Намозхони ифротӣ лозим нест, мусулмони комил бояд буд

Фарҳанг ва адаб 23.09.2011 08:45

(Идома аз шумораи пешин)

Дар дин ҳеч иҷборе вуҷуд надорад?

Namozkhon_0101Ва чуноне дар шумораи гузашта гуфтем, ҳамаи масоили динӣ бештар ба дуруштӣ фаҳмонда мешаванд ва метавон гуфт, ки ин усули дурушт метавонад як ҷавони риоякунандаи усулҳои диниро дар баробари дигарон, ки ҳамзамон инсон ва аз ҳамин миллатанд бадбин ва таҳаммулнопазир созад. Ва ин ҳодисаҳоро ҳар рӯз мо метавонем дар воқеъиятҳои зиндагӣ мушоҳида намоем. Ин дар ҳолест, ки худи баъзе аз рӯҳониён таъкид мекунанд, ки паёмбари Ислом фармудааст; "Исломро бо сухани нарм ба дигарон бирасонед". Яъне он таҳқир ва дуруштӣ, ки низ бисёр мушоҳида мешавад, аслан ба таълимоти Қуръонӣ мувофиқ нестанд. Дар сурате, ки дар сураи Бақара Худованди Бузург инчунин ишора мекунад, ки "дар дин ҳеҷ иҷборе вуҷуд надорад" (2: 256). Аз ин хотир усули дурушт ва маҷбурӣ бояд дар дин вуҷуд надошта бошад. Чун танҳо Худованд аст, ки қазоват мекунад, на инсонҳо. Яъне бубинед чӣ қадар зебо ва возеҳ омадаст, ки усули иҷборӣ бояд вуҷуд надошта бошад. Пас ин ба он маънӣ аст, ки мо бояд ба интихоб ва роҳи пешгирифтаи инсонҳо эҳтиром қоил бошем ва таълиму тарбияи динии мо аз рӯйи усул ва механизми таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром, ки фармудаи худи Ислом ҳам ҳаст, бошад. Гарчанде ки арзишҳои диниву имонӣ барои мо гиромӣ бошанд, мо набояд касе дигарро маҷбур ва ё таҳқиромез бигӯем, ки онгуна бош, ки мо мехоҳем. Ба интихоби дигарон эҳтиром гузоштан ҳам ҷузве аз арзиши динӣ аст. Чун имрӯз бархе аз ҷавонон вақте ки суолҳои каме номувофиқ аз номи касе дигар барои рӯҳониён пешниҳод мекунанд, дар ҷавоб суханҳои на он қадар хуб мешунаванд. Ин суннатест, ки ба ҷавонон таъсир хоҳад кард. Манзури ман ин аст, ки тарзу усул ва механизми фаҳмондан каме сахт аст. Аз ин хотир бештари ҷавонон дар хонаводаҳои худ хоҳар ва бародарону падарони худро низ ба дуруштӣ ва ҳамон усул, ки шунидаанд фишор меоранд, ки чаро намоз намехонӣ ва чаро ин кор намекунӣ ва ғайра.

Намозхон бояд накӯкор ва меҳрубон бошад

Аммо метавон бо роҳи дигар ҳам инро фаҳмонд. Ва роҳи дигар манзурам бо ширинсуханӣ, муҳаббат, эҳтиром ва ғайра, ки метавонанд дар дили одамон амиқтар ин арзишҳои диниро ҷой диҳанд. Барои мисол мегирем намозро, ки ҳадафҳои асосиаш наздик кардани инсон ба Худованд ва пайваста такомул додани як инсони хуб ва накӯкор аст. Яъне агар инсон намоз мехонад, ӯ бояд пайваста тағйир ёбад, корҳои хубро анҷом диҳад, дигаронро эҳтиром гузошта, ҳамаи инсоният ва офаринишро дӯст дорад, ба касе навобаста аз кӣ буданаш некӣ кунад ва ғайра. Ва саранҷом дар олами рӯҳонияш ба Худованд наздик шуда, дар олами зоҳираш накӯкор ва инсони хуб гардад. Яъне олимона ва орифона ва ё оқилонаву ошиқона дунёро барои худаш биёбад. Аз ин маълум мешавад, ки намоз ин воситаи расидан ба ҳадаф будааст.

Магар касе намоз намехонад, ӯро бояд бад дид?

Пас мо бояд аз худ суол кунем, ки то кадом андоза ҷавонони намозгузор дорандаи арзишҳои дар боло ишорашуда ҳастанд? Яъне то кадом андоза нисбати дигарон (бенамоз, насронӣ ва ғайра) бо эҳтиром ҳастанд ва доранд ба кадом самт тағйир меёбанд? Ин суолҳое ҳастанд, ҳар яки мо бояд барои ояндаи миллат андеша кунем. Яъне мо набояд аз он хурсанд бошем, ки шумораи намозхонҳо зиёд шудааст, балки мо бояд аз он хурсанд бошем, ки шумораи намозхонҳое, ки намунаи дигарон дар ҳама умури зиндагӣ ҳастанд, зиёд шудааст. Агар мо хоҳем, ки як миллати бедор ва бо андешаҳои ақлонӣ дошта бошем, зеҳнҳои мо бояд аз ин холӣ набошад. Чун ҷавонҳои зиёди майли дингароидоштае ҳастанд, ки аслан эҳтироми дигаронро надоранд ва ба як бадбинӣ ба касоне, ки намоз намехонанд, менигаранд, гарчанде ки инсони хуб ҳам бошанд. Барои мисол, ман бо ҷавоне дар хусуси як донишманди фаронсавӣ бо исми Ҳанна Касис сӯҳбат доштам ва ба ӯ мегуфтам, ки чӣ қадар донишманди хубест ва дарси Қуръонро аз дидгоҳи илмӣ хеле хуб медонад. Ва ба арзишҳои Исломӣ эҳтиром қоил аст. Ӯ дар ҷавоб гуфт; "чӣ қадар одами бузурге" ва баъд аз ман пурсид, ки ҳамон донишманд мусалмон аст ва намоз мехонад? Ман гуфтам, ки на, ӯ худаш масеҳӣ аст. Пас аз шунидани ин ҷавоб бадбахтона ҷавон мегӯяд, ки пас агар намоз нахонад, ӯ ҳеч аст.

Тураҷонзодаҳо ба шииён эҳтиром доранд

Бубинед, як ҷавони тоҷики мусалмон то кадом андоза мафкура ва андеша дорад. Бо ин гуна ҷавони тоҷики мусалмон чи гуна метавон ифтихор кард ва чӣ гуна ояндаро аз ӯ интизор бояд шуд? Ин дардҳое ҳастанд, ки мо бояд барои илоҷи онҳо ҷиддӣ фикр кунем.

Инчунин метавон гуфт, ки дар бештар ҳолатҳо арзишҳо ва интихоби дигаронро, низ ки ба масъалаи хуқуқи инсон рабт дорад, баъзе аз рӯҳониён ба назар намегиранд. Баъзан вақт онҳо тафсиру таъбири мазоҳибу мактабҳои дигари Исломиро (аз қабили шииён) низ зери интиқод мегиранд (албатта на ҳама рӯҳониён чун хонадони Тураҷонзодаҳо дар робита бо ин масъала хеле боэҳтиром назар мекунанд). Аммо касоне, ки ин фазои носолимро ба вуҷуд меоранд, гуногунандеши (плюрализм)- ро дар доираи фалсафаи Ислом на он қадар хуб ҷонибдорӣ мекунанд. Ин ба андешаи гурӯҳи одамоне монандӣ дорад, ки тамоми Исломро ба як фарҳанги яклухт мешиносанд.

Гуногунандешӣ омили рушди улуми Исломӣ

Дар сурате ки имрӯз муҳаққиқони исломшинос дар донишгоҳҳои пешрафтаи Ғарб ва ҳатто Шарқ дар бораи тамаддунҳо ва фарҳангҳои исломӣ баҳсу мунозира доранд, на як фарҳанги Исломӣ. Яъне бар андешаи онҳо мусулмонон дар манотиқи гуногун зиндагӣ мекунанд ва фарҳангҳо ва минталитетҳои ба худ хос доранд, ки аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Аммо ин ба он маъно нест, ки онҳо бо ҳамдигар наздикӣ ва робитае надоранд ва ё як ҳадафи муштарак барои онҳо вуҷуд надорад. Инчунин онҳо бар ин андешаанд, ки гуногунандешӣ ҳамеша дар ҷаҳони Ислом вуҷуд дошт, баҳсу мубоҳисаи солим ва дар асоси таҳаммул байни файласуфону муҳаққиқони мусалмон буд ва маҳз ҳамин яке аз сабабҳои рушди фалсафа ва илм дар Ҷаҳони Ислом шуд. Ҳатто ихтилофи назар дар баъзе масъалаҳои фиқҳию шаръӣ дар миёни рӯҳониёни худи Тоҷикистон низ вуҷуд дорад, ки он ҳамчун усули чандандешӣ манбаъи рушди улуми Исломӣ ёд шудааст. Муҳаққиқ Абдуллоҳи Раҳнамо тафсир ва фатвоҳои гуногун ва бардоштҳои мухталифи рӯҳониёнро дар мавзӯъҳои махсуси фиқҳӣ ҳамчун раҳмати илоҳӣ унвон кардааст.

Навобаста аз ҳама мушкилоте, ки мо дар боло қайд кардем, рӯҳониёни анъанавӣ дар муқоиса бо гурӯҳҳои дар берун таҳсилкарда, махсусан аз салафиён, ки мо дар поён дар хусуси онҳо низ хоҳем гуфт, нарму ботаҳаммултар мебошанд. Дар ин маврид Абдуллоҳи Раҳнамо низ дар китоби хеш қайд мекунад, ки рӯҳониёни анъанавӣ дар нисбати дигар гурӯҳҳои диние, ки дар кишвар аз тарафи таҳсилкардагони хориҷӣ ташвиқ мешаванд, таҳамулпазиртар мебошанд. Чун онҳо дар тамоми давраҳои гуногун зери идеологияҳои гуногун дар Тоҷикистон зиндагӣ карда, навобаста аз мушкилот бо онҳо созиш кардаанд.  

Мухолифати салафиҳо бо рӯҳониёни суннатӣ

Чуноне дар боло низ ишора шуд, солҳои охир фазои динии кишварро гурӯҳи навтаъсиси салафия, ки аз тарафи ҷавонони тоҷики таҳсилкардаи хориҷӣ таъсис ёфтааст, сахт ноором сохт. Ин гурӯҳи ҷавонони дар хориҷ таҳсилкарда худро аз рӯҳониёни анъанавии дохили кишвар қавитар ва донотар мепиндоранд. Чанд соли охир мавқеъи салафиҳо дар миёни мардуми кишвар хеле ба сурати тез боло рафт. Ва ҷонибдорони онҳо бештар ҷавонписорони тоҷик ҳастанд. Шумораи онҳо дар солҳои охир чунон афзуд, ки тамоми масъулони динӣ ва илмии кишвар дар ҳайрат монданд. Аз ин хотир бархе аз соҳибназарон бар андешае буданд, ки онҳоро қувваҳои беруна ва кишварҳои хориҷӣ дастгирии молӣ мекунанд. Масалан, рӯҳонии донишманд Акбари Тураҷонзода бар ҳамин андеша аст, ки гурӯҳи салафиён барои рушди ихтилофи мазҳабӣ дар Тоҷикистон аз тарафи кишварҳои хориҷӣ пуштибонии молӣ мегиранд. Бар андешаи бархе аз соҳибназарони дигар, салафиён ин ҳамон ваҳҳобиён буда, ҳадафу мароми онҳо якгуна аст.

Салафиҳо гуногунандеширо қабул надоранд

Салафиҳо аслан тамоми мазоҳиби исломиро, ки дар тӯли таърихи Ислом ба вуҷуд омадаанд рад менамоянд. Яъне онҳо тамоми дигаргуниҳои дар раванди таърих дар миёни мусулмонон рухдодаро бидъат шуморида, куфр мехонанд. Онҳо махсусан нисбат ба мазҳаби шиаён бадбин буда, онҳоро ба куфр гунаҳкор мекарданд. Сӯфиёнро низ, ки мероси бузурги маънавӣ дар тамаддуни Исломӣ гузоштанд ба куфр гунаҳкор мекунанд. Аз рӯйи баъзе маълумотҳо онҳо бузургтарин намояндагони тасаввуфро аз ҷумла Ҷалолиддини Румӣ ва дигаронро, ки ҷаҳон Исломро бо шарофати шахсияти онҳо мешиносад, суханҳои қабеҳ гуфта, китобҳои онҳоро пора мекунанд. Онҳо бозгашт ба асри 7 ва ба Исломи нобро ташвиқ менамуданд ва ҳама гуна андешаву аъмолу қонуне, ки баъдтар ба вуҷуд омадааст, рад мекунанд. Яъне онҳо ҳеҷ таҳаммуле бар андешаи дигарон ва эътиқоди дигарон қоил нестанд ва гуногунандеширо дар доираи таълимоти Ислом ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надоранд. Дар сурате ки Ислом ба сифати як тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ танҳо дар натиҷаи тавлид ва баҳси мактабҳои гуногуни фалсафиву фикрӣ дар ҷаҳони Ислом гардид. Мо метавонем бузургтарин мактабҳои фикриву фиқҳиеро ном бубарем, ки мусулмонон бар онҳо асос гузоштанд ва фарҳанги илмӣ ва ақлонии Исломиро тақвият додаанд. Яъне метавон гуфт, ки ақлоният ва маърифати тамаддуни Исломӣ маҳз дар шароит ва фазои хуби гуногунандешӣ дар ҷомеъа ва эҳтирому таҳаммули байниҳамдигарӣ рушд кардааст.

(идома дорад)

Аҷами Калонзод, сиёсатшинос

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97