:

"Ҷӯрабек Назрӣ шахсияти ҳамафаслӣ ва бисёрқутба аст. Дониши амиқ ва фикри расо дорад. Дар сӯҳбат зоҳир мегардад, ки мардест каримуласл, шарифулъариз, дақиқунназар, амиқулфикр ва соқибураъй. Ҳарчанд ходиму хидматгузори беҳини илму фарҳанг аст, дар мутрибӣ ва овозхонӣ мақоми баландро соҳиб шуд" (Муъмин Қаноат - шоир)

"Ӯ мардест болобаланду гандумгуни хушнамо, соҳибдилу бохабару доно, дар илми адабу маониву арӯзу ахлоқу адвору таъриху баҳс тавоно, сӯҳбаташ хеле ва хеле гуворо" (Қосимшо Искандаров - доктори илмҳои таърих, профессор).

"Асоси равобиташ бар дӯстӣ буд. Ба иборате ҳамеша дар ҳалқаи дӯстону рафиқон буду ҳаст. Ҳанӯз ҳам вақте ба Теҳрон меояд, феҳристе аз дӯстонро дар даст дорад, ки ҳар як мунтазиранд, меҳмондори вай бошанд.

Ин cолҳо солҳои таваҷҷуҳ ва равобити умумӣ аст. Ба назарам Ҷӯрабек дар ин замина дар миёни тоҷикон камназир аст. Ӯ қудрати иртибот барқарор кардан бо ҳамагиро дорад…

Дидор бо марде, ки саропо ҳунару ширинзабонӣ аст, барои ҳар иронӣ фурсати муътаниме аст. Ман, ки тавфиқ доштам тайи солҳо аз мусоҳибату муоширати ин марди ҳунарманд баҳраманд шавам, яке аз хушбахттарин ирониён будаам, зеро аз миёни некӯвони тоҷик яке аз некӯтаринҳо дӯсте доштам". (Қаҳрамон Сулаймонӣ - собиқ ройзани фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Ирон дар Тоҷикистон).

"Ҷӯрабек Назриев тавассути кордонӣ, маҳорати баланди ташкилотчигию роҳбарӣ меҳру садоқати фаровон ба ватану фарҳанги миллӣ, ғамхорию эҳтиром нисбат ба кормандон ва дигар ҳислатҳои наҷибу ҷавонмардонаи худ ҳамаи норасоиҳоро моҳирона бартараф намуда, дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ як ҷамоаи бисёи хубу фидоии илму фарҳангро гирд овардааст ва як фароизи илмии мувофиқу мусоид муҳайё сохтааст.

…Ба назардошти чунин фаъолияти васеъу бобаракат дар ҷодаи тадқиқоти илмию инкшофи санъати миллӣ ва ривоҷу равнақи риштаҳои гуногуни шарқшиносӣ дар ҷумҳурӣ Ҷӯрабек Назриев сазовори дарёфти ҳама гунна мақом ва унвони илмию ифтихорӣ мебошад" (академик Мӯсо Диноршоев).

"Ҷӯрабек Назриев, ки дастпарвари Институти шарқшиносӣ буд, аз аҳамияту арзиши зиёди дастнависҳо ҳамчун сарвати маънавию миллӣ ва махзани тамоми донишҳои асрҳои миёна хуб огоҳӣ  дошт…

Аз ин ҷост, ки ӯ аз рӯзҳои нахустини ба ихтиёри Пажӯҳишгоҳи осори хаттӣ гузаштани ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ ба масъалаи нигоҳдорию муҳофизат ва ба танзиму омӯзиши ганҷина диққати ҷиддӣ дода ва назорати махсус ҷорӣ сохта, ба анҷоми чунин корҳо шахсони боэтимоду ғамхорро сафарбар намуд. Ба андешаи мо дар вазъияти ниҳоят мушкилу пурихтилоф ва ноорому пурмоҷарои солҳои 90-ум барои муҳофизати дастнависҳо, ки "шикорчиёни" онҳо ҳар рӯз меафзуданд ва мутаассифона то кунун ҳам кам намешаванд, сарвари ғамхору огоҳеро чун Ҷӯрабек Назриев ёфтан амри муҳол буд. Ӯ ҷавонмарди суханшиносу нуктасанҷ, соҳибдилу боҳиммат, ватандӯсту аз арзишҳои миллӣ воқиф ва бо ҳамкорон самимию дастрас мебошад ва бо одамони гуногунхулқ зуд забон меёбаду муносибати ҳасана барқарор менамояд. Ҷой доштани чунин хислатҳои неку шоиста ба Ҷӯрабек Назриев имконият доданд, ки ӯ бо вуҷуди танқисию норасоиҳо ва нооромию нороҳатиҳои солҳои 90-ум мутахассисони заруриро ба Институти осори хаттӣ ҷалб созад ва онҳоро ба кори илмию таҳқиқ саргарм намояд. Дар ин давраи ниҳоят мушкил, ки дар дигар институтҳои тадқиқотии Академияи илмҳо 5 -  10 кормандро сари кор пайдо кардан номумкин буд, дар Инстиути осори хаттӣ (баъдтар бо талошу саъю кӯшиши Ҷ. Назрӣ номи "Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ"-ро гирифт) ҳамарӯза кормандон ба кор меомаданд ва ба пажӯҳиш шуғл меварзиданд. Натиҷаи ҳамин роҳбарии оқилонаву дурусти сарвари Институт ва дилгармию заҳматкашии кормандони илмии ин маркази таҳқиқотӣ буд, ки дар ин солҳои ногувор ҳам  пажӯҳишгоҳи мазкур як силсила асарҳои муҳимми таҳқиқотӣ ва матнҳои мукаммали осори гузаштагонро ба табъ расонид. Маҳз дар ҳамин давра бо ташаббуси роҳбари Инстиути осори хаттӣ Ҷӯрабек Назриев нусхаҳои дастнависҳои зиёде ройгон ба Ганҷинаи дастнависҳо  ворид гардиданд… Дар хусуси китобҳои чопии ба китобхонаи Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ тӯҳфашуда ва воридгардида ҳоҷати сухан ҳам нест… Чунин амал ё кори хайре пеш аз ин ҳеч гоҳ дар ҳаёти ин марказ рӯй надода буд" (А. Алимардонов - номзади илми филология, нусхашинос).

"Метавон гуфт, ки фаъолияти Ҷӯрабек Назриев натанҳо дар ҷодаи илму тадқиқот, пажӯҳишу ҷустуҷӯ, фарҳангу маориф судманд аст ва чуноне ки гуфтем, ӯ дар самти омодасозии қувваҳои зеҳнӣ, ақлонӣ низ ҳиссаи арзанда дорад. Вале фаъолияти ӯ бо ин ҳам маҳдуд нест, балки як соҳаи дигари пурмӯҳтавои фаъолиятномаи нақши ӯ дар рушди санъати ромишгарии тоҷик басо назаррас аст" (Рустам Комилов, доктори илми фалсафа, профессор).

"Свой путь в науку Джурабек Назриев ныне крупный исследователь таджикско-персидской литературы, доктор филологических наук, член-корреспондент АН РТ, видный организатор науки и заслуженный деятель културы Таджикистана началь в конце 60-х годов.

На посту директора Института ещё шире проявились организаторсикие способности Дж. Назриева. Под его руководством были разработаны основные направление исследований Института, которые до сих пор остаются неизменными.

Под руководством Дж. Назриева Институт востоковедения и письменного наследия превратился в центаральной востоковедческой научно-исследовательской учреждения Республики Таджикистан" (Саиданвар Шохуморов -  кандидат исторических наук, Косимшо Искандаров - доктор исторических наук).

"…Устод Ҷӯрабек… дар ҷодаи мусиқӣ сабки хоси худро офарид.

Банда аз ибтидои солҳои 70 ба баъд бо Устод дӯстӣ дорам, дар аксари маҷлисҳои базми ӯ ширкат доштам, дар ҷашну сур, мулоқоту консертҳо муболиға намешавад, агар бигӯям ӯ тамоми ин солҳо, то вақте ки рӯи саҳна буд, мӯъҷиза меофарид (ҳоло  ҳам). Солҳои ҳафтоду ҳаштод унвони расмии ҳофизӣ надошт, на "халқӣ" буду на "шоиста", вале дар  миёни маъруфтарину машҳуртарин ҳунармандони соҳибунвони давр бештар медурахшиду бештар халқитару шоистатар буд (Дона Баҳромов - ҳунарманди шоистаи Тоҷикситон).

"…Мактаби таъсисдодаи Ҷӯрабек Назриев тамоман дигар аст. Агар  хуб таваҷҷӯҳ фармоед, мебинед оҳанги офаридааш, шеъри интихобкардааш ва тарзи иҷрои суруд бо лаҳни овози ширину гуворояш кони шакарро мемонад, гӯё аз гулистони олами мусиқӣ танҳо ширинтарин шираро бардоштааст. Садои муборакаш садои дил аст. Мусиқишиносони мо дар мақолоташон аз устод Ҷӯрабек Назрӣ камтар ном мебаранд. Ин шояд аз он бошад, ки чунин шахсиятҳо дар маҳфилу сӯҳбатҳои ӯ нанишастаанду бо ҳунари волои ӯ ошноӣ надоранд ё шояд ба хотири олим буданаш ба ҳунараш камтар таваҷҷӯҳ фармудаанд, вагарна мегуфтанд, ки Ҷӯрабек ҳунармандест беназир" (Файзалӣ Ҳасанов - ҳофизи халқии Тоҷикистон).

"Дар олами санъат кам шахсон соҳибмактаб мешаванд. Ӯ соҳибмактаб аст, сабки худ, услуби худро пайдо карда ва шогирдони зиёдеро ба воя расонида…

Қаламкашӣ, ромишгарӣ, суханвариро бо ҳам пайваст" (Шаҳобиддин Ҳақназар, мусиқишинос ва адиб).

"Ҷӯрабеки Назрӣ донишманди камназири таърих, хоса таърихи фарҳанг, адабиёт ва дин аст. Ӯ на дар ҳама мавриду на бо ҳама кас дар ин мавзӯъҳо сӯҳбат мекунад, фазлфурӯш нест, вале шахсан ман аз сӯҳбатҳои Ҷӯрабек дар бораи анбиёву авлиё, ҷузъиёти зиндагиномаи онҳо хеле бархурдор шудаам, маълумоте гирифтам, ки баробари мутолиаи чандин китоб аст. Оид ба рӯзгори шуарои классикиамон низ Ҷӯрабек аз аксари ҳамкасбонаш огоҳии бештару дақиқтар дорад, шеърро хуб мефаҳмаду маънидод мекунад, нисбат ба мероси ҳар адиби гузашта ва эҷодиёти адибони муосир назару муносибати худро дорад, ки дар бисёр мавридҳо аз дидаву баҳои дигарон фарқ мекунад ва ин хуб аст, зеро заминаест барои ибрози андешаҳои фардии ӯ.

Ҷӯрабек чи дар илм ва чи дар  ҳунар зудкору закӣ ва пухтакор аст, матнҳои осори гузаштагон, ки ӯ ба чоп омода кардааст, ё зери назари вай омодаи чоп шудаанд, аз озодфикрию масъулияти касбиаш гувоҳӣ медиҳад.

Ҷӯрабек дӯсти ҷонии аксари ҳамсабақони мост. Ӯ лар лаҳзаҳои душвору дар ҳолатҳои дармондагӣ фавран ба гиреҳкушоии мушкилот ҳозир мешавад ва бо тамоми ҳастияш дӯстро дастгирӣ менамояд" (Абдурраҳмони Абдуманнон - ходими  давлатӣ, адабиётшинос ва адиб).

"Роҳи илму олимиро пеша кардӣ. Зина ба зина қуллаҳоро фатҳ намудӣ, ба қуллаи баландтарин расидӣ, ҳалолат бодо!

Дар ҷодаи дӯстиву бародарӣ беҳамтоӣ" (Шаҳбоз Кабиров - устоди Донишгоҳи миллӣ).

"Тоҷикон аз қадим то кунун соҳиби чеҳраҳои шинохтаи зиёде ҳастанд, ки дар давру замонҳои мухталиф барои халқу мардуми худ хидмати шоиста намудаанд. Устод Ҷӯрабек Назриев низ аз ҳамин қабил чеҳраҳои шинохта мебошад" (Сайидхӯҷа Ализода - номзади илми филология).

"Ҷӯрабек Назриев аз солҳои аввали фаъолияташ ҳам дар ҳунар ва дар ҳам ҷодаи илм шӯҳрати беандозаро касб кардааст. Шӯҳрат ва мақому мартабае, ки Ҷӯрабек Назриев дар фаъолияти ҳунарварӣ ва илмии худ ба даст овардааст, натиҷаи меҳнату заҳмати фидокорона дар тамоми ин солҳо будааст" (Баҳриддин Мирзоев - ходими илмии Институти шарқшиносӣ).

"Номи муҳаққиқи шинохтаи адабиёти классики тоҷику форс… доктори илмҳои филология, узви вобастаи Академияи улум ва Иттифоқи нависандагон Ҷӯрабеки Назрӣ дер боз бо аҳли завқ ошност. Ӯ аввалқадам чун ҳофизи хушовоз аз хеш дарак дода, нақши пойдоре дар ҳунари овозхонии тоҷик гузошт ва ҷавонҳофизони зиёдеро дар ҷодаи ҳунар пайрави сабки хеш карда, барҳақ унвони Арбоби ҳунари Тоҷикистонро ойинаи қаднамои ҳунари волояш сохт" (Пури Ҷаҳонгир - Шоири халқии Тоҷикистон, узви Маҷлиси Олӣ).

"Котиби комитети республикавии муҳофизати сулҳ шоир Наримон Бақозода ба редаксия занг зада, бо хушнудӣ чунин мужда расонд: "Олими ҷавон, ҳунарманди тоҷик Ҷӯрабек Назриев рафтори наҷибонае кард: ӯ ба Фонди муҳофизати сулҳ 2200 сӯм пул супорид. Ҷӯрабек Назриев чанде қабл аз ин ҳам ба Фонди сулҳ маблағ супорида буд, вале ин дафъа ҳиммати баланди ӯ барҳақ шоистаи таҳсин аст" (А. Партав - рӯзноманигор).

"Ҷӯрабек Назриев на танҳо чун ҳофиз, балки чун тадқиқотчии сарвати маънавии халқи тоҷик саъю амал дорад. Мо ба олими ҷавон ва сарояндаи хушадо Ҷӯрабек Назриев дар фатҳи қуллаҳои баланди илму санъат барору баракат мехоҳем" (Ҳабибулло Файзулло - шоир).

Ин чанд иқтибосест, ки аз китобу рӯзномаву маҷаллот гирд оварда шудааст. Метавон боз даҳҳо чунин иқтибос овард. Рӯзи мавлуд муборак:

Мадори дили ориф он Ҷӯрабек,

Сухансанҷу ганҷи равон Ҷӯрабек.

Басире бидорӣ, нигар сураташ,

Расо сарву дил, ҳамчунин Ҷӯрабек.

Ба пайғому паймон расад чун сабо

Ба сарвақти пиру ҷавон Ҷӯрабек.

Ба ҳифзи азизону ҳампешагон

Ба монанди шери жаён Ҷӯрабек.

Чароғи саодат намояд ба меҳр

Ба ҳар ҷо, ки гардад аён Ҷӯрабек.

Ба табъи равону ба тарзи баён

Надорад ба худ ҳамқирон Ҷӯрабек...

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97