Ҳама аз қозизодаву эшонзода будан фахр мекунанд, академикҳо Масову Шакурӣ низ

Фарҳанг ва адаб 15.03.2012 09:36

ё мусалмони мо дар фикри худоию оши наҳор аст

Рисолати "антивирус"

Mullovu_Qozizodahoo21122Чун инсон офарида шудем ва дорои ҷавҳаре, бо номи ақл. Маҳз ба ҷиҳати доштани ҳамин ҷавҳар аз дигар махлуқот тамйиз мешавем (фарқ мекунем) ва ногузир дар офариниши хеш бояд низ таҳаммул намоему офаридгори хешро ҷӯё шавем, ки чи гуна, дар куҷо ва аз чи офарида шудем. Ҳар инсон хоҳ нохоҳ дар зеҳнаш чунин суолҳое пайдо мешаванд. Агар жарфтар назар карда шавад, бо он ки имрӯз дар курраи замин садҳо қавму қабила, миллатҳои мухталиф, забонҳои гуногун ва эътиқодоту адёни бешумор мавҷуд аст, обишхӯри ин ҳама офаринишҳо ва гуногуниҳо аз як махлуқи офаридаи худованд, Одам мабдаъ ва маншаъ мегиранд. Чун авлоди Одам дар рӯи замин мунташир шуд ва афзоиш ёфт ва маҳз ҳамин зиёд шудани наслҳо боиси пайдо гаштани эътиқоду афкори мухталиф гардид. Гуногунии афкор ва ақоид ба он оварда расонд, ки одамони аллакай ба қабилаю қавмҳо ҷудо шуда, дар зеҳнашон андешаҳои зидду нақиз пайдо шудан гирад. Ва дар ин миён қабоили зиёде ба сабаби ифрот дар баъзе аъмолашон аз роҳи рост мунҳариф мегаштанд ва аз марзи ҳаёву шарм, ки хоси инсонҳост, убур менамуданд ва даст ба аъмоле мезаданд, ки хилофи кирдори махлуқе ҳамчун инсон буд. Агар роҳи чунин вирусҳои бадаҳлоқӣ гирифта намешуд, шояд тамоми башариятро сироят мекард ва дар ин замина Офаридгори олам барои интибоҳ ва ҳушдори одамон расулони хешро мефиристод, то инсониятро аз гумроҳӣ наҷот бахшанд. Ва рисолати ҳама паёмбарон ва адёни илоҳӣ маҳз дар ҳамин аст.

Ба ном мусалмонем

Охирон дини самовие, ки худованд барои инсоният ҳамчун раҳнамо қарор дод, ин Ислом аст. Имрӯз фисади бештари мардуми кишвари моро пайравони ин дини самовӣ ташкил медиҳанд ва ногузир пойбанди афкори ҳамин динанд. Акнун возеҳ ва равшан шуд, ки пайрави чунин динем, аммо фаҳмидани ин нуқта зарур аст, ки то куҷо фармудаҳои ин динро дуруст ба ҷо меорем ва ба кадом тарзу усул.

Чуноне аз мушоҳидаҳо бар меояд, гарчанде бо ном мусалмонем, вале аз дарки фаҳмиши фармудаҳои муҳимми дини ислом ба дуртар афтодаем. Аз фармудаҳои барои ҷомеъа зарур ва манфиатовар фаротар рафта, гуфтаҳоеро аз дин барои худ дастуруламал қарор додем, ки бештар ба табиъату хӯи худ мувофиқ ва барои пешрафт кардан камтаъсиртар. Ҷо дорад барои тақвияти гуфтаҳо чанд мисолеро пешкаши хонандаи азиз намоем, то худ қазоват кунанд ва ҳақро аз ноҳақ ташхису тамйиз намоянд.

Дар ғами "худоию оши наҳорем"

Мақсад матраҳ сохтани масоили барои ҷомеъаи имрӯз ниҳоят муҳим ва зарур, фазилату дараҷаи илму илмомӯзӣ аз нигоҳи ислом ва то куҷо ин масъалаҳо ҷойгоҳи худро дар ислом доранд, мебошад. Оё дар фармудаҳои динӣ ҷойгаҳи кадоме аз ин ду чиз, илм ва ё ибодат болотар аст? Ва чаро ба дарки ин маъниҳои муҳим фурӯ нарафтем?

Ҳадиси "Утлубул илма минал маҳди илал лаҳад" (аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй), ки фармудаи паёмбари ин дин аст, шояд ҳар кас бидонад, вале муҳимтар аз донистан дар амал татбиқ намудани он дар ҷомеъа мебошад. Дар ҷомеъаҳои бо ном исломӣ акси ҳол мушоҳида мешавад. Дар ин ҷомеъаҳои бо ном исломӣ ҷамъияташ аз гаҳвора то гӯр на дар талаби илм, балки дар талаби худоию оши наҳору дигар маросимҳо мебошанд. Кам ба назар мехӯрад, ки афроди пиронсол ба мутолиъа сару кор дошта бошанд. Имрӯз шояд кам касе ёфт мешавад, ки ба муҳоҷират ба давлатҳои хориҷа ва махсусан ба Русия нарафта бошад ва манзараи ба маҷаллаю китобхонӣ машғул будани одамони солхӯрдаро мушоҳада накарда бошад. Дар ҳоле ки ба гуфти мо он ҷомеъаҳои ғайри исломӣ мебошанд. Фарзандонашро аз тифлӣ низ ба омӯхтани чизҳои ибтидоӣ тавассути кӯдакистонҳо ташвиқ  менамоянд. Бар хилофи мо, ки тифлон ва кӯдаконамон дар кӯча қариб аз субҳ то шом беназорат мебошанд ва қисми андаки тифлон шомили кӯдакистонҳо ҳастанд.

Дини ислом фармудае дорад: "Талабул - илми фаризатун ъало кулли муслмин ва муслиматин", яъне талаб кардани илм (ин ҷо танҳо манзур илми дин нест, балки ҳама илмҳост) фарз аст бар ҳамаи марду зани мусалмон. Фаромӯш набояд сохт, ки ин фармуда низ барои занҳо ҳам дахл дорад.

"Илм болотар аз ибодат аст"

Паёмбари ислом боз фармудае дорад: "Ал-илму фис-сиғари каан-нақши фил-ҳаҷар", маънияш чунин аст, ки (илм омӯхтан дар хурдӣ ба манзалаи нақшест дар болои санг), чун нақши дар сангро солҳо ҳатто борону офтоб наметавонанд шуста кунанд. Боре назар шавад, ки хурдсолон ва ҳатто наврасони мо ба чи корҳое машғуланд. Агар дар хурдӣ илм мисли нақши дар санг боқӣ монад, пас он бадахлоқиҳое, ки наврасони мо дар наврасӣ ба ҷои омӯхтани илм ёд мегиранд, пас то зиндаанд, ҳамин бадахлоқиҳо мисли нақши дар санг боқӣ хоҳанд монд.

Беҳтар мебуд, қабл аз ба ибодат ташвиқ кардани наврасон онҳоро ба ҳифзи илм раҳнамунӣ мекарданд, зеро ин гуфта, ки "илм болотар аз ибодат аст" низ қавли паёмбар аст. Расули акрам хуб медонист, ки ибодати бе илм ба ҳеч чиз ба кор намеояд. Ҳатто таъкидоте дар ин росто низ аст, ки "хоби олим аз намози ҷоҳил беҳтар аст", ё худ "соъате андеша беҳ аз сад сол ибодат", ин худ пайдост, ки андешаро ба василаи илм мекунанд. Ва ҷой дигар мефармояд: "Қалилул илми хайрун мин касир ил ибода", (андаке дониш беҳтар аз бисёрии ибодат аст). Боз дар ҳадиси дигари паёмбар ин нуқта равшантар зикр шудааст: "Хайрул илми мо нафаъа", (беҳтарин дониш он аст, ки судманд бошад). Ин ҳама гуфтаҳои паёмбаранд ва мусалмонони имрӯза баръакси ин гуфтаҳо амал намуда истодаанд ва натиҷаашро дар ибодати наврасон, ҷавонон ва умуман дигар қишрҳои ҷомеъа метавон мушоҳида кард.

"Калиди дари дӯзах аст он намоз…"

Ҳамчун як фарди мусалмон фикр мекунам, ки аз чунин ибодати ғофилона ва бидуни илм, ки пур аз иштибоҳу хатоанд, аз савобаш дида гуноҳаш бештар аст, зеро ибодат ҳам шартҳои худро дорад. Ин чиз пӯшида нест, дар шабҳои Рамазон ҳини хондани намози таровеҳ ҳар каси боақл метавонад намоз хондани наврасонро ва ҳатто ҷавононро мушоҳида намояд ва хулоса барорад. То ҷое ман огаҳам, чунин намоз ва ибодате ба ҷуз масхарасозии дин чизи дигаре нест, аз ин лиҳоз наврасонро беҳтар мебуд, то дар хона менишастанду ба омӯзиши илм машғул мешуданду соҳиби илму фаҳм гашта, пас аз он ба ибодат мепардохтанд.

Зеро манзур аз ибодат ин танҳо зоҳиран дар назди мардум сар ба саҷда бурдан нест, балки мақсади аслии ин амал худро дур доштан аз бадиҳо ва фасодҳо мебошад, варна дар сурати ғайр иботад маънияшро гум мекард. Аломма Иқболи Лоҳурӣ мефармояд:

Калиди дари дӯзах аст, он намоз,

Ки дар чашми мардум гузорӣ дароз.

Агар ҷуз ба ҳақ меравад ҷодаат,

Дар оташ кашонанд саҷодаат.

То куҷо намоз дуруст хондаем?!

Чун аз афъолу кирдори мардум ба хусус наврасону ҷавонон бармеояд, ки камтар ба маънии ибодат сарфаҳм рафтаем, зеро ибодатеро, ки ба ҷо меорем, аз илм маншаъ нагирифтааст ва ин сабаб шуда, ки ҳатто аз хасоили манфуре чун дурӯғ гуфтан, фиреб додан, ваъдахилофӣ кардан, пора хӯрдан, ғайбат кардан, туҳмат намудан ва боз чандин аъмоли дигар на танҳо парҳез намекунем, ҳатто бештари мардум аз ин кирдор ба ифтихор ёд мекунанд. Бузургон ба ҷо фармудаанд, ки "пок шав аввалу пас дида бар - он пок андоз", манзур фақат тозагии зоҳири нест, балки покии ботинӣ муҳимтар аст. Ин фармудаи офаридгорро низ набояд фаромӯш сохт. Худованд бо забони бе кайфаш фармуда: "…. ва ақимис - салота иннас - салота танҳо ъанил - фаҳшои вал - мункар…(сураи Анкабут ояи 45)", яъне (ва намозро барпо дор, ба дурустӣ, ки намоз аз корҳои зишт ва нописанд боз медорад). Оё ҳамин дурӯғ гуфтану ваъдахилофӣ намудану ҳаққи мардумро хӯрдан ва чандин дигар корҳои ғайри ахлоқӣ дар фаҳшою мункарот шомил нестанд? Агар шомили ин фармуда бошанд, пас бояд андеша кард, ки то куҷо намоз ва ниёиши дуруст хондаем. Чунин афъоли манфурро аз беилмӣ бо ибодат махлут сохтем, ки дигар лаззате аз ин амал боқӣ намонд. Ибодату аъмоли носазо мафҳумҳое мебошанд бо ҳам таноқуз.

"Мусалмононро мебинему мусалмониро не"

Он фармудаҳои муҳими адён ва махсусан дини исломро, ки барои пешрафт ва саъодати башар заруранд дар мадди назар бояд гузошт. Пеш аз ҳама маҳак ва меҳвари худ омӯхтани илмро қарор бояд дод. Дар Шарқ, ки мардумонаш ба ин дин эътиқод доранд ва аслан кишварҳои мусалмоннишин мебошанд, аз мусалмонӣ фақат ҳамин ном мондаасту халос. Гуфтаи донишманди афғоне ёд меояд, ки гуфта буд: "Ҳангоме сафари Урупо доштам, он ҷо мусалмониро дидаму мусалмононро не, аммо дар ватани хеш мусалмононро мебинаму мусалмониро не". Аслан ин гуфта, барои андеша кардан аст. Дуруст аст, ки он мардум ба ғайр аз изҳори имон дигар ҳар кореро ба ҷо меоранд мувофиқ ба фармудаҳои ислом аст, аммо мардуми Шарқ ба ғайр аз изҳори имон дигар ҳама кирдорҳояшон хилофи ислом аст.

Фарзанди қозиву муфтӣ будан чӣ ҷойи ифтихор дорад?

Дигар чизи баде, ки боиси қафомондагӣ ва рушди мардуми мо гаштааст, ин қавму қабилабозист. Аз муллою эшон то раису мансабдорон ҳама ба ин дарди бедаво гирифторем. Одамонро на аз рӯи қобилият ва истеъдод, балки аз рӯи писари кадом эшон, ё қозию муфтӣ ва кадом раису мансабдор буданаш баҳо мегузоранд. Ҳатто бархе аз соҳиби унвонхои баланди илмӣ ҳам, ба монанди домулло Масов ва домулло Шакурӣ низ аз авлоди қозию муфтӣ будани худ мефахранд. Ба ҷо медонам ин ҷо фармудаи худовандро биёрам: "Ё айюҳан - носу инно халақнокум мин закарин ва унсо ва ҷаъалнокум шуъубан ва қабоила литаъорафу инна акрамакум индаллоҳи атқокум инналлоҳа алимун хабир (сураи Ҳуҷурот ояи 13)", яъне (Эй мардум, мо шуморо аз марду зане офаридем ва шуморо миллат - миллат ва қабила - қабила гардонидем, то бо якдигар шиносоийи мутақобил ҳосил кунед. Дар ҳақиқат арҷмандтарини шумо назди худо парҳезкортарини шумост. Бе тардид худованд донои огоҳ аст). Маъзарат мехоҳам, Худованд нагуфт, ки гиромитарин ва азизтарини шумо писари эшони Абдураҳмонҷон, ё писари эшони Абдулқодир ё эшони Тураҷон, ё писари раиси Роҳи оҳан Ҳукумов, ё кадом соҳибҷоҳи дигар аст. Дар ин замина ҳадисе низ паёмбар дорад: "Инналлоҳа ло янзуру ило аҷсодикум ва ло ило суварикум ва локинна янзуру ило қулубикум", яъне "Ба дурустӣ, ки худо ба ҷисмҳо ва суратҳои шумо наменигарад, балки ба дилҳои шумо менигарад". Иқболи Лоҳурӣ чунин назме дорад:

Ту эй кӯдакманиш худро адаб кун,

Мусалмонзодаи тарки насаб кун.

Ба ранги аҳмару хуну рагу пӯст,

Араб нозад агар, тарки араб кун.

Оши худоию сею ҳафту чилу мулову эшон

 Дар асл амалан мо ҳеч фармудаи Худо ва расулашро ба ҷо намеорем. Таваҷҷуҳ шавад ба дигар фармудаи худованд, ки мегӯяд: "…ва кулу вашрабу ва ло тусрифу иннаҳу ло юҳиббул мусрифина", (…ва бихӯред ва биошомед ва исроф(зиёдаравӣ) макунед, ки Ӯ исрофкоронро дӯст намедорад. (сураи Аъроф ояи 31)). Оё ин ҳама худоиҳои сею ҳафт чилу сол ва ин ҳама оши наҳору маъракаҳои беҳуда дар мафҳуми исроф шомил нестанд? Агар бошанд, пас ин ҳама исрофкориҳоро барои мардум кӣ омӯхт? Худо накарда, агар дар хонаводае пайи ҳам чанд мусибате сар занад, маҷбуранд, то ҳама дороиашонро барои гузаронидани оши сею ҳафту чилу сол сарф кунанд. Маҳз пешгомон ва пешоҳангони чунин "маъракаҳои муҳим" ҳамин муллоҳою эшонҳо мебошанд ва ба ташаббуси инҳо қариб ҳама қишрҳои ҷомеъа ба ин падидаҳои номатлуб рӯ овардаанд. Аз ҳама бадаш имрӯзҳо рӯ овардани ҷавонон ва наврасон ба ин "маърака" - ҳо мебошад. Бовар кунед ин шармандагист, ки наврасон ва ҷавонон ба ҷой илмомӯзӣ дар сар ҳавои худоию оши наҳорхӯриро мепарваранд.

Аллома Иқбол, яке аз мусулмонтарин аз миёни мусулмонон мефармояд:

Ба банди сӯфию мулло асирӣ,

Ҳаёт аз ҳикмати қуръон нагирӣ.

Ба оёташ туро коре ҷуз ин нест,

Ки аз Ёсини ӯ осон бимирӣ.

Мурод аз ин чанд гуфта, амри маъруф, насиҳат ва аз ибодат боз доштани касе нест, балки тазаккур додани масоили барои ҷомеъа муҳим, илму донишандӯзӣ аст. Лозим нест, касе ин матлабро дастак бикунад барои саркӯбии қишре, ва касе ҳам гумони фармоишӣ будани онро дар сар накунад. Беҳтарин коре, ки мехоҳед  анҷом бидиҳед, як бор жарфтар ба ҷомеаи мусалмонии мо дида бидӯзед. Магар дар баробари мактаб дар тарбияти мардум масҷид, ки ин ҳама сол дарҳояш боз буд, муқассир нест?! Агар ҳам мактаб ва ҳам масҷид, ҳам муаллим ва ҳам мулло дар тарбияти шахсиятҳои ин ҷомеа айбе надоранд, пас падарлаънат моем…Не?!

Ҷамшеди Қувват

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97