Бенамозон дар кайҳон, мо аз оби бақлашка таҳорат кунем ё не?

Фарҳанг ва адаб 30.09.2011 08:48

(Идома аз шумораи пешин)

Куфр эълон кардани рӯшанфикрон

Tahorat_az_Jbi_BaqlashkaМактабҳои фикрӣ ва илмӣ аз қабили мутаъзилиён, ашъариён, ихвон-ул-сафо ва файласуфони барҷаста аз қабили Киндӣ, бо андешаҳои амиқ ва фалсафӣ назарҳои худро дар асоси таҳлили ақлонӣ дар бораи фиқҳи Ислом ва ҷомеъаҳои Исломӣ пешниҳод мекарданд, ки ин намунае аз рушди гуногунфикрӣ дар фазои ҷомеъаи Исломӣ буд. Мактабҳои бузурги машшоӣ, калом, тасаввуф, исмоилия, ки намояндагони онҳо машҳуртарин рӯшанфикрон ва файласуфони форсу тоҷик Сино, Форобӣ, Румӣ, Саноӣ, Аттор, Носири Хусрав, Ғаззолӣ ва ғайра буданд, бо андешаҳо ва тафсиру таъвилҳои гуногуни хеш тамаддуни Исломиро мақоми ҷаҳонӣ доданд. Аммо дар асрҳои баъдии Ислом ҳукуматдорон ва муътасибони диние ба мисли салафиёни имрӯзӣ ба вуҷуд омаданд, ки бар пояи тамоми ин фарҳанги гуногунандешӣ ва рӯшанфикрии мусулмонон теша зада инро хотима доданд. Онҳо низ ба мисли чунин мазҳабҳои Исломӣ тамоми ин рӯшанфикрони барҷастаро, ки пеш аз эҳёи Ғарб бар тамоми улуми инсонӣ ва таҳқиқ асос гузошта буданд, куфр эълон карданд ва онҳоро таъқиб мекарданд. Ва аз ҳамон лаҳза ҷаҳони Ислом аз дидгоҳи илму дониш боз монданро шурӯъ кард. Ва ё метавон гуфт, ки дарҳои илм ва кашфиёт ва андешаи ақлонӣ ба Ҷаҳони Ислом баста шудаанд.

Давлат озодии эътиқодро кафолат медиҳад, вале…

Ин буд натиҷаи чунин бардошти тангназарӣ аз як тамаддуни башаргаро ва ҷаҳонӣ, ки пояҳои илмӣ ва ақлониро дар Ислом заъиф кард. Имрӯз низ чунин мактабҳо барои касоне, ки пирӯзии мусалмонон ва Исломро намехоҳанд, мақбул ҳастанд. Ва аз ҳамин ҷост, ки онҳо ба ҳар роҳ ба чунин гурӯҳҳо (салафиҳо) ёрии худро дареғ намедоранд.

Илова бар ҳама ин бадбахтиҳо ва таъқибе, ки бар фарҳангӣ гуногуни дар миёни мусалмонон мезананд, бархе аз онҳо аз озодии эътиқод дар қонуни демократии ҳарф мезананд. Қисме аз одамон низ ин суолро мегузоранд, ки агар давлат озодии эътиқод ва гуногуни диниро дар конститутсия гузошта бошад, яъне плюрализмро қабул карда бошад, пас салафиҳо низ ҳаққи фаъолиятро дар ин ҷомеъа доранд. Аммо як масъаларо фаромӯш набояд кард, ки плюрализм (гуногунфикри)-и динӣ танҳо он фазоеро дастгирӣ мекунад, ки дар он тамоми инсонҳо ва мазоҳиб ҳамдигарро таҳаммул бикунанд ва ба гуногунӣ ҳамчун воқеъият эҳтиром қоил шаванд.

Қуръон ва таҳаммулпазирӣ

Он падида ва ё таълимоте, ки мехоҳад ин фазои гуногунӣ ва фарҳанги плюралистиро аз байн барад, барои демократия душман ва бегона мебошад. Ва тавре, ки дар боло ишора шуд, салафиҳо ҳаргиз ин гуна фазои фарҳангиро қабул надоранд ва дигаронро сахт таъқиб мекунанд. Яъне плюрализмро барои Ислом бегона мепиндоранд. Аслан мушкил он нест, ки онҳо бар чӣ эътиқод доранд ва таваҷҷӯҳашон болои чӣ ҳаст, мушкил танҳо мухолифат ва таҳаммул накардани онҳо бар андешаҳо ва бардоштҳои дигарон аз дин мебошад. Бар акси ҳол агар мебуд, онҳо ҳам ҳеҷ хатар ва мушкилот барои ҷомеъа намедоштанд. Яъне мушкилоти аксари чунин гурӯҳҳо ва бархе аз рӯҳониён ҳамеша ҳамин будааст, ки ин фазои чандандешӣ ва гуногуниро намепазиранд. Дар сурате, ки бештари ояҳои Қуръонӣ таҳаммулпазирӣ ва гуногуниро дар ҷомеъаи инсонӣ талқин мекунанд. Масалан сураи Ҳуҷурот 49:13 далолати гуфтаҳои боло мебошад ва яке аз беҳтарин ояҳоест, ки возеҳ ва равшан ин масъаларо матраҳ намудааст. "Эй мардум мо шуморо мард ва зан офаридем ва он гоҳ ба миллатҳо ва фирқаҳои мухталиф гардонидаем то, ки шумо якдигарро бишиносед, ҳамоно беҳтарини шумо дар назди Худованд парҳезкортарин ва ботақвотарин мардумонанд. Худованд бар ҳама чиз доно ва огоҳ аст."

Ҳукумат аз чӣ дар ҳарос аст?

Он масоиле, ки дар боло матраҳ шуданд, бахши кӯчаке аз мушкилоти асосии фазои динии Тоҷикистони муосирро дар бар мегиранд ва дар натиҷаи масъалагузориҳо мо ба хулосае омадем, ки таҳаммулпазирӣ ва дарки гуногунфикрӣ дар шароити муосири кишвар то ҳанӯз бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ аст. Навобаста аз доштани фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва гуногунандешӣ ва гуногунӣ мо ҳанӯз дар табиатамон, дар воқеъиятамон мушкилот дорем. Махсусан баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва боз шудани дарҳо ба берун назарҳои иртиҷоии динӣ ва мухолифи фазои таҳаммулпазирӣ ва гуногунӣ бештар ривоҷ ёфт. Бояд ишора кард, ки яке аз сабабҳои бархӯрди дутарафаи ифротгароии чӣ динӣ ва дунявӣ низ дар ҳамин аст. Яъне ҳукумат, ки дунболи сохтани як ҷомеъаи дунявӣ ва демократӣ аст, ҳатман аз андешаҳо ва дидгоҳҳои яктарафагароии динӣ ва иртиҷоӣ дар ҳарос аст, чун ин гуна андешаҳо фазои озодӣ ва чандандеширо аз байн хоҳанд бурд. Ин масъалаест, ки бархе аз кишварҳои дунявии ғарбӣ аз қабили Фаронса ва дигарон ҳам бо он рӯ ба рӯ ҳастанд.

Аз оби бақлашка таҳорат кардан ҷойиз аст?

Имрӯз, ки Тоҷикистон роҳи сохтмони давлати демократиро пеш гирифтааст, таъмин ва рушди падидаҳое чун таҳаммулпазирӣ ва плюрализм (гуногунандешӣ) ҳамчун бахше аз арзишҳои демократӣ хеле муҳим мебошанд. Ба фикри банда барои расидан ба дарки плюрализм ва бунёд кардани як ҷомеъаи таҳаммулпазир чанд корро бояд анҷом дод :

Пеш аз ҳама таҳкими ҳамаҷонибаи соҳаи маорифи кишвар зарур мебошад. Чун яке аз сабабҳои асосии тангназарии динӣ дар кишвар ин заъиф будани соҳаи маориф аст. Аз ин ҷост, ки дар фазои динӣ ҷавонон суолҳоеро аз рӯҳониён пурсон мешаванд, ки хеле содалавҳона буда, барои инсони асри кайҳон қобили қабул нестанд. Имрӯз ғарбиён мушкилтарин масъалаҳои кайҳонро матраҳ мекунанд, дар ҳоле ки мо ҳанӯз аз он суол мекунем, ки "оё аз оби дохили бақлашка таҳорат кардан" мумкин аст ё не? Ва дигар суолҳои ба ин монандро метавон дар ҳаёти ҳаррӯза рӯ ба рӯ шуд. Ин ҳама нишонаҳо аз заъфи дониш ва низоми маорифи мо дарак медиҳанд. Танҳо тавассути таълим ва дониш ҷомеъа метавонад аз назари фикрӣ пешрафт кунад.

Плюрализм нуктаи заъф нест

Агар андешаи миллат қавӣ ва пешрафта гардад, ҳаргиз онро ба роҳу таълимоти носолим бурда намешавад. Ва миллати аз назари фикрӣ пешрафта, тамоми андешаву назарҳои рушдкардаи дунёро "худиву бегона" нагуфта, меомӯзад ва онҳоро барои рушди ҷомеъаи худ истифода мебарад.

Барои дарки фарҳанги плюралистӣ ва тақвияти рӯҳияи таҳаммулпазирӣ дар ҷомеъа инчунин рушди маърифати Исломӣ ва назарҳои ақлонии Исломӣ низ хеле зарур мебошанд. Манзур аз назарҳои ақлонии Исломӣ ин тамоми дастовардҳои илмие, ки Исломро аз дидгоҳи комилан муосир меомӯзанд ва бар суннати ақлонии Исломӣ бартарият мегузоранд, мебошанд. Бар андешаи чунин муҳаққиқони муосир плюрализм ва гуногунандешӣ дар ҷаҳони Ислом нуқтаи заъф набуда, баръакс нирӯи бузурге мебошад, ки фалсафа ва тамаддуни Исломро қавӣ ва ҷаҳонӣ месозад.

Қуръон ва Ҳадисро аз нигоҳи имрӯз бояд дид

Севвум бар андешаи банда барои таъмини фазои таҳаммулпазирии бар андешаҳои гуногун дар раванди таълиму тарбияи динӣ авлавиятро бар андешаҳои умумиинсонӣ, ки саросар Қуръон аз онҳо иборат аст, бояд мутаваҷеҳ шуд. Яъне бояд Қуръон ва аҳодисро аз дидгоҳ ва назари контексти таърихӣ хуб таҳлил кард ва масоили ба имрӯз ва принсипҳои дунёи имрӯз ба мисли таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми чандандешӣ ва ғайра рабтдоштаро бештар матраҳ кард. Бояд пеш аз ҳама дар натиҷаи сӯҳбат ахлоқи таҳаммул, сулҳ ва эҳтиром ба дигарон истифода шавад. Ва ҳамзамон барои мардум ҳам бештар ҳамин арзишҳо таълим дода шавад, чун будани инсони хуб, накӯкорӣ кардан ва эҳтиром ба дигарон гузоштан ҷузъе аз ибодат ҳастанд. Ва инҳо низ сутунҳо ва арзишҳои бунёдии Исломӣ ҳастанд. Аз ин хотир дар Қуръон Худованд қариб дар ҳама сураҳо бештар аз ҳама аз накӯкории инсонҳо сухан мекунад. Ин арзишҳое ҳастанд, ки тамоми миллатро навобаста аз тафовутҳояш бо ҳам дар як фазои ором ва субот нигоҳ медоранд.

Манзурам аз авлавият гузоштан ба ин маънӣ нест, ки баъзе масъалаҳоро матраҳ бояд кард ва дигарҳоро не. Балки он чизе, ки имрӯз мардум ва мусалмон бештар ниёзаш дорад, бояд матраҳ шавад. Барои мисол имрӯз аксари мусалмонҳое, ки номи мусалмонро паст мезананд, танҳо парчамашон вожаест бо номи "Ҷиҳод дар роҳи Худо". Аммо мо агар бубинем дар Қуръон зеботар ва хубтар оятҳоест, ки гуфтанашон ва вирди забон карданашон барои мусалмони асри имрӯз муҳимтар ва заруртаранд. Барои мисол Худованд дар Қуръон мефармояд, ки "агар шумо як ҷонеро наҷот диҳед гӯё тамоми башариятро наҷот додаед" ва ин далолат аз бузургии ҷони инсон дар Қуръон медиҳад. Ва ҳазорҳо масъалаҳои дигар ҳаст, ки бояд бештар болои онҳо мутамарказ шуд.

Ҳама тоҷикем, чӣ бенамозу намозхон

Барои рушди андешаи таҳаммулпазирӣ равобити чандтарафаи намояндагони динӣ бо зиёиён ва намояндагони динҳои дигар низ хеле муҳим мебошад. Ҳадиақал дар як моҳ як бор агар рӯҳониён бо намояндагони зиёиёни дунявӣ ва намояндагони динҳои дигар гуфтушунидҳо, конфронсҳо ва табодули назар кунанд, кори хубе барои шинохтан ва дидану омӯхтани андешаҳои гуногун ва арзишҳои гуногун мебошад. Чун аксари онҳо танҳо дар доираи фазои дохилии худ зиндагӣ кардаанд ва бо чашми худ ихтилоф ва гуногунии назарҳоро дучор нашудаанд. Ҳатто агар баъзе аз онҳо ба кишварҳои гуногуни мусалмонӣ равад ва тарзу усулҳои гуногуни фарҳангӣ ва мазҳабиро бубинанд ҳатман ба худ мегӯянд, ки мусалмонии мо дурусттар аст аз инҳо. Чун танҳо ҳама чизро дар доираи фазои худ диданд. Дар сурате, ки мусалмонҳо аз нигоҳи фарҳанг ва бардоштҳои мазҳабӣ ва маросимҳои динӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд ва ин хоси табиати инсонӣ будааст ва ҳаст. Аз ин хотир ҳамкорӣ ва табодули назар дар миёни онҳо ҳар ду ҷонибро бо гӯш кардан ва эҳтиром кардан ба ҳамдигар водор мекунанд. Ва саранҷом ин тафовути назарҳоро онҳо ҳамчун неъмат ва рушди фикриву ақлонӣ дарк хоҳанд кард ва миллатро барои рушд дар меҳвар қарор хоҳанд дод. Чун ҳамаи онҳо фарзанди як сарзамин ва як миллат ба номи тоҷик ҳастанд ва ҳадафашон рушди ҳамин миллату сарзамин аст, навобаста аз он ки кадоме аз он мусалмон ва кадоме дигар насрониву дунявӣ бошад.

(Анҷом)

Аҷами Калонзод, сиёсатшинос


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97