Оё таҷлили мавлуди Исои Масеҳ ҳам бидъат аст?!

Фарҳанг ва адаб 09.12.2011 09:56

TuRAJONZoDAAAAМоҳи мубораки Муҳаррам сари солшумории ҳиҷрии қамарӣ мебошад. Имсол он ба моҳи ноябр рост омадааст. Ҳамасола бо омадани ин моҳ дар бархе аз кишварҳои мусалмонӣ, ба хусус дар манотиқи аҳли ташайюъ маросими ёдбуд ва мотамгирӣ барпо мегардад.

Тавре бархе аз расонаҳои дохилӣ хабар додаанд, чун ҳамсола дар рӯзи ҷумъаи гузашта дар масҷиди «Муҳаммадия»- и воқеъ дар хоҷагии Карим Исмоили шаҳри Ваҳдат, ки ба номи масҷиди Эшони Нуриддинҷон маъруф аст, маросими азодорӣ аз шаҳодати Имом Ҳусайн, набераи Ҳазрати Расули акрам барпо шудааст. Ин амалро Шӯрои уламои Тоҷикистон дар матлабе зери унвони «Тураҷонзодаҳо бори дигар дар саргаҳи иғво истодаанд», ки дар сомонаи АМИТ «Ховар» ба нашр расидааст, онро иғвои навбатии бародарон Тураҷонзодаҳо номида ва аз мақомоти марбута хоҳиш кардаанд, ки ба ин амали Эшони Нуриддинҷон ва бародаронаш «баҳои ҳуқуқӣ» дода шавад. Мо ба он ки мақомоти марбута ин талаби Шӯрои уламоро чӣ тавр қабул кардаву чӣ баҳои ҳуқуқие ба азодории бародарон Тураҷонзодаҳо дар нисбати шаҳодати фарзанди паёмбари Худо медиҳанд, коре надорем. Ва суъоли мо аз Шӯрои мӯҳтарами уламои исломии Тоҷикистон ин аст, ки агар воқеъан азодорӣ дар шаҳодати Ҳазрати Ҳусайн бидъат ва як амали берун аз мазҳаби ҳанафӣ аст, пас таҷлили ҳамасолаи мавлуди Ҳазрати Масеҳ (а) ва онро барои миллати 98 дар садаш мусалмон Соли нав дониставу бо шукӯҳу шаҳомат, бо базму тараб, майнӯшиву пойкӯбӣ таҷлил кардан магар барои пайравони Имоми Аъзам ҷойиз аст? Агар таҷлили мавлуди Масеҳ ҳам бидъат аст, пас чаро Шӯрои уламои Тоҷикистон дар ростои ҷилавгирӣ аз таҷлили беандоза пуршукуҳи он фатвое зоҳир намекунад? Агар бидъат нест, чаро ёди шаҳодати фарзанди Паёмбарамон нораво ва арҷ гузоштан ба зодрӯзи сохтаи Исои набӣ раво дониста мешавад?

Ва магар аз ҷониби Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон манъ шудан ва як амали тафриқаангез хондани ёди шаҳодати Ҳазрати Ҳусайн ба иззати нафси бародарони бадахшии исмоилимазҳаби мо, ки дар Тоҷикистон, паҳлӯ ба паҳлӯи мо зиндагӣ доранд ва беш аз ду сад ҳазор мебошанд, намерасад?

Хуб, инҳо он пурсишҳое буданд, ки фикр мекунем аъзои Шӯрои уламои кишвари мо посухи худро ба он ҳатман доранд.

Хабарнигори «Миллат» барои тафсилоти бештар ёфтан сари ин қазия ба Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, ки барои гиромидошти ин рӯзи Ошуро мавриди накуҳиш қарор гирифтааст, муроҷиат намуд. Мавсуф аз ҷумла гуфт: «Баёнияи Шӯрои уламои исломӣ як ҳуҷҷати иғвоангез аст ва барои боз аз сари нав иғво барангехтан дар байни мусулмонони кишвар ва ба истилоҳ паст задану сиёҳ кардани хонадони Тураҷонзодаҳо аст, ки дар байни мардуми Тоҷикистон имрӯз онҳо нисбат ба муфтиву дигар уламои дин эътимоду эҳтироми бештаре доранд. Шӯрои уламо дар ҳаққи мо аз бахилӣ ин корро кардаанд. Дуввум бояд бигӯям, ки ин санад қалбакӣ аст. Зеро ман бо чанд нафаре аз аъзои Шӯрои уламо сӯҳбат кардам ва онҳо гуфтанд, ки мо аслан аз матни баёния иттилоъе надорем. Ин баёния дар ҷаласаи Шӯрои уламо қироат нашудааст. Аз ҷумла эшони Аллома, мулло Муҳамаднабӣ дар сӯҳбати телефонӣ изҳор доштанд, ки ҳеч гуна баёнияе пешниҳод ва муҳокима нашудааст ва домулло Муҳаммадӣ бошад тамоман дар он ҷаласа ҳузур надоштаанд. Онҳо иброз доштаанд, ки ба таври умум баргузории маросими ошурои мисли шиъаҳоро танқид кардаанд, аммо он чӣ ки хонадони Тураҷонзодаҳоро гӯё шиъа гуфта бошанд, ин гап дар он ҷаласа набуд, вагарна мо ҳеч гоҳ сукут намекардем.

Ба ман бигӯед, ки дар Тоҷикистон кӣ мухолифи ёд кардани фоҷиъаи шаҳодати Ҳазрати Ҳусайн аст, аз аҳли суннат ва аз пайравони исмоилия? Ҳеч кас! Ҳама мардуми тоҷик дар ҳама замон Ҳусайнро дӯст медошт ва медорад. Қариб дар тамоми хонадони тоҷик номи Ҳасану Ҳусайн аст, вале касе ба фарзандаш Язид ном намегузорад. Ин гап ҳам дуруғу тӯҳмат аст, ки гӯё мо бар асҳоби Паёмбари гиромӣ лаънат гуфта бошем. Мо дар тӯли даҳ- дувоздаҳ соле, ки ин маросимро дар масҷидамон баргузор мекунем, боре бар касе лаънат нагуфтаем. Хусусан бародарони ман ҳеч гоҳ бар асҳоби Пайғамбари акрам лаънат нафиристодаанд, зеро фиристодани лаънат бар асҳоби Расул гуноҳи кабира аст ва забони мо бисӯзад, агар номи асҳоби киромро каҷ бигирем. Аммо ба Язид лаънат мефиристем ва тақрибан 80 дар сади уламои ҳанафӣ иҷозат додаанд, ки ба Язид лаънат гуфтан гуноҳ нест, ба ҷуз аз як чанд тан уламои дарборӣ, ки инро манъ кардаанд.

Дигар нукта ҳамин аст, ки ин кори мо тақлид ба шиъаҳо нест. Мо на ба хотири он ки Имом Ҳусайн имоми шиъаҳо аст ӯро ёд мекунем, балки эҳтиром гузоштани мо ба ӯ ба хотири он аст, ки Ҳусайн набераи Пайғамбари Худо аст ва бисёр мазлумона ва ваҳшиёна аз тарафи ҳокими золими замонаш- Язид ба шаҳодат расид ва ҳатто тифлони хурдсоли ӯро ҳам раҳм накарданд ва ҳамагиро ба қатл расониданд. Хулоса, мо бо ин амаламон як саҳифаи нангини таърихи Исломи азизро ёдоварӣ мекунем ва ба ин мӯъминҳо шарҳ медиҳем. Мо ҳамаи маълумот ва ахбори хешро оид ба шаҳодати Ҳазрати Ҳусайн аз китобҳои аҳли суннат гирифтаем. Аз китоби «Нурул афзор» китобест, ки тамоми муллобачаҳои солҳои 70- 80- и асри гузаштаи тоҷик онро медонанд. Он ашъор ва назме, ки дар ёдбуди шаҳодати Имом Ҳусайн қироат мешавад, аз китоби «Маъдан- ул- ҳол»- и Сайидқаландаршоҳи тоҷики маъруф ба Мавлоно Ҷунунӣ аст, ки дар деҳаи Райъиятӣ (Роҳатӣ) мадфун аст.

Яъне аз осоре истифода мекунем, ки муаллифонашон тоҷику ҳанафимазҳабанд, мо аз ягон ирониву шиъа иқтибосе наёвардаем. Шумо метавонед он наворро бубинеду хулосаи боинсофона бароред.

Хулоса, Язидро дар Тоҷикистон ҳамин ваҳҳобиҳо ё салафиҳои навбаромада дӯст медоранд. Гумон доштем, ки ин гуна фирқаҳо дар кишвари мо нест, ки мутаассифона пайдо шудаанд.

Ёдоварӣ аз Имом Ҳусайн бидъат нест, вале сина задану мӯйю рӯй кандан, бар бадан занҷир задан ин амалҳо бидъат аст. Аммо аз шаҳодати Ҳазрати Ҳусайн чун як ҳодиса, як фоҷеъаи таърихи мусалмонҳо ба хотири панд гирифтан ва таърихамонро донистан то ин фоҷеъа аз тарафи душманони дин дигар гуна барои ҷавонони мо шарҳу тафсир нашавад, мо ҳамеша мегӯем ва аз он ёд хоҳем кард.»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97