Гург ва саг

Фарҳанг ва адаб 27.04.2012 07:57

(Жанри "Бгу-бгу" )

Gurg_va_sag-Ман аввал номи гургро навиштам. Гург рамзи озодист. Ман тарафдори озодиям. Дар баробари ин номи саг дар охир омадааст, ки ин басо рамзист. Саг хидматгори одам мебошад ва ин сазовори он аст, ки тарафдори хислати саг бошем. Шумо чи ақида доред?

-Гург ин бад аст. Бо ҳамлаҳои ваҳшиёнаи худаш чорпои мардуми қишлоқро ба ҳалокат мерасонад. Аз меҳнати мардум суистифода мекунад. Саг бошад баръакс барои хидматҳое,ки мекунад ба андозаи зарурӣ  аз тарафи одамон бо ғизо қадр карда мешавад. Зиндагии оромона дораду дар тарсу ҳарос нест ва мисли гург доимо дар гурезу пинҳонгоҳҳо пинҳон намешавад.

- Новобаста аз ҳамаи ин озод асту  озодӣ неъмати бузург аст. Ва ҳамаи мо инро хуб медонем. Дар тамоми дунё одамон барои озодӣ мубориза мебаранд. Дар тӯли таърих садҳо ҳазор нафар баҳри озодӣ ҷони худро қурбон намудаанд. Ин қурбониёнро мардум қадр кардан доранд, ки далели озодихоҳӣ мебошад. Агар мо сагро тарафдорӣ намоем, далел ба он мешавад,ки ғуломхуем ва дар сурати саг худамонро тасаввур менамоем. Зиндагии оромона дошта бошем ва хоҷае бо диди худаш новобаста ба талаботи мо муайян намояд, ки барои мо, барои хизмати мо чиро сарф намояд.

- Одамон сагро бо заҳмати зиёде ром намуданд, то дастёри  онҳо бошад на ғулом, ки Шумо, ҷаноб  талқин намудан доред. Аз замонҳои қадим одамон ҳаракат менамуданд барои беҳбудии зиндагӣ талош намоянд. Барои ин ақлу заковат ва таҷрибаи андӯхтаашонро истифода мебурданд. Аз сабаби дарк нанамудани ҳодисаҳои табиъию ҷамъияти ҳамзамони худ ба шикастҳо рӯ ба рӯ мегардиданд ва онҳоро лозим буд  муқобилият намоянд. Барои ҳамин  ҳаракат менамуданд имкониятҳои ҷойдоштаро ба нафъи худу авлоди худ истифода баранд. Масалан барои шикор нарафтан, ки хавфнок буд ҳайвонҳои гӯшташон хӯрданибобро ром намуданд ва лозим буд онҳоро аз ҳайвонҳои дарранда, аз ҷумла гургон ҳифз намоянд . Бо мурури замон зарур шумориданд сагонро, ки нисбат ба дигар даррандаҳо ҳалимтар буданд, ром намоянд то ҳангоми зарурият аз даррандагии онҳо ба нафъи сарвати худ истифода баранд.

- Аз ин гуфтаҳои Шумо ба хулоса омадам, ки одамон бо диди худ, бе риояи принсипи адолат  ноодилона нисбат ба ҳайвонот рафтор менамоянд. Аммо худ ба адолатпарастӣ майл доранд ва аз якдигар, ба воситаи қонунҳои эҷодкардаи худ тақозо менамоянд, то адолат ҳукумрони муносибатҳои онҳо бошад. Олами вуҳушро  мартабаи "бачаи ҷайра" доданд.

- Инсоният ҳама гуна хусусияти ҳайвонҳоро омӯхта ба фоидаи худ истифода мебарад. Аз парвози сӯзанак, ки дар парвози аппаратҳои парвозкунанда истифода мебаранд, то заҳрпошии морҳои газанда дар илми тиб ва ғайра. Зоология ин барои омӯхтани олами ҳайвоният ва истифода бурдан аз он асту бас. Агар  "мардак вори" аз он истифода бурдан намехостанд як тини пучак  барои он сарф намекарданд.

- Агар мақсади одамон сагро барои посбон истифода бурдан бошад, пас ба кайҳон равон кардани сагонро чи гуна арзёбӣ намоем. Гузаронидани ҳар гуна таҷрибаҳо, ки дар бисёр мавридҳо сагон аз марги ба сарашон оварда мефавтанд  чи далели мусбӣ пайдо намудан мумкин аст?. Чаро говро барои гӯшташон ром намуданд ва пасон ширашонро, ҳаққи гӯсоларо ширчой намуда истеъмол менамоянд?

- Сагонро дар ҷанг барои танки душманро тарконидан истифода мебурданд. Ҳоло маводи мухаддир мекобанд. Қисмати талхе дар пеш хоҳанд дошт, чун ки нафси инсон, чун нашъаманд доимо ниёз ба афзоиш додани миқдори маводи истифода мебурдааш мебошад.

- Ман ҳаргиз тарафдор буда наметавонам, ки инсонҳо аз ҳайвонот истифода набаранд. Инсонҳо соҳиб ақланд ва ҳақ доранд аз ҳайвонияти ҳайвонҳо истифода баранд.  Албатта  онҳоро лозим аст таносуби ҳайвонҳоро зери назорат дошта бошанд ва ҳамин тавр низ ҳаст. "Красная книга" вуҷуд дорад, вайронкунандагои  навиштаҷоти онро гунаҳкор меноманд.

- Гург, ки озод аст ниёз ба "Красная книга" надорад. Озодона  сайд мекунад, озодона мегардад ва озодона мемирад.

- Пас гург озодии харгӯшро поймол менамояд.

- Гург санитарии табиат мебошад, яъне харгӯши касалро сайд менамояд, то аз харгӯши касали дигар харгӯшон касал нашаванду рӯ ба нестӣ оранд. Ин табиъӣ сурат мегирад, на бо макр, ё ҳилла, ё аз рӯи гендер, ё праграмма, ё дигару дигар.

- Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки Шумо нисбат ба инсоният, ки худ фарди он мебошед, хушбин нестед. Ба фикри ман ҳақиқат он аст, ки ҳар фарди табиъат бо чи ҳиллае, ки дорад ҳак дорад аз он ба нафъи худ истифода барад.

- Пас чаро имрӯз Ғарб  Шарқро ғорат намудан дораду, моро ин нороҳат менамояд, дар ҳолате, ки бо  зиракӣ, ба қавли Шумо ҳилла, ки нишонаи доногии онҳост сарвати як қисмати  Шарқро аз худ кардан доранд. Мо инро ноадолатӣ мегуем. Калимаи адолатро аз истифода берун намоем?

- Адолат боқӣ хоҳад монд.  Вуҷуд доштани саг ва гург ин кафили дар мувозинат будани табиъат аст.  Исботро намехоҳад. Шод бош  ТОҷИК.

Ҳомид. 21.04.2011с.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97