Иди Наврӯз ҳама ба суроғи Ӯ меояд…

Фарҳанг ва адаб 15.03.2012 15:18

Habibullo_FaizulloҲабибулло Файзулло рӯзи 15 март зодрӯз дорад. Соли 1945 дар ана ҳамин рӯзи фасли зебои сол, баҳори нозанин дар шаҳраки  зебоманзари Ховалинг дар оилаи аҳли фазл тифле ба дунё омад, ки Ҳабибулло номаш гузоштанд. Ӯ ҳабиби дилҳо шуд. Ва дар айни ҷавонӣ дар баҳори 35-умини умр рафту ба дилҳо доғ монд. Ҳабибулло баҳорро зиёд дӯст дошт. Ва имрӯз, ки баҳор омадаасту Ҳабиби мо дигар намеояд, аммо иди Наврӯз ҳама ба суроғи ӯ меояд… 

Иди наврӯз ҳама хонаи мо меояд

Боз дар гӯшаи порисаи боми падарӣ,

Лола мерӯяду қумрӣ ба наво меояд.

Лона монанд зи нав достакони сафарӣ,

Иди наврӯз ҳама хонаи мо меояд.

Амаки ҷуфтгарам ҷуфт кунад ҳотаи хеш,

Бачагон гашта савори чапари молаи ӯ.

Абри боранда бирез оби бақо бар сари кишт,

То ки афзун бишавад ҳосили имсолаи ӯ.

Рӯди кӯҳӣ биҷаҳад мавҷзанон, шиҳакашон,

Гӯӣ чун аспи самандест, ба тоб омадааст.

Санг ғелон шуда аз кӯҳ дами сели дамон,

Чу саворест, ки як по ба рикоб омадааст.

Бӯи сабза, бӯи гул, бӯи замини падарӣ,

Сӯи худ мекашад ин лаҳза маро аз раҳи дур.

Ҷӯям аз кӯчаи деҳ ҳамсабақонро ба умед,

Ҳамчу набзе, ки биҷӯяд ба тане одами кӯр.

Ошёни деҳаву мо ҳарсӯ ба парвоз шудем,

Ман ба дидори шумо гашта хумор омадаам.

Боз чу сели кабӯтар зи сафарҳои дароз,

Пешвози ҳаматон фасли баҳор омадаам.

Боз дар гӯшаи порисаи боми падарӣ,

Лола мерӯяду қумрӣ ба наво меояд.

Лона монанд зи нав достакони сафарӣ,

Иди наврӯз ҳама хонаи мо меояд.

                                                Соли 1974

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97