НАҶМИДДИНИ ШОҲИНБОД ВА ТАШВИШ

Фарҳанг ва адаб 01.04.2011 16:28

Tashvish- Мардак, дар хона рӯған нест - бо зарда гуфт Мағалмоҳ.

- Ҳой занаки беинсоф! Аҳволи Либияро бин!Мардум мурда истодааст!Ту ғами пиёзу рӯғана мехӯрӣ!

- Дадо, кафшам дарид - гуфт писарам.

- Бефаҳм, ними дунёро радиатсияи Ҷопон пахш кардаасту ту аз кафшат гила мекунӣ!

- Ман барои дарси варзиш либос надорам - гуфт духтарам Манижа.

- Наход, муаллимонат ба ту вазъи Мисрро нафаҳмондаанд?!

- Пули думоҳаи ширро додан даркор!

- Заб занаки сангиндил будаӣ! Ал-қоида дирӯз аз нав ба ҳуҷум гузашт. Дар як таркиш 200 нафар низомиён дар Қандаҳор ҳалок шуданд.

- Майлаш, зиқ нашавед падарҷон, ҳамааш нағз мешавад. Ба мо ҳеч чиз даркор нест - гуфт духтарам Сокина.

- Дуруст, ман ҳам кафшамро таъмир карда ба дарс меравам.

- Дарси варзиш ин қадар муҳим не! Либоси куҳнаамро пӯшида меравам, - тасаллӣ дод маро Манижа.

- Асабатонро вайрон накунед, дадош. Ман аз хонаи модарам рӯған меорам - оромона гуфт Мағалмоҳ.

Ман оҳи сабук кашида, аз хона баромадам. Хайрият ҷаҳон ноором аст. Вагарна ба ҷои Либия хушдоманам маро бомбаборон мекард.

Иқтибосҳо

*Пул одамро вайрон мекунад. Аз ин рӯ 98 фоизи аҳолии Ҷумҳурӣ хатари вайроншавӣ таҳдид намекунад.

*Хайрият мардҳо ҳамеша ба занҳо дурӯғ мегӯянд. Вагарна дар осмон ягон ситора намемонд.

*Маошро аз рӯи адолат тақсим кардан номумкин аст. Зеро адолат нисбат ба маош хеле зиёд аст.

*Барои нафақаи 1200 доллар дар як моҳ, нархи 56 дирам барои як литр бензин ва қиммати 24 доллар барои як мураббаъ метри манзил Муаммар Қаззофиро кайҳо овехтан даркор буд.

 

ӯсфанд баъди маргаш низ, дар сихкабоб, шӯрбо, кабоб, оши палав ёд мешавад.  

Сигор

- Марҳамат, сигорҳои аълосифати хориҷӣ! Ман фақат аслашро мефурӯшам. Агар ду қуттӣ гиред, гугирдро ройгон тӯҳфа мекунам!

- Офарин, ахиран дӯкони сигорфу-рӯширо аз мағозаи хӯрокворӣ ҷудо кардед - таъриф кардам Sigor_0124дӯкондорро. Ва барои ин илтифоташ ду қуттӣ сигор харидам. Аз дӯкон баромада, сигорро даргирондам. Касе аз пушт дасташро ба китфам гузошта, ба таври расмӣ гуфт:

- Шумо муҳтарам шаҳрванд, барои кашидани сигор дар ҷои оммавӣ 70 сомонӣ ҷарима шудед!

- Шухӣ накун, додар - бепарвоёна гуфтам ба дӯкондоре, ки ба ман бо илтифот сигор фурӯхта буд.

- Ман ҳангоми адои вазифаи хидматӣ шухӣ намекунам - боз ҷиддитар гуфт дӯкондор.

- Додарам, Шумо навакак ба ман илтиҷо карда сигор фурӯхтед. Ҳоло барои кашидани сигор маро ҷазо медиҳед?

- Шаҳрванди азиз, ман нозири вазорати тандурустӣ ҳастам, ана ҳуҷҷати ман. Дар қуттии сигор навишта шудааст: "Вазорати тандурустӣ таъкид мекунад; сигоркашӣ ба саломатии шумо зарар дорад". Лекин бо маош зиндагӣ кардан мушкил аст. Барои ҳамин дӯкони сигорфурӯшӣ кушодам…

 Васияти Нозирҷон Ёдгорӣ 

Шоири Халқии Тоҷикистон, Баррандаи Ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ, Энергетики шоистаи Ҷумҳурӣ - собиқ Раиси дафтари матбуотии ширкати "Барқи тоҷик" Нозирҷон Ёдгорӣ дар авҷи камолоти эҷодӣ дар синни 110 солагӣ ногаҳон бо бемори вазнини бистарӣ шуд. Табибон дирӯз хабар доданд, ки барои сафари роҳи охирати шоир монеа намешаванд. Шоми имрӯз Нозирҷон Ёдгорӣ ҳамаи назидиконашро ба хонаи хобаш даъват кард. Табиби шахсиаш гуфт, ки аз рӯи ташхис ин охирин суханронии шоир мебошад. Шоир бо чашмони нимроғ бо овози хаста гуфт:

- Занак куҷост?

- Ман дар паҳлӯятон!

- Набераам Суруш куҷост?

- Бобоҷон, ман дар самти чапатон!

- Келин куҷост?

- Лаббай, ота.

- Келини нав куҷост?

- Ана дар пеши очаам…

-Лаънатиҳо! Ҳамаатон ҳаминҷо бошед, чаро дар ошхона чароғ гирён аст? Барқро сарфа…

 Хар

Асадбек бо суръати баланд мошин ҳай мекард. Дар хамгашти роҳ зани ҷавоне сари чанбари мошини хориҷӣ ба муқобилаш меомад. Зан аз мошин сар бароварда, бо овози баланд гуфт:

- Хар!!!

- Худат хар, лаънатӣ, - дод зад Асадбек ва дар хамгашти роҳ ба хари сари роҳ бархурда, ба ҷарӣ афтид…

Навидҳои техникӣ 

TabaqШиркати "Хитачи"-и Ҷопон компютери бузурге сохт, ки якбора 50 нафар муштарӣ аз ӯ истифода мекунанд.

Дар шаҳри Қурғонтеппа табақи бузурги қурутоб барои 50 кас сохта шуд.

                      Телефон

Асадбек дар хонаи Хоркаш меҳмон буд. Ҳар лаҳза занги телефон баланд мешуд.

- Асадбой, касе занг зада истодааст, гӯшакро намебардоред?

- Ин садои ҷарангоси худи телефон аст. Ҳар гоҳ занак ба назди телефон наздик шавад, бечора телефон нола мебардорад.

Террор

- Ҷаноби Президент дар Антарктида захираи калони нафт пайдо шуд - гузориш дод вазир.

- Медонам. Сарам гаранг. Нафт ёфт шуд. Лекин аз Пингвинҳо чи хел террорист сохтнашро намедонам.

 Зуком

Gripp01254- Духтур, ҳароратам 40 дараҷа, ҳамаи баданам меларзад, метарсам, ки ин зукоми парранда набошад - гуфт бемор.

- Хавотир нашавед. Ин зукоми хук аст. Фақат хук мисли шумо ифлос аст…

 Фоҷиа

Шоир мурд, миллат мотам дошт. Ҳама мегиристанд. Аз ҳама бештар онҳое, ки мурданашро интизор буданд. Издиҳом оҳиста -оҳиста пароканда мешуд. Ман ҳоло ҳам сари қабр рост истода, хаёлан таззодҳоро ба сиёҳу сафед ҷудо мекардам. Марди пире аз қабристон мегузашт. Маро дида сигор пурсид. Ӯ сигорро бо ҳирс дарун кашида, бо овози паст пурсид:

- Аз дасти кӣ мурданд?

Ман ҷавоб надодам…

- Фаҳмо, узр, дар гулчанбарҳо навиштаанду мани бефаҳм боз суол мекунам.

Дар воқеъ чашмам ба гулчанбарҳо афтид. "Аз Иттифоқи.." "Аз ҳамсари дӯстдошта","Аз нашриёти "Адиб"…

Ташхис

Tashkhis- Шуморо ҷарроҳӣ карданд - пурсид навбатдор.

- Бале, дирӯз.

- Аҳволатон чӣ хел?

- Хеле хуб.

- Бо чӣ омадед?

- Бо ду ҳазор доллар!

- Нафаҳмидам. Чӣ доштед?

- Як ҳазор доллар.

- Не, Шумо бемор мақсади маро нафаҳмидед, Шуморо барои кадом беморӣ ҷарроҳӣ карданд.

- Барои дохилшавии писари ҷарроҳ ба донишгоҳ.

Хоксорӣ 

Ахиран рӯйхати мансабдорони сарфакору хоксор тартиб дода шуд. Аз ҳама бештар вакилони мардумӣ хоксор баромаданд. То ба ҳол ягон вакили мардумӣ аз имтиёзи бепули троллейбус истифода накардааст.

Пайдоиши одам

Maimun- Дар ҳақиқат на ҳамаи одамон аз маймун пайдо шудаанд - ба хулоса омад Асадбек.

- Чӣ, Шумо бовар намекардед - пурсид Хоркаш.

- Ба ақидаи ман, фақат раисон аз маймун пайдо шудаанд.

- Дар кадом асос - шубҳаашро арз кард Хоркаш.

- Худам он қадар бовар намекардам. Вале дирӯз дар бораи маймунҳо кино тамошо кардам. Маймунҳо ягон чиз истеҳсол накарда, фақат меваҳои тайёрро хӯрда хоб мекарданд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97