Фарҳанги коргарӣ ва душманӣ ба адабиёти форсӣ

Фарҳанг ва адаб 08.10.2011 10:04

Adabiyoti_SovetiАдабиёти тоҷик шохае аз адабиёти номовари форсӣ дар Осиёи Миёна аст, ки ба масобаи як боли қавӣ дар тӯли қуруни мутамодӣ Симурғи шеъри форсиро ба парвоз даровардааст. Ин адабиёт то ибтидои қарни бистуми мелодӣ раванди табийӣ худро бо фарозу нишебҳои мухтаси Осиёи Миёна мепаймуд то ки шайпӯри инқилоби болшевикӣ дар ин билоди исломӣ дамида шуд ва ин сарзаминро наздик ба як қарн аз пайкараи аслии хеш куллан ҷудо кард.

Адабиёти форсии шӯравӣ

Бинобарин адабиёти тоҷик монанди соири бахшҳо аз баданаи адабиёти форсӣ ҷудо ва шомили шабакаи воҳиди адабиёти шӯравӣ шуд. Таври маълум, таҳаввулоти бунёдини сиёсӣ ва иҷтимоие, ки баъд аз пирӯзии инқилоби болшевикии Русия дар Осиёи Миёна рух дод, табиатан паёмадҳои фарҳангиву адабии тозае низ ба дунбол дошт. Базри фарҳангие, ки коммунистҳо дар ин минтақа кишт карданд, мусаламан мевае тоза бо таъми дигаргун ба бор овард. Дарахт ҳамон дарахт буд, аммо аз пайванде, ки ба он зада шуд, ҳосиле мутафовит ба даст омад.

Инқилоби болшевикӣ монанди дигар умур дар робита ба адабиёту фарҳанг низ дидгоҳи хоси худро дошт. Поя ва асоси давлати тозатаъсиси Шӯравӣ, идиулужии морксистӣ- ленинӣ эълом шуд ва тамоми умур дар саросари ин кишвари паҳновар бояд аз ин идиулужӣ табаият мекарданд, аз ҷумла адабиёту фарҳанг. Бар асоси ин сиёсат дастгоҳи идиулужии ҳизби коммунист зимни ироаи таърифи тоза аз адабиёт ва рисолати удабои Шӯравӣ, чорчӯб ва меъёрҳои ҷадиде низ барои арзёбии моҳият ва мӯҳтавои адабиёти Шӯравӣ эъмол кард, ки табаият аз он барои ҳамаи шоирон ва нависандагони он кишвар илзомовар буд, зеро раҳбарони Шӯравӣ муддаъӣ буданд, ки низоми сиёсии эҷодкардаи онҳо беҳтарин низоми сиёсӣ дар ҷаҳон ва андешаи сусиёлизм, ки умдатан бар асоси назариёти Маркс ва Ленин таъбиру тафсир мешуд, ба унвони бартарин андеша барои бунёди ҷомеаи боадолат ё худ “Мадинаи фозила”, маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, дар чунин низоме рисолати адабиёт ва адиб тарғиби барномаҳои идиулужӣ, сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ташвиқи мардуми саросари дунё барои пазириши сохти сусиёлистӣ аз навъи шӯравии он буд. Давлати Шӯравӣ то замони саркӯби комили нирӯҳои мухолифони мусаллаҳи хеш дар Осиёи Миёна зиракона дидгоҳҳои хоси худро дар робита ба дину фарҳанги дигар миллатҳо буруз намедод то бо мухолифати ҳамагонӣ мувоҷеҳ нашавад. Бинобарин то соли 1930 мелодӣ макотиб ва ҳавзаҳои адабии гуногун бо равиш ва салиқаҳои мутафовит камокон ба ҳаёти худ идома доданд. Ба навиштаи адабиётшинос Маъруф Раҷабӣ: “ Адабиёт дар солҳои бистум ва сиюм асосан аз ҷониби адибони аз лиҳози баромади иҷтимоӣ ғайрикоргар эҷод мешуд, зеро аз пролетариати ҷанговар, ки аксаран бесавод буданд, адибону рӯшанфикрони кофӣ ба миён наёмада буд.”

Адабиётро ба деҳқонон бовар намекарданд

Ҳукумати Шуравӣ аз назари идиулужӣ ба рӯшанфикрони насли гузашта сарфи назар аз истиқболи онон аз инқилоб аслан эътимод надошт аммо бар асоси мулоҳизоти сиёсӣ, вуҷуди онҳоро таҳаммул мекард. Коммунистҳо ҳатто ба деҳқонон ба далели доштани як тика замин боварии комил надоштанд ва бештар рӯи табақаи коргар ҳисоб мекарданд. Онҳо рӯшанфикрони бозмонда аз системаи сиёсии гузаштаро ба унвони намояндагони синфи буржуазӣ ёд мекарданд. Профессор Шарифҷон Ҳусейнзода дар мақолаи хеш бо номи “Мубориза дар ҷабҳаи адабиёт”, ки дар соли 1934 мунташир шудааст, дар бораи ин гурӯҳ навиштааст: “Намояндагоне, ки аз онҳо ба сӯи мо гузаштаанд, сазовори эҷоди адабиёти пролетарӣ нестанд, зеро ки онҳо моҳияти инқилобро ба мукаммал дарк накардаанд. Мавҷҳои инқилоб дар рагу паю хуни онҳо ҳоло ҳам ҳазм нашудааст. Бинобарин тавассути онҳо эҷоди адабиёти навро интизор доштан хато аст.”

Аз ин рӯ, ба маҳзи тасбити мавқеияти ҳукумати Шӯравӣ дар ин минтақа сиёсатҳо ва дидгоҳҳои аслии коммунистҳо нисбат ба дин ва фарҳанг ошкор шуд ва ҳамзамон дар ин муддат нируҳои тарбиятдидаи мактаби Шӯравӣ низ барои анҷоми рисолати ҷадиди фарҳангии хеш омода ва вориди саҳнаи адабиёту фарҳанг шуданд. Ба мавозоти ошкор шудани сиёсатҳо ва аҳдофи воқеии коммунистҳо дар даҳҳаи сиюм ва чиҳилуми қарни бист мавҷи ҷадиди фирори мағзҳо, ки умдатан шомили уламои дин ва шоирону нависандагони дигарандеш мешуд, оғоз гардид ва он даста аз рӯшанфикроне, ки ба давлати Шӯравӣ эътимод карданд ва мутаворӣ нашуданд дар даврони ихтиноқи Сталинӣ бо тӯҳмату бӯҳтони беасос тавассути болшевикҳо аз байн бурда шуданд. Ба ҳамин тартиб “Аз пирӯзии инқилоби Уктабр ва тасарруфи Бухоро ба дасти болшевикҳои Русия ҳанӯз даҳ соле нагузашта буд, ки сиёсатҳои султагароӣ ва зидди миллии болшевикҳо рафта- рафта ошкор шуд. Дар поёни ин давра, ҷараёни пролеткулт (Фарҳанги коргарӣ) ба роҳ афтод, ки ҳамаи суннатҳои роиҷро инкор мекард ва ҳунару русумеро, ки низоми навини Шӯравӣ пай афканда буд, тарҷеҳ медод; чандон ки дар Тоҷикистон бар арӯзи форсӣ хӯрда гирифтанд ва онро мутааллиқ ба адабиёти кӯҳнаи феодалӣ донистанд ва мегуфтанд, ки табақаи навини пролетариат, ки ҳоким бар ҷомеа аст, ба ҳунари наве ниёз дорад.”

Чунин буд, ки Хубии Самарқандӣ шоири мустаъиде, ки дар дорулмуаллимини Шӯравӣ дар Боку низ таҳсил карда буд, дар эътироз ба ин сиёсатҳо тарки Ватан мекунад. Хубии Самарқандӣ мухолифати худро ин гуна баён доштааст:

Ҷамъе зи муқайидон, ки бедин гаштанд,

Дар маслиҳати тариқи Ленин гаштанд.

Буданд кулӯху дар халоб афтоданд,

Хӯрданд наҷосатеву саргин гаштанд.

Ё

Мо саҷда ба ҷӯз ҳазрати раҳмон накунем,

Таъзим ба ағниёи нодон накунем.

Бо банда чу бандагӣ намудан куфр аст,

Аз баҳри маъош тарки имон накунем.

Хубии Самарқандӣ ҳамчунин иллати шикасти мусалмононро ношӣ аз ҷаҳлу нодонӣ ва ғафлату бехабарии ҳуком ва бархе уламои дин арзёбӣ кардааст.

Мулло зи сиёсати ҷаҳон бехабар аст,

Аз макру фиреби ину он бехабар аст.

Ҳарчанд зи дӯшманони дин безор аст,

Худ олати дасти дӯшманон бехабар аст.

Адабиёти досу болға

Adabiyoti_Soveti_02Коммунистҳо мӯътақид буданд, ки чун давлати Шӯравӣ ҳукумати коргару деҳқон аст, адабиёти он низ бояд тавассути табақаи коргар офарида шавад. Аз ин рӯ, дар даҳҳаи аввали пирӯзии инқилоби Уктабр онҳо шиори "Барои адабиёти коргарӣ"- ро матраҳ карданд, ки ҳадафи аслии он халқи осори вижаи коргарӣ тавассути коргарон барои худи коргарон буд. Барои дастёбӣ ба ин ҳадаф давлати Шӯравӣ дар соли 1934 Иттифоқи нависандагони Шӯравиро бо зермаҷмӯаҳои он дар тамоми ҷамоҳири таҳти амри худ таъсис дод ва дастури лозимро ҷиҳати омӯзиш ва ҳимояти ҳамаҷонибаи шуаро ва нависандагон аз табақаи коргар содир кард. Қабл аз таъсиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон билофосила дар шаҳру рустоҳо барои шиносоӣ ва ҷалби ҷавонони мустаъиду боэътимод аз табақаи коргару деҳқон иқдом ва дар як муддати кӯтоҳ лашкаре аз шуаро ва удабои пролетариат барои хидмат ба ормонҳои ҳизби коммунист омода кард. Профессор Иржи Бечка дар бораи ҳадафи таъсиси Иттифоқи нависандагон менигорад: "Ҳадафи аслии он иборат аз он буд, ки фаъолияти нависандагонро ҷиҳат бахшад ва маълум созад, ки онон бо чи кайфияте метавонанд нависанда, шоир, олим, адиб, мунтақид ё намоишноманавис бошанд."

Ҳадафи ин адабиёт: Парвариши одами шӯравӣ

Ба назари коммунистҳо инқилоби Уктабр дар тафаккури ақвоми Шӯравӣ таҳаввули тоза эҷод карда ва умумияти ҷадиди таърихии ононро ба вуҷуд овардааст. Бинобарин ин умумият ва ягонагӣ, ки аз вижагиҳои мухтаси ҷомеаи сусиёлистии Шӯравӣ мебошад, танҳо дар ягонагӣ ва ҳамраъйии сиёсиву иҷтимоии мардумони Шӯравӣ хулоса намешавад, балки бояд дар бахши ҳунар, адабиёт ва зебошинохтии онон низ мутабалвир шавад. Ҳадафи коммунистҳо аз ин ҳамгунсозӣ парвариши одами нав- одами типи Шӯравӣ буд, ки сарфи назар аз тааллуқоти нажодӣ, миллӣ ва мазҳабии хеш дар гузашта, мутобиқи хости онҳо фикр кунад ва бо шеваи мавриди назари онон зиндагӣ намояд. Ба дунболи ин сиёсат як адабиёти қолабиву якранг бо мӯҳтавои мушобеҳ ва сатҳӣ дар саросари Шӯравӣ бо иддаои воқеъгароӣ шакл гирифт, ки воқеияти маснӯии давлати Шӯравиро мадҳу ситойиш мекард. Ин як адабиёти бегона бо тафаккур ва ҳақиқати зоти башарӣ буд ва хусусияти сирф таблиғотӣ дошт, зеро коммунистҳо аз адабиёт ҳам монанди як абзор ё як расона ба хотири таблиғи идиулужии хеш суистифода мекарданд ва ба ҷанбаҳои ҳунарии он чандон аҳамияте қоил набуданд. Бинобарин малоки арзёбии осори адабӣ назди онон на арзиши ҳунарӣ ва адабии осор, балки мизони тааҳҳуд ва садоқати шахси нависанда ё шоир ба идиулужии коммунистӣ, маҳсуб мешуд. Дар ҳамчунин фазо адабиёти шӯравии тоҷик, ҳарчанд ки бо шабакаи васеи адабиёти Шӯравӣ пайванд хӯрда буд ва таҷрибиёти тозаеро касб кард, аммо сатҳу кайфияти он аз назари ҳунарӣ ва зебоишиносӣ нисбат ба адабиёти клоссик ба маротиб пойин рафт. Шоирони ин давра тибқи раҳнамудҳои ҳизби коммунист адабиётро василаи таблиғоти идиулужик ва барномаҳои рӯзмарраи ҳизб ва давлати Шӯравӣ қарор дода буданд. Бинобарин мӯҳтавои аслии осори ононро фаъолияти рӯзмарраи сиёсӣ-иҷтимоии ҳизб ташкил медод. Аксари шуаро ва нависандагони Шӯравӣ аз ҷумла тоҷик, ки баромади иҷтимоияшон аз табақаи коргару деҳқон буд, ба сиёсат ва барномаҳои ҳизб ва раҳбарони он эътиқоди росих доштанд ва ҳама гуна иқдоми давлатро дар ҷомеа таблиғ мекарданд ва интизору таваққӯи ҳизб низ аз онҳо ҳамин таблиғот буд, на шеъру шуур.

Ҳокимон мардумро муҳтоҷи инқилоби рус карданд

Барои як коммунисти рус ё миллати дигар, ки бо забону адаби форсӣ- тоҷикӣ аслан ошноӣ надошт мусаламан ба арзиши ҳунарии осори онон низ намеандешид ва барояш муҳим ҳам набуд. Барои коммунистҳо муҳим табаят аз аҳдоф ва сиёсати онҳо буд. Аммо аз сӯи дигар вақте шоири шӯравии тоҷик мегӯяд:

Ба мо партияи маҳбуб ин сон баҳру бар бахшид,

Замони нав , ҷаҳони нав ба авлоди башар бахшид.

Замину обу мошинро ба деҳқонон намуд эҳсон,

Ба саҳроҳои колхозии мо тухму самар бахшид.

Заводу фабрику конро ба дасти коргар биспурд,

Ба фарзандони хушбахти Ватан илму ҳунар бахшид.

Дар он замон барои насли хеш рост мегуфт. Ё ин ки Муҳаммадҷон Раҳимӣ мефармояд:

Эй он ки побараҳна ба ҳар сӯ давидаӣ,

Дар зиндагӣ саломати ҳастӣ надидаӣ.

Дар зери бори меҳнати кулоки бешараф,

Деҳқони мӯсафеду камони хамидаӣ.

Акнун ҳукумат аз туву ҳосил аз они туст,

Роҳи ту ленинист- на танҳо шунидаӣ.

Ин тағйиру таҳаввул барои мардуми он замон воқеан нишотовар ва аз назари иҷтимоӣ қобили истиқбол буд, зеро "вазъи мусалмонони тоҷик ва умуман Осиёи Миёна дар остонаи инқилоби Уктабр хеле номатлуб буд ва мардум (аз шиддати зулме, ки бар онҳо мерафт) тамоюл ва омодагии ҳимоят аз низоми ҳоким дар муқобили ҳар гуна таҷовузи эҳтимолиро надоштанд."

Хубии Самарқандӣ низ, ки зикраш дар боло рафт, ба ҳамин масоил ишора ва аз ҳукоми замони хеш ба далели ғафлату нодонӣ гила мекунад;

Бунёди Ватан хароб аз дасти ту шуд,

Миллат ҳама масту хоб аз дасти ту шуд.

Аз ғояти ҷаҳлу ғафлату бехабарӣ,

Ин ҳастии мо дар об аз дасти ту шуд.

Чунин вазъи асафбори иҷтимоӣ мардуми мусалмони Осиёи Миёнаро ба инқилоби Русия мутамоил кард. Ба қавли Муҳиддин Аминзода:

Будем умрҳо зи асирони дарду ғам,

Бо синаҳо сӯхтаву дидаи нам.

Ногоҳ тулӯъ кард чу хуршед инқилоб,

Шаб шуд ба рӯз мунқалибу маҳв шуд ситам.

Чор фасли адабиёт дар як фасли шӯравӣ

Ин баҳс хеле тулонӣ аст, вале мавзӯи мо баррасии авзои сиёсӣ- иҷтимоии Осиёи Миёна ё Тоҷикистони кунунӣ дар ибтидои қарни бистум нест, балки баҳси адабиёт, арзишҳои адабӣ ва ҷойгоҳи он дар даврони Шӯравӣ мебошад. Ин ки адибон ва шуарои шӯравии тоҷик то чи ҳад воқеият ва ҳақиқати рӯзгори хешро дар осори худ баён кардаанд, як масъала аст ва ин ки осори офаридаи онон дар он замон чи қадр арзиши адабӣ ва ҳунарӣ дорад, масъалаи дигар. Аз ин рӯ, бо назардошти тағйироти камӣ ва кайфӣ мо сайри таҳаввули адабиёти тоҷик дар даврони Шӯравиро ба чаҳор марҳала тақсимбандӣ кардем.

Фасли адабиёти ҳамагонӣ

Марҳалаи аввал аз соли 1917- соли пирӯзии инқилоби Уктабр дар Русия то соли 1930 мелодиро дар бар мегирад. Ин марҳала аз адабиётро намояндагони тамоми ақшори ҷомеа, ки аз инқилоб истиқбол карданд, эҷод намудаанд. Ҳарчанд осори ин давра умдатан шиорӣ ва таблиғотӣ аст, аммо аз назари ҳунари баён ва салосати калом ба адабиёти гузашта наздиктар ва нисбат ба осори баъдии худ қавитар мебошад. Барои мисол Муҳаммадҷон Раҳимӣ аз насли гузашта дар ғазале ба истиқболи инқилоби Уктабр месарояд:

Эй ба ҳусни оламафрӯзи ту шайдо шуд дилам,

Дар ҳавоят буду чун хуршед пайдо шуд дилам.

Ё худ Абулқосими Лоҳутӣ мегӯяд:

Берун биё зи парда бидар ин саҳоби ҳусн,

Бигзор то ки ҷилва кунад офтоби ҳусн.

Фасли содагароӣ ва мадҳу ситойиш

Марҳалаи дуввум, аз соли 1930 шурӯъ ва то соли 1960 идома пайдо мекунад. Осори ин давраро умдатан насли комсомол, ки тарбиятдидаи макотиби Шӯравӣ буданд ва баромади иҷтимоияшон низ аз табақаи коргару деҳқон буд, эҷод кардаанд ва бахши аъзами ин осор фоқиди арзиши ҳунарӣ ва адабӣ буда, бо забоне содда ва аз назари фикрӣ содалавҳона мебошанд. Ин осор аз назари мавзӯъ ва мӯҳтаво комилан мушобеҳи ҳам буда ва дар он ба мадҳу ситойиши ҳизби коммунист, Раҳбарони давлати Шӯравӣ, низоми сусиёлистӣ, кашфи ҳиҷоб, муборизаи коргарон алайҳи истеъмор ва маҳкумияти империолизми ҷаҳонӣ пардохта шудааст. Намунаи шеъри ин давра бадин шакл аст:

Офарин бодо шуморо паҳлавонон, офарин

Марду занҳои далери Тоҷикистон офарин.

Шавқатон моро ба колхози шумо овардааст,

Эй сазоворони меҳру ҳурмату шон офарин !

(Мирзо Турсунзода )

Ё худ Ҳабиб Юсуфӣ дар тамҷиди раҳбарони давлати Шӯравӣ месарояд:

Ман дар дили худ меҳри Сталин дорам,

Дар синаи худ нишони Ленин дорам.

Дар хонаи ман роҳ наёбад душман,

Ман дасти қавӣ, чашми ҷаҳонбин дорам.

Нуктаи қобили таваҷҷӯҳи ин марҳалаи сисола даврони ҷанги панҷсолаи Шӯравӣ дар баробари Олмони нозӣ мебошад. Барои аввалин бор дар ҳамин давра ҳизби коммунист ба шуаро ва нависандагони ақвоми мухталифи Шӯравӣ иҷоза медиҳад, ки аз намодҳо ва қаҳрамонони гузаштаи хеш барои ташвиқи сарбозони ин ақвом дар ҷабҳаи ҷанг истифода кунанд.

Фасли пардадарӣ ва бедории фикрӣ

Adabiyoti_Soveti_03Марҳалаи саввум, давраи аз соли 1960 то соли 1985-и мелодиро дар бар мегирад. Шурӯи ин марҳала аз замони маҳкумияти кеши Сталин дар Шӯравӣ дар соли 1959 буд, ки ба дунболи ин пардадарӣ мавҷи ҷадиди фикрӣ дар фазои Шӯравӣ эҷод шуд. Мо ин давра аз адабиётро давраи бедории фикрӣ дар адабиёти Шӯравии тоҷик номгузорӣ кардем, зеро дар ҳамин давра аст, ки андешаҳои миллӣ ва таваҷҷӯҳ ба масъалаи забон ва фарҳанги миллӣ, эҳёи суннат ва арзишҳои миллӣ ва мавзӯи худшиносии миллӣ дар адабиёти ин давра кам- кам матраҳ мешавад. Ин раванд баёнгари ин нукта аст, ки шуаро ва нависандагони тоҷик ба тадриҷ эҳсос карданд, ки сиёсати фарҳангии давлати Шӯравӣ дар гузашта дар иртибот ба масъалаи фарҳанг ва аризишҳои дигар хӯрдамиллиятҳо бахусус тоҷикон чандон одилона набудааст. Ин воқеият шоири ҷавони солҳои 1960 Мӯъмин Қаноатро барои баёни ин гуна абёт таҳрик мекунад:

Эй додгоҳи хокиён,

Эй осмони бекарон,

Танг аст ҳоли тоҷикон,

Дар зери хоку хокдон.

Эй дуди оташгоҳҳо,

Омоҷгоҳи оҳҳо

Тахти баланди Аҳӯро

Бахти бади аҷдодҳо...

Тоҷик зи рӯи ростӣ

Аввал заминро кишт кард.

Аз хоки оташхонаҳо,

Аз меҳри модар хишт кард.

Кишти нахустинро дуруд,

Яшти нахустинро суруд.

Аз баҳри модар- меҳри пок,

Қонуни аввалро навишт,

Дар исмати зояндахок.

Фасли туфонӣ, ки Шӯравиро фурӯ пошид

Дар марҳалаи чаҳорум, низ солҳои 1985 то соли 1992 замони касби истиқлоли Тоҷикистонро дар бар мегирад. Дар соли 1985 Михаил Горбачёв сиёсати бозсозӣ ва ошкорбаёниро дар саросари Шӯравӣ эълом кард ва ба дунболи он тӯфони андешаҳои фурӯхуфтаи мардуми Шӯравӣ ба ҳаракат даромад то ҷое, ки ин императории бузурги ҷаҳонӣ бар асари ҳамин тӯфон фурӯ пошид. Ин як давраи кӯтоҳи тиллоии баёни озодонаи андеша ва назар дар даврони Шӯравӣ буд. Дар ин давра ҳама ҳарфҳо ва ногуфтаҳо гуфта шуд, аммо давлати Шӯравӣ пойдор намонд то бубинем бо ин мушкилот чигуна бархӯрд хоҳад кард.

Адабиёти мардумӣ

Бо вуҷуди маҳдудиятҳо ва эъмоли чорчӯб, мавозин ва дастуроти ҳизбӣ аз як сӯ ва дидгоҳи ҳизб ба адабиёт ва рисолати адибон, адабиёти Шӯравии тоҷик аз вижагиҳое низ бархӯрдор аст.

Вижагии аввали он, мардумӣ будани ин адабиёт аст. Барои аввалин бор аз назари сиёсӣ ва иҷтимоӣ адабиёти форсии тоҷикӣ дар Мовароуннаҳр ба зиндагии мардум наздик мешавад ва дарду алами воқеии ононро бо забони маъмулии худи мардум бозгӯ мекунад. Адабиёти Шӯравии тоҷик аз ин нигоҳ воқеан як адабиёти комилан мардумӣ буд, зеро осори он тавассути табақаи пойиндасти ҷомеа, яъне коргару деҳқон офарида шудааст ва дар он бӯе аз ашрофият ва ашрофигарӣ ба машом намерасад.

Дуввум, маҳз дар ҳамин давра адабиёт ба масоили сиёсиву иҷтимоии ҷомеа ба таври мушаххас таваҷҷӯҳ мекунад ва мушкилоти иҷтимоиро дар қолабҳои мутанаввеъ барои баррасии ҷомеа арза медорад.

Саввум, дар ҳамин давра аст, ки дар адабиёти тоҷик ба таври ҷиддӣ ба мавзӯоте монанди Ватан, ҳуқуқ ва озодии инсон, қонун, ҳуқуқи зан ва масъалаи рушди илму технология мепардозанд.

Чаҳорум, дар даврони Шӯравӣ анвои ҷадиди жанрҳои адабӣ назири шеъри палаконӣ, чорпора, роман, драма ва намоишнома вориди адабиёти тоҷик мешавад ва гузашта аз ин, адабиёт ба бахшҳои ҷудогонаи тахассусӣ тақсимбандӣ шуда, ба фаъолияти хеш идома медиҳад.

Наҷоти забон

Панҷум, вижагии аз ҳама муҳимтар ин аст, ки сарфи назар аз маҳдудиятҳои идиулужикӣ ва забонӣ аксарияти осори мансур ва манзуми ин давра ба забони тоҷикӣ- форсии роиҷ дар Варорӯд офарида шудааст, ки ин амр барои ҳифзи забони модарӣ ва арзишҳои миллӣ аз хатари нобудӣ, хеле боаҳамият буд. Аз ин ҷиҳат, нигорандаи ин матлаб бо назари Кет Ҳечинский мувофиқ аст, ки дар бораи адабиёти тоҷик дар даврони Шӯравӣ менависад: "Алорағми он ки адабиёти тоҷик ҳам мисли дигар адабиёти дигар миллалу ақвоми Шӯравӣ аз даҳаҳои 1930 таҳти контроли шадиди идиулужии ҳизб буда ва алорағми талоши ҳизб барои якнавохт кардани адабиёти ақвоми мухталиф, достонсароён, шуаро ва намоишноманависони тоҷик тавонистаанд вижагиҳои адабиёти миллии худро ҳифз кунанд, вижагиҳое, ки адабиёти ононро аз адабиёти дигар ақвоми ҷумҳуриҳои Шӯравӣ мутамойиз мекунад ва шуарову нависандагони тоҷик ҳамчунон бо илҳомгирӣ аз адабиёти форсӣ ва фарҳангиву бумии ғании худ ва бо дар назар гирифтани сунан ва эҳсосоти миллӣ ба шарҳи зиндагии ҳамватанони худ идома додаанд."  

Аз сӯи дигар бо вуҷуди он, ки дар тӯли ҳафтод соли Шӯравӣ забони тоҷикӣ аз мақоми давлатӣ афтода ва то сатҳи як забони хонаводагӣ маҳдуд шуда буд, аммо шеъри тоҷик нисбат ба осори мансур ҳувияти форсии хешро бештар ҳифз кардааст. Бинобарин, имрӯз форсизабонони ҷаҳон забони шеъри тоҷикро нисбат ба забони насру мақолоти илмӣ, ки бештар таҳти таъсири лаҳҷаҳои маҳаллӣ ва истилоҳоти бегона қарор гирифтаанд, роҳаттар дарк мекунанд. Ба ҳамин далел аст, ки шеъри тоҷик аз назари баён ба шеъри клоссик наздик мешавад ва шоири тоҷик барои баёни эҳсосот ва авотифи имрӯзии худ ба забони адабии клоссик паноҳ мебарад, зеро забони роиҷи тоҷикӣ ба иллати маҳдудиятҳои номбаршуда аз зарфияти кофӣ барои баёни андешаҳояш ба забони рӯз, бархӯрдор нест. Ба иборати дигар, шоирон дар тӯли ҳафтод соли замони Шӯравӣ бо такя ба забони баёни шеъри клоссик аз ҳарими фарҳанг ва забони модарии хеш дифоъ кардаанд. Яъне дар тӯли ин муддат такя ба суннат, фарҳанг ва адаби тоҷикро аз нобудӣ наҷот дод.

Беҳрӯзи Забеҳулло

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97