МУЧАЛИ «ЁУМ» дар соли 2012

Фарҳанг ва адаб 31.12.2011 16:33

MUCHALI_YOOUMMMЧуноне ки аз Маркази интихобот ва раъйпурсии Мучал хабар доданд, интихоботи Мучали соли 2012 шаффоф, лойолуд баргузор гардид. Ҳайвоноти зайл ба Мучал интихоб шуданд.


Соли Хари ланг

OselllОдамони дар ин сол таваллудшуда бидуни закуска шир, арақ ва пиво мехӯранд. Табиатан танбалу чаққон, зираку нодон мешаванд. Соли Хари ланг дар тақвими "ЁУМ" нишони хоболудӣ аст. Дар ин соли тезгузар одатан адвокатҳо, сӯхторхомӯшкунандаҳо, фаррошҳо, ҷонбонҳо (телохранителҳо) таваллуд мешаванд. (Солҳои 1900, 1912, 1924, 1936, 1948, 1960, 1972, 1984, 1996, 2008.)

Соли Кафтари чулоқ

KabutarСоли кафтари чулоқ соли бахосият аст. Одамони дар ин сол ба дунё омада бештарашон рассом, авбош, боевик мешаванд. Аз нигоҳи хислат одамони ин сол хеле меҳрубон (фақат дар хоб) мебошанд. Мучали ин сол бо одамони муши дупо мувофиқ меояд. Миҷозашон тару хушк мешавад. Дар ин сол ба дунё омадагон (устоди ҳаҷви тоҷик Ҳоҷӣ Содиқ яке аз онҳост) аслан ду чашм ва як даҳон доранд. Мулло Насриддин, Сайёҳи Исфарангӣ ҳам дар соли кафтари чулоқ ба дунё омадаанд. Масалан, ин одамон умри дароз мебинанд ва мӯяшон сафед намешавад. Зеро рӯзона ҳамеша бедор ва шабона масти хобанд. Кафшу мӯза- ашон намедарад. Зеро онҳоро ҳар рӯз ба хонаашон мошин бурда меорад. (Солҳои 1901, 1913, 1925, 1937, 1949, 1961, 1973, 1985, 1997, 2009.)

Соли Нарбузи кӯса

Buzi_kuhiДар ин сол асосан одамони лӯнда ва қадбаланд ба дунё меоянд. Дар 16-солагӣ риш мебароранд.Аз рӯи хислат хеле камгапу серҷоғ мешаванд. Агар бо занони соли мусича ва эзорсурхак ҳамсар шаванд, маошро ҳамеша ба занашон шумурда намедиҳанд. қаламфурмиҷоз, ширинсухан мебошанд. Дар ин сол Мулло Мушфиқӣ, Бурҳон Fанӣ, Додоҷони Раҷабӣ, Усто ва Масто, Насруллоҳи Асадуллоҳ, Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ, Алдаркӯса, Муштум ба дунё омадаанд. (Солҳои 1902, 1914, 1926, 1938, 1950, 1962, 1974, 1986, 1998,2010.)

Соли Шутурговпаланг

ShuturmodagovОдамони ин сол аслан кал ва мӯйлабдор ҳастанд. Агар вабо, сармо, тарма, фалокати автомобилӣ, обхезӣ, заминҷунбӣ, 14 намуди бемориҳо, ҷангҳои дохилӣ, берунӣ, паҳлӯгӣ, хонагӣ асар накунад, сад сол умр мебинанд. Ситораашон бо одамони соли Таракани хонагӣ рост меояд. Дар соли Шутурговпаланг бештар муҳосибон, андовачиён, экскаваторчиёну шоирон ба дунё меоянд. Дар ин сол, Додохони Эгамзод, Сайёфи Мизроб, Толибшоҳ Саидзода, Алии Бедакӣ ба дунё омадаанд. (Солҳои 1903, 1915, 1927, 1939, 1951, 1963, 1975, 1987, 1999, 2011.)

Соли Магаси Антарктида

MukhaСоли серҳосил ва боришот аст. Одамони ин сол хеле ҷасур буда, ҳатто дар мавридҳои алоҳида ба хушдоманашон эътироз мекунанд. Одатан одамони ин сол дурӯғ намегӯянд. Рост гуфтанро бад мебинанд. Одамони ин солро набояд то соати 10-и рӯз аз хоб бедор кард. Аслан, одамони ин сол гӯшти мурғ, гов, моҳӣ, гӯсфанд, гӯсола, бузғола, такка ва мурғи марҷон мехӯранд. Мақсадулоҳи Муҳаммадалӣ, Пулод Нуров, Рустами Ҷонӣ дар ин сол ба дунё омадаанд. (Аз ин дунё ҳоло ҳам ҳайрону пушаймонанд). (Солҳои 1904, 1916, 1928, 1940, 1952, 1964, 1976, 1988,2012.)

Соли Фили Аляска

FilllИн соли басо нек аст. Дар ин сол одамони гӯштфурӯш, семичкафурӯш, банкирҳо, майдаавбошҳо, носкашон таваллуд мешаванд. Аз нигоҳи хислат хеле самимӣ ва боодобанд онҳо. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ вино намехӯранд. Дар автобус нос намекашанд ва рақс намекунанд. ҷӯробро аз болои мӯза ва кафш намепӯшанд. Соли Фил-соли издивоҷи Мулло Афандӣ аст. Барои одамони ин сол занҳои аз 18 то 65 соларо ба занӣ гирифтан мумкин аст. (Солҳои 1905, 1917, 1929, 1941, 1953, 1965, 1977, 1989,2001,2013.)

Соли Эзорсурхак

EzorsurkhakДар ин сол футболистҳо, теннисбозон, занҳои подарози кӯтоҳпӯш ба дунё меоянд. Дар ин сол фақат барфу борон ва жола меборад ва баъзан шабона маҳтоб мебарояд. Хислати одамони ин сол саховатмандиву хайрхоҳӣ аз кисаи дигарон аст. Дар ин соли нек Мулло Афандӣ аз шиканҷаи завҷааш озод шуд. Дар ин сол Марати Мамадшо, Зафари Суфӣ таваллуд шудаанд. Одатан одамони ин сол пас аз ош, ҷаззапалав, дунбакабоб чои кабуди 95 менӯшанд. (Солҳои 1906, 1918, 1930, 1942, 1954, 1966, 1978, 1990, 2002, 2014.)

Соли Шимпанзе

ShipanzeОдамони дар ин сол ба дунё омада зудозуд аз ин мансаб ба он мансаб болою поён мешаванд. Дар ин сол асосан вакилон, раисони ширкатҳо, бонкҳо ва вазирон, кормандони андоз, гӯрковҳо, дарбонҳо, мудирони анбор ба дунё меоянд. Соли фаровонҳосилии ҷав аст. Аз нигоҳи хислат одамони ин сол мегиранду намедиҳанд. Дар сурати ягон фоида нагирифтан дар хунукӣ фишурда шуда, баробари гирифтани фоида хеле дилвасеъ мешаванд. Табиатан, дасти ин одамон кушод аст. Барои ин қабил одамон хӯрдани тухми анқо ва барзагов, гӯшти мӯрча ва тортанак қатъиян манъ аст. Дар ин сол Гурези Сафар, қурбони Аламшо, Хуршеди Атовулло ба дунё омадаанд. (Солҳои 1907, 1919, 1931, 1943, 1955, 1967, 1979, 1991,2003,2015.)

Соли Гурги борондида

GurgСоли пурбаракат аст. Дар ин сол асосан одамони занбезор, дузана ба дунё меоянд. Устухонашон хеле сахту калон мешавад. Аз бозор бо дасти холӣ бармегарданд. Одатан ба баргардонии қарз майл надоранд. Одамони ин сол бо одамони соли Магаси Антарктида ва соли Шимпанзе мувозӣ ҳастанд. Ба ин қабил одамон нозирони андоз зуд-зуд зарар мерасонанд. Ҳамеша бо худашон як каф хок гирифта мегарданд (то ки обро лойолуд карда, моҳӣ доштан осон шавад). Агар мард дар соли гург ва зан дар соли калбуз таваллуд шаваду хонадор гарданд, ба насли онҳо ду нуқта гузошта мешавад. Дар ин сол модарони боақлу меҳрубон байкот эълон карда, ягон ҳаҷвнависро ба дунё наовардаанд. (Солҳои 1908, 1920, 1932, 1944, 1956, 1968, 1980, 1992, 2004, 2016.)

Соли Таракани хонагӣ (нонхӯрак)

tarakanДар ин сол асосан осиёбонҳо, кормандони вазорати ғалла ба дунё меоянд. Аз гунҷишк натарсида, доимо арзани арзон мекоранд. Одамони ин сол ба атриёт, арақ, хлорофос, доруи зидди ҳашарот майл доранд. Маъмулан, барои одамони ин мучал хӯрдани шакару намаки бо ҳам омехта, зарар мекунад. (Солҳои 1909, 1921, 1933, 1945, 1957, 1969, 1981, 1993, 2005, 2017.)

Соли Муши дупо

MushhhФақат дар хонаи муши дупо серию пурӣ аст. Дар ин сол асосан тоҷирону кормандони гумрук ва нозирони роҳ ба дунё меоянд. Аз нигоҳи хислат хеле меҳрубон ва хоксор мебошанд. Аслан одамони дар ин сол ба дунё омада, ба мошинҳои дизелии хориҷӣ рағбат доранд. Дар манзилашон анбори зеризаминӣ ҳасту дарвозаашон фӯлодин мебошад. Аз нигоҳи хислат хеле самимӣ, ростқавл, якраву устуворанд. Агар бист ҳазор рубл деҳ гӯянд, ҳазор ҷон канӣ ҳам, 18 ҳазор намегиранд. Бо пули худашон хӯрдани арақ, оши угро, тушбера, манту барояшон хеле зарарнок аст. Дастархони тобеон, маъракаҳои худоӣ, тӯю домодталабон, оши наҳорро самаранок истифода мебаранд. (Солҳои 1910, 1922, 1934, 1946, 1958, 1970, 1982, 1994, 2006, 2020.)

Соли одам

(Азбаски иOdamнсон дар ибтидо аз маймун ба дунё омада буд, ба қатори ҳайвонҳои ширхӯр ва дандондор дохил мешавад.) Дар ин сол асосан шикорчиён, сиёсатмадорон, табибони ҳашарот, сарлашкарон, ҷангҷӯён ба дунё меоянд. Хислатҳои хоксорӣ, зантарсӣ, хушдомангурезӣ ба онҳо хос аст. Аксаран ин одамон айнакдор мебошанд. Онҳо ба даррандаҳо ва хазандаҳо ва газандаҳо - шер, паланг, каждум, хушдоман соз намеоянд. (Солҳои 1911, 1923, 1935, 1947, 1959, 1971, 1983, 1995, 2007, 2019.)

Шарҳи мучал

Одамоне, ки солашон дар мучали "ЁУМ" зикр нагардидааст, дар соли Симурғу Хари бедум таваллуд шудаанд. Мӯҳлати ваколати ин мучал то 31 декабри соли 2012 аст. Соли 2013-ум интихоби навбатии мучали "ЁУМ" баргузор мегардад. Тамоми ҳайвоноту ҳашарот метавонанд номзадиашонро ба интихоботи мучал пешниҳод намоянд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97